пятница, 27 марта 2015 г.

МУШКИ АНБАР



Бачаҳо аз ҳама бештар рӯзи таваллуди худро дӯст медоранд. Бесаброна фаро расидани он рӯзро интизор мешаванд. Як соли дароз интизор мешаванду он ҳамагӣ дар як рӯз барпо мегардад ва худи ҳамон рӯз ба охир мерасад. Афсӯс мехӯранд, ки чаро зодрӯзи одам соле се-чор маротиба неву ҳамагӣ як бор аст? Кош ҳар рӯз зодрӯзашон мебуд ва онҳо дар ҳалқаи дӯсту ҷӯраҳояшон онро ботантана ҷашн мегирифтанд. Дилгир нашав, ҷони бобо, оғози афсонаам дароз шуд. Гапи мӯйсфедон бисёр мешавад-дия, акнун ҳаракат мекунам, ки суханам кӯтоҳтар шавад.
Дар рӯзи таваллуди Ҷовид  ҷӯраҳояш ҳар хел тӯҳфа бахшиданд. Дар паси мизи орододаи модараш нишаста, хӯрок хӯрданд, шарбатҳои ширину гуворо нӯшиданд. Мазаи торти калони сеқабатаро чашиданд. Баъди ду-се соати нишастан, сӯҳбат кардан ва рақсидану бозидан ҳама шоду мамнун ба хонаҳои худ рафтанд.

  Баъди рафтани ҷӯраҳояш Ҷовид дар хона танҳо монда, ба тамошои тӯҳфаҳо сар кард. Аксарият ба ӯ гулу китоб, албом, қаламҳои ранга бахшида буданд. Дар байни онҳо курта, майка, шарфи гарданбанд, тӯб ва бозичаҳо ҳам буданд. Ҳамин вақт аз байни тӯҳфаҳо як қуттичаи дарозрӯяи картонӣ ҳам баромад. Онро кушода дид: аз даруни он алафе, ки ягон ваҷаб дарозӣ дошту дар пайванди ҳар буғум аз ду тараф баргчаҳои зебое месабзид, баромад.   
  -Ҳамин ҳам тӯҳфа шуд-а? Шарм дор-е, Ганҷӣ! – гӯён онро бардошта ба замин зад.
  Овози ба замин бархӯрдани қуттичаи картониро шунида, модараш ба назди Ҷовид омад. Ҷовид гашта онро аз замин бардошта, лаб ба шикоят кушод:
  -Ина бинед, оча, Ганҷӣ як алафро аз лаби ҷӯ канда, ба ман тӯҳфа овардааст. Ҳамин қадар зиёфатро хӯрду тӯҳфаи овардаашро бинед?! Дигар ман ӯро ба зодрӯзам хабар намекунам.
  Ҳамсинфи писарчааш Ганҷӣ бачаи рангпаридаи хароб ва дардманд буд. Вай бо  падару модараш дар як гӯшаи харобаи шаҳр мезист. Волидонаш камбағал бошанд, ки ҳама умедашон ба Ганҷӣ буд. Онҳо тарафдори хонда маълумотдор шудани писарашон буданд.
  Модари Ҷовид ба писараш чӣ гуфтанашро намедонист, ки падараш ба кӯмаки ӯ омад.
  -Ба тӯҳфа бо назари паст нигаристан аз рӯи одоб нест, писарам. Ҳар кас мувофиқи имконият ва ҳимматаш чизи дӯстдоштаи худро мебахшад, ки каси дигар хурсанд шавад.
  -Ин чӣ хел тӯҳфа?! Алаф-ку ин! Аз алаф гов хурсанд мешавад, на одам!
  -Ин алаф не, писарам. Ин гул ё ягон хел растании шифобахш бошад даркор. Ганҷӣ бачаи нағз, вай беҳуда ҳар чизро намебахшад.
  -Ба ман ин хел тӯҳфа даркор не.
  -Хайр, писарам, барои ин хуноб нашав. Даркор набошад, даркор не-дия, - падараш дар ин хел рӯз писарашро хафа кардан нахоста, ба гуфтаҳои Ҷовид розӣ шуд. -Ин чиз аз мо ошу нон намепурсад. Майлаш, ман ҳозир ин навдаро дар даруни об мемонам, баъд ягон гап мешавад-дия.
  Ҷанҷол бо ҳамин ба охир расид.
  Навдаи алафмонандро падараш дар даруни банкаи обдор гузошт.
  Боз Ҷовид ба мактабаш мерафт, ҳамроҳи ҷӯраҳояш дарс мехонд. Пешин ба хона омада, вазифаҳояшро тайёр мекард, ба корҳои хона ёрӣ мерасонд ва баъд бо ҳамсоябачаҳо дар саҳни биноҳо баромада, бозӣ менамуд. Вале бо Ганҷӣ қаҳрӣ буд.
  Пас аз ягон ҳафта гулдастаҳои овардаи ҷӯраҳояш, ки даруни гулдонҳои зебо меистоданд, хушк шуданд. Вале навдаалафи овардаи Ганҷӣ торафт сабзу хуррамтар мегашт. Аз паҳлӯҳои пояаш, ки даруни об буд, мӯякчаҳои сафеди зиёде зада мебаромаданд. Ончҳо решачаҳои он навда буданд ва аз паси шишаи бонка баръало ба назар мерасиданд.
  Аз дидани он падару модараш ба ваҷд омаданд.
  Падараш гуфт:
  -Инро бин, писарам, навда реша бароварда, чи хел хушрӯ шудааст. Беҳуда нобуд шуданаш убол. Биё, беҳтараш дар ягон тубак шинонем, бигузор калон шавад, баъд мебинем, ки ин чӣ будааст.
  Албатта, донои бобо, ин кор аз дасти падар ё модари Ҷовид меомад. Вале он навдаи растаниро, ки ба Ҷовид бахшида буданд, раъйи ӯро мехостанд.
  Ҷовид бо дили нохоҳам тубак овард. Даруни он хок андохта, якҷоя навдаи решадорро шинонданд.
  Китобҳои ба рӯзи таваллуд бахшидаи ҳамсинфонашро Ҷовид хонда тамом кард. Баъзе бозичаҳо шикастанд. Варақҳои албом пур шуданд. Қариб, ки аз тӯҳфаҳои рӯзи таваллудаш ному нишоне боқӣ намонданд. Вале навдаи бахшидаи Ганҷӣ ҳамчун як тора мӯи ҷамолакдори духтарон дароз мешуд, баргу навдаҳои нав ба нав мебаровард ва ба чор тараф паҳн мегардид.
  Падару модари Ҷовид ҳар пагоҳӣ хеста, аввал ба тамошои он машғул мешуданд, аз тағйироти барг, буғум ва тирнавдаи он ба ҳайрат меафтоданд. Дар бораи он гиёҳ бо якдигар баҳсу мунозара менамуданд. Шавқу ҳавас ва сӯҳбатҳои онҳоро дида, аввалҳо Ҷовид парво намекард. Баъдтар дар дилаш ҳавасе пайдо шуд. Бори аввал дар набудани падару модараш дуздона ба тамошои гули Ганҷӣ машғул шуд. Дурусттар зеҳн монад, он як алафи оддӣ не, балки ҳамчун як мӯъҷизаи нодири табиат ба назараш намуд. Рафта-рафта ба он меҳр баст. Аз дағалии худ нисбат ба Ганҷӣ пушаймон шуд. Дар дил аҳд кард, ки рафта узр мепурсад, вале...
  Рӯзи дигар Ганҷӣ ба мактаб наомад. Пагоҳаш ҳам ӯро касе надид. Баъдтар фаҳмид, ки аҳволаш вазнин шудаасту падару модараш барои табобат ба хориҷа бурдаанд.
  Ҷовид сахт афсӯс хӯрд, ки ҷӯраашро ранҷонду ақаллан аз ӯ бахшиш пурсидан барояш муяссар нагашт.
  Меҳри Ҷовид ба гули Ганҷӣ торафт баланд мегашт. Доимо ба нигоµубину парвариши он мекӯшид. Гул ҳам ҷавобан ба нигоҳубину ғамхориҳои Ҷовид босуръат нашъунамо меёфт.
  -Гул ҳам мисли одам аст, - рӯзе андешид ӯ, - бояд аз ҳавои тоза нафас кашад, аз нури офтоб баҳравар шавад, нағз, - ва тубаки гули Ганҷиро ба айвони хонаашон баровард. Ҷовид чӣ ном доштани он гиёҳро намедонист ва онро кӯтоҳакак гули Ганҷӣ мегуфт. 
  Эй набераи донои бобо, ту медонӣ, ки Ҷовид бо падару модараш дар шаҳр дар қабати чоруми бинои нӯҳошёна мезист. Хонаҳои шаҳриён мисли хонаҳои деҳотиён ҳавливу боғдор не. Барои сарфаи замин (дар замин одам бояд ҳар хел зироат кишт карда, худро хӯронаду пӯшонад) дар шаҳрҳо хонаҳои боло-болои ҳами баланд месозанд. Баъзеи онҳо 4-10-қабата бошанд, як хел биноҳо то ба сад қабат мерасанд. Ҳар кадоми онҳо барои зисту зиндагонии оилаҳо тамоми шароитҳо, аз ҷумла, пешайвонҳо доранд. Аз пешайвони хонаҳо ҳама ҷо, ҳатто саҳни байни биноҳо бамалол менамояд. Аз поён ҳам, аввал пешайвонҳо ба назар мерасанд.
  Ҷовид гули Ганҷиро бо тубакаш бароварда, дар як гӯшаи пешайвонашон монд. Суръати нашъунамои гул дар ин ҷо зиёдтар гардид. Аз байн як ҳафта нагузашта, навдаҳои он мисли мӯйҳои чилбофти келинчакҳо, ки аз болои китфашон поин мефароянд, аз болои девори пешайвон гузашта, ба поин ҳамоил шуданд ва аз дур ҳамчун як пора матои сабз ба назар мерасиданд.
  Онро аз поин нозири биноҳои шаҳр дида, ба падару модари Ҷовид таҳдид кард, ки зуд онро аз пешайвон гиранд. Яъне алафҳои ҳамоилшуда ба тарқу зебоии иморатҳо халал мерасонанд.
  (Баъзе одамон дар пешайвонҳои худ тор кашида, ҳатто либосҳои таги худро ҳамчун байрақҳои рангоранги киштиҳо хушк мекарданд, онро  нозири биноҳо кӯр барин намедид).
  Ҷовид аз ин талаби беҷои нозири биноҳо ҳайрон шуд. Падару  модараш ба андеша ғӯтиданд. Агар гули Ганҷиро боз ба дарун дароранд, бисёр навдаҳояш мешиканад ва баргҳояш осеб мебинад. Ба худи гул, ки дар пешайвон нашъунамо ёфтан маъқул бошад, бигузор дар берун монад. Хулоса, амри нозири хонаҳоро ба назари эътибор нагирифтанд.
  Нозири хонаҳо, ки душмани гул буд, овоза паҳн кард, ки ин растании ёбоии бегона ба саломатии сокинони бино зарар дорад. Агар байни баргу навдаҳояш хомӯшак ё ягон хел ҳашаротҳои дигар хона монанд, ҳамаро газида, касал мекунанд. Ҳатто гиёҳ аз худ бӯи баде барорад, он гоҳ дар ин биноҳо зиндагонии мардум амри маҳол мешавад ва ғайраву ва ҳоказо...
  Бар зидди гули Ганҷӣ сармеъмори шаҳр ҳам ба по хест. Ӯ ҳам талаби қатъӣ мегузошт, ки гул аз пешайвон гирифта шавад. Гӯё гул ҳусни архитектории биноро, ки вай бо ҳазор азобу машаққат лоиҳакашӣ кардааст, коҳиш медодааст. (Дар асл лоиҳаи ӯ қолабӣ буд). Тамоми биноҳои шаҳр қариб, ки якхела буданд, одамон ҳам як биноро аз бинои дигар дуруст фарқ карда наметавонистанд. Бинобар ҳамин, ба онҳо ҳарфу рақамҳо гузошта буданд ва мардум аз рӯи онҳо хонаву манзилҳои худро ёфта медаромаданд.
Бо вуҷуди талаби қатъии меъмор ба гирифтани гул дили Ҷовид ва падару модараш нашуд. Гул аллакай ба пешайвони қабати поинӣ фаромада буд. Соҳиби гулҳои Ганҷӣ як оила не, балки аҳли ду оила шуданд.
Ҷанҷол калон шуд. Нозири хонаҳову меъмор ба худи мири шаҳр шикоят карданд. Мири шаҳр, ки серкор буд, ҳалли ин муамморо ба ҳукми суд ҳавола намуд.
Ба бахти Ҷовид ва ҳамсояаш раиси суди шаҳр як марди табиатдӯст буд. Вай аз рӯи қонун дар ҳама бобат нигоҳ доштани мувозинатро мехост. Дар бобати додрасӣ ҳам адолатпеша буд. Вай аз ҳар ташкилот мутахассисонро ҷалб намуда, гурӯҳи экспертӣ ташкил дод ва барои тафтиш ба хонаи гулпарварон фиристод. Онҳо омада, гулро ҳаматарафа диданд, баргу пояҳояшро дар зери микроскопи лабараторияҳо монда, санҷиданд ва ба хулосае омаданд, ки ғайр аз фоида ин шамалакгулҳои зебои сабзгун зиёне надоранд. Суд ҳам ҳукми одилона баровард, ки бигузор гул дар пешайвон монад ва барои канда партофтан ё ба дарун даровардан (акнун ин кор хеле мушкил буд) ҳоҷат нест.
-Ура! - аз ҳукми суд хурсанд шуда дод зад Ҷовид.
Хурсандии падару модар ва ҳамсояи поёнӣ ҳам ҳадду канор надошт.
Акнун бинову хонаҳои онҳоро ёфтан душвор набуд. Вақти фаҳмондани манзилгоҳашон «пешайвони гулдор» гуфта мефаҳмонданд. Барои биноҳои гирду атроф ҳам он ҳамчун нишона хизмат мекард.
Хоҳишмандони ҷамолакгул зиёд шуданд. Ҷовид мехост, ки танҳо дар пешайвони онҳо ин хел гулҳои зебо бошад. Вале пеши роҳи паҳншавии онҳоро гирифта наметавонист. Падараш ин аҳволи ӯро дида, фаҳмонд:
-Ҳадя кори одамони ҳимматбаланд аст. Ба µар касе лозим бошад, додан гир, ё худашон омада баранд. Зиёд шавад, ба ҳама, ҳатто худи гулҳо ҳам нағз аст. Гулҳо бисёр шаванд, нашъунамояшон ҳам зӯр мешавад.
Баъди ҳамин гап Ҷовид саховатманд шуд. Шамалакалаф ресмон барин дароз шуда рафтан мегирифт. Ба поён бе ёрии ягон чиз мерафт, вале ба боло ё паҳлӯ бошад, ҳамсояҳо ресмон мекашиданд. Шамалакалаф ба он печидаву часпида дар муддати як ҳафта - даҳ рӯз ба пешайвони ҳамсояҳо мегузашт. Ҳамсояҳо як қисми онро ба хок гӯр кунанд, зуд реша мекард ва бо авҷу барори даҳчанд дароз мешуд. То фаро расидани фасли тобистон пеши айвони тамоми хонаҳои нӯҳқабатаро шамалакалаф фаро гирифт. Акнун он ҳамин хел як бинои оддии панелӣ не, балки бинои сарсабзу дилкушо ба чашм метофт. Ҳусни бино, ки садҳо маротиба зиёд гашта буд, мардуми биноҳои рӯ ба рӯ ва пушту паҳлӯ ошиқи гули Ганҷӣ мешудаанд. Ба онҳо Ҷовид ва ҳамсояҳои дигар навдаҳояшро (дигар илоҷ надоштанд-дия) бурида медоданд. Ҳамин тавр гули Ганҷӣ дар муддати се сол тамоми биноҳои шаҳрро фаро гирифт.
Набераи ширини бобо, ин тарафашро бодиққат бихон. Аҷоиботи гули Ганҷӣ акнун оғоз меёбад.
Ба шарофати гули Ганҷӣ дар ин шаҳр як фазои аҷоибе ҳукмфармо гардид. Масъалан, ҷавони ошиқе, ки дар ин бино мезисту ба духтараки бинои рӯ ба рӯ дил баста буд, ба воситаи ҷамолакалаф менавишт: «Ман туро дӯст медорам!». Духтарак онро хонда, аз он тараф чунин ҷавоб менавишт: «Ман ҳам». Ин мукотибаи ошиқонаи ҷавононро кампираке дида, ба ваҷд меомад ва эҳсосоти дилашро чунин баён мекард: «Зинда бод, ишқу муҳаббати ҷавонӣ!»
    Яке ба дӯсти бемораш саломатӣ хоста, бо шамалакгулҳо менавишт: «Тансиҳатии шумо - таманнои мо». Дӯсташ ҳам дар ҷавоб аз гулҳои Ганҷӣ чунин менигошт: «Умри ту ҳам дароз бод!». Боз яке олиҳимматӣ зоҳир карда, илова менамуд: «Ба тамоми беморони рӯи дунё Худо  шифо диҳад!» Дигаре менавишт: «Ҳама хушбахту фирӯз бошанд».
  Навиштаҷотҳои гулӣ зиёд мегаштанд: «Мардум, ман ба шумо барори кор мехоҳам!», «Хушбахту фирӯз бошед, одамон!» «Ватанамон тинҷ бошад!», «Худо ба хонадони ҳар кас файзу барака ато фармояд!», «Осмонамон софу беғубор бошад!», «Нест бод ҷанг, поянда бод сулҳу дӯстӣ!»... Э-ҳе, ин хел навиштаҷотҳои гулӣ чунон бисёр буданд, ки мондан гиред. Боз онҳо қариб ҳар рӯз тағйир меёфтанд ё навиштаҷотҳои дигар пайдо мегаштанд, ки одамон аз хондану тамошои онҳо заррае дилгир намешуданд.
Шаҳр торафт зебо мегардид. Баробари шаҳр сокинонаш ҳам тағйир меёфтанд. Пештар нозири биноҳо мардумро ба ҳашари ободонии шаҳр бароварда наметавонист. Ҳоло бошад, касе нафармуда, худи занону духтарон даромадгоҳу зинапояҳоро мерӯфтанд, кампиракҳо ба нигоҳубини кӯдакон машғул мешуданд, ҷавонон роҳу кӯчаҳоро тоза мекарданд, пиронсолон гулу ниҳол мешинонданд.
  -Ба шумоён кӣ иҷозат дод, ки ин гуна корҳоро кунед! - ба сари онҳо роҳбари корхонаи ободонии шаҳр дод мезад. -Ин кори шумо ҷиноят аст. Агар шумо ҳама ҷоро худсарона тозаву озода кунед, коргарони мо бекор мемонанд. Кор накунанд ва моҳона нагиранд, зану бачаҳояшонро кӣ мепояд?!
  -Мо дигар чӣ кор кунем? - гунаҳкорона сар хам мекарданд онҳо, - чангу гард ва ифлосӣ дар ин хел биноҳо намезебад. Мо шарм медорем...
  Дар шаҳр дуздӣ ҳам барҳам мехӯрд. Дасти онҳо дар ин хел биноҳои сабзпӯшу пургул ба дуздӣ намерафт. Онҳо ин хел дастҳои худро бурида партофтанашон меомад. Вале бел ё каландро ба даст гиранд, ба кор мечаспид.
  Шумораи беморон ҳам кам мешуд.
  Аз ҳама ҳам аҳволи майзадаҳо вазнин буд. Пештар барои нӯшокӣ ҳеҷ чизро дареғ намедоштанд, ҳоло бошанд, арақ ё виноро бинанд, дилашон беҷо мегашт. Акнун ду - се нафар майзадаҳо дар ҳар ҷо - ҳар ҷо ҷамъ меомаданд ва дар байн шишаи арақ бошад, ки ҳунг-ҳунг гиря мекарданд. Ба хӯрдан қатъӣ аҳд мекарданду вале ба даҳон бурда наметавонистанд.
  -Намешавад!  - оҳ кашида мегуфт яке.
  -Ман ҳам хуб зӯр зада дидам, нашуд! - Оби чашм рехта мегуфт дигаре. -Пештар ман ин хел набудам. Ҳозир зӯран ба гулӯям резед, ки гашта меояд.
  -Ин ҷазо аст! - хулоса мекард боз яке. -Худои меҳрубон барои кадом гуноҳамон ба мо ин хел ҷазои сахтро раво дидааст, ман намедонам. Ба фикрам, аз ин бадбахтии сахттар дар олам набошад даркор.
  Ин гап-гапу ҳасрати онҳо ҷон дошт. Вале сабабашро худи онҳо намефаҳмиданд. Аз бӯи гулҳои Ганҷӣ, (он шамалакалафҳо  байни навдаву баргҳо гулчаҳои хурд-хурди сафедранг мебароварданд), ки масту махмур буданд, арақ намерафт.
  Ин аҷоиботи гӯшношунидро шунида мухбирон, журналистон, намояндаҳои телерадиокомпанияҳо меомаданд. Дар бораи гули Ганҷӣ, мардумони шаҳр, навиштаҷотҳои гулӣ мақолаҳо менавиштанд, ба воситаи радио барномаҳо мешунавонданд, аз тариқи телевизор намоишҳо пахш мекарданд.
  -Ҳамаи ин ба шарофати лоиҳаҳои хуби шаҳрсозии ман! - мегуфт ҳангоми сӯҳбат бо мухбири телевизор сармеъмори маҳмаддонои шаҳр, ки худаш муқобили гулпарварии Ҷовид буд.
  -Ман нозири биноҳои шаҳр намебудам, - аз ӯ паст наомада худро таъриф мекард нозири биноҳои шаҳр ба воситаи радио, - барои ба шаҳри гулҳо табдил додани ин ҷойҳо ҷонбозиҳо намекардам, шаҳрамон ин қадар зебову дилрабо ва худи мо ин қадар маълуму машҳур намешудем.
  Дар газетаву журналҳо ҳам аксаран акси онҳо бо сӯҳбатҳояшон дарҷ меёфт. 
  Овозаи шаҳри гулҳо дар тамоми гӯшаву канори дунё паҳн мешуд. Барои тамошои шаҳри гулҳо гурӯҳ – гурӯҳ саёҳон меомаданд.
  Вале ҳеҷ кас номи Ҷовидро ба забон намегирифт. Вале он сабзае, ки ба туфайли он шаҳр ин қадар машҳур шуда буд, ҳама гули Ганҷӣ мегуфтанд.
  Вале набераи ширини бобо, дар ҳар ҷо, ҳатто шаҳри гулҳо ҳам, ноадолатиҳо рӯй медиҳанд. Ин ноадолатӣ фармони мири шаҳр буд. Мувофиқи он ба саёҳон бурдани барг, поя, навда ва ё тухми гули Ганҷӣ қатъиян манъ буд. (Гӯё ба воситаи онҳо ҳар хел касалиҳо паҳн мешудааст). Эҳ-ҳе, набераи ширини бобо, агар ҳамин қарори мири шаҳр намешуд, ҳоло тамоми мамлакатҳои дунё ба гулзор табдил меёфт... 
       Номи аслии он гул Мушки анбар аст. Хелҳои гуногуни онро имрӯзҳои ҳам дидан мумкин. Вай баҳору тобистон сабзу хуррам мегардад. Зимистон баргҳояшро мепартояд, навдаҳояш зарду хасмонанд мегардад, вале худаш хушк намешавад. Аввали баҳор боз баргу навда бароварда, сарсабзу дилкаштар мешавад. Ана, дидӣ, шакари бобо, як тӯҳфаи ночизи Ганҷӣ ба шаҳр чӣ хел дигаргуниҳои калон овард. Барои ҳамин тӯҳфаҳо нағзу бад намешаванд, ҳар чизе, ки аз дӯст ояд, накӯст.

Комментариев нет:

Отправить комментарий