воскресенье, 26 июня 2016 г.

ҲИКОЁТИ ПАНДОМӮЗ


БОЛОР
            Дар хонаи як бевазани деҳа чанд адад болорҳои сафедор мехобид. Шавҳари раҳматиаш онҳоро афтонда, чен карда, чорметрӣ бурида буд. Вале дар сохтмони иморатҳояш истифода бурдан насиб накарда будааст, ки бандагиро ба ҷо овард. Сохтмони бино чала монду болорҳо се–чор сол боз дар таги офтоб ва барфу борон мехобиданд.
            Ба марди ҳамсоя барои пӯшидани боми ошхонааш ду дона болор нарасид. Бо андешаи он, ки ба бевазани сербача ёриаш расад, ба хонаи ӯ рафт ва ду дона чӯб пурсид:
            -- Янга, агар хоҳед, пулашро гиред, нахоҳед - ба ҷояш чӯбҳои дилхоҳатонро харида медиҳам. Ҳозир ман барои ду дона чӯб ба бозор рафта нашинам.

            -- Не, қатъи рад кард вай. Ӯ аз қабили занҳое буд, ки ба пешаш дигарон сар хам карда оянд, худро калон гирифтанро дӯст медошт. Болорҳо ба худамон даркор. Иморат андозем, онҳоро кор мефармоем. Харидӣ бурдӣ, фурӯхтӣ  сӯхтӣ.
            -- Хайр, ихтиёратон янга, гуфта мард қафо гашт ва ба бозори чӯбу тахта рафта, ба ҳамон пуле, ки барои чӯбҳо ба зан додани буд, 5 дона болор харид ва ба хона оварда, корашро буд кард.
            Аз байн боз се – чор сол гузашт.
            Иморати ҳамсоя ҳамон чала мехобид.
            Рӯзе зан бепул монд. Ба чанд ҳамсояҳои иморатсоз он болорҳоро фурӯхтанӣ шуд. Вале ҳеҷ кас гирифтан нахост. Фақат як нафар омада дид: чӯбҳои нағзи болорбоб пӯсидаву кирмзада шудаанд.
            Зан ноилоҷ зимистон онҳоро бурида сӯхтани шуд. Вале ҳезуми пӯсидаву кирмзада дуруст насӯхта, фақат дуд мекард…
           
ПОСБОН
            Ангур пухт. Марди боғбон барои посбонии ҳосил сагашро ба сари токзор оварда баст. Вай гумон дошт, ки акнун аз ҳайбати саг ангурдуздон ба сари воти токзор наздик намешаванд. Вале…
            Як саҳар атола бардошта ба сари токзор ояд, ки худи саг нест. Аз чанд кас пурсуҷӯ кард. Вале касе ба куҷо ғайб задании сагро касе намедонист.
            Баъд аз чанд рӯз бӯйи ғайб задании саг паҳн шуд. Ин кори чанд нафар ҳамсоябоғҳо будааст. Яъне, ҳамчу дору гӯшти онро нӯши ҷон кардаанд.
            Мард афсӯс хӯрд. Ғамаш дар дилаш намеғунҷид. Ба як ошнои қадрдонаш дарди дил кард.
            Ошнояш маслиҳатомез гуфт:
            -- Чӣ илоҷ, бародар, ҳозир ба худи посбонҳо ҳам посбон даркор!

АЗ РӮЙИ МАРДӢ
            Ду рафиқ аз хонаи як шиноси беморашон баромаданд. Ҳарду малӯлу ғамгин буданд.
            -- Кори нағз накардед-дия, шикоятомез яке ба дигаре рӯ овард. – Дастовези бурдаамон бад набуд. Ба он ҳам қонеъ нашуда, шумо боз пули ман ва тамоми пулҳои худатонро барои дорухарӣ ба ӯ додед. Ӯ ба қадрӣ ин некиҳои шумо мерасад ё не, Худо медонад.
            -- Хайр, чӣ илоҷ? – гунаҳкорона гуфт шарикаш. – Аҳволаш вазнин. Ягон каси ёрӣ медодагӣ надорад. Ману ту ҳар чизе, ки аз дастамон омад, кардем. Некии моро фаҳмад хуб аст, нафаҳмад, ҳаволааш ба Худо. Ин кори мо аз рӯйи одамгарӣ буд.
            -- Хайр, одамгарӣ гуфтеду ақаллан дар киса раҳпулиро нигоҳ надоштед. Акнун чи кор мекунем?
            -- Ҳеҷ кор. То қишлоқ пиёда меравем. Инаш аз рӯйи мардигарӣ аст.
           
ПИРИ МУРШИД
Дар маъракае, ки меҳмонон аз ҳар ҷо буданд, яке аз дигаре пурсид:
            -- Дар наздикии деҳаатон як гӯри берун аз қабристонро дидам. Шумо одами ҳамонҷоӣ, гӯед, ки вай қабри ягон одами машҳур аст?
            -- Э шумо гӯри махсумро мегӯед?! Вай як одами холабеғами майзадае буд. Мардум бо мақсади тарбияи ӯ гуфтанд, ки нӯшиданро парто, ба қатори одамон даро, пир шудӣ, акнун аз пайи намозу ниёз шав. Вай дар ҷавоб гуфт: «Ман нӯшам, одам ҳастам, нанӯшам – одам не. Бе хондани намозу рӯзадорӣ ҳам, имонам мустаҳкам аст». «Агар нӯшиданро тарк карда, одам нашавӣ, - таҳдид карданд даҳонкалонҳои қишлоқ, - мурӣ, аз гӯристон ҷой намедиҳем».
Вай тарки арақро ба гардан нагирифт. Бо вуҷуди масти лояқил будан ба касе зарараш намерасид, ҷангу ҷанҷол намебардошт, дили касеро намеранҷонд. Худаш ҳам шахси ҷаннатӣ будааст, ки дар фасли баҳорон гулеро бӯйкашон оҳе кашида, ҷон дод. Фарзандон мувофиқи васияташ ду шиша арақро дар таги сараш монда, дар боғи рӯйи ҳавлиаш гӯронданд. Солҳо гузаштанд. Селҳои пайдарпай, ки деҳаи бағали кӯҳро шуста, хароб кард, мардум аз он деҳа ба поинтар кӯчиданд. Ҳавлиҳо бесоҳиб монданд. Дару деворҳои он ҷойҳо, ки афтонданд, дар боғи ҳавлӣ гӯр намоёнтар шуд.
            Ин нақлро, ки як майпарасти гузаро низ бодиққат мешунид, илтиҷоомез аз меҳмон пурсид:
            -- Акаҷон, гӯед, қабри он ҳазрат дар куҷо? Он кас пири бузурги мо будаанд, қабрашон зиёрат карда, хоки пояшонро ба чашмамон молем.
           
ҲИСОБИ БЕХАТО
            Мард аз маҷлиси падару модарони мактаб баргашт. Аз шӯхиву бадхонии писарчааш ба ғазаб омада, ӯро ба наздаш хонд ва дафтару китобашро талабид.
            Хати писарашро хонда намешуд.
            -- Китобро хон! – як саҳифаи китоби хонишро кушода, фармуд ӯ.
            Бача ҳарфҳоро базӯр бо ҳам «ҷанг» андохта, калимаҳоро дуруст хонда натавонист.
            -- Э каллаварам, бо ин хел хондан дар оянда чӣ хел зиндагонӣ мекунӣ? – сарзаниш кард писарашро.
            Бача суп–сурх шуда, чашм аз замин намебардошт.
            Падар як даста пулҳои майдаро аз кисааш бароварда, ба пеши писараш партофт ва фармуд:
            -- Ин пулҳоро шумур канӣ, чанд сӯм аст?
            Бача аввал пулҳоро як–як таҳ карда, ба хелҳо ҷудо намуд. Баъд даста карда, ба шумурдан даромад. Дастонаш ба пулшумурӣ мечаспиданд. Дар як лаҳза чӣ қадар будани ҷамъи пулҳоро аниқ гуфта дод.
            Дар лабони падар табассум дамид.
            -- Хайр, аз ӯҳдаи пулшумурдӣ баромада тавонистӣ, акнун умуман ба мактаб наравӣ ҳам, мешавад. Аз пагоҳ сар карда ба бозор баро. Мактаб сари муаллимонатро хӯрад!

ОДОБИ ДӮСТӢ
            -- Ҳамон ошнои шаҳриатон чӣ хел одам?
            -- Нағз. Ҳатто гуфтан мумкин аст, ки тилло.
            -- Даҳонаш шалақу ҳақоратчии гузаро мегӯянд?
            -- Ман нашунидаам-ку.
            -- Тӯҳматчӣ ҳам будааст?
            -- Тӯҳматчи не, адолатпараст будагист амак.
            -- Мегӯянд, ки ба корҳои зишт ҳам даст мезанад.
            -- Не - е, ман аз ин тарафаш бехабар.
            -- Э нашунидам, надидам, намедонам… Охир дӯст шуда истода, худатон ягон чизро медонед?
            -- Ҳа, танҳо ҷиҳатҳои нағзашро медонам. Агар одам ҷиҳатҳои бадашро бинад, душманонаш бисёр мегардаду худаш бедӯст ва песу махав барин, яккаву танҳо мемонад.

ШИКОЯТИ БЕАСОС
Дар танҳоӣ мӯйсафеде ба як ҳофизи тӯйгарди шиносаш шикоятомез гуфт:
            -- Писарам, ман медонам, ки тӯю сур беҳофиз намешавад. Вале раққосаҳо мо барин одамони пирро гаранг мекунанд. Як бор омаданд, шуд-дия. Ҳар замон ба пеши мо омада, бо рақсу бозиашон на ошхӯрӣ мемонанду на сӯҳбаткунӣ.
            -- Як бор меоянд, бобо.
            -- Як бор не, якчанд бор. Аз қилиқҳои нозебу ҳирси пулчиниашон дили одам беҷо мешавад.
            -- Бобо, шумо пир шудед, ё чашмонатон хира аст. Ҳар кадоме якборӣ меоянд. Фақат онҳо се–чор нафар. Барои ҳамин ба назаратон бисёр менамоянд.
           
ОБРӮЙИ ХАРИДА
            Дар чойхонаи қишлоқ чанд кас пул партофта, оши ҳарифона пухтанд. Акнун ошро мекашиданд, ки як марди ҳамсоядеҳа аз дур намоён шуд.
            Яке аз нишастагон дид, ки ӯ ба ҳамин сӯ меояд, тозон ба пешвозаш баромада, ӯро ба ошхӯрӣ даъват кард.
            Вай даромад. Ошро кашида ҳамакаса хӯрданд. Баъди гусели меҳмон чанд нафар ба ӯ часпиданд.
            -- Худи ош кироӣ набуду боз ту ӯро ҷеғ задӣ?
            -- Вай фақат шинос аст.
            -- Шинос бошад чӣ.
Ӯ дар ҷавоб гуфт:
            -- Шиносе, ки феълу рафторашро нағз медонам. Вай муттаҳами бандаи нафсро ҷеғ назанам ҳам, худаш меомад ва ошро паққос мезад. Бинобар ҳамин, обрӯ аз даст наравад гуфта, ӯро ҷеғ задам.
           

ТЕҒИ ЗАБОН
Мӯйсафеде аз субҳ то шом болои кати айвони чойхона менишаст. Ба ҳар шахси равандаю оянда гап мепарронд. Аз теғи забони ӯ занону духтарони деҳа низ ҷойи гурез намеёфтанд.
            Бо чӣ коре марди шаробдӯсте ба чойхона омад. Вай табиатан як шахси беозор, коркун ва поквиҷдон буд. Вале гоҳ – гоҳ менӯшид. Нӯшад, ки арзан барин зарараш ба касе намерасид.
            -- Э чту шумо? Кору бор, зиндагӣ, ҳамааш нағз аст? мӯйсафед аз рӯйи одат сухан сар кард, ки мақсадаш гапковӣ буд.
            -- Раҳмат, амак, шукри Худо, нағз.
            --Дина бегоҳ дидам, масти аласт будед. Саратонро аз поятон фарқ карда наметавонистед. Як ба сӯйи чойхона рост шуда омадани шудеду баъд якбора аз райъатон гашта, бо дигар раҳ ба сӯйи хонаатон рафтед.
            -- Дар мастӣ ҳар кор мешавад, амак. Дар чойхона ягон одами наҳсу фосиқро дида бошам, мумкин аст, ки аз райъам гашта, рост ба хона рафта бошам, аҷаб не.
           
СӮҲБАТИ ЗАНҲО
            Мард берун баромад. Дид, ки ҳамсараш бо зане гап–гап дорад, гашта ба ҳавлӣ даромад. Баъди чанде боз баромада дид, ки ҷоғи занҳо ҳамон метафсид. Бори саввум ҳам, аҳвол ҳамин буд. Рӯз ба пешин наздик мешуду ҳеҷ не ки гапи онҳо ба охир расад. Маҷбур, аз дур истода, занашро ҷеғ зад.
            Ин кору рафтори ӯро як ҳамсояи мардина дида, эрод гирифт:
            -- Э, янга бо ягон мард не, бо дугонаашон чорта дарди дил карда истодаанд. Барои ҳамин ҳам рашк бурда, безобита шуданатон шарт аст?
            -- Агар бо марде гапзанон мекард, рашк намебурдам, дар ҷавоб гуфт ӯ. Мардҳо не, дунёро занҳо вайрон мекунанд. Ман аз ҳамин тарафаш метарсам.
           
САРОБ – МИРОБ
Баҳор, баъди кишти зироат дар деҳа обёрии замин душвор буд. Обро ҳафтае як маротиба бо насос мебароварданд. Об аввал аз даруни ҳавлии яке, ки дар сари деҳа буд, мегузашт. Вай як мӯйсафеди беимонтар буд. Дигарон об кушода оянд, ки аввал вай ними оби ҷӯйро мебаст ва табъи дил ба киштзораш об мемонд.
            --Ин мӯйсафед имону инсоф надорад, мегуфтанд ҳамдеҳагон ва ҳақорату дашномаш медоданд. – Мурад, об бемалолтар мешавад.
            Пас аз чанд сол мӯйсафед аз олам гузашт.
            Ба ҷойи вай писараш сарвари оила гашт ва ба киштукори замини даруни ҳавлияш машғул шуд. Тобистонҳо писараш аз падараш ҳам гузаронд: вай пеши обро тамоман мебаст ва то заминаш табъи дил шодоб нашавад, ҳеҷ кас об гирифта наметавонист. Як маротиба пагоҳӣ об диҳад, як маротиба бегоҳӣ ба заминҳояш об мекушод.
            Ин гуна рафтори ӯро дида мардум гуфтанд:
            -- Падарраҳмати дадеш одами нағз будаасту мо дар зиндагӣ ба қадраш нарасида будаем. Ин фарзанди ӯ мурад, писараш ба мо умуман рӯз нишон намедиҳад!
           
ТАМАСХУРИ БЕҶО
Хаткашон майпарасти гузаро буд. Аз кашондани рӯзномаву маҷаллаҳо дида, ба кӯҳансолон нафақапулиҳояшонро бурда доданро дӯст медошт. Онҳо ба ӯ чойпулӣ медоданд. Баъзеҳо ҳатто аз рӯйи саховат ё раҳмдилӣ бо як пиёла–ним пиёла арақ ё мусаллас зиёфат мекарданд. Дар ин хел рӯзҳо ӯ аз ин тарафи деҳа ҳушёр ва бо пойи худ дарояд, аз он тарафаш масту аласт мебаромад ё ягон кас асо шуда, гирифта ба хонааш мебурд.
Пас аз дафни мӯйсафеде хаткашон ҳамроҳи дигарон пакару музтар меомад.
Он мӯйсафед ишқбози мусаллас буд. Дар хонааш бо равғани дунба ва хурӯсчӯҷаҳо мусалласҳои зӯр тайёр мекард. Хаткашон ҳам, аввал нафақапулии ӯро бурда медоду бо вақти хушу димоғи чоқ аз ҳавлиаш мебаромад.
Марде, ки ин хусусияти ӯро нағз медонист, ба асаби хаткашон расидани шуда гуфт:
-- Акнун аз байни нафақахӯрон якта мизоҷатон кам шуд-дия. Барои ҳамин ин қадар мотамзада менамоед.
-- Ҳа, беибо ва рӯйи хотир, ки хоси баъзе алкашҳост, дар ҷавоб гуфт ӯ. –Ба ҷойи он кас шумо мемурдед, беҳтар буд.

ТАРС
Пайкол харакӣ дар кӯчаҳои деҳа гашта, дар саҳн ё сари ягон тангкӯчае қарор мегирифт ва мардумро бо ҷаноза даъват мекард. Хабари нохуш бадвоҳимаву даҳшатнок ба гӯш мерасид. Овози дар дилҳо зилзилаафкани ӯро шунида, майзадае ба худ омад ва аз дарвоза сар бароварда пурсид:
-- Ки мурдааст?
--Чӯпони Сангинмурод, дар ҷавоб гуфт пайкол. – Ҷаноза соати дувоздаҳ.
Майзада саросема ба хона даромада, ба шишаҳо часпид. Қатраҳои охирини шишаҳои арақро ба пиёлае рехта истода, худ ба худ шукрона гуфт:
-- Уф–ф! Гурдакаф кард ку ин пайколи ҳаромӣ! Хайрият, ки ман набудаам. Барои ин боз нӯшидан даркор.

АЙНАК
Аз магазин айнак харида будам. Мудираш, ки набуд, ходимаш хуб таърифу болобардор кард. Ба рад кардан дилам нашуд.
Ҷӯраам айнаки чашмамро дида гуфт:
-- Ин айнакро аз куҷо харидед? Кадом як қаллоб шуморо гӯлу гумроҳ гумон карда, ин хел айнаки намешудагиро фурӯхтааст?
-- Надонам, - гуфтам ва магазини айнакфурӯшиву чӣ хел будани фурӯшандаашро гуфтам. Ҷӯраам хомӯш монд.
Вай дӯкони айнакфурӯшии ҳамсараш буд.

ҶАВОБИ НЕКӢ
Чанд нафар ҷавонон гоҳ–гоҳ ба назди омӯзгори пире мерафтанд. Мӯйсафед ҳурмату эҳтироми онҳоро ба ҷо оварда, ба пешашон дастархон мекушод. Ба қадри ҳол обу зиёфат медод. Ёрие аз дасташ ояд, дареғ намедошт.
-- Устод, пурсид рӯзе яке аз шогирдон, чаро дар ҳаққи мо шумо ин қадар ғамхорӣ зоҳир мекунед? Ё маро ҳамчун фарзандонатон дӯст медоред?
-- Не, - дар ҷавоб гуфт устоди пир. – Ин ғамхориҳои ман ба шумо ҷавоби некиҳои дигарон аст, ки ба ман кардаанд.

МУКОФОТИ АМАЛ
Дилаш об хӯрду мӯйсафеде ба дӯсти наздикаш шикоятомез гуфт:
-- Бачаҳоям ба гапи ҳар кас даромада ганда шудаанд. Моҳҳо аз ҳолу аҳволам хабар намегиранд, ёрӣ намерасонанд…
--Зиқ нашавед, бародар, дилбардори кард дӯсташ. – Шояд дилашон хоҳаду дасташон нарасад. Ташвиш, зиндагӣ…
Мӯйсафед дилбардории дӯсташро ба назари эътибор нагирифта, боз аз фарзандонаш шикоят кард. Дарду ҳасрати ӯ охир надошт.
Аз ҷоғу манаҳи беохири ӯ дӯсташ ба танг омада, пурсид:
-- Хайр, худатон дар вақти ҷавонӣ ба падару модаратон ғамхорӣ  мекардед? Дуто нон гирифта рафта, аз ҳолу аҳволашон хабар мегирифтед?
Вай лаҳзае ба андеша фурӯ рафт ва мум газид.

ЁРӢ БАРОИ ПЕШРАВӢ
            Ҷавоне ба марди ланге барои мошинсавориаш ёрӣ расонд. Ин кори ӯро дида, яке пурсид:           
            -- Ӯ ҳамин қадар ёру ошно ва ҳамшаҳриҳо дошту чаро ту ба вай ёрӣ расондӣ?
            Ҷавон дар ҷавоб гуфт:
            -- Ин мардумро ҳамин хел кашола накунед, худашон пеш намераванд.  

БОЙҲО ЧӢ ДОРАНД?
            Зимистон мардуми зиёде барои ба ҳаммом даромадан дар навбат меистоданд. Сарватманди хушсарулибосе навбатиёнро назару писанд накарда, рост ба ҳаммом даромад.
            Кадоме аз навбатпоён гуфт:
            -- Э ин одам бевиҷдон будааст - ку, бе пӯшт-пӯшт рост ба ҳаммом даромада рафт-е!
            -- Ҳа, дар ҷавоб гуфт дигаре. – Ба бойҳо виҷдон чӣ кор мекунад?
            -- Хайр, онҳо виҷдон надошта бошанд, чӣ доранд?
            --Назарбаландии беохиру иштиҳои бетаг!

КОРИ САВОБ
            Марди тақводору деҳқоне ба роҳе мерафтанд. Тақводор лаб ба шикоят кушод:
            -- Се рӯз боз аз ҳамин кӯча мегузарем. Мошин гурбаеро задаасту он дар байни роҳ мехобад. Ягон одами баинсофе нест, ки онро аз байни кӯча гирифта, ба каноре гузорад ва ё гӯронад. Ба ин одамони мо чӣ бало задааст, ман намедонам. Кори савобе кардан намехоҳанд.
            Вақте ки аз он ҷой мегузаштанд, ҷасади мурдаи гурбаро надиданд. Тақводор мамнун шуд: хайрият як мусулмон ёфт шудааст!
            -- Пагоҳӣ ман аз ин роҳ гузашта будам, ба ҳайрати ӯ равшани андохта гуфт марди деҳқон.  
           
ТАМАННО
            Синни мӯйсафеде аз 90 гузашта буд. Бо асо базӯр мегашт. Ҳар як қадами партофтааш азобовар буд. Ҷавоне ӯро дар ин ҳол дида, дилбардорӣ кард ва гуфт:
            -- Бардам – бардам қадам занед, бобо. Худо хоҳад, ба сад медароед.
            Аз ин таманнои ҷавон мӯйсафед ранҷид ва қаҳромез гуфт:
            -- Азоби 90 ҳамин қадар бошад, худат ба сад даромада бин. Он гоҳ садсолагиро ба душманат ҳам раво намебинӣ.
           
ҲАМЧУН ОБИ ҶӮЙ
Ҷавон дарк кард, ки одам пулдор бошад, ҳама ҳурмату эҳтиромаш мекунанд, ба хаёли пулёбӣ афтод. Барои ин аз мӯйсафеди ҳаётдидае маслиҳат пурсид. Мӯйсафед гуфт:        -- Ҳунар омӯз!
            Ҷавон ҳайратзада шуд ва пурсид:
            -- О бобо, ман роҳи пулёбиро мепурсам. Шумо маслиҳат медиҳед, ки ҳунар омӯзам.
            Мӯйсафед гуфт:
            -- Ҳар ҳунареро, ки бо тамоми нозукиҳояш омӯзӣ ва мутахассиси комил шавӣ, худи пул ҳамчун оби ҷӯй ба наздат меояд.

ШИШАБУРАК
            Зимистон дар пеш буд. Мард аз рӯйи тақозои зиндагӣ аз ҳамсояаш асбоби шишабурӣ талбид. Ҳамоя зуд овард. Мард миннатдор гашта, ба кор пардохт. Буриши шиша каҷ рафт. Инро айби худ пиндошт, ки бетаҷриба аст. Шишаи буридаи дуввумаш низ корношоям шуд. Пиндошт, ки дасташ ларзид. Бори саввум ҳангоми буридан худи шиша шикаст. Аз қаҳр шишабуракро бардошта ба замин зад ва гуфт:
-- Э шишабураки вайронаат саратро хӯрад, ҳамсоя!

ЁРИИ МОДДӢ
            Марди хирадманде ба маблағи ночизе дармонд. Бо маслиҳати дӯстон барои ёрии моддӣ ариза навишт ва бо гардани каҷ ба назди роҳбар даромад.
            Роҳбар аризаи ӯро хонда, ҳайрон шуд ва пурсид:
            -- Дар аввали ариза навиштед, ки аҳволи оилавиамон вазнину ёрии моддӣ расонед. Дар охир илова кардед, ки «агар ёрӣ нарасонед, аз шумо як умр миннатдор мешудам». Инро чӣ хел фаҳмем!       
            --Ҳамааш фаҳмо-ку, бо сари хам ҷавоб дод мард. – Агар ёрдам расонед, ман дар назди шумо муттаҳам барин мешавам. Агар ёрдам нарсонед, беҳтар аст. Ман дар зиндагӣ аз касе забонкӯтаҳ нашуда, бо сари баланд мегардам.

АҚЛУ ОДОБ
            Бегоҳирӯзӣ се зан фарзандонашонро аз боғча гирифта, ба хонаҳояшон бармегаштанд. Аз ҷӯши меҳру муҳаббати модарӣ онҳо фарзандони худро таъриф мекарданд ва орзую ниятҳои худро баён месохтанд.
            -- Ҳамаи умедам ба ҳамин писарам, ба сӯйи фарзандаш бо меҳр нигариста, гуфт яке. – Худо хоҳад, писарам соҳиби ягон мансаби калоне шавад, зиндагиам шоҳона мегардад.
            Дигаре гуфт:
            -- Обрӯбардори хонадонамон мешавад ин бачаяки ман. Бою сарватманд шавад, ман дар соями давлаташ хуб давру даврон меронам.
            Онҳо орзуҳои ширини худро ба якдигар навбат надода мегуфтанд. Аммо зани саввум хомӯш буд.
            --Чаро шумо ҷим? Ё шумо аз фарзандатон ягон орзую умеде надоред? – пурсид яке.
            -- Дорам. Мехоҳам, ки писари ман боақлу хушодоб шавад.
            Онҳо ба якдигар нигариста, тамасхуромез хандиданд.
            Зан барои рафъи тамасхури онҳо илова кард:
            -- Худо агар ақлу одобашро диҳад, обрӯманду мансабдор ҳам мешаваду соҳиби молу дунё ҳам мегардад.
           
ФОИДА ВА ЗАРАР
            Ду нафар паҳлӯи ҳам дар бозор менишастанд. Яке ҷавони савдогар буду дигаре деҳқон.
            Ҷавони савдогар ину он харид, ба болояш ҳаққи худро монд, аз ҳисоби тарозу зад ва бақияи баъзеҳоро надод ва то бегоҳ хеле фоида кард. Аз фоидаи дидааш хурсанд буд.
            Ҳампаҳлӯйи ӯ ҷавони деҳқонзода аз нӯги бораш ба кампираке муфт сабзиву картошка дод, ба баъзе гадову ҷӯгиҳо кам–кам ҳамчун садақа бахшид, ба чанд нафари дигар болои бори харидаашон як-дутоӣ барзиёд сабзавот партофт. Вай аз кори кардаи имрӯзааш мамнун буд ва дар куртааш намеғунҷид.
Ин димоғчоқии ӯро шарики савдогараш дида, ба ҳайрат афтод ва пурсид:
            -- Ту ба ду–се кас бепул меваю сабзавот додӣ. Ба гадоҳо хайр кардӣ. Хулоса, зарар дидиву боз чаро хурсандӣ мекунӣ?
            Вай дар ҷавоб гуфт:
            -- Барои он ки ман боз чанд каси дигарро хурсанд кардам.
           
ВАҚТ ҚИМАТ
Марде ба куҷое наравад ва бо касе рӯ ба рӯ нашавад, мегуфт:
-- Мебахшед, ман вақти қимати шуморо бисёр намегирам. Вақт гавҳари ноёб. Беҳуда гузарад, дигар ёфта наметавонед, - гӯён ба мақсад мегузашт ва корашро буд карда, зуд аз пайи зиндагиаш мешуд.
Инро, ки ҷавоне мушоҳида карда буд, рӯзе пурсид:
-- Амак, чаро шумо ҳамеша ва дар ҳама ҷо ба пеши касе наравед, «вақти қимати шуморо нагирам», «кори шумо бисёр», «вақт ғанимат», «вақтдуздӣ - ҷиноят» гуфта, ғами вақти дигаронро мехӯред?
-- Чунки ба он нодонҳо дигар чӣ хел фаҳмонам, ки вақти худи ман қимат аст.

ҲАҚИҚАТ МАҒЛУБНАШАВАНДА АСТ
Марде аз гапи яке мулзам шуд. «Мебахшед, узр» гӯён бо сари хам аз назди ӯ дур шуд. Дар асл ӯ ин хел набуд. Ин ҳолро як шиноси деринааш дида, ҳайрон монд.
--Шумо одами хирадманду доно ҳастед. Дигар вақтҳо ҷанҷол мебардоштед, баҳсу талош менамудеду чаро имрӯз хомӯш мондед?
-- Чунки ӯ гапи ҳақро гуфт. Ҳақиқат мағлубнашаванда аст.

ДУНЁИ ҚУРЪАГАРДОН
Ҷавоне сӯхтаву пухта аз болои ҳамсояаш шикоят кард. Вале мӯйсафеди калони маҳалла ба гапҳои ӯ чандон эътиборе надод. Аз ин ҷавон ба ғазаб омада, бо мисолҳо фаҳмондан хост.
-- Охир вай ба падари пираш дуруст нигоҳ намекунад. Баъзан кор мефармояд.
-- Дар зиндагӣ ин хел воқеаҳо ҳам мешаванд.
--Беинсоф, ҳатто нафақапулии падарашро худаш мегирад. Падараш ӯро бо ҳазорҳо азоб калон кардаанду дар давраи пирӣ ғамхорӣ намекунад.
-- Ҳеҷ гап не, ин байни падару писар як ҳолати табиист, - боз дар ҷавоб гуфт мӯйсафед.
Аз ин беэътибории мӯйсафеди баобрӯйи маҳалла оташи ғазаби ҷавон боз аланга зад:
-- Ӯъ бобо, аз рӯйи шунидам, вай гоҳо падарашро дошта ҳам мезадааст!..
-- Ҳаққаш! – ниҳоят маддаи дилашро кафонд мӯйсафед. Падараш ҳам дар вақташ падари худро ҳамин хел азоб медод. Дунёи қуръагардон -дия, ягон кор беоқибат намемонад.

БАРТАРӢ
Писар ба падар шикоят кард, ки фалони мошини зӯри хориҷие харидааст. Дигаре ҳавлии қасрмонанде сохтааст. Боз яке соҳиби мансаби бузурге шудаасту қариб 1000 кас дар зери дасташ кор мекунад… Аз гуфтаҳои писараш бараъло намоён буд, ки ба онҳо ҳасад мебарад.
Мӯйсафед баъди тааммуле пурсид:
-- Кӯшиш намоӣ, ту ҳам мисли онҳо шуда метавонӣ?
-- Не, ман молу мулки зиёд ва пушту паноҳи зӯре надорам.
-- Набошад! Мехоҳӣ, ки аз ҳамаи онҳо бартарӣ дошта бошӣ.
-- Албатта, хушҳол гардид писар.
-- Ин хел бошад, ба ҳеҷ кадоми онҳо ҳасад набар. Агар ҳасадхӯр нашавӣ, аз ҳамаи онҳо бартарӣ меёбӣ!

НАФСИ БАД…
Мошини мусофиркаше, ки ба шаҳр мерафт, дар ҳар истгоҳ меистод. Ронандааш одамони зиёдеро гирифтан мехост. Ягон нафар аз меъёр камтар пул диҳанд, ҷанҷол мебардошт. Аз бачаҳои хурдсоли мактабхон ҳам, мисли калонсолон пул талаб мекард. Касе ба ин рафтори ӯ эрод гирад, вай баландии нархи сӯзишворӣ, таъмир, нигоҳубини мошин ва ғайраро қатор карда, ба забон меовард.      
Ниҳоят мошин то зинапояҳояш бо одам пур шуд. Дар лабони ронанда табассум гул кард.
--Акнун самолёт шавем ҳам мешавад! - гӯён суръатро баланд кард. Аз чароғаки сурхи чорроҳа мегузашт, ки нозири роҳ дошт.
Ронанда пас аз интизории зиёди мардуми даруни мошин бо лабу лунҷи овезон баргашт. Ғур-ғур кард, ки нозирон инсоф надоранд, пули хизмати якҳафтаинашро гирифта, базӯр ҷавоб доданд.
--Мурда–мурда, пули ҷамъкардаатонро оварда, ба дасти инҳо медодаед, бо мо нағзу бад шуда, нафсбадӣ карданатон шарт буд? – луқма партофт яке.
Ронандаи маҳмаддоно дар ҷавоби ӯ оҷиз монд.

МУШОҲИДА
Ду мошин чанги кӯчаҳоро ба осмон бардошта, босуръат гузашта рафтанд. Овози радиои мошинҳояшон гӯшҳоро кар мекард. Ин мошиндавонии онҳоро дида, як шахси дар истгоҳбуда гуфт:
-- Мошинро падару модаронашон харида додаанд-дия, дилашон намесӯзад. Ин аз пойгамониашон ҳам маълум!
Мошини дигаре аз қафои онҳо намоён шуд. Паси рули он марди солхӯрдае менишаст. Вай ба тамоми қоидаҳо риоя карда, мошинро эҳтиёткорона меронд.
--Ана ин одам мошинро бо пули ҳалолаш харидааст, ки эҳтиёт мекунад, ба ӯ нигариста гуфт он шахс.
-- Не, - гуфт марди ҳолдони дигаре. – Ин мошинро ба ӯ писараш харида додааст. Барои ҳамин эҳтиёт мекунад.

ҲАМИЯТ
Марде ба ҳузури бонкир рафт ва барои як дӯсти эҷодкораш каме ёрдам доданашро илтимос намуд. Бонкир гуфт:
-- Майлаш, аҳволаш вазнин бошад, ёрдам медиҳем. Дар ин дунё кори савоб ҳам даркор. Гӯед, худаш як ба наздам ояд.
-- Дар хона нони хӯрдан надошта бошад, ки ҳамияти вай баланд. Як миллион сӯм доданӣ шавад, ки намеояд.
-- Чаро? – тамасхуромез пурсид бонкир. – Як одамҳое гадой барин ба наздам меоянду чаро вай намеомадааст? Бо уштур янтоқ даркор бошад, гарданашро дароз мекунад.
--Дуруст, тақсир, лекин вай мурад, ки ин корро намекунад. Даҳ миллион сӯм додан хоҳед, ки вай сар хам карда, ба наздатон намеояд.
-- Чӣ кор кунам меояд?
-- Мувофиқи ҳиммат аз худатон дониста, як маблағи ночизе диҳед, ана баъд маҷбур барои изҳори миннатдорӣ меояд.

ЧОР БЕЛ РЕГУ ШАҒАЛ
Марде ба ошнояш шикоят кард:
-- Кӯчаи назди ҳавлиамон таъмирталаб. Бисёриҳо аз ҷойҳои тахту ҳамвортари таги девору пеши дарамон бо мошинҳояшон мегузаранд. Барои аз он ҷо нагузаштани мошинҳо ресмон кашидем, ба нӯги чӯбҳо латта баста мондем, сангҳои калон–калон гузоштам, ҳамааш бефоида. Сарам сих мондааст, чӣ кор карданамро намедонам.
Ошнояш маслиҳатомез гуфт:
-- Ин кирои ғам хӯрдану шикоят кардан нест. Бо чор бел регу шағал ҳамон ҷойҳои чуқури раҳро тахту ҳамвор созед, аз дарди сар халос мешавед.

ТАНГКӮЧАИ ОДАМГАРӢ
Роҳбалад бо сайёҳон аз кӯчаҳои қадимаи шаҳр гузашта истода, оиди таърихи шаҳр, бунёд масҷиду мадрасаҳо, касбу кори мардум ва ғайра нақл мекард. Вай оиди маҳаллаҳо таваққуф карда, гуфт:
-- Пештар дар шаҳр ҳунармандӣ хеле ривоҷ ёфта будааст. Одамон авлод ба авлод ба ягон намуди ҳунар машғул мешудаанд. Гузарҳои оҳангарӣ, заргарӣ, мисгарӣ, чармгарӣ, зингарӣ ва ғайра аз ҳамин сабаб бунёд ёфтаанд.
-- Ягон гузари одамгарӣ ҳам буд – ҳазломез пурсид сайёҳе.
-- Не, аз мақсади сайёҳ пай набурда, ҷавоб дод роҳбалад ва ба идомаи нақлаш пардохт.
-- Э Худоё! – ҷавоби роҳбаладро шунида, ба ҳайрат афтод сайёҳ. – Дар гузашта ҳам, ба тарбияи одам ин қадар бепарвоӣ зоҳир мекардаанд, ки ақаллан ягон тангкӯчаи одамгарӣ набудааст.
УНВОНИ БАЛАНД
Аҳли як оила дар оғӯши табиат дам гирифтанд. Вақти бозгашт сарвари оила ба фарзандонаш фармуд:
--Акнун ҳама ҷоро рӯфтаву тоза кунед. Қоғазпораву шиша ва майда-чуйдаҳои дигарро ғундоред. Болои оташ об резед, ки хомӯш шавад. Хулоса, ҳама ҷо мисли пештара гардад. Омадану рафтани моро надонанд.  
-- О дадаҷон, мо ҳозир меравему ин корҳо чӣ даркор? – норозиёна пурсид духтари калонӣ.
-- Баъди мо боз ягон кас меояд. Ин аҳволро бинад, ба шаъни падару модари мо лаънат мехонанд. Номи неки инсонӣ унвони баланд аст.

РОҲКИРО
Пули мӯйсафедро ба даст гирифта, ронандаи мошини мусофиркаш норозиёна гуфт:
-- Бобо, ин пулатон кам–ку?! Аз шумо дида, ҳамин писараку духтаракони мактабхон бештар роҳкиро медиҳанд. Сахтакӣ мекунед–а?
-- Не, бачем, дар ҷавоб гуфт мӯйсафед, ман сарфа мекунам.
-- Чаро?
-- Чунки ба ин бачаҳо падару модаронашон роҳкиро медиҳанду ба ман фарзандонам. Аз худашон дониста, бисёртар надиҳанд, худи ман ба пурсидан шарм медорам.

ДУРАНДЕШӢ
Марде доим дар киса қанду конфет гирифта мегашт. Онҳоро ба бачаҳои кӯча тақсим карда медод. Баробари ҳамин бачаҳоро таърифу навозиш мекард.
Ҳама аз ин кори ӯ ҳайрон буданд. Яке сабаб пурсид.
Ӯ ҷавоб дод:
-- Ҳамаи ин барои он аст, ки бачаҳо аз ҳоло маро нағз шинохта гиранд. Пагоҳ–фардо калону мансабдор гарданд, фоидаашон мерасад. Рафту дузду авбош ё майзада шаванд, ки дар кӯча рӯ ба рӯ оем, дошта намекӯбанд.

ДӮСТДОРӢ
Марде барои як ваҷаб–ним ваҷаб замин бо ҳаққу ҳамсояҳо ҷанҷол мекард. Бо баъзеҳо ногап мешуд. Аз ҳисоби кӯчаву воти замини дигарон кам–кам зада, ба майдони зироати худ ҳамроҳ мекард. Замин гуфта мемурду калон кардани замини кишташро дӯст медошт.
Рӯзе ӯ аз олам гузашт. Дар ҷанозааш касе гуфт:
-- Бечора, вай заминро не, балки замин ӯро бештар дӯст медоштааст, ки пеш аз мӯҳлат ба оғӯшаш кашид.

МАОШ
Муаллим ҳар рӯз ба дарс меомад. Пеш аз оғози дарс кӣ ҳасту кӣ нест, хонандагонро ҳозиру ғойиб мекард. Давомоти синф суст буд. Имрӯз яке наояд, пагоҳ дигаре намеомад.
-- Боз худам нағз-е! – як рӯз бо чӣ хаёле гуфт ӯ. – Ҳар рӯз ба дарсдиҳӣ меоям.
Ба ин гапи ӯ талабае чунин шарҳ дод:
-- Э муаллим, шумо ҳам, агар маош намегирифтед, суробатонро ба мактаб нишон намедодед!

«ДУОИ НЕК»
Роҳбари азхудрафтае як коргарашро ҳақорати ношаръӣ дод. Коргари бечора ба ҷавоб гардондан мулзам монд. Хеши роҳбар калоншавандаи калоне буд ва ҳамеша сипари ӯ мегашт.
Коргар барои ҳақорат изҳори миннатдорӣ кард ва гуфт:
-- Ҳақорат дар дӯзах ба ҷойи дуои неке будааст.
Инро шунида, лабони фарбеҳу пурравғани сардор ба табассум инҷ шуд.
--Ана дидӣ, мағрурона ба такяи курсии роҳат танаашро партофта, ду дастонашро ба оринҷакҳои курсӣ гузошт, – ҳақоратҳои ман чӣ хел нағз будааст.
-- Ҳа, бо сари хам гуфт коргар, афсӯс, ки фақат ман ба он ҷо намеафтам.

ВОЙ БАР ҲОЛИ МУРДАҲО
Як марде буд иғвогар, заҳрзабон. Бо иғвою бӯҳтон одамонро ба якдигар ҷанг андохта, ботинан шод мешуд, роҳат мекард. Ба пешрафти кори ҳама халалрасониро савоб мепиндошт. Ҳамсояҳо аз ӯ дилбазану ҳаммаҳаллаҳо гурезон буданд.
Солҳо гузаштанду ӯ пир шуд.
Чойхона ҷойи сӯҳбату дили беғамзании мардум буд.
Вай ҳам чойхонабароӣ кард.
Ҳама аз чойхона гурехтанд.
Чойхона дар ихтиёри ӯ монд.
Баъди бемории дурудароз аз олам гузашт. Яке бо афсӯс гуфт:
--Аз дасти ӯ ҷони мо халос шуду акнун вой бар ҳоли мурдаҳои қабристон!

ГАПУ АМАЛ
Гапи байни роҳбару коргар гурехт. Роҳбар ваъдаи додаашро инкор мекард ва иддао менамуд:
-- Ман дар умрам ягон маротиба гапи нодуруст назадаам. Гапу амали ман ҳамеша як аст.
-- Хайр, мебахшед, гуфт ноилоҷ коргар. – Набошад ман нодуруст фаҳмида будаам – дия!

РОҲИ НИҚОРГИРӢ
Устодро яке дар пеши шогирдаш мулзам кард. Баъди ба берун баромадан шогирд гилаомез ба устодаш рӯ овард:
-- Вай одам шуморо паст зад, таҳқир кард, дашном доду чаро шумо ҷим шиштед? Ман ба ҷойи шумо мебудам, давида хеста зери мушту лагад мегирифтам. Чунон адабашро медодам, ки як умр фаромӯш накунад. Вале шумо бошед, дуо кардед, ки давлату сарваташ боз ҳам зиёда гардад…
-- Ягона роҳи ниқоргирии ман ҳамин аст: агар давлату сарваташ зиёд гардад, боз зан мегирад, маъшуқа меёбад, хонаву ҷойҳои қасрмонанд месозад, нафсаш бад мешавад ва худаш барои худаш қабр мекобад.


САВДО КАСОД ШАВАД…
Яке ба рафтори харидор ҳайрон шуда пурсид:
-- Ба ин мағоза касе надарояд, доду ғавғо мебардорад, ки фурӯшанда беинсоф асту молу матоъҳояшро қимат ба пул мезанад. Шумо бошед, чизҳои даркориатонро ду маротиба қимат харида, хапу дам баромада меравед.
-- Ман мисли дигарон шикоят накарда амал менамоям.
-- Чӣ хел амал?
-- Дигар ба ин мағоза намедароям ва ҳеҷ чиз намехарам. Одамони бофаросат ҳам, ба ман пайравӣ мекунанд. Ҳа, савдояш касод шавад, сонӣ ақлаш ба сараш мезанад.

САЛОМ ВА АЛЕЙК
Дар ҳаммом гирди мӯйсафеди пире се нафар писаронаш парвона буданд. Яке оби гарми лаганро зери пояш монад, дигаре ба сару гардани мӯйсафед сабун мезад ва боз яке пушту паҳлӯи ӯро мемолид. Ҳама бо ҳавас ба мӯйсафед менигаристанд.
Яке гуфт:
-- Фарзандони хуб доштааст. Хизмати падарро мекунанд.
Дигаре ҳамчун шарҳ илова кард:
--Ба салом нигоҳ карда, алейк мегиранд. Мӯйсафед ҳам, дар хурдсолӣ ба бачаҳояш некиҳои зиёде кардааст, ки инак, ҷавобашро мегардонанд.

ҲАМААШ АЙБИ ХУДАМ
Марде дар шӯъбаи шикастабандии беморхона оҳу нола дошт. Як пою як дасти ӯ гипспӯшу ба шифт кашол буд. Вай бо дасти сиҳаташ ҳар замон муште бар сар мезад ва мегуфт:
-- Ҳамааш айби худам аст!
Яке ба аёдаташ омад. Ин гуна гапҳои ӯро шунида, сабаб пурсид:
Ӯ ҷавоб дод:
--Мани аҳмақ ба гапи занам даромада, рӯйи суфаю дарвозахонаро сангфарш кардам. Ҳама ҷо бо сангҳои хорои суфтаву яллаққосӣ оинавор ҳамвор шуд. Дина бегоҳ хуб об задаанд, ки ғеҷида афтода, дасту поямро шикастам. Ҳаққам, агар ба гапи занам намедаромадам, ба ин аҳвол ҳам намеафтодам.

АҲДУ АМАЛ
Марде бо ҳавои гарми чиллаи тобистон нигоҳ накарда, дар рӯйи ҳавлиаш каланд мезад. Обу арақ аз сару рӯяш ҷӯй барин мешорид. Ҳамсояаш ин аҳволи ӯро дида, маслиҳатомез гуфт:
--Ҳамин кор гурехта намеравад. Дам гиред. Боқимондаашро бегоҳӣ, баъди фаромадани салқинӣ иҷро мекунед.
-- Наметавонам, – дар ҷавоб гуфт ӯ. -- Пагоҳӣ ба писарчаам гуфтам, ки то пешин ин корро тамом мекунам. Барои ҳамин, ба ваъдаам вафо карданам даркор.
-- Хайр, вай бача - ку! Аллакай аз хотираш баромадагист. Гапи гуфта қонун нест!
--Не, баъде, ки аз даҳонам баромад, карданам даркор. Дар акси ҳол дурӯғгӯй мешавам ва ба ӯ ҳам дурӯғгӯйиву фиребро ёд медиҳам.


КАДОМ ЯКЕ АЗ ОНҲО
Зане дар сари кӯча либосҳои хоколуди писарчаашро афшонда, ӯро сарзаниш мекард:
-- Э, ин афту башараатро ту як дар оина бин, ҳайвон! Одам ҳам ҳамин қадар хук барин ба хоку лой меҷӯлад? Хари таппа - тайёр ту…
Мӯйсафеде, ки аз кӯча мегузашт ва ин аҳволу маломат шунид, овоз баровард:
-- Падару модари ин писарак кадом яке аз онҳо бошанд-а?!

ШАРМАНДАИ ДУ ОЛАМ
Падар бо кадом ҷурме духтараш гӯшмол додани шуд. Ҳамсараш ба мобайн даромада гуфт:
-- Падар духтарро занад, духтар бадбахт мешавад.
Падар дар ҷавоб гуфт:
-- Шояд. Вале ман ҳоло ин духтарро назанам, пагоҳ – фардо калон гардад, ин маро рӯсиёҳу шармардаи ду олам мегардонад.

НИШОНА
Нависандаи бечораҳоле ҷон коҳонда, дар замини сари кӯча каланд мезад. Арақшор шуда, ҷон меканд, ки ҳосили хуб гирад ва аз рӯзгораш зиёдатӣ кунад, фурӯхта аз ҳамин ҳисоб китобашро чоп намояд.
Бойбачае аз роҳ гузашта истода, ба ҳоли ӯ хандид ва тамасхуромез пурсид:
-- Аз нависонависи бекораи шумо чӣ фоида? Ман барин худро ба тиҷорат занед, бой мешаведу ба каландзанӣ ҳоҷат намемонад.
--Бойигарӣ чи лозим? Масалан, шумо бой, ҳавливу мошину корхонаҳо доред. Бигӯед, ки баъди саратон мошин ба кӣ мемонад?
-- Ба писарам.
-- Ҳавливу ҷойҳои дакадангатон чӣ?
-- Ба зану фарзандонам.
-- Корхонаҳо?
-- Ба хешу авлодонам.
--Чизу чора, ҳавливу мошин, бойигариҳо ба дигарон монад, аз худи шумо чӣ мемонад?
Бойбачаи мағрур чӣ ҷавоб доданашро надониста, гаранг шуд.
--Ана дидед, гуфт адиб. – Аз шумо ҳеҷ чиз намонад, ин қадар бойигариву давутозатон бефоида будааст-дия. Аз ман бошад, китоб мемонад. Китоби маро ҳеҷ кас аз худ карда наметавонад.

ЯК БОМУ ДУ ҲАВО
Модар ба умеди дастгирӣ бо овози ларзон ба писараш рӯ овард.
--Писарам, хоҳаракат калон шуда, ба чашм намоён мегардад. Ягон хел либоси дурустаре харида диҳем…
-- Э модар, ҳоло хоҳарам хурд, дар ҷавоб гуфт писараш. – Либосҳои қиматбаҳо ба духтарбача чӣ лозим?! Аз нӯги нафақаатон арзонтарашро харида диҳед ҳам, шудан мегирад.
Модар чизе нагуфт. Дамаш ба дарун афтод. Аз бешавҳариву дастнигари писар шуда монданаш хориаш омад.
Пас аз чанд моҳ боз модар ба писараш гуфт:
-- Занат каму беш пулҳои ҷамъкардаашро ба дастам дод. Дилаш ягон мӯҳраи гардани арзонтаре хариданист. Ту ба ҳамин чӣ мегӯйӣ?
-- Арзонаш чӣ даркор! Тилло тилло–дия. Нотарсона ягон занҷираи тиллои ду-се миллионаашро харидан гиред.

ГАП ВА АМАЛ
Марде писари яккаву худбоваре дошт. Писараш дар байни ду гап мегуфт, ки ёру дӯстони зиёде дораду ҳар гоҳ лозим шавад, ҳатто ҷонашонро аз ӯ дареғ намедоранд.
Падар ин гапҳои писари хомхаёлашро шунида, зери лаб механдид. Мегуфт, ки ба умеди дигарон нашав, худат ҳаракат кун. Аммо писар ҳамон ба гапи худ истодагарӣ мекард.
Як рӯзи тобистон падар ба писараш фармуд:
-- Рав, ҳамаи ҷӯраҳоятро як-як хабар кун. Пагоҳ бо либосҳои корӣ биёянд. Ҳашар карда, хонаҳоро меафтонем ва ба ҷояш иморати нав месозем.
Писар рафт ва ҷӯраву ошноҳояшро як - як хабар кард.
Рӯзи дигар танҳо як нафар ҷӯрааш омад.
Падар ӯро зиёфат дода, миннатдорона ба хонааш гуселонд ва ба писари ҳайратзадааш гуфт:
-- Ту ҳамагӣ як дӯст дошта будаӣ. Аз домани ин ҷӯраат маҳкам дор. Инсон ба гап не, балки ба амали одам бовар мекунад.
     
БА КУҶО ШИТОБ МЕКУНЕД?
            Мошине бо шасти баланд гузашта рафт. Қариб буд, ки як пиёдагарди бечораро зада чалпаки замин созад. Ин аҳволро дида, яке гуфт:
            -- Ин ронанда ба куҷо ин қадар шитоб мекарда бошад?
            Дигаре ҷавоб дод:
            -- Намедонам. Вале баъди ягон километр дар пеш қабристони калоне ҳаст.

НОНГАДО МЕШАВАД
            Марде пеши шоири кӯҳансоле омада, маслиҳат пурсид, ки писараш ҳаваси шоирӣ дорад, чӣ кор кунад.
            -- Бирав, бигӯ, ки ҳар касберо хоҳад, интихоб кунад. Вале ҳаргиз шоир нашавад, ки мисли ман нонгадо мегардад.

БА ЯК СӮ
            -- Муаллим, ҳоло ҳам пиёдагардӣ мекунед? Ман ҳозир шуморо то хонаатон бо мошинам мебурдаму сад афсӯс, ки роҳамон дигар – дигар аст.
            -- Дигар – дигар бошад, ки боз ба як сӯ.
            -- Ба кадом сӯ?
            -- Ба сӯйи қабристон!

БОЙИГАРИИ ШОҲУ ГАДО
            Ӯ ба ҳама саломатӣ орзу мекард. Вақти сӯҳбату вохӯрӣ, тӯю маърака, зиёрату дидорбинӣ, хулоса дар ҳама ҷо ба шиносу бегона тани сиҳату хотири ҷамъ ва дили беғам таманно менамуд.
            Ин гуна орзуҳои некро, ки ӯ бисёр мегуфту гаштаву баргашта такрор мекард, рӯзе яке пурсид:
            --Ака, шумо ҳамеша ва ба ҳама орзуҳои нек таманно мекунед. Бигӯед, ки дар дунё аз саломатӣ боз ягон чизи болотар ҳаст?
            -- Ҳаст, ПЕШРАВИИ КОР
            -- Мебахшед, ман имрӯз ба корҳои шумо ёрдам дода наметавонам.
            -- Ҳеҷ гап не. Баъд, ёрӣ додан чандин муҳим не.
            -- Муҳимаш чист?
            -- Ба пешравии кор халал нарасонидан!

ДАСТИ ЧАП ВА РОСТ
            Талабае бо дасти баста ба мактаб омад. Вақти дарс нанавишт.
            -- Чаро ту наменависӣ? – пурсид муаллим аз ӯ. – Охир дасти ростат не, дасти чапат шикастааст?
            -- Дуруст муаллим, дар ҷавоб гуфт ӯ. –Агар ман бо дасти чапам дафтарро дошта наистам, бо дасти ростам навишта наметавонам.
           
ДУОИ БАД
            Гапи ду нафар гурехту яке ба дуоибадкунӣ даромад. Аз ин дигаре шӯрида гуфт:
            -- Э худат кистӣ, ки аз дуои бадат тарсам? О ту як фосиқ - ку?!
            -- Аз ҳаминаш тарс! дар ҷавоб гуфт ӯ. Ҳозир дуои фосиқон даргир аст!
 дар ҷавоб гуфт вай, ПЕШРАВИИ КОР
            -- Мебахшед, ман имрӯз ба корҳои шумо ёрдам дода наметавонам.
            -- Ҳеҷ гап не. Баъд, ёрӣ додан чандин муҳим не.
            -- Муҳимаш чист?
            -- Ба пешравии кор халал нарасонидан!

ДАСТИ ЧАП ВА РОСТ
            Талабае бо дасти баста ба мактаб омад. Вақти дарс нанавишт.
            -- Чаро ту наменависӣ? – пурсид муаллим аз ӯ. – Охир дасти ростат не, дасти чапат шикастааст?
            -- Дуруст муаллим, дар ҷавоб гуфт ӯ. –Агар ман бо дасти чапам дафтарро дошта наистам, бо дасти ростам навишта наметавонам.
           
ДУОИ БАД
            Гапи ду нафар гурехту яке ба дуоибадкунӣ даромад. Аз ин дигаре шӯрида гуфт:
            -- Э худат кистӣ, ки аз дуои бадат тарсам? О ту як фосиқ - ку?!
            -- Аз ҳаминаш тарс! дар ҷавоб гуфт ӯ. Ҳозир дуои фосиқон даргир аст!
 он ҳам бошад, боз саломатӣ! Чунки саломатӣ асоси бойигарии бебаҳои шоҳу гадо аст.

АККОСИ САГ
            Тракторчӣ шабона як тележка ҷуворипоя овард. Ҷуворипоя хушк, басташуда ва дароз – дароз буд. Онро бо аҳли оилааш кашонда, ҷо ба ҷо кард ва оҳи сабуке кашид. Акнун гӯсолааш бо даҳону биниаш хӯрад, ки мерасад ва боз зиёдатӣ мекунад.
            Хурсанд шуд, ки дуздиашро касе надид ва бо хотири ҷамъ ба ҷойгаҳ даромад.
            Нисфишабӣ аккоси саг баланд шуд. Хобу хоболуд берун баромад. Чароғҳоро фурӯзон кард. Рӯйи ҳавлӣ, айвон, ошхона, меҳмонхонаро хабар гирифт. Дари оғилро занҷирбанд дида, хотирҷамъ шуд.
Саг гирди ӯ дум ликконда, ғиншӣ менамуд. Дид, ки ҳама ҷо тинҷиву оромист, гашта ба хона даромад.
            Пас аз соате саг аз сари нав безобида шуд.
            Мард боз берун баромада, ҳама ҷоро хабар гирифт. Ягон чизи шубҳанок ва хавфу хатаре надид. Пеши саг як бурда нон партофта, боз ба хона даромад.
            Ғанабаш дуруст бурда-набурда, боз аккоси таҳдидомези саг ӯро бедор кард. Дилу бедилон берун баромад: рӯйи ҳавлӣ оромӣ, дарвоза занҷир, ҳалқаи дари оғил маҳкам, гурбае болои бом ё гирду атроф наменамояд. Бо қаҳр сагро як лагад зад, ки ӯро беҳуда ноором мекунад.
            Тракторчӣ гашта даромада хобид ва дигар ба аккосу безобиташавии саг эътиборе надод.
            Пагоҳӣ хеста, барои хӯрокдиҳӣ дари оғилро кушояд, ки навбаст нест.  
            Акнун ба таги маънои аккоси саг расид: пушти оғилаш, ки кӯча буд, дуздон онро шикофта, навбасташро бурда буданд.

МУШКИЛИ ЗИНДАГӢ
            Шахсе шаби дароз доду нолаи ҳамсояшро шунида, саҳар ба аёдаташ рафт ва пурсид:
            -- Ба шумо чӣ шуд, ҳамсоя? Шабона уфу оҳатон ба гӯш расид, мабодо бемор нашудед?
            -- Бемор-ку нашудаам,  – дар ҷавоб гуфт ӯ, – вале ба сарам мушкили сахте афтодааст ва роҳу равиши зиндагониамро намеёбам. Бинобар ҳамин, рӯ ба осмон оварда, аз даргоҳи Худованди бузург илтиҷо кардам, ки мушкиламро осон гардонад.
-- Худо меҳрубон аст, албатта мададгоратон мешавад. Фақат баъди ҳалли мушкилот худи Худоро фаромӯш накунед.

КОРҶӮ
            Ҷавони мусофире ба назди соҳиби тарабхонаи бузурге омад ва кор пурсид. Соҳиби тарабхона бо як дидан фаҳмид, ки ҷавон ҳунару ҳайдаре надорад, бо вуҷуди он аз рӯйи раҳмдилӣ ба дасташ ҷойрӯб дода, ба вазифаи фаррошӣ ба кор қабул кард…
            Худи ӯ як вақтҳо дар ин ҷо корро аз ҷойрӯбӣ сар карда буд. Фақат он вақтҳо ба ҷойи ин тарабхона як ошхонаи хурде буд. Барвақт аз хоб мехест, аз таҳти дил ба иҷрои вазифааш мепардохт. Ба ӯ дахл надошта бошад, ки гирду атрофи дӯкони яхмосфурӯшӣ ва сихкабобпазиро ҳам чидаву тоза мекард. Ҷӯйборҳоро мекофт, гулу ниҳол мешинонд, ба тозагӣ ва сабзу хуррамӣ эътибор медод. Аз касе салому алейк ва пурсупосаш канда набуд. Рӯз аз рӯз миқёси вазифаҳояш васеъ ва музди меҳнаташ бештар мегашт.
            Аз фаррошӣ ба пазандагӣ гузашт, зина ба зина боло рафт ва ниҳоят соҳиби тарабхона шуд…
            Соҳиби тарабхона бегоҳ аз кор фориғ шуда, берун баромад ва ҷойрӯбро зору ҳайрон дид. Ҷавони корҷӯ монда рафта буд.
            -- Одам зина ба зина боло меравад, – худ ба худ гуфт мудир. – Якбора ҷаҳида, ба баландӣ баромадан аз имкон берун аст!

ҚИМАТОЙ
            Ҷавон ҳангоми донишҷӯйи бо духтаре рӯ ба рӯ омад. Номашро пурсид:
            -- Қиматой, – ҷавоб дод ӯ.
            Баъдтар, ҳар гоҳ, ки вомехӯрданд, ӯ мепурсид:
-- Номам ҳоло Қимматой гӯед?
            -- Ҳа, – гул – гул шукуфта ҷавоб медод духтар.
            Овони донишҷӯйӣ ва баъди хатми он ҳам ҳар гоҳ, ки онҳо бо якдигар вомехӯрданд, ҷавон мепурсид:
            -- Ҳоло ҳам шумо Қиматой?
            -- Ҳоло ҳам ман Қиматой!
            Ин хел саволу ҷавоб борҳо такрор мегардид:
            -- Қиматой?
            -- Қиматой!
            Аз байн солҳо гузаштанд. Онҳо пир ва соҳиби набераву абераҳо шуданд.
            Пас аз чандин сол боз ҳаммактабони собиқ рӯ ба рӯ омаданд.
            -- Ҳоло ҳам Қиматой шумо?
            -- Не, – ҷавоб дод пиразан. – Акнун ман арзон шудам.
            Ҳамсабақаш аз вафоти шавҳари пиразан маъюс гардид.

РӮЙПӮШИ КАМБУДИҲО
            Ҷавоне аз мӯйсафеди хирманди деҳа пурсид:
            --Чаро ҳама ба Ғаниҷонбобо тамаллуқ мезананд, дар маъракаҳо аз пешгоҳ ҷой медиҳанд, ҳурмату эҳтиромашро даҳчанд ба ҷо меоранд?
            -- Мардуми авом ӯро не, пулу давлаташро ҳурмату эҳтиром мекунанд.
            -- Охир худи он касе ақаллан донишу фаросати дурусте надоранд. Боз бадафту чутур ва заҳрзабони шалақдаҳон?
            -- Пулу бойигарӣ ин гуна камбудиҳои одамро рӯйпӯш мекунад. Чунки дар пеши пулу давлат ҳама сар хам мекунад.

АЙБ
            Аз ҳар маърака мӯйсафед барои набераҳо конфет меовард. Ин кори ӯ ба кампираш намефорид. Як рӯз ӯ дилашро кафонд:
            -- Э мардак, шарму айб ҳам чизи нағз! Шумо чӣ хел аз рӯйи дастархон конфет гирифта, ба киса мезанед, ман ҳайрон? Охир ягон кас дида монад, чӣ мегӯяд?
            -- Ман намегирам, худашон медиҳанд.
            -- Худашон чӣ хел медиҳанд? – аз ин ҷавоби мӯйсафед гаранг шуд кампир.
            -- Оддиякак. Ту як тасаввур кун: рӯйи дастархон пур аз нозу неъмати Худо. Ҳама ба чизҳои дилхоҳашон мечаспанд. Дар мобайн бошад, конфетҳои шакалодӣ ғарибу музтар мемонанд. Агар меҳмонон нахӯранд, исроф мешавад. Исроф дар дин макрӯҳ аст. Бинобар ҳамин, ягон нафар аз меҳмонон ё худи ман шакалодҳоро гирифта, якта–якта ба пеши меҳмонон мемонем, ки гиранду хӯранд. Вале онҳо шакалодҳоро нахӯрда, бо ниятҳои нағз ба кисаҳояшон меандозанд, ки Худо ҳар касро, аз ҷумла набераҳои онҳоро ҳам ба чунин рӯзҳои нек расонад.
            -- Шумо ба онҳо гирифта доданатон маълум. Худатон чӣ хел мегиред? Оҳ рӯям сиёҳ, аз шарм замин намекафад, ки ман дароям.
            -- Ман барои худам, албатта намегирам. Вале дигарон кӯр не. Инро мебинанд ва маҷбур ба кисаи ман ҳам шакалод меандозанд. Ҳама гирад ин айб ҳисоб намешавад.
           
КОРИ САВОБ
            Дар саҳни деҳа ҳавз кофта буданд. Мӯйсафед саҳар аз бозор як бағал ниҳол харида овард ва онҳоро ҳамроҳи наберааш ба гирди ҳавз шинонданд.
            -- Чаро дар ҳавлӣ нею ин ҷо ниҳол мешинонем? – пурсид наберааш.
            -- Дар сари кӯча, лаби ҷӯй, гирди ҳавзҳо ниҳол шинондан савоб, – дар ҷавоб гуфт бобо. – Калон шуда, ба мева дароянд, даҳони ҳама мерасад ва дуо мекунанд.
            Онҳо то нисфи рӯз ниҳол шинонданд. Кор табъи дил ба анҷом расид.
            Саҳари хеста бинанд, дар гирди ҳавз ягон дона ниҳол нест. Кадоме ҳамаи онҳоро як – як канда бурдааст.
            Ин аҳволро дида, набера аз бобояш бештар ғамгин шуд. Мӯйсафед боз ба бозор рафт ва 40 бех ниҳоли шамшоду сафедор харида овард.
            -- Инҳо калон шавад, болорҳои тайёранд. Масҷид, чойхона ё ягон чизи дигар сохтани шаванд, чӯб кофта намегарданд. Ин сафедору шамшодҳо аз они ҳама аст…
            Вале онҳоро ҳам канданд. Аз ин кори кадом як ноинсоф қаҳри набера ояд, ки мӯйсафед дарду аламашро зоҳир намесохт. Вай ҳамроҳи наберааш аз лаби наҳр як замбарғалтак навдаҳои банди даст барини бедро зада омад ва ҳамроҳи наберааш боз дар гирдогирди ҳавз халонида баромад.
            Саҳари рӯзи дигар хеста бинанд, ҳамааш дар ҷояш. Ин ҳолро дида, дар лабони мӯйсафед табассум гул кард.
            --Бед ҳам дарахти нағз асту аз бед гаҳвора месозанд, – бо мамнуният гуфт ӯ ба наберааш. -- Баъд ба ягон кас хода, каланддаста ё тираки хамирросткунӣ лозим шавад, марҳамат. Чӣ қадаре, ки хоҳанд, бурида рафтан гиранд. Гирди ҳавз аз холӣ истодан дида, бо бед сабзу хуррам шавад, нағз…
            Аммо рӯзи сеюм ба ҷойи ходаҳои бед фақат сӯрохиҳои гирди ҳавз боқӣ монданд. Аз ин ҳол бобову набера сахт хафа шуданд: охир онҳо кори савоб кунанду кадом як одами бевиҷдон канда барад, ин чӣ гап аст?
            Мӯйсафед ба андеша ғӯтида, дам назад ва аз баҳри ниҳолшинонӣ баромад.
            Баъди як ҳафта дар гирди ҳавз ҳамсояи рӯ ба рӯяш ниҳол шинонд. Ниҳолҳои ӯро ҳеҷ кас наканд.

СӮҲОНИ ГӮШУ МАЙНА
            -- Ҳамин Ибодназар чи хел одам? Бисёр менӯшад?
            -- Не.
            -- Ҷанҷолӣ? 
            -- Не.
            -- Одати тӯҳмат ё хабаркашӣ кардан дорад?
            -- Не.
            -- Пес? Махав? Ҷинӣ?
            -- Не!
            -- Набоша чаро ҳама аз ӯ мекебанду ҳазар мекунанд?
            -- Э ҷоғи вай дар гӯр! Ба чангаш афтед, гӯшу майнаатонро канда, ба дастатон медиҳад.

НЕКӢ ВА БАДӢ
            Ош пухт. Палавро кашидан мехостанд, ки бобо ба наберааш фармуд:
            -- Давида рав, ҷони бобо. Ҳамсояамон – бобои Алимуҳаммадро гӯй, биёянд.
            Набера, ки аз бозиву давутоз гурусна монда буду инак чорзону зада, ба хӯрдан тайёрӣ медид, ба иҷрои хоҳиши бобо чандон ҳавсала надошт. Бинобар ҳамин, норозиёна ғурунгос зад:
            --Бобо, чаро доим он касро ҷеғ мезанед? Ба тӯю маърака ҳам аввал бобои Алимуҳаммада хабар мекунед. Ош пазем ё меҳмоне ояд, ба хонаашон кас мефиристед. Ака, ука ё ягон хеши наздикамон набошанд… Бе он кас, аз афташ, чизе аз гулӯятон намегузарад?!
            -- Э ҷони бобо, ту ҳоло бача. Пастию баландии зиндагиро намедонӣ, ман ба ту чӣ гӯям?!
            -- Гӯед, ман майда не, ҳамаашро мефаҳмам.
            -- Бобои Алимуҳаммад хеш–пеш не. Росташро гӯям, вай душманам аст. Ба говдуздӣ тӯҳмат кард ва ман се сол дар ҳабсхона шишта омадам. Бо вуҷуди он, намурдам ё ягон ҷоям кам нашуд. Баъди озод шудан ҳам баъзеҳо барин бо вай ногап нашудам ё ҷанҷол накардам. Баръакс вайро ана ҳамин хел ҷеғ зада, зиёфат медиҳам, ки ҳазору як бор мурда аз нав зинда шавад.
            Набера чунин гапро, ки интизор набуд, лаҳзае ба андеша фурӯ рафт. Баъд зада аз ҷой хест ва барои ҷеғ зада омадани ҳамсоя аз дар баромад.

НИЯТИ БАД
            Модарарӯс бемор буд. Келини миёна ба ғам ғӯтид: агар модарарӯсаш мурад, дар байни додарӯсҳо як шавҳараш доротар. Гӯру чӯби кампир ҳатман ба гарданаш меафтад ва ягона буққае, ки мепоянд, сарфи ин маърака мегардад.
            -- Худоё, модаратон сиҳат шаванд-дия,  – як бегоҳ шикоятомез гуфт ӯ ба шавҳараш. – Муранд, буққа ҳам меравад.
            -- Нияти нағз кун, занак, – гуфт мард. -- Ҳамааш дар дасти Худо аст. Худо медонад.
Чӣ мегӯед, ки аз байн як ҳафта нагузашта, модарарӯсаш сиҳат шуд. Вале буққае, ки ҳанӯз калону фарбеҳ нашуда, ҷойгаҳи пулашро пешаки андохта буданд, худ аз худ по дароз кард. Ҳатто ҳалол карда натавонистанд, ки даҳонашон ба гӯшт расад.
-- Нафасаки хунукат дар гӯр! – гуфт шавҳар. – Ана дидӣ? Нияти бадат ба чӣ оварда расонд?!
-- Хайр шуд, – гуфт ҳамсараш, ки дарун–дарун месӯхту дудаш намебаромад. – Ман ин хел шуданашро аз куҷо медонистам. Буққа, ки мемурдааст, бийимуллом ҳам муранд буд-дия.

АЙНИ МУДДАО
Падару писар заминро гардонда, ҷӯя кашиданд. Замин ба кишт пурра тайёр шуд. Падар ба писар фармуд:
-- Писарам, рав акнун ҳамсояро ҷеғ зада биё. Як маслиҳат кунем, ки дар замин чӣ корем?
--О дада, шумо доимо ҳамсояро ҷеғ зада, маслиҳат мепурсед-а? Одам шарм медорад. Наход ба ҳамин кор ҳам ақли худатон нарасад? – норозиёна ғурунгос зад писар.
-- Мерасад.
-- Расад, боз барои чӣ аз ҳамсоя маслиҳат пурсидани мешавед? Охир ҳамсояро медонед-ку: як одами ҳасуду бахил! Моро чашми дидан надоранд. Душмани ҷони барин дар ҳама ҷо моро ганда карда мегарданд. Аз рӯйи бадбинӣ ягон маслиҳати дуруст диҳад…    
--Барои мо ҳам ана ҳамин хел маслиҳаташ лозим-дия, писарам. Ҳар чизе, ки ӯ гӯяд, чаппаашро кунем, айни муддао мешавад.

ЛУҚМАИ НОН
Марди хасиси нав ба ҷои кораш як дона нон оварда буд. Иттифоқо яке аз шариконаш ба утоқи кории ӯ даромад. Ӯ таклиф кард.
-- Марҳамат, аз нон гиред. Ҳозир овардам, нони гарми дастсӯз. Ҳатто пора кардан душвор. Бинед, мувофиқи пулаш чи хел суп – сурху хушрӯ.
-- Хуб шудааст, – аз омадани худ пушаймон шуда бошад, ки чарбзабонӣ кард шарикон. – Раҳмат.
Мард дилу бедилон уф-уфу пуф-пуфкунон нонро пора карда, боз муроот намуд.
-- Гиред, охир шумо аз нон калон не - ку.
Рафиқаш ноилоҷ монд. Акнун луқмае ба даҳон бурда буд, ки мард боз гуфт:
-- Худи нон ҳам зӯр-дия. Инро ман ба 2500 сӯм харидам.
Луқмаи нони даҳонаш дар гулӯяш дармонд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий