понедельник, 21 сентября 2015 г.

ШАКАРИСТОНИ ХАНДА


Л А Т И Ф А Ҳ О


ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТИ РОҲ

‒Чанд сол боз мошин ҳай мекунед?
‒Ҳафт-ҳашт сол мешавад.
‒Охир стажатон калон бошад, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро нағз намедонед-ку?
‒Қоидаҳоро надонам, ки кадом инспекторони ГАИ дар куҷо меистанд ва чанд сӯм мегиранд, нағз медонам!


ҒАМ

‒Уф, носфурӯшӣ мо мурдааст-дия.
‒Хайр, носфурӯш мурда бошад, шумо чӣ ғам мехӯред?
‒О акнун, мо носа аз кӣ мегирем?
‒Эҳ нодон, носкашҳо бошад, носфурӯшҳо доим ёфт мешаванд.

ШАВҲАРИ МУАЛЛИМА

‒Аз гапи муаллимон берун набароед! Ба суханҳои муаллимон гӯш диҳед! Чунки муаллим устод аст, о мегӯянд-ку, ҷабри устод беҳ аз ҷабри падар аст…
Мард дар байни ду гап ин гуна суханҳоро такрор мекард.
‒Чаро эътиқоди ӯ ба муаллимон баланд? Ў худаш омӯзгор аст? ‒ яке сабаби ҳурмату эҳтироми ӯро нисбати омӯзгорон шунида, аз дигаре пурсид.
‒Балоя! ‒ дар ҷавоб гуфт ӯ. –Занаш муаллима. Барои ҳамин чунин мегӯяду худаш ҳам аз хати кашидаи занаш берун намебарояд.

ҲАЛЛИ МУАММО

‒Дирӯз ин ҷойҳоро асфалт карда буданду чаро имрӯз боз канда истодаанд?
‒Эҳ ҳаминро ҳам намедонед? Ин кӯчаро комиссия қабул карда гирифт. Акнун ба ягон ҷойи дигар асфалт нарасида бошад, аз ин ҷо канда, ба ҳамон ҷо мебаранд.

АЗОБИ ГӮШ

‒Дод аз дасти забон!
‒Гӯшатон дард мекунаду чаро аз дасти забон менолед?
‒Чунки аз ҷабри забон гӯш бисёр гап шунида, зуд кар мешавад-дия!

ПУЛ МЕШИНОСАД

‒Ин раққосаро мешиносед? – шахсе дар тӯй аз ҳампаҳлӯяш пурсид.
‒Не.
‒Кӣ ӯро мешинохта бошад?
‒Пул. Агар пулро нишон диҳед, худаш омада, бо шумо шинос мешавад.

ВОҚЕАИ НОДИР

‒Ака мебахшед. Як гапро аз шумо пурсидани будам. Мегӯянд, ки шумо панҷ бор аз янга ҷудо шуда, боз ба худи ҳамон кас хонадор шудаед, ҳамин гап рост аст?
‒Рост.
‒Ин бо айби кӣ? Ё модарарӯсатон зани ганда будаанду...
‒Не, бо айби падарарӯсам.
‒А?! Бори аввал мешунавам, ки падарарӯсҳо ҳам байни духтару домодашон хунукӣ андозанд?
‒Байни мо хунукӣ наандохтаанд, фақат он кас ҳар боре, ки аз мансаб зада мешуданд, ман аз занам ҷудо мегаштам. Баъди як-ду сол боз ба вазифаи баландтаре соҳиб гарданд, ман ҳам маҷбур мешудам, ки боз ба духтарашон хонадор шавам.

АЗ РӮЙИ ГУФТАИ БОБОМ

‒Аҳволатон чӣ хел?
‒Нағз.
‒Чӣ кор карда гаштед?
‒Кор не, аз рӯйи гуфтаи бобоям зиндагӣ карда гаштаам.
‒Бобоят чӣ гуфта буданд?
‒Ҷимакак аробаи худата кашида гард!

ГАПИ ДУРӮҒ

‒Бечораро аз болои шутур кучук мегазад…
‒Намегазад. Ин гапи дурӯғ!
‒Барои чӣ?
‒О ба бечораи камбағал шутур номаъқул мекунад?!

ЯКТА НОН ДУТА МЕШАВАД

Зане, ки дар ҳаваси келинбиёрӣ буд, аз ҳамсояи таҷрибадори худ пурсид:
‒Хайр, келинмулло чӣ хел? Хизмататонро карда гаштаанд?
‒Албатта. Мо аз келини бадасту панҷаамон хеле миннатдорем. Нон пазанд, якта нонашон дута мешавад.
‒Чӣ хел якта нонашон дута мешавад?
‒Оддиякак. Нисфашро аз танӯр канда гиранд, нисфи дигараш дар танӯр мемонад.

ИЛОҶ

‒Ҳо ба вай занак нигар. Худоё, беист меллақад-е!
‒Ин нағз-дия. Агар лаққида наистад, ба даҳонаш пашша медарояд.

ХУЛОСАИ ОХИРИН

Ҷанҷоли зану шавҳар ба қуллаи баландтаринаш расиду зан ҳамчун хулосаи охирин гуфт:
‒Э ин не, вай не, ман ҷинӣ будам, ки ба шумо расидаам.
‒Не, занакҷон, ту не, ман ҷинӣ будаам. Агар ман ҷинӣи набошам, омада-омада туро мегирифтам?!

БАҲОИ БАЛАНД

‒Э мебахшед, мани ҷинӣ овардани қарзи шуморо фаромӯш кардаам.
‒Ба худатон ин қадар баҳои баланд надиҳед.
‒Чӣ хел баҳои баланд?
‒Ҷинниҳо на қарз мегиранду на қарз медиҳанд. Шумо ҷинӣ не, шумо нимҷинӣ!

ЗАН НАДОРАД

‒Э мон-е, ту ҳам акнун одам шудӣ? Боз ба даҳонкалониат сӯзам?! Одаме, ки аз занаш тарсад, вай чӣ хел одам?
‒Хайр, Ибодназар чӣ?
‒Ибодназар аз ту ҳам бадтар. Аз хати кашидаи занаш як қадам берун намебарояд.
‒Нуриддин ҳам ҳамин хел?
‒ Дар бораи Нуриддин гап назанӣ ҳам, мешавад. Вай аз ҳардуи шумо бадтар аст. Марде, ки хизмати падарарӯсу модарарӯсашро кунад, вай чӣ хел мард аст?!
‒Набошад, дар ин дунё ягон одами дуруст ҳаст?
‒Ҳа, марди майдон Соҳибназар. Гапи вай ба ҳама мегузарад.
‒Чӣ хел?
‒Вай зан надорад!

МАСЪУЛИЯТИ ПОСБОН

‒Чаро роҳбар дар интихоби посбон ин қадар хӯрдагирӣ мекунад?
‒Масъулияташ калон-дия!
‒Чӣ хел?
‒Эҳ нодон, вақти дуздии сардор посбон ба ӯ ёрӣ расонад.

ХУДАМ ДУХТУР

‒Гиред, охир чаро мазаатон не?
‒Духтурон ба ман нӯшиданро манъ кардаанд.
‒ Онҳо ҳарчӣ гуфтан мегиранд, ба гапи онҳо гӯш накунед. Одам кам-кам нӯшад, кашад, гардад, ҳеҷ зарар надорад.
‒Инҳоро шумо аз куҷо медонед?
‒Охир худам духтур!

ТӮҲФА

‒Пагоҳ иди занону духтарон, намедонам ба ду духтарам, келинпошшо ва занам чӣ тӯҳфа харам?
‒Ин хеле осон. Аз ҳамон пулҳоят камтарашро дар як кисаат андохта мон. Ба боқимондааш дар ресторан маишат мекунем. Ана баъд ман ба ту як маслиҳати зӯр медиҳам.
‒Чӣ хел маслиҳат?
‒Маслиҳати тӯҳфахарӣ-дия. Ба чанд сӯмак якта ҷорӯб мехарӣ, олам гулистон мешавад. Онҳо бо навбат хонаву ҳавлиро рӯфта мегарданд!

ИЛОҶИ КОР

‒Хӯш, охиру оқибат як мошин хасу хокрӯбаро ба куҷо бурда партофтед?
‒Ба куҷо мешуд? Ба охири ҳамин кӯчаи шаҳр.
‒Охир он ҷо «Дар ин ҷо партов рехтан манъ аст!» навишта мондаанд-ку?
‒Дуруст, ака. Мо аввал он навиштаҷотро канда партофтему сони мошинро чаппа кардем. Ҳамааш аз рӯйи қонун шуд.

МУРҒҲО МЕПОЯНД




Амалдори волимақомеро аз мансаб сабукдӯш карданд. Ба гузашти солҳо зина ба зина мавқеаш паст мегашт. Охиру охирон ба ӯ вазифаи мудирии фермаи мурғпарвариро пешниҳод намуданд.
‒Ман зоотехник набошам, мурғпарвариро надонам, чӣ хел дар ин вазифа кор мекунам? - ҳайрон шуда ӯ ба дӯстонаш рӯ овард.
‒Ғам нахӯред, ‒ маслиҳат доданд дӯстонаш. ‒Мурғҳоро поидани шумо шарт не, гаранги накарда зуд розӣ шавед, асосиаш мурғҳо шуморо мепоянд.

ГӮШИ МАН ДАРД МЕКУНАД

‒Оча, ин қадр бисёр гап мезанед, магар забонатон дард намекунад? –пурсид писараке аз модараш.
Ба ҷойи модар падараш ҳозирҷавобона гуфт:
‒Забони очаат не, гӯши ман дард мекунад, писарам.

АЙНАК

‒Чаро айнак нос не-а?
‒Нос мебуд, чӣ?
‒Нағз-дия, пагоҳӣ вақти корравӣ ҳеҷ гоҳ аз ёдатон намебаромад.

СӮРОХИ ДЕВОР

‒Офарин. Шумо ҳам санъати тасвириро мефаҳмидагӣ шудед. Пейзажи олиҷанобе харидет, нағз. Завқатон баланд.
‒Э не-йе, одама шарм надаронед. Як ҷойи девори айвонамон сӯроху харошхӯрда буд. Инро дар ҳамон ҷо зада мемонам, номаълум мешавад.

ДИГАР ҚИМАТ НАШАВАД

‒Гӯшт боз қимат шудааст, ‒ табақи пургӯштро пеши меҳмон оварда, гӯë дар омади гап иддао кард соҳиби хона.
‒Э нағз нашудааст-ку, ‒ дар ҷавоб гуфт меҳмон. –Ин хел бошам, мо ҳозир ҷазои ин гӯштро дода, пок-покиза мехӯрем, ки дигар қимат нашавад!

СИРРЕ НАДОРАД

‒Ака, ҳеҷ касро набошад, ки ҳама шуморо ба тӯю маъракаҳояшон хабар мекунанд. Ин ягон асроре дорад?
‒Ин сирре надорад. Чунки ман ба ягон тӯю маъракаҳо намеравам.

ДУГОНИК

‒Дада, дада, зан ин ҷо бошаду шавҳар дар дигар ҷо, онҳо фарзанддор мешаванд?
‒Не.
‒Мешаванд!
‒Кӣ гуфт?
‒О зани ҳамсояамон дар набудани Мирзоамак дугоник зоидаанд-ку!

БА ҒАЙР АЗ ШАБУ РӮЗ

‒Муборак шавад, арақхӯриро бас кардед гуфта шунидем.
‒Ҳа.
‒Наход? Дигар умуман ба даҳон намегиред?
‒Не. Фақат ба ғайр аз шабу рӯз дигар ҳеҷ вақт намехӯрам.

ГУЛ ВА ПУЛ

‒ Чаро мухлисон бо ҳурмату эҳтиром ба ҳофизон гулдаста мебахшанду онҳо гулро беэътиборона ба ягон гӯшаи саҳна мепартоянд?
‒ Э ҳаминро ҳам намедонед? Охир онҳо аз гул дида, пулро бештар дӯст медоранд - дия!

ГАПИ РОСТ

‒ Шумо дурӯғчӣ! Ягон бор гапи рост гуфтанатонро нашунидем.
‒ Барои гапи рост касе пул надиҳад, дигар чӣ кор кунам?!

ОДАМИ НАҒЗ

‒ Ҳамин ҳамсояамон бисёр одами нағз - дия.
‒ Чӣ хел нағз?
‒ Салом диҳед, алейк мегиранд.

ДАРДИ САР

Арӯси ҷавон ба дидорбинии модараш рафт. Модараш ӯро танҳо дида пурсид:
‒ Чаро танҳо омадӣ? Бо шавҳарат биёӣ, намешуд, духтарам?
‒ Он кас ҳам меомаданд, вале аз дарди сар шудан тарсиданд.
‒ Чӣ хел дарди сар?
‒ Э оча, ҳаминро ҳам намедонед? Аз ҷоғу манаҳи ману шумо ‒ дия.

ЧАРОҒИ БАРҚӢ

‒ Дар ҷойҳои шумо ҳам чароғи барқӣ хомӯш мешавад?
‒ Не. Фақат баъзан ҳафтаҳо дарнамегирад.

ДУШМАНИ ОДАМ

‒ Арақ душмани одам аст, чаро менӯшӣ?
‒ Мақсади мо нест кардани душман аст.

БАҲО

Гулсанам аз фанни математика баҳои ду гирифта, бегоҳ ба падараш шикоят кард:
‒ Математикаро нағз медонам гуфта, худро таъриф кардеду вале ягон мисолу масъалаи кор кардаатон дуруст набаромад.
‒ Чӣ хел дуруст набаромад?
‒ Надонам. Ҳамаи рақамҳое, ки зарбу ҷамъ кардед, аз ҷавобаш зиёд шудааст. Тарҳу тақсимҳо бошанд ‒ кам.
‒ Хайр ин чӣ бадӣ дорад?
‒ Бадиаш ҳамин ки муаллим ба ман баҳои ду монданд.
‒ Муаллимат магазинчӣ набудааст-дия. Набошад, баҳои панҷ мемонд. Ман, вақте ки шогирди магазинчӣ будам, барои ҳамин хел ҳисобҳоям фақат баҳои панҷ мегирифтам.

ДАР ДАРСИ ҲИСОБ

‒ Панҷу панҷ чанд мешавад?
‒ Намедонам.
‒ Панҷ сӯму панҷ сӯм чанд сӯм мешавад?
‒ Даҳ сӯм.

МАСЛИҲАТ

Дар автобус талабае нишаста буду мӯйсафеде рост меистод. Гоҳ ‒ гоҳ мӯйсафед ба сӯйи писарак менигарист ва умед дошт, ки ӯ шарм дошта ҷой медиҳад.
‒ Бобо, поятон дард карда истодааст? ‒ аз нигоҳҳои мӯйсафед ба танг омада пурсид писарак.
‒ Ҳа, бачем, ‒ дар дил хурсанд шуд мӯӣсафед.
‒ Пештар ба шумо ҷавонон бисёр ҷой додаанд. Шумо хуб шишта дарди пойро харида гирифтед. Агар ҳамин хел, баъзан рост равед, дарди поятон камтар мешавад, - маслиҳат дод писарак.

МАН НАГИРИФТААМ

Дарси таърих давом мекард. Мавзӯи дарс ҷанги байни Германияву Австрия буд. Муаллим пинакравии талабаеро дида, аз ӯ пурсид:
‒ Канӣ гӯй, ки Австрияро кӣ гирифт?
‒ Ба Худо, ки муаллимҷон, - аз ҷой хеста гуфт талаба, ‒ ман нагирифтаам.

АЗ МАН ВАЗИФАРО НАПУРСЕД

Муаллим ба талабае боз баҳои ду гузошта пурсид:
‒ Хонданат маза надорад. Чаро ин хел? Аз ягон чиз душворӣ кашӣ, гӯй. Ҳар хел ёрӣ лозим бошад, мерасонем.
‒ Бисёр нағз мешавад.
‒ Чӣ хел ёрӣ зарур?
‒ Аз ман вазифаҳои хонагиро напурсед.

МАҶНУН

Девонае аз кӯча мегузашт. Яке гуфт, ки ӯ дар ишқи духтаре ба ин кӯй афтодааст. Шарикаш бовар накарда, аз девона пурсид:
‒ Ба маҳбубаат хонадор шуда натавонистӣ, ки девона гаштӣ?
‒ Не, ‒ гуфт Маҷнун дар ҷавоб. ‒Баъди хонадор шудан маҳбубаам маро девона кард.

ҚАРЗ

‒ Пули қарзи ҳамсояро бурда додӣ, писарам?
‒ Додам.
‒ Боз дурӯғ нагӯйӣ? Пулҳои кисаат аз кадом ҳисоб? Се рӯз боз ин корро кашол медодӣ?
‒ Не, имрӯз бурдам. Нагирифта гашта ба худам доданд, ки ягон чиз харида хӯрам.
‒ Охир ҳамон рӯзи якум чаро бурда надодӣ?
‒ Ҷеғ занам фақат писару занашон мебаромаданд. Имрӯз равам, худашон баромаданд. Ба онҳо медодам, мегирифтанд - дия!

ТАЛАБҲОИ БЕОХИР

‒ Чаро шумо аз ҳамдигар ҷудо шудед?
‒ Оддиякак. Баъди хонадор шудан ҳамсарам бас кардани сигоркаширо хоҳиш кард. Бас кардам. Сонӣ талаб намуд, ки арақхӯриро партоям. Аз баҳри арақхӯрӣ гузаштам. Бо истинтоқи вай ҷӯрабозӣ, ба хонаи падару модарам рафтанро тарк кардам. Бо вуҷуди он «аз баҳри ин барову аз баҳри он баро» гуфта шартҳои нав ба нав гузоштан гирифт. Бинам, то охири умр ин гуна талабу дархостҳояш тамом намешаванд, аз баҳри худаш баромадам.

ДУ КИЛО

Аз Ҳайдарбеки хонасӯхта даҳ кило хӯроки мурғ гирифтам. Ба хона оварда баркашам, ҳашт кило. Э ба хонаат кучуки сиёҳ дарояд гуфта, хуб ҳақорат додам.
‒ Аз ҳар тарозу дикилоӣ мезадааст - дия, падарқусур. Шумо ин дафъа равед, даҳ кило нею ду кило гиред.
‒ Ҳамин хел ҳам карданӣ шудам. «Ду кило кирои гирифтан не» гуфта, надод, муттаҳам!

ЗАНИ ДИГАР

Зан ба табиб шикоят кард.
‒ Аҳволи шавҳарам бад. Фишори хунашон баланд, мазаи дилашон не, иштиҳояшон нест, маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
‒ Ба шумо маслиҳат дода наметавонам. Агар худашон меомаданд, он вақт гапи дигар буд.
‒ Ба он кас чӣ маслиҳат медодед?
‒ Ҳеҷ чиз не, ‒ ва пас аз каме забонхоӣ илова кард. ‒ Агар зани дигар гиранд, зуд сиҳат мешуданд.

КОРИ ЗӮР

‒ Хӯш, ҳоло корҳо дар куҷо?
‒ Дар ферма.
‒ Ӯ- ҳӯ, ҷойи серравғанро ётед-ку! Говҷӯш?
‒ Не, сармеханик.
‒ Зӯр‒ку. Дар зери дастатон чанд кас кор мекунанд?
‒ Як худам.

ҶАРРОҲӢ

Бемор ҳангоми ҷарроҳӣ якбора сар бардошта, аз духтур пурсид:
‒ Духтурҷон, шумо аз ин пеш ҳам ҷарроҳӣ карда будед?
‒ Ҳа.
‒ Бисёр?
‒ Бисёр.
‒ Ҳамаи онҳо зинда монданд?
‒ Бале. Чаро инҳоро мепурсед?
‒ Ҳамту… Коратонро давом диҳед.

БА ҶОЙИ МАН ШУМО МЕНАВИШТЕД

‒ Ҳа, Азамат чаро ту наменависӣ? Ë мавзӯъ душвор аст?
‒ Мавзӯъ душвор не, муаллим.
‒ Душвор набошад, навис. Агар ту миллионер бошӣ, чӣ кор мекардӣ?
‒ Агар ман миллионер мешудам, шумо, муаллим, ба ҷойи ман иншо менавиштед.

ҲАЁТ ШИРИН МЕГАШТ

Мард рӯзномаро ба даст гирифта, хуб зӯр зад, бо вуҷуди он чашмаш нагузашт.
‒ Чӣ хел нағз, ‒ гуфт ӯ худ ба худ. ‒ Шукри Худо, ки чашмам ҳам хира шудааст.
‒ Чаро ин хел мегӯед? ‒ аз шукргӯйи ӯ ҳайрон шуда пурсид ҷавони ҳампаҳлӯяш.
‒ Э писарам, ҳоло шумо ҷавон ‒ дия, аҳамияти инро намедонед. Баъде, ки мо барин пир шудед, ана сонӣ ба қадраш мерасед. Чашмам хира шуд, акнун гӯшҳоям ҳам тезтар вазин мешуданд, он гоҳ ҳаёт боз ҳам гуворотар мегашт.

ХУШБАХТҲО

Баъди каме гӯш кардани гулӯдаррониву хархашаи ду зан, мӯйсафеде гуфт:
‒ Бадбахт будаанд-дия.
‒ Кӣ? ‒ ҳеҷ чизро нафаҳмида пурсид ҷавони ҳампаҳлӯяш.
‒ Кӣ мешуд, шавҳарҳои ҳамин занҳо.
‒Э шумо чиҳо мегӯед, бобо. Шавҳарҳояшон кайҳо инҳоро партофта рафтаанд.
‒ Э, ҳоло ҳамин хел? ‒ мад кашид мӯйсафед. ‒ Ин хел бошад, хушбахт будаанд онҳо.

БА САЛОМАТИИ МАН

‒ Ана магазин, ҷӯра, садта гирифта деҳ.
‒ Арақи ин магазин об барин. Агар дар ҳақиқат аз ҳамин магазин арақ хӯрдан хоҳӣ, ана мили водопровод. Ба саломатии ман то кекиртакат зан!

ГУШНА

‒ Ҳӯ бародар, мо дар шаҳри шумо меҳмон. Аз таги даратон мегузарему ақаллан намепурсед, ки ташна намондем?
‒ Хӯш, ташна намондед?
‒ Раҳмат, ташна не‒куя, лекин сахт гушна ҳастем.

МАРДИ ХУШБАХТ

Марде дар назди судхона рафиқашро дид, ки аз ҳамсараш ҷудо шудааст, ӯро гарму ҷӯшон табрик кард.
‒ Чаро ин хел мегӯед? ‒ ҳайрон шуд вай. ‒Охир ин хонавайронӣ, бадбахтӣ ‒ ку?!
‒ Не, ‒ дар ҷавоб гуфт ӯ. ‒ Ин хушбахтӣ. Зеро одамони хушбахт аз занҳояшон ҷудо шуда халос мехӯрданду бадбахтҳо ‒ мурда.

ДӮСТӢ ПОЙДОР БОШАД

‒ Пул доред?
‒ Дорам.
‒ Ин хел бошад, камтар қарз диҳед?
‒ Бо ҷону дил қарз медодаму вале намехоҳам.
‒ Барои чӣ?
‒ Қарз дӯстиро вайрон мекунад. Ман намехоҳам, ки аз шумо барин дӯсти беҳтаринам ҷудо шавам.

МИСЛИ МАН НАШАВАНД

‒ Шумо чӣ хел падар, ки аз фарзандони худ гурехта мегардед? ‒ падарро сарзаниш кард муаллим.
‒ Гурехта нагардам, намешавад, муаллим, ‒ оҳе кашида гуфт падар. ‒Ман бадному майзада шуда бошам ҳам, ба ҳар ҳол одамам. Барои он гурехта мегардам, ки маро дида, бачаҳоям низ мисли ман нашаванд.

ИНТИХОБИ АРӮС

‒ Писарам, духтари кенҷаи Салимбой чӣ хел?
‒ Вай намешавад.
‒ Матлуба, духтари ҳамсояамон ба ту маъқул?
‒ Не.
‒ Духтари холаат ‒ Назокатмоҳро келин кунем чӣ?
‒ Аз афту андомаш безор.
‒ Инаш не, ваяш не, кадомаш ба ту маъқул?! ‒ ба ғазаб омада пурсид модар. ‒ Агар ягонтоашро дӯст дошта бошӣ, гӯй?
‒ Агар ба шумо келин даркор бошад, ба хонаи Пӯлодча одам фиристед. Ман фақат духтари ҳамонро мегирам.
‒ Эй писарам, ту моро хандахариши рӯйи олам кардан мехоҳӣ?! Пӯлодча як одами майзадаву занаш носкаши ҷанҷолӣ…
‒ Барои носкашии модару арақхӯрии падараш духтарашонро мегирам, ‒ қатъӣ гуфт ҷавон. ‒ Ана, баъд бо падараш арақ хӯрдаву аз носи модараш бемалол кашида мегардам.

БОБ КАРДАМ

‒ Занамро боб карда, ҷазои сахт додам, ‒ худро таъриф карда гуфт марде.
‒ Чӣ хел ҷазои сахт додӣ? ‒ мароқ зоҳир карда пурсид рафиқаш.
‒ Қаҳр карда, ба хонаи падарам рафтам.
‒ Ҷазои сахт ҳамин хел мешавад?! Охир, ин кори ту номардию тарсончакӣ нест?!
‒ Не! ‒ гуфт мард. ‒ Ин барои занҳо ҷазои сахт аст. Мард, ки дар хона набошад, онҳо бо кӣ ҷанҷол мекунанд?!

ҲОЗИР ИЛОҶАШРО МЕЁБЕМ

‒ Аз зиқӣ торс кафам мегӯям, ‒ навозишҳои давраи навхонадориро ба ёд оварда, шикоят кард зан. ‒ Чӣ кор кунам ‒ а ?
‒ Ҳозир илоҷашро меёбем, ҷонакам, ‒ гӯён шавҳар ба хонаи дарун даромада, як бағал либосҳои чиркинро баровард. ‒ Зиқии ту аз бекорӣ, ҷонакам. Инҳоро шуста утӣ карда мон.

БӮСА

‒ Э, нонкӯр будаед‒дия, шумо. Гул барин духтар бари рӯяшро дошту шумо аз дасташ бӯсидед‒а?
‒ Ман дигар илоҷ надоштам. Ғозаю сафедии рӯяшро дида, дилам беҷову сарам гирд гашт. Барои ҳамин аз дасташ бӯсидам, ки тозатару дилкаштар буд.

ТАБИАТДӮСТӢ

Дар дарси табиатшиносӣ муаллим дар бораи зебоии табиат ва муҳофизати он сухан ронда, ба яке аз талабаҳо рӯ овард:
‒ Канӣ, Аҳмадҷон, агар бинӣ, ки бузе ба боғ даромадаасту танаи дарахтҳоро мехояд, ту чӣ кор мекунӣ?
‒ Ман?! Шохи ягон дарахтро шикаста, зуд бузро пеш мекардам.

ШУМО БЕКОР МЕМОНЕД

Дар ҷамъомади синф талабаи духонеро муҳокима мекарданд. Ӯро ҳам раиси тозагӣ, ҳам сардори синф ва ҳам звенои гурӯҳ танқид намуданд.
‒ Синфро ту қафо мекашӣ. Барои ту шуда мо доим гап мешунавем. Кай ту ислоҳ мешавӣ? ‒ дар охир пурсид сардори синф.
‒ Ман кайҳо ислоҳ мешудаму вале ба шумо раҳмам меояд. Охир ман ислоҳ шавам, шумо бекор мемонед!?

МАН ФОЛБИН НЕСТАМ

‒ Канӣ, Акбарҷон, дарси гузаштаро гӯй.
‒ Ман дарси гузаштаро аз куҷо медонам? Охир, ман фолбин нестам. Аз ман дарси ҳозираро пурсед.

ПИСАР БУД Ё ДУХТАР?

Муаллими фанни адабиёт дарсро ба охир расонд ва аз талабаҳо пурсид:
‒ Дарси имрӯзаамон ба ҳамаатон фаҳмо?
‒ Ҳа, ‒ саросема аз ҷой хеста, ҷавоб дод писараке. ‒Фақат гӯед, ки Одина писар буд ë духтар…

БАРОИ БА ДАСТ АФТОДАН

Роҳбари синфе дар дарси тарбиявӣ оиди ҳалолкориву поквиҷдонӣ сӯҳбат орост. Дуздиву ғоратгариро мазаммат карда, дар охир ба талабагон савол дод:
‒ Акнун фаҳмидед, бачаҳои азиз, дузду ғоратгарро барои чӣ ҷазо медодаанд?
Ҳама хомӯш буданд. Писараки партаи охир бошад, даст бардошта, гуфт:
‒ Ҳа, фаҳмидем. Дуздону ғоратгаронро барои ба даст афтонданашон ҷазо медодаанд…

ХИРГОҲӢ

‒Хоб будӣ чӣ, бача?
‒Не.
‒О ҳатто хуррок мекашидӣ-ку?
‒Не-йе, чашмонамро пӯшида, бо бинӣ хиргоҳӣ мекардам.

ТУФЛИИ НАВ

‒Ур-ра, дадаам барои худашон туфлии нав харидаанд.
‒Дадаат ба худашон туфлӣ харида бошанд, ба ту чӣ?
‒Э ҳама гап ба ман-дия. Он кас ба худ чизи нав харанд, кӯҳнааш ба ман мерасад.

ШУМО ТАМОШО КУНЕД

‒Э қадат зан, ҷиян, ҳунари устогӣ ҳам аз дастат меомадасту як маст намешавӣ-а?
‒Шумо арақа гирифта диҳед, ана баъд мастшавии маро тамошо кунед!

ДУОИ ФОСИҚ

‒Э худат кистӣ, ки ман аз дашному дуои бадат тарсам?! Ту як фосиқ-дия!
‒Аз ҳаминаш тарсед-дия, ҳозир дуои фосиқон даргир!

МАСТ МЕШАВАД

‒Бодом чанд сӯм шуд?
‒Панҷоҳ ҳазор, амакҷон.
‒Эҳ‒ҳе, мабодо маст – паст нестед, ки ин хел мегӯед?
‒Не. Ҳамон пула диҳед, ҳатман аз нӯгаш маст мешавам.

ДАВЛАТАТОН КАМ НАШАВАД

‒Ма, э бечора! Аз давлати ман ҳам, як кайф кун, ‒ гӯён мард ба шиноси талбандааш сигорро бо қутиаш дароз кард. Шахси талбанда аз даруни он як дона сигорро ба соҳибаш бароварда дароз кард ва боқимондаашро ба кисааш зада гуфт:
‒Раҳмат, ака. Илоҳо давлататон кам нашавад.

ҲОЛО НАРАФТААМ

‒Касал гуфта шунидам. Хайр, нағз шуда рафтед?
‒Раҳмат. Нағз шудаму ҳоло нарафтаам.

МАҶЛИС

‒Духтурҷон, ёрӣ диҳед, ин кас дар маҷлис беҳуш шуда афтоданд.
‒Наметавонам. Ман духутур не, ман фаррош. Духтур ҳанӯз аз маҷлис наомадаанд.

ОДАТИ ХАФАШАВӢ НАДОРАМ

‒Ака, пагоҳ маърака дорем. Агар марҳамат мекардед, сарам ба осмон мерасид.
‒Корам бисёр, додар. Мабодо рафта натавонам, хафа намешавед-дия.
‒Не, не, бемалол. Ман умуман одати хафашавӣ надорам.

ВОСИТАИ ХУБ

‒Салом, духтари нағз.
‒Ман ба шумо шинос неву чаро салом медиҳед?
‒Барои шинос шудан. Эъ, дар ин дунё саломи бетаъма мешавад?!

ДАРДИ НАВБАРОМАД

‒Ҳа, ин қадар дарди меҳмонгардиат доштааст. Имрӯз дар хонаи инаш, пагоҳ дар хонаи ваяш, худаш чӣ гап? Ҳатто шабҳо ба хонаат намерафтаӣ?
‒Якҳафтаина модарарӯсам ба хона омадаанд.

ФОИДА НАДОРАД

‒Мардакҷон, биёед, ҳамин девори байни ҳавлиҳоро баландтар бардорем?
‒Фоида надорад.
‒Чӣ хел фоида надорад?
‒Афту башараи хунуки ҳамсояро набинам ҳам, боз аз паси девори баланд овозашро мешунаваму афту башарааш пеши назарам меояд.

ГАПҲОИ ФАЧУ ЛАЧ

‒Дугонаҷон, аз пагоҳ то бегоҳ дар хона танҳо нишаста, зиқ намешавед?
‒Не.
‒Наход?! Кай зиқ мешавед?
‒Баъде, ки шумо омада, бо гапҳои фачу лачатон сарамро гаранг мекунед, ҳамон вақт зиқ мешавам.

САЛОМИ ПУЛАКӢ

‒Асс!
‒Ҳӯ бача! «Ас»‒ашро гуфтӣ, саломаш канӣ?
‒Аввал пулаша тед, баъд саломаш мешавад.

ПИР

‒Ў пирам, мадад!
‒Пиратон кӣ?
‒Пирам пул!

АҶАЛИ ОДАМ

‒ Шумо ин қадар бисёр менӯшед?!
‒ Нанӯшам, нашавад, дигар чӣ кор кунам?
‒ Илтимос нанӯшед. Охир арақ аҷали одам, агар нӯшонӯшро бас накунед, аз умратон пештар мемуред.
‒ Барои ҳамин ҳам, то мурдан нӯшидан даркор.
‒ Чаро?
‒ Охир баъди мурдан ҳеҷ кас дар он дунё арақ намедиҳад!

ХОНАИ ДУЮМ

‒ Эҳ-ҳе, мулло Занҷирбек, мо шунидем, ки шумо дар ҷойи кор хоб мекардед. Инро чӣ хел фаҳмем-а?
‒ О Калон Калонович, худатон мегӯед, ки корхона хонаи дуюми мо аст. Ҳамту?
‒ Ҳамту Занҷирек.
‒ Агар корхона хонаи дуюми мо бошад, одам дар хонаи худаш хоб накарда, дар куҷо хоб кунад?!

МАҚСАД АЗ ТАБОБАТ

‒ Шефат муфташа ёбад, бисёр мехӯрду менӯшид. Касал шуда, ба табобат рафтааст мегӯянд, ҳамин гап рост аст?
‒ Рост,
‒ Хайр, сиҳат шуда ояд, нӯшиданро мепартояд?
‒ Балоя! То ҳол аз касалӣ бисёр нӯшида наметавонист. Мақсадаш, сиҳат шуда ояд, боз бисёртар нӯшад!

ХИЗМАТГОРИ ҲАМА

‒Эҳ-ҳе, ин қадар камнамо шуда рафтед? Пештар кор мекардеду кор баҳона буд. Ҳозир шумо нафақахӯр-ку?
‒Ҳозир боз серкортар шудаам.
‒И-е, боз чӣ кор?
‒Ҳар хел.
‒Наход?
‒Ҳа, одам, ки ба нафақа баромад, хизматгори ҳама мешудааст.

НИМТА

‒Ҳа, ба куҷо?
‒Рӯз пешин шуд-ку, ба ошхона.
‒Аз пушт нимта гирифта равам?
‒Кошки ҳамин хел мекардед.
‒Набошад, пулаша те.
‒А?.. Э ман ҳамту як гуфтам-дия. Арақ-парақ даркор не.
‒Э аҳмақ, арақ даркор набошад, чаро аз пушт биёр гуфта, одамро гаранг мекунӣ?!

ЧАШМИ ДИГАРОН ТАРСАД

‒Э ака, барои чӣ маро беҳуда мезанед?
‒Чашми дигарон тарсад.
‒Ин хел бошад, ҳо ана вай бачаро ҳам занед?
‒Э каллаварам! Агар ман вайро занам, вай ҳам маро мезанад-дия!

ДОРУ

‒Ака ин чой не, дору. Бо ҳафт хел гиёҳ дам кардам. Дар роҳи пешоб, гурдаву ҷигаратон сангу регу қум бошад, мерезонад.
‒Зӯр будааст-ку, лекин ҷойи арақро мегирад?
‒Не. Арақ заҳр аст, одамро мекушад. Ин дору.
‒Ин хел бошад, монед, ҳамон сангҳо калону регу қумҳо зиёд гарданд, соли оянда ба иморатсозӣ даркор мешавад.

ҶОН ХАЛОС

Марди шӯхтабъ обкашонии писари ҳамсояро дида пурсид:
‒Ин қадар бисёр об мекашонӣ? Чӣ, шумо ҳар рӯз дар хона оббозӣ мекунед?
‒Не, об барои молҳо.
‒Молҳо бисёр об мехӯранд?
‒Ҳа, як гов дорем, баъзан ду-се сатил обро дидам намегӯяд.
‒Оби сатилро ба пешаш бурда монӣ, сонӣ мехӯранд?
‒Ҳа.
‒Агар надиҳӣ, чӣ?
‒Надиҳам, намехӯранд.
‒Ин хел бошад, надеҳ, ҷонат халос.

КОРИ АНИҚ

‒Ин чӣ номаъқулӣ-а? Аз пагоҳии барвақт ту аллакай маст?
‒Э амак, маро беҳуда ҷанг накунед, ин пагоҳ мурда барин хобам бурда мондааст. Набошад, боз барвақттар сар мекардам.
‒Охир ту бача не, як одам каппа-калон, зану бача дорӣ, наход ягон кору бори аниқе надошта бошӣ?
‒Дорам.
‒Чӣ кор?
‒Нӯшидан-дия, амак.

АНОРИ ЗӮР

Зимистон шахсе дар бозор қимати анорро пурсиду се-чор баробари нархи он фишори хунаш баланд шуд.
‒ Анори зӯр, амак, ‒ гуфт фурӯшанда. ‒ Қимат не-ку, гиред.
‒ Арзон, арзон, - чӣ гуфтанашро надониста, заҳрханд кард харидор.
‒ Арзон бошад, боз қиматтар кунем?
‒ Албатта. Он гоҳ умуман нархашро ҳам намепурсидем.

ҲУНАРИ БЕҲТАРИН

‒ Зиндагӣ ҷойи макру фиреб аст. Барои ҳамин шумо ҳам ин ҳунарро омӯзед.
‒ Чӣ хел?
‒ Осон. Зоҳирорифу шайтонтабиат шавед. Ҳа, агар фиреб надиҳед, худатон фиреб мехӯред.
‒ Ҳамаро фиреб додан даркор?
‒ Ҳамаро не.
‒ Набошад киро фиреб надиҳам?
‒ Фақат худатонро.

СЕБ

‒ Кадом аҳмақ ин қадар себ овард-а?
‒ Ман.
‒ Медонӣ-ку, ҳозир зиндагӣ вазнин. Дидаву дониста себ харида чӣ кор мекардӣ? Ина бин: таги пову рӯйи по себ. Бачаҳо якта газида, якта себро ба замин партофтаанд.
‒ Ҷанг накунед, дада. Ман себ нахаридаам. Самадбобо аз боғашон бепул доданд.
‒ А? Э аҳмақ, ин хел бошад, чаро ин қадар кам овардӣ?! Бисёртар меовардӣ, гову гӯсфандон ҳам як ҳузур мекарданд!

КАЛЛАИ ЗӮР

‒ Вай сардори чӣ? Калла надорад.
‒ Ё тавба?! Набошад вай бо каллаи кӣ корашро пеш мебарад?
‒ Бо нишондодҳои Эшонзода.
‒ Чӣ гунбази болои гардани Эшонзода зӯр аст?
‒ Не, ҳамаи бадбахтӣ дар он аст, ки вай умуман калла надорад.

НИМТА

Модарарӯси Саидазим аз олам гузашта буд. Иззату ҳурмати якдигар язнааш ‒ Асрор ба фотеҳахонӣ рафт.
‒ Нимта гир! ‒ баъди фотеҳахонӣ ба Саидазим рӯ овард почояш. ‒ Акнун ба тахтапушти ту ҳам офтоб мебарояд. Худои таъоло ба ҳар кас ҳам ин хел бахти бузургро раво намебинад. Инро шустан даркор!
‒ Не, ‒ мусича барин тарсида рад кард додарарӯсаш. - Занам фаҳмад, хафа мешавад.
‒ Э мон-е! - ранҷида гуфт язнааш. - Агар модарарӯси ман мемурданд, ту нагуфта, худам ду нимта арақ мегирифтам.

ИСБОТ КАРДА НАМЕТАВОНЕД

‒ Акаи ошпаз, мабодо гӯшти шӯрбоятон кирмин набуд?
‒ Не-е.
‒ Охир бӯй дошт…
‒ Хайр, мабодо ҳамин хел бошад ҳам, акнун исбот карда наметавонед.
‒ Барои чӣ?
‒ Чунки косаи охиринашро худатон хӯрдед.

АРАҚ ФАРМОЕД

‒ Хуш омадед, хуш омадед. Марҳамат, аз боло гузаред. Ман ҳозир чой мефармоям.
‒ Ташвиш кашида нашинед. То об меоранд, чой мемонанд, вай меҷӯшад, дам мекунанд...
‒ Чӣ хел шуда омадеду ташвиши чӣ?
‒ Не, беташвишаш арақ-дия. Арақ фармоед!

МАИШАТ

Шахсе ба дидорбинии дӯсти рӯзноманигораш омад. Дӯсташ, ки ба хӯрокхӯрии нисфирӯзӣ рафта буд, то омаданаш интизор шуд.
‒ Ба хӯрокхӯрӣ рафта будаед-дия, - баъди омадани дӯсташ пурсид ӯ. - Хӯш, маишат зӯр шуд?
‒ Ҳа, имрӯз ҳам маишат дирӯза барин зӯр шуд.
‒ Хайр, дина чӣ хӯрда будед?
‒ Аз бепулӣ имрӯз ҳам дирӯза барин ҳеҷ чиз нахӯрдем.

ГӮР МЕКАРДЕМ

Пиразан ҳамеша қадри худро баланд мебардошт. Барои ҳамин ҳаққу ҳамсояҳо ё келину духтаронашро ба бедасту панҷагӣ ва ноӯҳдабароӣ муттаҳам мекард. Ҳатто тарсонданӣ шуда, дар байни ду гап мегуфт:
‒ Э агар ман мурам, шумоён чӣ кор мекардед?
Рӯзе ӯ аз ӯгробурии келини наваш ба танг омада, таънаомез гуфт:
‒ Э ҳамин ӯгробурӣ ҳам аз дастатон намеояд-е?! Ман мурам, шумо чӣ кор мекардед, келин?
‒ Ҳаминро ҳам намедонед, бибимуллоҷон?! ‒ хандон ширинзабонӣ кард келини ҷавон. ‒ Муред, бурда гӯр мекардем-дия!

ШИКОЯТ

‒ Писаратон қариб имрӯз чашмамро зада кафонда буд.
‒ Наход аз дасти як ваҷаб бача чунин кор ояд?
‒ Ҳа. Бо кашкашак санг парронд: шуввӣ аз пеши чашмам гузашта рафт.
‒ Ӯҳ, падарлаънате! Ҳоло ҳам нишонгириро ёд нагирифта будааст-дия?! Ин хел бошад, шумо парво накунед, бегоҳ дурусттар адабашро дода мемонам.

ГАВҲАРИ НОЁБ

‒ Саломатӣ чӣ хел?
‒ Мешавад.
‒ Ба ман бовар кунед, дӯстам, саломатӣ гавҳари ноёб аст. Онро эҳтиёт кардан даркор.
‒ Албатта.
‒ Шумо саломат будан мехоҳед?
‒ Кӣ саломат будан намехоҳад?
‒ Ин хел бошад, рафтем. Ба ман садта гирифта диҳед, ман ба саломатии шумо менӯшам!

БАДБАХТӢ

Дар деҳа овозаи бадвоҳима паҳн шуд.
‒ Бадбахтӣ, ‒ мегуфт яке. ‒ Зани бригадирро саг газидааст.
‒ Эҳ бечорае! ‒ афсӯс мехӯрданд ҳама. ‒ Ҳоло аҳволаш чӣ хел бошад?
‒ Нағз.
‒ Аҷиб-ку! Нағз бошад, чӣ хел бадбахтӣ рӯй медиҳад?
‒ Охир аз ин зиёдтар боз чӣ шавад?! Баъди газидан саги бечора девона шудааст!

АЗ ЁДАТ НАБАРОЯД

‒ Ҷӯраҷон, пул дорӣ?
‒ Ҳа.
‒ Ин хел бошад, ҳазор сӯм қарз дода ист.
‒ Ҳазор сӯм нею дар киса фақат сесад сӯм дорам.
‒ Мешавад, деҳ.
‒ Ана, шумур.
‒ Хайр... Акнун аз ёдат набарояд: ту аз ман боз ҳафтсад сӯм қарздор!

НОДОН

‒ Шумо бо мошин, ака?
‒ Бале.
‒ Ин хел бошад, ҳамроҳи мо наменӯшед?
‒ Чаро?
‒ Охир ҳозир худатон гуфтед-ку...
‒ Рез-е, нодон! Охир арақа мошин не, ман мехӯрам!

ОБРӮ ‒ ПУЛУ МАНСАБ

‒ Э, вай худаш як ваҷаб бачаву чаро ҳама ба ӯ ҳурмату эҳтиром зоҳир мекунанд. Пештар иззату ҳурмати пиру мӯйсафедон баланд буд.
‒ Ин хел гапҳо ҳоло кӯҳна шудаанд. Ҳозир ба ҷойи мӯйсафеду калонсол одамони пулдору амалдорро ҳурмат мекунанд. Охир ҳама ҳам, ба пирӣ расад, ки на ҳама пулдор мансабдор мешаванд.

НАҚШАИ ХАРОҶОТҲО

Зане маошашро гирифта, ба дастаи пулҳо нигарист ва оҳе кашида гуфт:
‒ Уф ‒ ф, ман акнун ин пулҳоро чӣ кор мекунам?
Кассир аз шунидани ин гапҳо ҳайрон шуда пурсид:
‒ Худоё, ман дар қади умрам бори аввал одамеро мебинам, ки ба вай пул даркор набудааст.
Зан аз ин гапи ӯ ба шӯр омада, гуфт:
‒Ман пула даркор не нагуфтаам, балки гуфта истодаам, ки ин пул ба нақшаи хараҷотҳо нарасанд, чӣ кор кунам?

ОДАМИ ДАРКОРӢ

‒ Шумо, ака, назару писанд накунед, ки мо ҳам одами баобрӯву даркорӣ будаем! ‒ бо ғурур гуфт марди ҳатӯлкоре ба ҳамкораш.
‒ А?! Аз куҷо ба ин хел хулосаи нестдарҷаҳон омадед?
‒ Аз воқеаи ҳаминрӯза. Носашон тамом шудаасту худи шефи калон сар хам карда, ба наздам омаданд.

ҲИЛАИ ШЕФ

‒ Ба ҳурмату эҳтироми шефамон қоил! Худашон як одами калон бошанд, ки ҳар пагоҳ бо коргарон оғӯш кушода, вохӯрдиву аҳволпурсӣ мекунанд!
‒ Вай самимияту эҳтиром не, балки шефи балоятон вақти оғӯшкашиву аҳволпурсӣ нӯшидагӣ ë нанӯшидагии коргаронро фаҳмидан мехоҳад.
‒ А?! Ӯҳ падарлаънати хонасӯхта ‒ е!

ДУОИ НЕК

‒ Илоҳо ба шумо ҳам роҳи Зебохонро диҳаду ба саратон офтоб барояд.
‒ Чӣ хел роҳ?
‒ Шавҳарашон мурданд.

ГУНОҲИ КАЛОН

‒ Ман як шахси ҷаннатӣ барин беайб гуноҳ. Ба шаст даромада, на ягон бор нӯшидаам, на ба ҳаққи касе хиёнат кардаам ва на ба ягон зану духтар чашм ало кардаам, ‒ гуфт марде ҳангоми сӯҳбат.
Дигаре, ки майзадаву порахӯру гандагард буд, эрод гирифта гуфт:
‒ Ана ҳаминҳо айбу гуноҳи аз ҳама калони шумо!

КАСОФАТИ МУЛЛО

‒ Ақлатон бошад, ҳеҷ гоҳ ҳамроҳи ҳоҷиву мулло ба маърака наравед будааст, ‒ гуфт яке.
‒ Чаро? ‒ пурсиданд баробар чанд кас.
‒ Э асло напурсед, ‒ бо ҳасрат гуфт ӯ. ‒ Дина ба тӯй мерафтем, ки муллое ҳамроҳ шуд. Ҳурмату эҳтиром карда, ӯро пеш даровардем. Соҳиби тӯй муллои пеш ‒ пеши моро дида, ҳамаро бо як кати алоҳида бурда шинонд. Касофати мулло ба замин, мо аз як ишкамсерӣ арақ хӯрдан маҳрум шудем.

КИТОБЧАИ ЗӮР

‒ Китобчаатон зӯр будааст. Дар маъракае дидам, ки он даст ба даст мегашт, ‒ гуфт яке ба муаллифи китоб.
‒ Нағз-ку, ‒ аз шунидани таърифи китобаш муаллиф шод гардид. ‒Агар дар ҳақиқат, ҳамин хел бошад, ман хурсанд.
‒ Дар ҳақиқат ҳамин хел шуд. Ҳаво гарм буд. Ба дасти яке ҳамон китобчаатон афтодааст. Барои бо он шамолдиҳӣ китобчаатон аз даст ба дасти занҳо мегузашт.

МЕЪЁР

‒ Эъ одам ҳам меъёрашро донад-дия, ‒ марде шахси масту аласте, ки афтону хезон, дарахту деворҳоро дошта, пеш мерафту ба ҳама гап мепаронд, дида ба шарикаш гуфт. ‒Организмаш бардошта натавонад, ин қадар арақи бисёра нӯшида, чӣ кор мекунад-а?
‒ Бисёр не, боз як пиёла кам шудагӣ барин, ‒ гуфт шарикаш.
‒ О чӣ хел кам?! Ба пойҳояш базӯр рост истода меравад-ку?! Бисёр шудагӣ.
‒ Не, кам! ‒ суханашро такрор карда, қатъӣ гуфт шарикаш. ‒ Боз як пиёла мезад, олам гулистон мешуд. Дар ҷояш афтода, хобаш ҷурғот барин бурда мемонд.

АЙБИ АРАҚ

‒ Телефонии дастиам зӯр буд. Ба 600 доллар харида будам. Ҳамеша антенна дошту даҳҳо амалро иҷро мекард. Чандин бор ба замину даруни об афтоду бало назад. Афсӯс, ки ҳамин хел як телефонии зӯрам гум шуд.
‒ Чӣ хел гум кардед?
‒ Худам ҳам намедонам. Бо ҷӯраҳо нишаста, хуб нӯшидему бочкаи арақ шудем. Бо ягон ҷо мондаам ë дар роҳ афтондаам, худам намедонам.
‒ Хайр, он тарафаш якта телефон будааст-дия, ин қадар мотам нагиред. Ин айби шумо не, айби арақ будааст-ку!

ФИШОРИ ХУН

‒ Ба беморе ҳарчанд дармону сӯзандоруҳои зиёде кардем, бо вуҷуди он фишри хунашон паст намешавад, - маслиҳатомез бо ҳамкасбаш гуфт духтуре.
Яке аз хешовандони он бемор, ки дар назди онҳо ҳузур дошт, ҳозирҷавобона гуфт:
‒ Ҳа, духтурҷон. Барои табобату нарзи даст, ки қариб як миллион сӯмашро гирифтед, акнун он кас муранд, мемуранд, ки дар сад сол ҳам фишори хунашон паст намешавад.

«МАРДИКОР»

‒ Китобро хазинаи маърифат мегӯянду чаро мардум китоб намехонанд?
‒ Чунки китобҳои фачу лач бисёр шудаанд.
‒ Барои чӣ?
‒Чунки баъзе муаллифон барои китобнависӣ ҳам мардикор кор мефармоянд.

БИСЁРАТ МЕМОНАД

‒ Гиред, ака, якта занем.
‒ Ман наменӯшам. Маҷбур накунед.
‒ Маҷбур не, баръакс, раҳмат мегӯям.
‒ Барои чӣ?
‒ Э, боз барои чи мешуд? Шумо нанӯшед, ба мо бисёртар мерасад.

ТАЪЗИМ

‒Ҳавливу ҷойи фалониро дидед. Қасри императорҳо барин баланду бадвоҳима.
‒ Не, оқилон ба онҳо наменигаранд?
‒ Чаро?
‒Охир нигоҳ кунанд, кулоҳашон аз сарашон меафтаду хам шуда гирифтанро таъзим мепиндоранд.

ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Марди солхӯрдае дар истгоҳ ду ҷавони ҳамдеҳаашро дид, ки дар дасти яке дафтари ғафс аст, пурсид:
‒ Ҳа, ба куҷо?
‒ Ба мактаб.
‒ Одам бо як дафтар ҳам ба мактаб меравад?
‒ Не, бобо. Ин як дафтар барои ҳардуи мо.
‒ А‒ҳа, ин хел бошад, ояндаатон дурахшон аст!

БОЙБАЧАҲО ЧӢ ДОРАНД?

Зимистон барои ба ҳаммом даромадан одамони зиёде навбат мепоиданд. Саргарми сӯҳбат, чӣ хел як шахси доронамое ба ҳаммом даромада рафт, ҳама бехабар монданд. Яке бо надомат гуфт:
‒ Э ин мансабдору бойбачаҳо инсофу виҷдон надоранд‒е!
‒ Хайр, инсофу виҷдон надошта бошанд, онҳо дигар чӣ доранд? ‒ пурсид дигаре.
‒ Пӯсти ғафсу иштиҳои беохиру ҷиғилдони бетаг!

КАСАЛИИ ПУЛ

Ҳанӯз вақти оғози кори духтур фаро нарасида, беморон ба навбат меистоданд. Ҳамин вақт як ходими дармонгоҳ омада, хабар дод, ки духтур бемор шудаанду пагоҳ оянд.
‒ Наход духтурон ҳам касал шаванд? ‒ ҳайрон шуд яке.
Навбатпойи дигар ҳозирҷавобӣ карда гуфт:
‒ Онҳо ҳамеша касали пул. Имрӯз, аз афт, дардашон боз ҳам зӯртар шудааст, ки ҳатто ба кор ҳам омадан нахостаанд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий