понедельник, 6 июня 2016 г.

ҲАҶВИЯҲОИ НАВ



ҚУЛФИ ДАҲОН
            Дар бошишгоҳи саҳроӣ се ҷӯраҳо нӯшонӯш мекарданд. Яке гуфт:
            -- Афсӯс, ки бодринг нест. Агар бодринг мебуд, арақ равған барин мерафт.
            -- Ҳамсоя дар заминаш бодринг коридагӣ, – гуфт соҳиби боғ. -- Лекин худаш несту нопурсиш гирифтан дуздӣ ба ҳисоб меравад. Агар ду ҳазор сӯм диҳед, ман ба чашми виҷдонам хок пошида, бодринг чинда меомадам.
            -- Шудааст, – розӣ шуд ӯ.
            Вай рафта, ду–се кило барин бодринг чинда овард.
            -- Эъ хурӯси мардҳо, худатон, - ӯро рӯҳбаланд карда, ҷӯрааш ду ҳазорро аз кисааш бароварда дод. – Ман бо ҳар кас ҳам дӯст намешавам. Одаме, ки ба ваъдааш вафо кунад, марди майдон аст, – ва бодрингро ба рӯймолаке баста, ба паҳлӯяш гузошт.

            -- Бодрингро ин ҷо гиред, шуста, реза кунем, – хоҳиш кард соҳиби боғ.
            -- Не! – бо қатъият гуфт ӯ. – Ҳамсояатон биёяд, дуздӣ карданатро гуфта, инро ҳамчун далели шайъӣ ба ӯ нишон медиҳам.
            -- Э барои ду кило бодринг ин хел накунед-е! Бе ҳамин ҳам муносибатҳо ҳавои абролуд барин. Болои мастӣ як ҷинигӣ кардем–дия. Овозаю дарвоза шавад, кор расо мегардад.
            -- Чор ҳазор сӯм диҳед, ман ба даҳонам қулф мезанам.

СЕҲРИ СУХАН
            Мо ба тӯй мерафтем. Амакам мошинро мепарронд. Худаш дар паси рулу ҳушаш ба куҷоҳое сайр мекард. Ба вуҷуди он, даҳонаш дам намегирифт. Ман дар паҳлӯйи амакам аз тарсу воҳимаи ба ягон ҷо рафта назадан зери лаб ҳазору як бор «аузу биллоҳ»-ро гаштаву баргашта такрор мекардам.
            Ногоҳ нозири роҳ аз паси дарахте пайдо шуд ва бо ишорачӯбаш канори роҳро нишон дод.
            -- Худо зад! – аз дил гузарондам. – Ана акнун ҷазоятон медиҳад!
            Амакам бепарво аз мошин фаромад.
            -- Эъ, эъ ин ту–ку мезакин! – якбора ба «ту-ту» гузашта, ӯро оғӯшкашон чалап – чулуп аз сару рӯяш гаштаву баргашта бӯсид. – Э қадат занад, ҳамин қадар калон шудӣ-а?! Бачагият дар ёдат ҳаст? Як бор бардошта, навозиш кардани будам, ки ту, падарқусур, аз сари синаам то туфлиҳои поям тар кардӣ… Э қанд зан. Ана акнун туро шинохта намешаванд. Чанд боре, ки ба хонаатон равам, нестӣ. Дидаму шинохтам. Ту нигоҳ намедоштӣ ҳам, худам меистодам. Хайр, худат, зану бачаҳоят ҳама нағзанд? Дадет, ҷӯрем, чӣ хел? Э бале, қадат занад. Ман бо дадет на танҳо ҷӯра, ҳатто додару бародар. Э-ҳе, чӣ қадар якҷоя гаштем, ба куҷоҳое нарафтем, чӣ гуна рӯзҳое аз сарамон нагузашт, гӯям аз китоби «Ҳазору як шаб» ҳам дарозтар мешавад. Ба хонаатон равӣ, албатта, ба падарат салом гӯ…
            Амаки гапдонам дар як лаҳза нозирро сеҳру ҷоду кард: вай кунду карахт шуд. Забонаш лол гашт. Баъди лаҳзае ба худ омада пурсид:
            -- Ба куҷо ин қадар саросема? Суръатро баланд кардед–ку, амак?
            -- Э ҳоло суръати мошин баланд буд? – ҳайрон шуд амакам. – Худам нафаҳмида мондаам. Ба ҷаноза саросема, ҷиян, ба ҷаноза!
            -- Хайр, ин қадар мошинро сур накунед, амак. Роҳҳо вайрон. Ягон кору ҳоле шуда монад, нағз не. Бохабар шавед.
            -- Шудааст, писари ҷӯрем. Гапи ту барои мо қонун!
            Амакам боз бо ӯ оғӯшкашон хайрухуш карда, омада ба мошин нишаст. Оҳу уфгӯён бо лабу лунҷи турш мошинро ба роҳ андохт.
            -- Э падарқусур! Шаб, аз афташ, хуб нӯшидааст, ки аз бӯю тафаш дилам беҷо шуд.
            -- Писари ҷӯраатон будааст, камтар нӯш нагуфтед - дия?
            -- Кадом ҷӯраам? Бори аввал мебинам. Аз пеш ҷӯй - пӯй барояд, зудтар дасту рӯй шӯям…

ХАРАРОБА
            Нозири ро «Москвич»-и кӯҳнаву шалақеро нигоҳ дошт. Ба он нигоҳ карда намешуд. Чор тарафи он пачақу рангпарида ва пӯсида буд.
            -- Ҳуҷҷат?
            --Ба харароба чӣ хел ҳуҷҷат мешавад, рафиқ командир? – ҳайратомез хандид ронанда.
            --Ин харароба не, мошин! Ҳуҷҷатҳояшро нишон диҳед? – қотеона ҳукмашро гузаронданӣ шуд нозири роҳ.
            -- Гапи шумо дуруст, рафиқ командир. Ин мошин, вале ҳамчун хараробаи бобоӣ хизмат мекунад. Бо ин хасу хошок, ҳезум, пору мекашонем. Пештар ба харароба ҳеҷ хел ҳуҷҷат лозим набуд–ку!
            -- Гапа бисёр накунед, ҳуҷҷатҳоро нишон диҳед?  
            -- Ҳеҷ хел ҳуҷҷат–пуҷҷат надорад. Даркор бошад, гиред. Аз ин дида, ман пиёда тезтар меравам, – ва ронандааш рафтанӣ шуд.
            -- Ҳӯ, ҳӯ истед! Одамро шарманда накарда, зуд хараробаатонро ҳай кунед!
            -- Ана, командир, худатон ҳам харароба буданашро тан гирифтеду боз ҳуҷҷат мепурсед–а?!

МАХЛУҚИ НОСЕРАМ
            Ба бегонаҳо ёрӣ медиҳам? Вале ба хешу табор барои пуле додан раги дастам мекашад?! Садақаи сар гуфта, ба ту ҳам ягон чиз диҳам?! Албатта, хешамон медиҳам! Танга як тараф истад, аз он калонтарашро ҳам доданам мумкин. Пул, хешамон, аз ту зиёд не. Вай меҳмон барин гап. Имрӯз дар кисаи ман, пагоҳ дар кисаи ту. Ҳамаро ҷинӣ карда, мисли турист аз як киса ба кисаи дигар даромадаву баромада, дар рӯйи олам чарх зада мегардад. Вале ман одами дурдандеш. Болои уштур савор набошам, ки дурашро ҳам дида метавонам.
            Чӣ? Ба гадой медиҳаму ба ту не? Дуруст. Ба гадойҳо садақа медиҳам. Садақа ради бало. Чунки гадоро ҳар рӯз намебинам. Медиҳаму дасташро аз доманаму гӯшамро аз ҷоғаш халос мекунам. Вай ба ҳамон садақаи додаи ман қаноат мекунад. Мегираду аз пеши назарам гум мешавад. Дигарон ҳам кам–кам диҳанд, мӯл мешавад ва вай худро шоҳ меҳисобад. Вале ту, хешамон, имрӯз ба танга розӣ мешавӣ. Ҷон–ҷон гуфта гирифта, ҳатто хурсанд мегардӣ. Вале пагоҳ пулам ду танга шавад, мегӯйӣ. Як тангаро аллакай назарат намегирад. Фардояш аллакай дилакат сӯма мехоҳад. Хоҳиши дили сабилмондаи одам беҳадду ҳудуд. Дар каллаат нақшаи бойшавӣ пайдо мегардад. Рафта–рафта иштиҳоят ба таври прогрессивӣ карнай мешавад. Аллакай бароят сад сӯму дусад сӯму ҳазор сӯм пул не. Ба бемории «бахшидан» гирифтор шавӣ нағз. Медиҳӣ, пулат намонад, ҷонат халос. Вале, хешамон ту бо ин рафторат ба касалии «гирифтан» мубтало мегардӣ. Ин касалӣ торҳои тортонак барин тамоми вуҷудатро печонда мегирад. Сад ҳазору ним миллиону як миллиона мегирию мехӯрӣ, вале сер шуданро намедонӣ. Одамизод ҳамин хел як махлуқи носерам. Қаноатро намедонад. Мол сер шавад, дигар ба обу алаф нигоҳ намекунад, болои хоку лой ғел зада, хоб меравад. Вале, хешамон, бандааш шири хомхӯрда, «боз бошад» мегӯяд. Ҳар чӣ қадар бошад, ба назараш боз кам. Рафта–рафта нафсаш зӯр мешавад, ба камаш тоқат намекунад. Ана баъд, хешамон, ба додани кас интизор нашуда, худаш зада мегирад. Барфкӯчии болои кӯҳ барин як ғелад, дигар худашро дошта наметавонад, ба ҷиноят даст мезанад, ба маҳбас меафтад. Хулоса, ҳамин як танга ё ду тангаи додаи ман рафта – рафта сабаби аҷалат мешавад. Ман туро нағз мебинам, хешамон, намехоҳам, ки умрат дар ҳабсхонаҳо гузашта, пеш аз аҷалат мурӣ. Барои ҳамин, баумед нашав, ҳеҷ чиз намедиҳам!
           
ҲАРДУ БАРОБАР
-- Хез, ин тараф, он тарафа бин. Набошад, қарзу қавола карда, нимта арақ гирифта биё. Мурдем-ку охир!
-- Хайр, арақа гирифта мебиёрам, сонӣ чӣ?
-- Ҳеҷ чӣ! Ягон рӯз ман арақ мегирам, ҳарду баробар мешавем.
-- Набошад ин хел кунем…
-- Чӣ хел?
-- Ҳозир ман намебиёрам, сонӣ шумо ҳам, арақ нагиред, ҳарду баробар мешавем. Ҳарду, ки баробар шавем, мазгия турш накунед-дия!

ЧОРЧӮБАИ РАСМ
Идибеки рассом дар ҳоле, ки аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, харидорро пешвоз гирифт. Дар дилаш ҳатто афсӯс хӯрд, ки ҳоло ин лаҳзаҳои нотакрорро имкони ба навор бардоштан нест. Бадхоҳу баддаҳонҳо бинанд: ӯ рассоми каму андак не, рассоми зӯр аст. Гувоҳи барҷастааш, ана ин – яке аз харидорони ашаддии асарҳои нодири ӯ ба таги дараш омадааст.
Харидор як – як рассомҳои ӯро аз назар гузаронд, ба даст гирифта, ба чор тарафаш зеҳн монд, ангуштонашро васеъ кушода, чорчӯбаашро бо ваҷаб чен кард.
-- Хӯш, ягон расм маъқул шуд? – аз ин рафтори тӯлонии ӯ ба танг омада пурсид Идибек.
-- Ҳоло не.
Бо мақсади ёрирасонӣ Идибек ба фаҳмондан сар кард:
-- Ана ин натюрморт! Ангуру мурӯд дар рӯйи табақ. Дар паҳлӯяш қадаҳҳо. Бинед, ҷилои рангу зебоияш чашмро мебарад.
-- Нағзу қадаҳаш майда.
-- Набошад, ана ин пейзажи зӯр. Саҳрои васеи лолазор. Гоҳ–гоҳ тамошо кунед, баҳри дилатон кушода мешавад.
-- Ин расми ганда не. Лекин чорчӯбааш майда будааст.
Идибек чизеро нишон надиҳад, ба вай маъқул намешуд. Ниҳоят ба танг омада, аз худи харидор пурсид:
-- Умуман, ака, ба шумо чӣ хел расм даркор?
-- Ба ман фарқ надорад. Фақат чорчӯбаи расм зӯр бошад. Як ҷойи девори меҳмонхонаамон нам кашида, доғдор шудааст. Барои паноҳ кардани ҳамон ҷо расмро  овехта мондан мехоҳам.

ҲУРМАТИ ХАРИДА
Ғуломалӣ бо як дӯсташ дар ҷойи кор қаҳва нӯшида, сӯҳбат менамуд. Ҳамин вақт сардораш даромад. Ғуломалӣ зуд ба ӯ ҳам қаҳва тайёр кард. Баъди қаҳваро нӯшида рафтани роҳбар дӯсташ аз Ғуломалӣ пурсид.
-- Ҳурмату эҳтироми шефат баланд аст?
-- Не.
-- Метарсӣ?
-- Не.
-- Набошад, чаро ба пешвозаш аз ҷой хеста, зуд қаҳва тайёр карда додӣ?
-- Э вай берӯю худобехабар аст. Таклиф накунам, ки худаш гирифта мехӯрд. Барои ҳамин, обрӯямро нигоҳ дошта, худам қаҳва дароз кардам.

Ҳоҷибек мошини нав харид. Ҳама ба зиёфати мошиншӯйӣ иштирок карда, таманноҳои неки худро изҳор карданд.
Қурбонмурод ба мансаби нав соҳиб шуд. Мардум ба ӯ умри дарозу саломати бардавом хоста, табрику муборакбодаш гуфтанд.

МАИШАТ
-- Ҳар рӯз ба куҷо рафта меоед?
-- Э асло напурсед. Чанд рӯз боз ба идораи ҷамоат мераваму корам буд намешавад. Худаш ҳам кирои кор не: ба як қоғаз имзо монда, мӯҳр заданашон даркор. Вале як рӯз раис бошад, котибааш несту рӯзи дигараш телпакдастиёраш ба кор ояд, худи калон бемор.
-- Э илоҷи ин осон. Пагоҳ равед, коратон ҳатман буд мешавад.
-- Э аз ҳамин қадар аз рафтуо хоки кӯчаҳоро сурма кардаму пагоҳ равам, онҳоро меёбам? Чӣ хел?
-- Ман аз онҳо як зиёфат қарздор. Телефон карда мегӯям, ки пагоҳ ба ҳеҷ ҷо нараванд, пешинӣ майда - чуйда карда мебараму якҷоя мехӯрем. Гӯшашонро наҷунбонда, бо ду чашми чор маро интизор мешаванд.
-- О кори ман ба шумо гарон намеафтад?
-- Э шумо аз ин тарафаш парво накунед. Ман умуман зиёфат – пиёфат намедиҳам. Лекин шумо рафта то пешин коратонро буд карда меоед. Ана баъд аз ҳисоби шумо як маишат мекунем.

ҚИМАТБЕК
-- Давлат муборак шавад!
-- Чӣ хел давлат?
-- О писардор шудед, писар ин давлати падар-дия! Хӯш, ба йигит чӣ ном мондед?
-- Э номашро асло напурсед, бародар. Ин як мазҳакаи гиряовар барин шуд. Ҳанӯз фарзандамон ба дунё наомада, барои номмонӣ ҷангу ҷанҷол хест. Бобоям одами диндору намозхон. Гуфтанд, ки набераам одами ҳалолу пок ва бодину диёнат шавад, Қутбиддин ном монем.
-- Хӯш?
-- Бибиаш ду даст боло бардошта, зид баромаданд, ки олама вайрон мекардагиҳо ин диндору намозхонҳо. Он кас гуфтанд, ки дар дами пириям набераам ба ман ғамхору меҳрубон шавад. Бинобар ҳамин, номашро Диловар мемонем. Диловар ҳам номи нағзу ҳам ба гӯш форам мерасад.
-- Хайр, ҳамин хел шуд?
-- Не, авлоди янгаатон ба як по истодаанд, ки ҳозир спортсменҳо одамҳои машҳуру серпул. Хоҳед – нахоҳед, номаш бояд Чемпион шавад. Рафту ба бахти мо чемпиони ҷаҳон гардад, ба таги пул монда, обрӯю эътиборамон ба ҳафт иқлими олам паҳн мешавад.
-- Хайр, Чемпион ҳам номи ганда не. Янга розӣ шуданд?
-- Умуман гирем, ба янгаатон номи Фахриёр маъқул буд. Мехост, ки фахри ёраш шаваду зиндагиашон ширу шакар барин гузарад.
-- Э конкурси номмонӣ эълон мекардед, мешудааст. Хайр, дар ин конкурс кӣ ғолиб омад?
-- Ҳеҷ кас. Ман, ки ятиму нодор ба воя расидаам, номашро Қорун мондан мехостам Қоруна медонед–а, як шахси афсонавие, ки фақат калиди дари ганҷинаҳояш ба 40 уштур бор мешуданд, худаш ба ҳисобу китоби давлату сарваташ сарфаҳм намерафтааст… Лекин рӯзи таваллудаш бовар кунед, ки тамоми кормандони таваллудхона барои шодиёнагирӣ баромада, моро гадои кӯча карданд. Аз фаррошу посбону боғбонаш қарздор гардидам. Гирифтани шаҳодатнома ҳам муфт набудагист. Ҷинигиам дошту номашро Қиматбек мондам. Бобову бибӣ, аммаву хола, тағову амакҳо, хулоса, хешу табор аз ман хафа шуданд. Лекин ман ба онҳо ваъда додам, ки ин дафъа занам дар хона зояд, ҳатман номи ёфтаи онҳоро мемонем.

ОБИ ХОЛӢ
-- Ака, кирои хӯрдан одам арақи нағз хӯрад. Ҳамту не?
-- Ҳамту.
--Ҳозир мо ягон касро мефиристем. Аз ҳамон арақи зӯраш харида мебиёрад. Номаш «Асалин» Шишааш ҳам антиқа. Худи шишаашро мебинеду ошиқи шайдо мешавед. Шиша не, асари нодири санъат.
-- Ӯҳ - ҳӯ…
-- Фақат нархаш аз арақҳои оддӣ ду – се маротиба қиматар.
-- Майлаш.
-- Хӯрданаш ҳам ба одам як олам ҳузуру ҳаловат мебахшад. Бӯйи бад надорад, талху заҳар барин не, мисли дигар арақҳои сохтаву арзон роҳи гулӯро бо корд чок кардагӣ барин сӯзонда намегузарад.
-- Хайр?
-- Худи арақ зӯр–дия. Арақ не, арақҷон. Баъди нӯшидан сахт маст намешавед, хоб зер намекунад, дарди сар азоб намедиҳад, дар ягон ҷо афтода намемонад, ҳатто бӯяш аз даҳонатон намеояд. Читу ҳамин хел арақ!
-- Намешавад! Арақа пул дода, харида хӯреду саратонро натафсонад, маст накунад, бӯяш аз даҳонатон наояд, димоғатон чоқ нашавад, маст шуда дар кӯчаву даруни ҷӯй афтода хобиданатонро касе набинад, вай арақ не, оби ҳолӣ будааст. Ман аҳмақ не, ки ба оби муфти Худо пул диҳам. Обатонро худатон хӯред!

ГАПИ МАРД ЯКТА!
            -- Балотона гирам, акаҷон, ҳозир садта рехта надиҳед, ҷо ба ҷо мемурам. Агар дар ҳамин ҷо мурам, хунам ба гардани шумо меафтаду то рӯзи қиёмат ин доғ дар рӯятон мемонад.
            Майзада ба дарун надаромада, амонат ба курсии сари кӯча нишаста, умедворона ба соҳиби ҳавлӣ нигарист. Аз хумори арақ ба пояш базӯр рост меистод, дастонаш меларзиданд, гапаш базӯр аз даҳонаш мебаромад.
            Ба ӯ раҳми соҳиби хона омад «Хайр, сад грамм арақ садқаи сар! Медиҳам. Агар надиҳам, ин афтода мурда монад, ғавғои калоне хеста, ба бало мемонам!» ва дар як пиёла ба ӯ арақ баровард.
            Майзада бо як дам кашидан пиёларо холӣ кард. Каме ба худ омад, дар чашмонаш нуре пайдо шуд, дар рухсораҳояш сурхӣ дамид.
            -- Ана ин гапи дигар! – аз кайфи арақ лаззатбарон мад кашид майзада. – Ҳазор бор садқаи шумо барин одами Ҳотами той шавам, меарзад. Акнун, акаҷон, хоки поятон шавам, боз садтаи дигар рехта диҳед, онҳо дар ишкамам ҷуфт шаванд, тамом, ман меравам. Худо хоҳад, пешгоҳи ҷаннат аз они шумо мешавад!
            «Боз сад грамм арақи дигар дунё не-ку! Медиҳаму ҷонам халос». Соҳиби хона боз як пиёла арақ овард.
            Майзада онро ҳам нӯши ҷон сохта, ҷасуртар шуд. Дар курсие, ки то ҳол амонат менишаст, гӯё тахти подшоҳӣ бошад, амирона ҷой гирифт.
            -- Биёр! – ин дафъа ба «ту-ту» гузашта, дӯғ зад. – Аз давлати ту боз садта занем, гадои кӯча шуда намемонӣ. Ба Худо, ки ҳамин дафъа мехӯраму меравам. На ту маро мебинӣ, на ман туро. Гапи мард якта!
            «Э безор кард-ку, ин муттаҳам! Хайр, майлаш. Хӯраду тезтар дафъ шавад!» Соҳиби хона боз ба пиёла арақ рехта баровард, ки аз ин шилеми фалғар халос хӯрад.
            Майзада онро ҳам ба ҳалқумаш рехт.
            -- Хуш омадед, - даст пеши бар гирифта, хушомадомез гуфт соҳиби хона. – Илтимос, акнун равед.
            -- Ман ба ҳеҷ куҷо намеравам! Худи ту кистӣ? Дар ин ҷо чӣ номаъқулӣ мекунӣ? Канӣ, зуд гум шав…
            Аз ин гапҳо ғазаби соҳибхона ҷӯшид ва ба қафои майзада як лагад зад.
            -- Поятон дард накард, акаҷон? Э саломат бошед! Барои арақ ҳазор раҳмат. Ман рафтам, - гӯён майзада зуд дар як лаҳза ғайб зад.

ТӮЙ МАЪРАКАИ НАҒЗ
            Тӯй гумбур. То рафт ба авҷи аълояш мерасад. Моро хушнудона пешвоз гирифта, ба гирди мизе шинонданд.
            Бинам, мансабдоре, ки садҳо бор ба наздаш мерафтаму корамро буд намекард, дар рӯ ба рӯям нишастааст. Зуд ба қадаҳҳо арақ рехта, ҳамчун рамзи ҳурмату эҳтиром аввал ба ӯ, баъд ба дигарон дароз кардам.
            -- Ҳӯ гӯрсӯхта! – ба ӯ рӯ оварда гуфтам. – Арақа гир-е, бар падаракат лаънат!
            Аз баландии овози карнайи ҳофизон чизе шунида намешуд. Вай мамнун ташаккур гуфт ва ҳатто барои тасдиқи суханони ман қадаҳашро на танҳо бо ман, балки бо дигарон ҳам «ҷанг» андохт.
            Ҳама бардоштем. Ҳофизон ҳамоно мардумро ҷинӣ мекарданд.
            --Аз мансабакат сарғалтон равӣ! – бори дуввум ба қадаҳҳо арақ рехта истода гуфтам. -- Ҳӯ номарди ҳаромхӯри бюрократ. Ба ҷойи корат равам, имрӯзу пагоҳ гуфта, аз ҷонам безор кардӣ-ку! Э илоҳо хонаат сӯзад!
            Ман навбати нӯшбодро ба ӯ додам.
            Вай чиҳо гуфт, агар худаш нашунида бошад, ман чизеро намешунидам ва намефаҳмидам.
            Баъд арақро рехта истода, занашро ҳақорат додам.
            Миннатдорона сар ҷунбонд.
            Холаву амма ва духтару хоҳараш ҳам аз қатор намонданд.
            -- Ҳа, майлаш, ман розӣ, - даҳон пушти гӯш розӣ шуд.
            Бо ҳақорати хешу таборонаш сар карда будам, ки қувваи барқ якбора қатъ гашт ва ҳофизон ҷоғашонро бастанд.         
            Акнун гапи якдигарро бемалол шунидан мумкин буд.
            -- Мо бо ҳар кас наменӯшем, - гуфт ӯ. – Бо шумо аз шинос шуданам ман як ҷаҳон хурсанд. Илоҳо саломат бошед! Агар ягон коратон бошад, бемалол ба наздам биёед, ман ҳамеша ба хизмат тайёр.
            Ман ваъда додам.
            Тӯй маъракаи нағз–дия. Ҳангоми сурудхонии ҳофизон одам бемалол дилашро холӣ карда метавонад.
           
ҶАҲОНПАҲЛАВОН
            Дар болои кати айвони чойхона чоғи Мардонқул метафсид ва лоф мезад.
            -- Одамизод як бор ба дунё меояд. Барои ҳамин як рӯза бошад ҳам, хурӯс бошад.
            -- Ҳа, хурӯс будан лозим, - гапи ӯро тасдиқ кард яке аз ҳамсӯҳбатон.
Мардонқул рӯҳи тоза гирифт.
            -- Рӯзе як ҷинқарча бо ман гапгардонӣ кард. Ба нағзӣ фаҳмонданӣ шудам, нафаҳмид, муттаҳам. Ба таги ҷоғаш якта фаровардам, ки парчини замин шуд. Ҳозир ба сояам салом медиҳад.
            -- Дар ҳақиқат шумо зӯр, ака, - ӯро болобардор карда гуфт дигаре.
            -- Ҳа, дар ин дунё аз ягон кас забонкӯтоҳ шудан лозим не. Саҳл суст биёед, тамом, таги по мешавед. Ана баъд латта мешаведу касу нокас пояшонро тоза карда, аз болоятон бемалол гузашта рафтан мегиранд.
            -- Рост…
            -- Ҳа, одам бояд ғурури мардӣ дошта бошад. Набошад, ба мард шим пӯшидаву сар бардошта гаштан намезебад. Кадом рӯз корам ба роҳбари як ташкилот афтод. Худашро дар назди мо корафтодаҳо Худои рӯйи замин метарошид. Хӯрдагирӣ кард. Ду–се бор ба нағзӣ гуфтам, ки корамро буд кунад, не, падарлаънат, накард. Ба ҷонам расиду бо як даст аз гулӯяш дошта, баробари қадам бардоштам ва ба девор зер кардам. Пойҳояш аз замин канда шуда, питиррос зада монд. Нафасаш гашт, ранги рӯяш мурда барин канд. Пештар, ки ту–ту гуфта, назару писанд намекард, ба шумо-шумову акаҷон гуфтан даромад. Оҳиста ба замин мондам. Худи ҳамон замон корамро буд кард. Ҳозир кори ягон кас ба вай афтад, маро пеш–пеш карда, ба наздаш мебарад.
            -- Алави чашмашро гиред, одами мағруру худобехабар ҳам, абрешим барин мулоим мешавад.
            -- Ҳазор бор шукр, ки ҳозир ман ба ғайр аз Худо аз касе наметарсам. Бо гапи нағз нашавад, зада шафтолу барин пӯла мекунам, пачақу маҷақашро мебарорам. Ба касу нокас сар хам кардан ба мард намезебад…
Дар ҳамин ҷо гапи ҷаҳонпаҳлавон дар даҳонаш чала монд. Чунки аз дур сиёҳии занаш намудор гашт.    
            Вай зада ба сӯйи хонааш шитофт.
            Ин рафтори ӯро дида, мӯйсафеде лабханд зад:
            -- Зӯр ояд, хурӯс ҳам аз мокиён метарсад!


СОЯИ МАНСАБ
            --Аз ҳар рӯз ганда кардани шефат даҳонат дард намекунад? Хайр, сардори пештараат дар ҳақиқат порахӯру баднафс бошад, инаш чӣ? Навашро ҳам ҳар рӯз аз гӯр гирифта ба гӯр задан чӣ фоида?
            -- Э вайяш дар пеши инаш патаки калӯш шуда наметавонад. Инаш аз ҳад гузаронда истодааст.
            -- Табиӣ, ки ҷойрӯбӣ нав нағзу тозатар мерӯбад.
            -- Дуруст. Шефи пештара дар ҳар ҳафта ё даҳ рӯз як маротиба коргаронро фиреб диҳад, инаш ҳар рӯз моро ба маймунбозӣ меандозад. Хулоса, фиребгари дараҷаи олӣ!
            -- Ин хел бошад, нағз–ку?! Ба хизматаш маҳкамтар миён банд: аз дур бинӣ, диққат шуда салом деҳ, атса занад, ба сад дароед гӯй, ба ҳоҷатхона равад, аз пасаш қоғазу кулӯх бар…
            -- Э монед–е, ака, як лаганбардориям кам буд. Аз болоям нахандед.
            -- Чаро механдидаам? Аз хандидан Худо нигоҳ дорад. Ин гуфтаҳои ман бесабаб не. Аз ин хел кирдору рафтораш маълум мешавад, ки ояндаи шефат дурахшон аст. Аз ҳоло ба дилаш роҳ ёбӣ, минбаъд дар сояи мансабаш давру даврон меронӣ, э нодон!
           
ИН ТАРАФАШРО ХУДАТОН ЁБЕДУ ГИРЕД
            -- Ба Шоҳдара рафта будам. Э ҷойи зӯр будааст. Биҳишти рӯйи замин-е! Шоҳи анҷирҳо ҳам дар ҳамон ҷо будааст. Рости гап, ба анҷир гуфтан забонам намегардад. Анҷир не, хумчаҳои асали ғурушадор барин. Аз ҳамон ҷо тахминин 80 – 100 кило анҷир харида оварда, хушк карда гирифтам. Ҳоло даст расонед, шақаррос мезанад. Исту бисти анҷир глюкоза–дия.
            -- Кофта–кофта, ниҳоят аз дараи Бобониёз асали тозаи моҳи май ёфтам. Тилло барин заб–зард. Бинед, чашматонро мебарад. Бӯяш, бедурӯғ одамро девона мекунад. Мазааш – таъми ҳазору як хел гулу гиёҳ дорад. Ҳар саҳар онро ба кӯфтаи седона як чумчагӣ хӯред, ҷигаратонро бало намезанад. Барои одамизод асосиаш ҷигар. Ҷигар ин лабораторияи тамоми узвҳои дарунаи одам. Ҷигар соқ бошад, одам саломат аст!
            -- Ҳузури ҳаловати фасли зимистон чормағзи коғатии серравғану мавизи кишмиши сиёҳи лалмигӣ. Онҳоро кӯфтаву якҷоя карда хӯред, адреналини одам. Одам бо аҳли хонавода аз ин гуна неъматҳои атокардаи Худованди карим истеъмол карда истад, асп барин бардаму бақувват мегардад, чӣ будани шамалаву зукомро намедонад.
            -- Миҷози шинии тут гарму хушк аст. Гӯшти гӯсфанду равғани бодом дар пеши он номаъқул кунад. Он боз пушту камари мардро бақувват месозад. Як косаашро дам кашида, дар чиллаи зимистон яхи рӯйи ҳавзро шикаста, оббозӣ кунед, ки бало намезанад.
            -- Як ҷӯраи нағзи кӯҳистониям 30 – 40 хел гулу гиёҳҳои доруворро хушк карда дод. Дар рӯйи халтачаҳояш чӣ ном доштан, ба кадом дардҳо даво будан, кай ва чӣ қадар хӯрданашро навишта мондам. Онҳо ба оромии асаб, ҳазми таом, бедор кардани иштиҳо, паст кардани фишори хун ва ҳазору як хел дардҳо даво. Фоидаи онҳоро ҳатто алломаи соҳаи тиб ҳазрати Ибни Сино ҳам дар китобҳояшон навиштаанд…
            Ӯ дар маъракае, ки аз пешгоҳ ҷойгир буд, дар бораи фоидаи неъматҳои табиат гап мезаду гап мезад.
            Аз ин хел гапҳои якмароми ӯ марди пойгаҳнишине ба танг омада, кӣ будани ӯро оҳиста аз ҳампаҳлӯяш пурсид.
            --Аз гапзаниҳояш маълум-ку, мудири дорухона, – ҷавоб дод ҳампаҳлӯяш. – Доруҳои химиявии зарарнокро ба мардум фурӯхта, худашро бо неъматҳои табии табобат мекунад. Ин тарафашро худатон ёбеду гиред…

ҚАҲРАМОНИ ДАВРОН
            -- Э, занакҷон, ба қади пачақат мурам-дия! Ту ғурбат набардор! Бе ҷангу ҷанҷоли ту ҳам мағзи сарам орухона. Ман аз як сар гӯям, ту хапу дам гӯш кун. Худат медонӣ, ки ман ба маърака рафта будам. Фотиҳа бошад, ки аз тӯй зӯртар гузашт. Наравӣ, нашавад. Зуд аз қатори одаму одамгарӣ мебароранд. Ту ҳам, ҳаргиз намехоҳӣ, ки шавҳари яккаву ягонаат аз қатори одамон монад. Ман нагӯям, ки худат панҷ-панҷаат барин нағз медонӣ: маъракаҳои ҳозира беарақу коняк намешавад. Ба пеши баъзеҳо шутур кушта зиёфат диҳӣ, ки арақу винояш набошад, он маъракаро маърака ҳисоб намекунанд. Баробари нозу неъматҳои зиёд дар ин фотиҳа ҳам нӯшокиҳо сероб буд. Як ҷӯраи нағзам илтимос кард, ки ба ҷойи ӯ як пиёла гирам. Худат гӯй, ки як кас илтимос кунаду ту илтимосашро ба замин гузорӣ, ин аз рӯйи одоб аст? Албатта не. Ман ҳам илтимоси ӯро рад карда натавонистам.
            Ҷигари дигар кас касал будааст. Духтурон ба ӯ гуфтаанд, ки агар арақ хӯрад, ҳамон замон пояшро дароз карда, ҷо ба ҷо мемурад. Вай ҳам ба зориву тавалло даромад, ки ӯро аз мурдан халос кунам. Дилам нашуд, ки ӯ мураду бачаҳояш ятим монанд. Хулоса, як пиёла ҳаққи ӯро ҳам нӯшидам.
            Боз як одами мошиндор бо зану бачаҳояш ба фотиҳа омада будааст. Худат аз рӯйи инсоф гӯй: вай нӯшаду бо зану бачаҳояш ба фалокати автомобилӣ дучор шавад, хуни ноҳақ ба гардани ман намеафтад?! Ба зану бачаҳояш дилам сӯхта, ба ҷойи вай ҳам як пиёла пур карда задам.
            Боз ду каси дигар баҳонаҳое пеш оварданд, ки ҳатто профессорони соҳаи ҳуқуқ ҳам садҳо ҷилд кодексҳоро омӯхта, рад карда наметавонанд. Хайр, дар дунё одаму одамгарӣ гуфтани гапҳо ҳаст. Ман имрӯз мушкили онҳоро осон кунам, фардо онҳо муаммоҳои ҳаёти моро ҳал месозанд. Хулоса, боз ба ҷойи киҳо ва чанд пиёла арақро ба таги бинӣ рехтам, рости гап, худам аниқ намедонам. Агар ягон буғгалтер ё иқтисодчӣ дар ҳамон ҷо мебуд, вай боз аниқашро мегуфт. Бовар кун, занакҷон, ба ту дурӯғу ба Худо рост, барои худам ягон қатра нӯшида бошам, дар ҳамин ҷойи истодам, кафида мурам. Ҳа, қади пастакат занад, занакҷон, беҳуда ба сарам ғурбат набардор. Ман дар он ҷо ишкамсерӣ нӯшида не, чанд касро аз мурдану бадбахтиҳо нигоҳ дошта, қаҳрамонӣ нишон дода омадам. Дар пеши виҷдонам оина барин софу беғубор. Ба одами бегуноҳ, қаҳрамони даврон тӯҳмат кардан нағз не. Иғвогару тӯҳматчӣ душмани Худо. Душмани Худо имрӯз ҷазо нагирад, рӯзи қиёмат азоби дӯзах барояш муқаррар.
            Аз азоби дӯзах тарс, э занаки беақлу фаросат!

САРВАТМАНД
            --Шавқибек одами зӯр будааст. Дар роҳи рафта истодааш аз одамони чапу рост салому алейкаш канда не. Гӯё онҳо хешу табори ҷониаш бошанд, пурсупосаш гарму ҷӯшон.
            -- Вай ҳамин хел шуданаш даркор.
            -- Устоди шайтонҳо барин ба фанду дурӯғгӯйи ҳам устухон надорад.
            -- Дуруст, ин тақозои зиндаиаш аст.
            --Каси намешинохтагияш нест. Зарур шавад, ҳамчун корманди архив авлоду аҷдодонашро бо ному фамиля, соли таваллуд ва ҷойи зоида шуданашон аниқ гуфта медиҳад.
            -- Ин хел кори ӯ ҷойи шакку шубҳа надорад.
            -- Иштиҳояш ҳам аждаҳо барин. Аз ҳаққи мардумхӯрӣ сер намешавад.
            -- Ин кораш нағз–дия.
            -- Э монед-е! Ман вайро ганда карда истодааму шумо тарафашро мегиред. О вай наҳси таппа-тайёр-ку?!
            -- Дуруст. Агар ҳамин хел набошад, сарватманд намешуд-дия!

Комментариев нет:

Отправить комментарий