среда, 25 мая 2016 г.

РОМАНҲО ДАР ЧАНД САТР



Ҳамсояҳои мо
Чизе гиранд, намедиҳанд, ки склерозу ҳатто справка доранд. Вале чизе диҳанд, дар талаби он ҳеҷ гуна касалиашон маълум намешавад.
***
Корашон ба мошин афтад, ба ҳамсояи мошиндор ҳасад мебаранду мошини ҳамсоя вайрон шавад, хурсанд мешаванд, ки мошин надоранд.
***
Таърифро дӯст медоранд. Мабодо шахси таърифгаре наёбанд, худашон дар назди оина нишаста, як-як сифатҳои беҳтаринашонро ба забон меоранд.
***

Агар чизе хариданӣ шаванд, бо як тарозу бар кашида мегиранду чизе фурӯхтанӣ шаванд, бо тарозуи дигар.
***
Баъзеҳояшон қафонокӣ ҳам хеле пеш рафта, ҳамаро дар ҳайрат мегузоранд.
***
Аз байни чизҳои бад бадтаринашро ёфта, ҳамчун молу матои беҳтарин ба шиносу наздиконашон ба пул мезананд.
***
Мӯйи сарашонро бо поку чунон оинавор тоза метарошанд, ки аввало муддати мадиде калаашон аз мӯй, мӯяшон аз шустану шона задан, сарашон аз сартарош ва, аз ҳама муҳимаш, кисаашон аз пулбарорӣ дам гирад.
***
Меҳмонҳои худро дар тӯю маъракаҳои дигарон зиёфат доданро шиори худ мешуморанд.
***
Мучалашон дигар бошад ҳам, дар табиаташон хислатҳои хариву гургӣ ва рӯбоҳӣ реша давондааст. Аз ин рӯ, ба фоидаи худ хар барин кор карда, ҳаққашонро аз дигарон гургвор канда мегиранд ва агар ҳоҷати касеро раво кардан рост ояд, ҳамчун рӯбоҳ ба найрангбозӣ медароянд.
***
Роҳгардиро ёд нагирифта, мақсади давидан дар дилашон ҷӯш мезанад.
***
Таоми дӯстдоштаашонро карда хӯрдан хоҳанд, аввал ишкамашонро бо хӯрокҳои баду пастсифат пур мекунанд ва баъд ба он таом рӯ меоранд, то ки рӯйкаш шавад.
***
Зан нагирифта ҳам, баъзеашон боақлу доно мешаванд.
***
Гузаштагонашон кисабуру роҳзан бошанд ҳам, дар таърифи аҷдодонашон ҳамеша даҳонашон кафк мекунад.
***
Молашон ҳаром мурад, ки дасту пояшро баста, ҳалол карда мекушанд.
***
Меҳмони бедастовез аз дарашон дарояд, ҷонашон аз сурохиҳои биниашон мебарояд.
***
Дар сари дастархон ҳар қадар ҳунару маҳорат доранд, соҳибхонаро таъриф мекунанду ҳамин, ки зиёфат ба охир расид, бо тамоми лаёқату истеъод соҳибхонаву зиёфаташро ба замин мезананд.
***
Салом дода, аз дар, ки даромаданд, гумон мекунанд, ки пешгоҳи хона аз они онҳост.
***
Ба дурӯғгӯйи чунон одат кардаанд, ки мабодо гапи росте аз даҳонашон баромада монад, аз шарм лаблабу барин суп ‒ сурх мешаванд.
***
Дар ширбиринҷи ҳамсоя ҳам ҷурғот шуданро дӯст медоранд.
***
Дуое кардан рост ояд, аввал худро дурудароз дуо мекунанд.
***
Барои иҷрои коре мардикор меоранд, ки корашон сабук шавад. Барои он ки пулашон насӯзаду мардикор хуб кор кунад, барои намуна нишон додан худашон мурданивор кор карда, аз мардикор бештар обу арақ мерезанд.
***
Агар аз он сари қишлоқ садои мусиқии муфти тӯйро шунаванд, зери оҳанги он дар хонаашон рақсида дилхушӣ мекунанд.
***
Вазифаи хурде гирифта, соҳиби даромади калон шудан мехоҳанд.
***
Аз гуфторашон сукуташон бештар писанд аст, ки маънии чуқуртаре дорад.
***
Баъзан бо дурӯғе худро чунон чилбанд карда мепартоянд, ки баъд ҳафтаҳо роҳи халосие наёфта, гаранг шуда мегарданд.
***
Гумон мекунанд, ки дигаронро бад кунанд, худашон ба назари мардум хуб менамоянд.
***
Баъзан доноӣ карда, чатрашонро аз барфу борон эҳтиёт мекунанд.
***
Дар оши ширбиринҷи ҳамсоя ҳам ҷурғот шуданро дӯст медоранд.
***
Пагоҳӣ аз хоб хеста, ба ҷойи тавбаву шукргузорӣ киро ва чӣ хел фиреб доданро меандешанд.
***
Ҳамчун рамзи ҳурмату эҳтиром аз байни конфетҳои зиёде аз ҳама хушрӯву
мағзаш - кирминашро ёфта, ба дастатон медиҳанд.
***
Фиреб надиҳанд, шаб хобашон намебараду дурӯғ нагӯянд, рӯз корашон пеш намеравад.

Комментариев нет:

Отправить комментарий