пятница, 27 марта 2015 г.

ПИРАЗАНИ ФАРРОШ, НАБЕРАИ Ӯ ВА КАЙКАК



            Дар як корхонаи калон пиразане фаррош шуда кор мекард. Наберааш ҳамроҳи ӯ рафта, ба корҳояш ёрӣ мерасонд. Вазифаи ӯ дар байни коргарони он аз ҳама паст бошад, ки кору ҷунбуҷӯлаш аз ҳама зиёд буд. Вай ба кор аз ҳама аввал омада, аз ҳама охир мерафт. Аз пагоҳии барвақт ба рӯфтану тоза кардани роҳраву долонҳо, хонаҳои кори ходимон, маҷлисгоҳ, қабулхонаву кабинети сардор машғул мешуд. Фаршҳоро мешуст, хонаи тортонакҳоро мерӯфт, мизу курсиҳоро пок мекард ва хасрӯбаю қоғазмайдаҳоро ба партовҷо бурда, мепартофт, ки рӯз бегоҳ мешуд. Ба болои ин баъзе коргарҳои беинсоф ба ӯ корҳои худро мефармуданд, ки пиразан «не» гуфта наметавонист. Баъзеҳо кору хизматҳои ӯро қадр мекарданд:
            − Беҳуда азоб накашед, холаҷон. Зарур шуда монад, ҷойи корамонро худамон рӯбучин мекунем. Ба гарду ғубор дуо рафтагӣ: бо рӯфтану шустан ҳеҷ тамом намешавад. Беҳтараш камтар шишта нафас рост кунед. Як пиёла чой            нӯшед. Набераатон ҳам дам гирад.

            − Не, раҳмат, писарам. Калон бинанд, боз гап мешунавам.
            Як нафар аз кормандон ҳатто баъди рӯбучини кабинеташ ба дасти наберааш як сӯм–ду сӯм пул медод. Пиразан аз ӯ ниҳоят миннатдор буд.
            Ба ивази ин қадар меҳнати зиёд пиразан моҳонаи ночизе мегирифт. Ба ҳамон ҳам, сардор чашм ало мекард.
            Пиразан ба ҳамааш тоқат мекард, ки ягона набераашро ба воя расонад.
            Дар коргоҳ ҳама ба ӯ кор мефармуданд. Сардори калон бошад, аз ҳама  мегузаронд. Рӯзе набуд, ки пиразанро таҳқиру сарзаниш накунад. Аз худаш қариб 40 сол калон бошад, ки «ту − ту» гӯён дӯғ мезад:
            − Корҳоят ҳарому ҳариш–ку, кампир! Куҷоеро набинам, пур аз чангу ғубор, фаршҳо чиркин, тортонакхонаҳо шилшилавор овезон! Ё дурусттар кор кун ё дафъ шав, ки ҷонам аз ту халос шавад!
            − Рӯфтаву тоза карда истодаам–ку хӯҷаин, − бо сари хам мегуфт пиразан. – Ҳама ҷо тозаву озода…
            − Балоя тоза! – дӯғ мезад сардор, ки худ як ҷавонмарди фарбеҳи шикамкалоне буд. –Ту кӯр–а?! Ин чӣ? – ва гӯгирдчӯби нимсӯхтае, ки худаш махсус дар ягон ҷо руст карда монда буд, бароварда нишон медод.
            Пиразан бо сари хам онро гирифта, узромез мегуфт:
            − Надида мондаам, хӯҷаин, мебахшед.
            Дар ин хел вақтҳо ҳамроҳи сардор як–ду нафар лаганбардоронаш бошанд, тарафи сардорро гирифта, ба ӯ неш мезаданд:
            − Гапи калонро ду накунед, ки кӯр мешавед!
            − Ҳа, хола, пулро, ки мегиред, ҳалол карда гиред‒дия!
            − Э чашматонро калонтар кушоед ё хӯҷаин аз ҳисоби корхона ба шумо айнак харида диҳанд, чирку чармро сонӣ мебинед?
            Дар ин хел вақтҳо пиразан сад бор мурда, аз нав зинда мешуд. Наберааш аз алам хаси рӯйи оташ барин бо худ мепечид. Кампир метавонист «гир−е, корат сарата хӯрад» гуфта, баромада равад. Вале вай ин хел карда наметавонист. Вай набераи ширини худро дӯст медошт. Мехост наберааш нағз хӯраду нағз пӯшад ва ба бахти ӯ сиҳҳату бардам калон шавад. Ана барои ҳамин ҳам вай ба ҳамааш тоқат мекард.
Сардор баъзан ба кабинеташ ба воситаи котибааш фаррошро ҷеғ мезад. Кабинеташ бисёр калону бадвоҳима ва серҷиҳоз буд. Худи ӯ дар паси курсии тахтамонандаш мисли амирони Бухоро боғурур нишаста, ба сари кампир дӯғу даранг менамуд:
− Ҳӯ кампир, аз ин кабинети ман як бӯйи бади нофорам фах мезанад. Чаро?!
− Надонам, хӯҷаин, − бо сари хам китф барҳам мекашид пиразан. – Рӯфтаву чида, ҳама ҷоро пок карда будам–ку.
Вай сабабашро донад ҳам, ба гуфтан ҷуръат намекард. Бӯйи бад аз худи сардор меомад. Аз нӯшидану хӯрдани хӯроки зиёд арақи баданаш ҳама ҷойро бадбӯй месохт. Пиразан ҳатто атр харида, баъди рӯбучин ба чор тарафи кабинет занад, ки фоида надошт.
Рӯзе сардори корхона гуфт, ки фардо комиссияи калоне меояд. Бояд ҳама ҷоро рӯфтаву тоза кунад, ки равған дар замин резад лесида шавад ва дар девор одам акси худро бинад. Хулоса, ҳама ҷо ҷаннат барин тозаву дилнишин шавад. Агар дар ягон ҷо гарду чангеро бинад, аз худаш гила кунад, аҷалаш дар дасти ӯст.
Рӯзи дигар пиразан ҳамроҳи наберааш мурданивор кор карда, шалпару лакот шуда ба хона омад. Аз хастагӣ тароша барин хобаш бурд. Вале тамоми дасту пой ва бадани наберааш дард мекард. Ғанабаш бурда‒набурда буд, ки кайке мегазид ва хобаш мепарид. Ниҳоят писарак чаққонӣ карда, онро дошт. Акнун куштани буд, ки кайкак ба зориву тавалло даромад.
− Писараки нағз, маро накуш. Ба ту ягон ёриам мерасад.
− Аз дасти ту чӣ хел ёрӣ меояд? Ту ёрирасон не, балки халалрасон ҳастӣ. Худи ҳозир аз тахтапуштам газида, ба хобам халал расондӣ. Мекушам!
− Не, не, накуш, писараки нағз. Гӯй, чӣ хел ёрӣ расонам.
Раҳми писарак омада, ба ӯ дарди дил кард. Гуфт, ки бибиаш дар куҷо кор мекунад, аз кори бисёр бемадор мешавад, сардор чӣ қадар азоб медиҳад… Ва дар охири нақлаш аз хору забунии бибиаш гиря кард.
− Шуд, − гуфт кайкак. – Ман вай сардори муттаҳами Худобехабарро боб мекунам. Ту фақат як пағға пашм ё ланка барин пӯстакчаро ин ҷо мон. Ман хешу таборамро хабар мекунам. Ҳама даруни он ҷой мегирем. Пагоҳ ту номаълум онро бурда, ба ягон кунҷи курсиаш мон. Ҳамааш зӯр мешавад.
Писарак аз рӯйи гуфтаи кайкак амал кард.
Меҳмонон омаданд. Сардор дар ҷойи худ нишаста, аз пешравиҳои корхона ба маърӯза сар кард. Вале… кайкҳои хурду ба чашм ноаёни гурусна ба ҳуҷум гузаштанд. Аз тану тӯши фарбеҳу равғанини сардор ба газидану хунмакӣ сар карданд. Аввал сардор тоқат кард, ки ҳамааш мегузарад. Вале нашуд. Номаълум ин ҷо – он ҷойи баданашро хорид, боз фойда набахшид. Кайкҳо ба тамоми баданаш ба ҳуҷум гузаштанд. Сардор аъзоёни комиссияро аз ёд бароварда, гоҳ пой, гоҳ дастонашро афшонда, ба рақс даромад. Вақте ки кайкҳо ба болои шикаму тахтапушт ва зери китфу гарданаш хазида баромаданд, дигар тоқат карда натавониста, ҳақорати обдоре дод.
Роҳбари комиссия инро ба шаъни худ дониста, аз ҷой хест ва баромада рафт. Дигарон ҳам ба вай пайравӣ карданд.
Рӯзи дигар аз кор хориҷ шудани сардор дар ҳама ҷо овоза гардид.                                

Комментариев нет:

Отправить комментарий