четверг, 26 мая 2016 г.

ЗАРРАҲАҶВИЯҲО


ТОРТ
            Дар табақчае зани соҳибхона ба пеши меҳмон торт овард:
            -- Тортамон саҳл бемаза бошад ҳам, айб намекунед - дия.
            Меҳмон мазаи тортро чашида, гуфт:
            -- Торт ширину нағз–ку, янга.
            -- Куҷои ҳамин торт нағз. Ба пухтан вақти ман нашуд. Ин амакатон дар бозору ӯчор нӯноқ. Як тортеро бардошта овардаанд, ки на қабатин асту на таъму мазаи дуруст дорад. Пула ба кӯча партофта омадаанд.
            -- Ин хел нагӯед, янга, барои ман ширину бамаза аст.
            -- Чаро шумо тарафи амакатонро мегиред?
            -- Ба амакам ман чӣ кор дорам? Барои муфт буданаш тортро таъриф карда истодам!


СИҲАТӢ ДАР БЕМОРӢ
            -- Шаби дароз сарам лӯққосзанон дард мекунад. Ягон чирим хобам намебарад. Як моҳ боз аҳвол ҳамину сарам орухона.
            -- Гурдаҳоям шамол хӯрдаанд. Шинам хеставу хезам – шишта наметавонам. Маҷбур пагоҳӣ, пеш аз кор дору хӯрдам. 6 – 7 рӯз дар беморхона хобиданам даркор. Шояд нағз шавам.
            -- Як–ду сол боз дила мазеш не. Гоҳо чунон хала мезанад, ки ба мурдан розӣ мешавам. Дина ёрии таъҷилиро ҷеғ задем. Духтарҳо дуто аз ҷойи мулоимам сӯзан заданду гӯё аз он дунё гашта омадагӣ барин шудам.
            Ҳамин тавр, вай рӯзе набуд, ки аз бемориҳои худ шикоят накунад. Мабодо худаш сиҳат бошад, аз касал шудани фарзандон ё модари пираш менолид.
            Як ҳамкори пиронсолашон, ки бо вуҷуди бемориву нотавонӣ аз азобҳояш даҳон кушоданро ба худ раво намедид, рӯзе ба ӯ гуфт:
            -- Ба шумо ҳавасам меояд. Бо вуҷуди ин қадар касаливу шикоятҳо ҳар рӯз ба кор меоед ва аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки сиҳатии шумо дар бемориатон аст.

ДАР МАЪРАКА
            Мӯйсафеди беморе оҳу уфкунон ба маърака омад. Яке аз ҳамдеҳагон баъди салому аллейку вохӯрӣ пурсид:
            -- О бобоҷон, шуморо касал гуфта шунида будем. Нағз шудед, ки дар маърака мебнем.
            -- Не. Ҳанӯз дарди гурдаву пойҳо азоб медиҳад.
            -- Ин хел бошад, дар хонаи гармакак баҳузур хобед буд. Боз бемориатон хурӯҷ накунад?
            -- Ҳеҷ гап не. Ба маърака омадам, ки баъзеҳо маро бинанд. Набошад ба аёдатам рафта, бо ҷоғу манаҳашон аз умрам пештар мекушанд.

РОҲИ РАҲОӢ
            Яке бошаст мерафт. Гоҳ–гоҳ ба оқибаш менигарист. Ин рафтори ӯро шиносаш дида пурсид:
            -- Ҳа, худаш чӣ гап? Ин қадар ба куҷо метозед? Сӯхтор - пӯхтор ба амал омад?
            -- Не.
            -- Ягон саги газандае сур мекунад?
            -- Не.
            -- Набошад, чаро ин қадар саросема?
            -- Як дӯсти ӯбадаманаҳ дорам. Аз қафо омада истодааст. Ба дасташ афтам, гӯша майнаамро хӯрда, девона мекунад.
            -- А? - дӯсташ ҳам аз дур сиёҳии он мардро дида, қафо гашт ва ба хонааш даромада истода гуфт: -- Аз бало ҳазар. Саломатиам ба худам даркор!

ГУНОҲИ АСОСӢ
            Нозири давлатии автомобилӣ ронандаеро нигоҳ дошт.
            -- Чӣ гуноҳ кардед, медонед? – баъди ба наздаш омадани ронанда аз ӯ пурсид нозир.
            -- Се гуноҳ: ба пиёдагард роҳ надодам, тасмаи бехатариро набастам ва ба чароғаки сурхи светофор гузаштам.
            -- Гуноҳҳоятонро мардона тан гирфтед. Офарин! Акнун худатон гӯед, ки барои кадом яке аз инҳо акт тартиб диҳам?
            -- Барои асосиаш, рафиқ командир.
            -- Асосиаш кадомаш?
            -- Дар ин ҷо будани шуморо надида мондам.

ИСБОТ
            -- Китобе ба дастам афтод. Сар то по фачу лач. Боз ончунон ба хатоҳои имловию мантиқӣ роҳ додаанд, ки мондан гиред.
            -- Муаллифаш кӣ будааст?
            -- Як профессор. Устоди донишкада, ходими хизматнишондода, аълочӣ ва боз соҳиби чандин унвонҳо…
            -- Ин хел бошад нағз-ку!
            -- Чияш нағз?
            -- О бо ин китобаш харида гирифтани унвону дараҷаҳои илмӣ, кӯрсаводӣ ва шӯҳратгадоии худро исбот кардааст!

САБАҚ
            Арӯси ҷавон ангуштарини худро ба куҷое монд, худаш намедонист. Гум шуданашро модарарӯсаш фаҳмад, албатта сарзаниш мекард. Бинобар ҳамин, ӯ хапу дам баробари корҳои ҳаррӯзаи худ ангуштаринашро мекофт. Ҷойи накофтааш намонд. Рӯз бегоҳ шуду аз ангуштарӣ ҳамон дарак набуд. Чеҳраашро пардаи ғаму ноумедӣ фаро гирифт.
            Бегоҳирӯзӣ модарарӯсаш пурсид:
            -- Ҳа, келинмулло, чаро хавосатон парешону чор тарафро мекобед, худаш чӣ гап?
            -- Ангуштаринамро гум кардаам. Мабодо шумо дар ягон ҷо надидед?
            -- Ана гиред, – гӯён модарарӯс ангуштаринро аз кисааш бароварда, ба пеши келин гузошт.  
            -- Э бийимулло, ангуштаринам дар дасти шумо будаасту як даҳан нагуфтед-а? -гилаомез гуфт наварӯс. – Аз кофтана сарсонам баромад.
            -- Махсус нагуфтам, ки ин ба шумо сабақ шавад.

ТУФЛИИ НАВ
            Падар туфлии нави харидаашро аз қуттиаш бароварда, ба пеши писараш гузошта, амромез гуфт:
            -- Се–чор рӯз ин туфлиро дар таги пойи гову мол пӯш. Поруи оғилро барор. Дар замин каланд зан. Хулоса, даруни обу лой гашта, навиашро номаълум гардон.
            Ҳамсараш ин гапҳои шавҳарашро шунида, ба шӯр омад ва эрод гирифт:
            -- О дадаҷонаш, ҳушатон дар ҷояш? Худакатон дар навонавиаш ҳузур карда пӯшед, ки нодидаҳо дида, ҳавас кунанд. Охир туфли навро кӣ дар вақти порукашонӣ мепӯшад?!
            -- Ҷим ист, э занаки кӯтоҳақл! Ту ҳеҷ балоро намедонӣ! Туфли навро пӯшида ба кӯча бароям, шустанаш даҳҳо баробар қимат меафтад.

ЧАНГУ ХОКИ КӮЧА
            -- Одатҳои хуби миллии мо ҳоло ҳам дар қишлоқҷойҳо зинда будааст, – меҳмоне таги дари рӯфтаву обзадаи мардуми деҳаро дида, ба ҳамроҳаш гуфт. – Занону духтарони қишлоқатон саҳарӣ хеста, нағзакак таги дару кӯчаҳоро рӯфта, об мезадаанд.
            -- Балоя! – аз гапи меҳмон ба шӯр омада гуфт сокини маҳалла. – Ин ба расму оинҳои хуби миллии мо дахле надорад. Мардум таги дару кӯчаҳоро рӯфта, об мезананд, ки чанду хоки кӯча ҳангоми гузаштани мошинҳо ба даруни хонаву ҳавлиҳои дакадангашон надарояд.

САВОЛИ ЗӮР
            -- Ақлатон бошад, алафу гиёҳ хӯред. Онҳо нури чашми одамро зиёд мекунанд.
            -- Зардолу меваи беҳтарини табиат аст. Он ба дили одам қувват мебахшад.
            -- Чормағзу бодом ҳар рӯз дар рӯйи дастархонатон бошад. Онҳо ба ҳазору як дарди одам давост…
            -- Барои организми одам агар 15 хел витамин зарур бошад, 13 хели он дар таркиби себ мавҷуд аст. Себ хӯред. Себ кони моддаҳои шифобахш аст.
            Шахсе дар меҳмонӣ аз ҳар гуна нозу неъматҳои рӯйи дастархон хӯрда истода, фоидаҳои онҳоро як–як ба забон меовард. Ин гуна гапҳои ӯ, ки аз ҳад зиёд тӯл кашид, яке аз меҳмонон гуфт:
            -- Акаҷон, ташаккур. Аз шумо бисёр чизҳоро фаҳмида гирифтем. Акнун гӯед, ки чиро хӯрем, ки пули одам зиёд шавад!

ҚАРЗДОР НАМЕМОНАНД
            -- Э ин калонҳо аҷибанд! Мо гӯё гунаҳкору ҷинояткори ашаддӣ бошем, онҳо бепӯшт-пӯшт наҳ задаву дашном медодаанд-дия, – дар маҷлисе аз дӯғу даранги раҳбар яке ба танг омада, ба ҳампаҳлӯяш гуфт.
            -- Хафа нашавед, дӯстам, – ӯро дилбардорӣ карда гуфт ҳампаҳлӯяш. – Мардум ҳам қарздор шуда намемонанд.
            -- Чӣ хел?
            -- Ҳамин, ки калонҳо аз мансаб каллапаррон рафтанд, мардум ҳамакаса тагу болояшонро пур карда, ҳақорат медиҳанд.


ЛАНШАФТИ ТАБИӢ
            Бо мошини сабукраве се нафар аз роҳи байни чӯлу саҳро мегузаштанд. Дар канори роҳ ҷо–ҷо хонаҳои мардум ба назар расад, ки дару девор надошт. Гову моли соҳибони хона ба чашм хӯранд, ки гулу ниҳол ё сабзаеро дидан мумкин набуд.   
            -- Аҷаб мардумонеанд одамони ин ҷойҳо. Дар пеши хонаҳояшон ақаллан ду бех ниҳол ё чор бутта райҳон ҳам нашинондаанд-е?! Об набуданаш маълум. Охир ҳамаи гулу ниҳолҳоро бо оби таҳорату дастшӯйиашон ҳам сабзондан мумкин аст.
            -- Сабзондан осон. Вале махсус ин гуна корҳоро намекунанд.
            -- Чаро? – ҳайрон шуд марди пурсанда.
            --Охир ба вайрон кардани ҳусну зебоӣ ин ҷо, яъне ланшафти табиӣ дилашон намешавад.

ШИРИНӢ КАРД
            Яке шариконашро дар як гӯшаи бозор гузошта, худ ба растаи шираворфурӯшӣ рафт, ки ба хонааш як чиз–ним чиз харад. Вай аз як сар таъму мазаи қанду қандалот, чақ–чақи дандону печак, ҳалвои лавзу ресмонӣ, наботу ҳалвои пистагӣ ва ғайраро чашида дидаву қариб ним соат бо ҳалвофурӯшон гуфтугӯ карда бошад, ки бо ду дасти хушку холӣ баргашт.
            Дӯстонаш ҳайрон шуданд. Яке пурсид:
            -- Э ҳеҷ чиз нагирифтед-ку?! Ё ҳалвои табъи дил наёфтед?
            -- Не, ҳалвоҳои нағз бисёр буданд. Вале падарлаънати худи пул ширинӣ кард.

ПЕШГИРӢ
            -- Шунидам, ки, акаҷон, касал шуда ба беморхона хобидед. Як вақт нашуд, ки рафта хабар гирам.
            -- Ҳеҷ гап не. Ман медонам, ташвишатон бисёр. Баъзан ҳамин хел ҳам мешавад.
            -- Чӣ хел касал будед?
            -- Ҳеҷ хел касал не.
            -- Ин хел бошад, барои чӣ дар беморхона хобидед?
            -- Барои касал нашудан.

ҚАРЗ
            -- Ҷӯраҷон, ягона умедам ба шумо. 300 доллар қарз дода истед. Ба як ошноям доданам даркор. Пулатонро баъди се рӯз баргардонда медиҳам.
            -- Аниқ ки ҳамон 300 долларро баъди се рӯз ёфта медиҳед?
            -- Албатта, бовар накунед, қасам хӯрданам мумкин.
            -- Қасам хӯрданатон шарт не. Ман медонам, ки вай ошноятон боз се рӯз тоқат мекунад. Одаме, ки 3 – 4 сол боз интизор аст, се солаш чӣ? Саратонро гаранг накарда, ҳамон 300 долларро гирифта, баъди се рӯз бурда ба ошноятон диҳед, осмон омада ба замин намечаспад.
           

МАҚОЛА
            -- Алло, асаллому алайкум! Ин ҷо редаксияи газета?
            -- Ҳа. Ваалайкум бар салом. Гап занед, ягон хизмат буд?
            -- Якто мақола чоп кардан даркор будааст. Чӣ кор кунам?
            -- Ҳамон мақоларо навиштед?
            -- Навиштам.
            -- Нағз. Наменавиштед ҳам, ҳеҷ гап набуд. Дар ин ҷо мардикорҳои навишта медодагӣ бисёр.
            -- Хӯш, акнун ман чӣ кор кунам?
            -- Ҳеҷ кор. Якто коняк, як қутти қаҳва, як кило шакарро ба даруни ҳамон мақолаатон печонда меоред. Мо мебинем, камбудиҳояшро дар ошхона ислоҳ мекунем ва мақолаатон худи пагоҳ чоп мешавад.

ШАВҲАР
            -- Шавҳаратон менӯшанд?
            -- Не.
            -- Мекашанд?
            -- Не.
            -- Аз паси занҳои дигар  медаванд?
            -- Не.
            -- О шавҳаратон як мардӣ идеалӣ будаанд–ку!
            -- Нестанд-дия.
            -- Нафаҳмидам.
-- Ҳоло ман ба шавҳар набаромадаам.
            -- Ин хел бошад, нағз – ку!
            -- Нағзи куҷо?! Бигузор, гарданд, нӯшанд, кашанд, муҳимаш барои ман шавҳар бошанд.

НОШУКР
            Мудири ошхона ба мизоҷи доимиаш гилаомез гуфт:
            -- Ака, шунидам, ки шумо хӯрокҳои пухтаи маро ба баъзеҳо наҳ задед. Ҳар рӯз аз ҳамин ҷо хӯрок мехӯреду боз ин хел гапҳо… Кадом хӯрокҳои пухтаам маъқул не?
            -- Умуман гирем, хӯрокҳоятон ганда не, мешавад.
            -- Ганда набошад, чаро танқид кардед?
            --Танқид не, ғамхорӣ кардам. Камбудиҳоятонро гуфтам, ки шумо ислоҳ шавед. Дар оянда боз нағзтар кор кунед. Хӯрокҳои хуштаъму бомаза пазед. Мизоҷҳоятон зиёд шаванд. Обрӯятон баланд гардида, номатон барояд. Шуморо ҳамчун ошпази моҳир дар конкурсҳои бонуфузи байналхалқӣ даъват кунанд. Шумо ғолиб бароед… Ҳамин хел шуданашро оё намехоҳед?
            -- Мехоҳам, албатта.
            -- Хоҳед, дилакатон ба ин хел чизҳо гум занад, чаро аз танқиди ман қавоқу димоғ карда, хафа мешавед?! Э ношукр-дия шумо! Ба ҷойи лабу лунҷ овезон кардан ташаккур гуфтанатон даркор нест?
            -- Ташаккур акаҷон!

САДАҚА
            -- Илоҳо кушоиши кору зиндагиатонро диҳад, акаҷон хайр кунед?
            -- Чанд пул даркор?
            -- Ақаллан ягон 50 сӯмакак дода истед. Садақа ради бало!
            -- Панҷоҳ сӯм кам нест?
            -- Хайр, сад сӯмакак диҳед?
            -- Сад сӯм ҳам пул шуд?
            -- Хайр, шумо 200 сӯм садақа кунед. Аз Худо мегардад.
            -- Сад сӯму дусад сӯм кирои ба даҳон гирифтан не. Ҳиммататон паст–дия. Мӯлтар пурсед, аз шумо ягон чиз меравад?
            -- Хайр, муллоакаҷон, ин хел бошад, 500 сӯм диҳед. Аҳволам вазнин, зиндагӣ мушкил, бачу качҳо бисёр…
            Ин талаби гадоро шунида, мард якбора оташ гирифт.
            -- Ӯй беинсоф! Аз ҳад нагузар-дия. Одамизод ин қадар баднафс намешавад. Худи ман дар киса 500 сӯм надораму аз куҷо ба ту 500 сӯм диҳам? Рав-е, баднафси худобехабар, умуман ҳеҷ чиз намедиҳам.

ЗИЁРАТГОҲ
            -- Ин ҷоҳоро бинед. Чӯлу биёбон аз ин ҷойҳо баобрӯтар. Сокинонаш ҳазорҳо бор ин аҳволро бинанд, ки оби ишкамашонро намеҷунбонанд. Э ақаллан чорта хасу хошокро барои ғундоштан ҳавсала надоранд-е!
            -- Кор карда истодаанд-ку, раис.
            -- Ниҳолҳо аз беобӣ хушк шудаанд. Агар гулу ниҳол шинонда, каму беш нигоҳубин кунанд, ин ҷойҳо ба боғи Ирам табдил меёфт.
            -- Кор мекунанд. Фақат мо намебинем.
            -- Боз чиро дидан мумкин? Э маош гиранд, ки вазифаҳои ҷонии худро иҷро намекунанд.
            -- Кор карда истодаанд. Ба иҷрои вазифаҳояшон ҳам баҳои панҷ мондан мумкин…
            -- Э шумо ҳам тӯтӣ шудед-дия: кор карда истодаанд, кор карда истодаанд? О чӣ кор карда истодаанд?
            -- Бо баҳонаи зиёрат аз ҳисоби ману шумо пул кор карда истодаанд!

КОРИ АСОСӢ
            -- Ту барин коргари зӯр нест-е! Пешқадаму ба ҳама намуна. Хайр, бигӯ, ки имрӯз корҳо чӣ хел шуд?
            -- Зӯри зӯр, акаҷон? Кори шабонаро тамом карда, аз пагоҳӣ боз ба кор сар кардам. Пешинӣ мисли аскарон зуд хӯрокамро хӯрда, боз ба кор часпидам. Кор ҳамеша пешрав бошад, нағз–дия. Кош дигарон ба кори ман халал нарасонанду ҳар рӯз ҳамин хел кор мекардам.
            Ин гуфтугӯйи ду нафарро шунида, шахси саввум ба ҳайрат афтод ва худ ба худ гуфт:
            -- Ин ҷавонро модараш барои кор зоидагӣ барин. Ғайраташ ҳамеша ҷӯш мезадааст. Ин хел одамон дар дунё ниҳоят каманд.
            Марди ҳолдоне тамасхуромез хандида гуфт:
            -- Кори он ҷавон ҳар рӯзи Худо зӯр. Шабона аз хоб мехезанду боз аз пагоҳӣ хоба мезананд. Кораш мол барин фақат хӯрдану хобидан аст!

КИТОБИ НАВ
            Омӯзгори чаласаводе як даста китобҳоро бардошта, ба дарсхона даромаду ранги рӯйи донишҷӯён парид. Барои донишҷӯ як тин ҳам пул аст. Баромадани пул баробари баромадани ҷонашон. Охир як умр аз ҳисоби ишкам зада намешавад-ку?!
            -- Шогирдони мӯҳтарам! Ба шумо нағзӣ кардани ҳастам. Ҳамаатон яктоӣ аз ин китоби нави ман гирифта, пулашро ба сардори гурӯҳ медиҳед. Хонед, донишу маърифататон баланд гардад, ба фоидаи худатон аст. Дар пеш имтиҳон буданашро ҳам фаромӯш накунед.
            Ҳама яктоӣ китоб гирифтанд. Донишҷӯе ғурунгосомез ба шарикаш гуфт:
            --Баланд шудани маърифатамро намедонаму ба ҳар ҳол як хонда баромадан даркор
            -- Албатта, – розӣ шуд ҳампаҳлӯяш. – Лекин муаллими мӯҳтарам ҷоҳиливу нафси бади худро бо ин китобашон нишон надиҳанд, дарди бахайр аст.

ҲАЙРАТ
            Дар чойхона марде, ки дина аз сафар баргашта буд, ба таърифи сафараш гузашт. Аз дидаву таассуротҳояш не, балки аз хӯрдану нӯшиданаш монда нашуда, гап мезад.
            -- Дар он ҷо гӯшти мурғу моҳӣ арзон будааст. Пазандаи зӯре ёфтем. Як мурғбирёнҳое пухт, ки мондан гиред. Ишкамдам гашта бошед, ки боз хӯрдан мехоҳед.
            --Ресторанҳояшро чарх задем. Ҳам хӯрокҳояш арзону ҳам хизматрасониҳояш ба дараҷаи олӣ будааст. Мантуяш бештар маъқул шуд. Ҳар яктояш пиёла барин. Хамири рӯйи мантуяш мисли пӯсти пиёз бошад, ки дарунаш пур - пури гӯшт. Аз ҳисоби пули бедардимиён хуб маишат кардем.
            -- Як рӯз ба лаби дарё рафтем. Моҳидори ҷинеша ёфтем. Дар ҳамон ҷо дошта, дар ҳамон ҷо мефурӯхтааст. Моҳии наваздарёдоштаро дар худи ҳамон ҷо пухта хӯред, мазаву лаззаташ тамоман дигар хел мешудааст. Як ишкам – як ишкам моҳӣ хӯрдем. Луқмаҳоямро ҳалолу дубора ба дунё омадагӣ барин пок шудем.
            Ва ӯ монда нашуда таъриф мекарду таъриф мекард. Дар айни вақти таъриф кабоби танӯрӣ даст ба ишкамаш бурда, саросемавор аз ҷой хест ва ба сӯйи ҳоҷатхона тохт.
            Баъди рафтани ӯ яке тамасхуромез гуфт:
            -- Ҳамаи хӯрдаҳояшро, ки бурда холӣ мекардааст, он чизҳо чӣ ҷои таърифу ситоиш дорад, ман ҳайронам?!

РӮЗИ ДАМГИРӢ
            Бевазане бо сару либоси нав ба бозор рафтани шуд. Писараш пурсид:
            -- Ба куҷо рафта истодаед, модарҷон?
            Ин пурсиши писар, ки ба назараш ҳамчун истинтоқҳои шавҳар ба гӯшаш расид, бо зарда гуфт:
            -- Шӯкобӣ.
            Писараш ҳам суст наомада, дарҳол гуфт:
            -- Имрӯз, якшанбе, модарҷон, наравед. Ҳамаи мардҳо рӯзи истироҳат пеши занҳояшон дар хона мешинанд.

РЕКЛАМА
            -- Ҳамин мудири баъзе ошхонаҳо чунон бесаводу нахонда, ки ақаллан эълонашонро бехато наменависанд.
            -- Ин корҳои онҳо аз бесаводӣ не, балки аз доноӣ аст.
            -- Чӣ хел аз доноӣ?
            --Оддиякак. Роҳгузарон чунин эълону рекламаҳои пурхаторо хонда, ошпазҳоро гӯлу гумроҳ мепиндоранд ва ба чунин ошхонаҳо бисёртар медароянд.

НИМКОСАИ ТАГИ КОСА
            -- Худам шахсан ба хонаатон рафта, ба тӯй хабар кардам. Шумо бошед, назару писанд накарда, як сари қадам наомадед. Одамгарӣ ин хел нашудааст – дия! Ман аз ин кори шумо хафа шудам.
            -- Мебахшед, ҷӯраҷон. Кори зарур баромада монд, илоҷ наёфтам. Худо хоҳад, шумо боз тӯй мекунед, мо албатта, меравем.
            -- Аз ҳамсинфон Тӯрабек, Асрор, Воҳид ҳам нарафтанд. Умедам аз шумо ин хел набуд…
            -- Мебахшед. Гоҳо ҳамин хел ҳам мешавад. Зиндагӣ, ташвиш…
            -- Албатта, ман мефаҳмам. Вале то ин дараҷа набудагист–дия…
            Ин гуна гилаву шикоятҳои ӯ, ки се–чор маротиба такрор шуд, ба дилам заду таркидам:
            -- Шуд, шуд, ман ҳамаашро фаҳмидам. Тӯрабеку Асрор ва Воҳидро гирифта, тӯй барин ба шумо як зиёфати калоне карда диҳем, ҷонамон аз шумо халос мешавад?
            -- Ана, ин гапи дигар, – мамнун шуд ӯ.
            Ман оҳи сабуке кашидам.

СИЁҲКОР
            Туфли пояш сафед. Ҷӯробаш ҳамранги туфлияш. Ҳамеша дар тан шиму костуми сафед мепӯшад. Онҳо бо куртаю галстуки сафедаш мос афтода, ба худаш мезебад.
            Бо мурури замон мӯйҳои сараш ҳам сафед шуданд. Вақте ки бо «Нексия»-и сафед ба тӯю маъракаҳо меравад, ҳама ба ӯ бо эҳтиром менигаранд, аз пешгоҳи маърака ҷой медиҳанд. Ҳурмату эҳтиромашро як бар даҳ ба ҷо оварда, хушомад мезананд, таърифу тавсиф мекунанд, чунки аз дасти ӯ ба ғайр аз некӣ ҳама кор меояд.
            Рӯзе  дар маъракае ӯро нишон дода истода, яке бо нафрат гуфт:
            -- Худоё, дилсиёҳу сиёҳкорон чаро ин қадар сафед будан мехоҳанд!

НАВОРИ ТӮЙ
            -- Тӯйро гузаронида, хеле сабук шудед. Хайр, тӯй чӣ хел гузашт?
            -- Худам намедонам.
            -- Соҳиби тӯй шуда истода, чӣ хел намедонед?
            -- Баъзан ҳамин хел ҳам мешудааст. Аз хурсандӣ, дидори дӯстон, тафси базму тараб бо инаш – ваяш якпиёлагӣ зада, рӯзи тӯй сарамро аз поям фарқ накарда мондам. Одами бочкаи арақ аз куҷо медонад, ки тӯй чӣ хел гузашт?
            -- Ҳоло ҳамин шуд гӯед?
            -- Ҳа. Вале баъди ду – се рӯз ҳамаашро гуфта доданам мумкин.
            -- Ҳозир, ки надонед, баъди ду –се рӯз аз куҷо медонед?
            -- Э шумо одами аҷиб-а?! Видеочӣ навори тӯйро тайёр карда биёрад, ҳамааш аён мешавад.

МАСЛИҲАТ
            Хоначаи котиби маҳалла хурд буд. Остонаи дараш баланд. Одамон вақти даромадан ба он пешпо хӯрда, қариб ба пеши пойи котиб меафтоданд. Ҳарчанд ӯ пешакӣ корафтодагонро огоҳ созад, ки боз онҳо остонаи дарро надида мемонданд.
            -- Чӣ кор кунам–а? – барои ҳалли ин муаммо рӯзе ӯ аз як дӯсташ маслиҳат пурсид.
            -- Ҳеҷ кор не. Илоҷаш бошад, болодориро пасттар кун. Натавонӣ, як парда овоз. Сонӣ, ғайр аз курсии худат ҳамаи курсиҳои дигарро берун барор. Корафтодагон пардаро болодарӣ гумон карда, хам шудаву таъзим дода ба пешат медароянд. Ягон курсӣ, ки нест, бо тавозӯъ рост меистанд. Ҳурмату эҳтиромат даҳчанд баланд мегардад.
            -- Ӯ-ҳӯ! – ин вазиятро хаёлан тасаввур карда котиб худ ба худ болид. – Зӯр! Хайр, ягон каси калоншаванда омада монад – чӣ?
            -- Ҳеҷ чиз. Давида хеста, ҷоятро медиҳиву худатон дастонатро пеш гирифта, таъзимкунон рост меистӣ!

БУЛБУЛИ ГӮЁ
            Чанд нафар шиносҳо паси мизҳои пурнозу неъмати тӯйхона менишастанд. Яке ба сухан баромада буду гап мезад. Аз байн чандин дақиқа гузашта бошад, ки ӯ ҳамон сухани табрикиашро ба охир намерасонд.
            -- Табрики ин мардак рӯдаи уштур барин дароз шуд-е! – эрод гирифт яке. – Кай суханашро тамом мекарда бошад?
            -- Тоқат кунед, ҳоло ба тамом карданаш боз вақти зиёде ҳаст, – дар ҷавоб гуфт дигаре.
            Дӯстон нӯшидану хӯрданро давом доданд. Аз байн боз 5 – 6 дақиқаи дигар гузашт. Он мард ҳамон булбули гӯё буд.
            -- Э ин мардак ҳоло ҳам гапашро, тамом накард?
            -- Не.
            Хӯроки дуввумро оварданд. Вале нотиқ ҳеҷ не ки сухани табрикашро ба охир расонад.
            -- Безор шудем, ин мардак заводи гап барин–е! – гуфт боз яке ки аз суханронии фачу лачи ӯ ба танг омада буд. – Табрик ҳам як–ду дақиқа будагист - дия. Бисёраш дилбазан мешавад. Гапа ғоз додан чӣ даркор? Мақсадро лӯнда карда гӯяду, навбатро ба дигарон диҳад…
            -- Тоқат кунед, дӯстам,  – ба соаташ нигариста гуфт, ҳамон ҳампаҳлӯйи ҳолдонашон. – Ин одам муаллим аст. Аз рӯйи одат то 45 дақиқа гап назанад, суханашро тамом намекунад.
           
ХУЛОСАИ ДУРУСТ
            Се ҷӯраҳо ба назди қаҳвахонае омаданд. Онҳо нишаста, каме дили беғам задан мехостанд. Яке гуфт:
            -- Ин ҷо нағз, даруни ошхона тозаву озода. Хӯрокҳояш ҳам нисбаттан арзон. Вале арақаш сохтаи намешудагӣ. Ба ман маъқул нашуд.
            Дигаре гуфт:
            -- Дигарон ҳам аз ҳамин ошхона арақ мехӯранд?
            -- Ҳа.
            -- Ҳеҷ кас касал, дарунрав ё заҳролуд шуда намурдааст?
            -- Не.
            -- Ин хел бошад, ба ҳамин ошхона медароем. Арақаш ҳам нағз будааст!

САВОБИ ҲАҶ
            -- Одамони доро ба зиёрати Маккаву Мадина рафта, ҳоҷӣ шуда истодаанд. Баъзеҳо пули ҳаҷро ба таъмири роҳҳои қишлоқашон сарф карда, савоби ҳаҷро мегиранд.
            -- Дуруст. Ҳозир ҳам ҳамин хел карда истодаанд. Масалан, Эшонбеки ҳаммаҳаллаи мо ҳам ҳамин хел кард.
            -- Роҳҳои қишлоқро мумфарш кард?
            -- Не. Вай аз мардум барои таъмири роҳ пул ҷамъ кард – пул ҷамъ карду бо ҳамон пулҳо ҳоҷӣ шуда омад. Ҳоло ҳама ӯро ҳақорат медиҳанд.
           
ҶАВОНОНИ ИЛҲОМБАХШ
            -- Устод, мо ҳар рӯз ба ҳузури шумо меоем. Сабақ мегирем. Мабодо ба коратон халал намерасонем.
            -- Не, шумо ҷавонон коркушак не, илҳомбахш мебошед.
            -- Росташро гӯем, устод, мо ба назди шумо барои қаҳванӯшӣ меоем. Қаҳвае, ки шумо зиёфат мекунед, дар ягон ҷо нест.
            -- Ман аз шумо миннатдорам, шаҳбозҳо.
            -- Барои сӯҳбату қаҳва нӯшидан?
            -- Не, барои он, ки шумо ҳамроҳи худ боз се–чор нафар донишҷӯйи гуруснаи дигарро ҳамроҳи худ намеоред.

МАҚСАД
            Молҳои раиси хоҷагӣ дар гирду атрофи замин мечариданд. Посбон, ки шабу рӯз дар бошишгоҳ буд, вай ҳам говашро овард. Аз байн як ҳафта нагузашта, ваъзгӯйии раис сар шуд.
            -- Молҳо аҷали ниҳолу дарахтонанд. Ба ниҳоле даҳонашон расад, тамом, онҳо ҷавонмарг мешаванд.
            -- Ҳаво то рафт гарм мешавад-е! Баробари тафси ҳаво баракаи алафҳо ҳам парида истодаанд.
            -- Касалии молҳо дар давраи тобистон  авҷ мегирад. Ҳар хел магасу пашшаҳо касалиҳоро аз як мол ба моли дигар мегузаронад. Одам саҳл бехабар монад, ҷо ба ҷо мурда мондани гову гӯсфандон ҳеҷ гап не.
            -- Бекорхӯҷаҳо ҳозир бисёр шудаанд. Барои ҳамин ҳам, ҳоло молдуздӣ авҷ гирифтааст. Дина шаб гови як ҳамсояамонро дуздида рафтаанд… 
            Ин гуна гапҳои раис, ки торафт зиёд мегашт, рӯзе посбон дигар тоқат накарда гуфт:
            -- Мақсадатонро фаҳмидем, раис. Муғлақу пардапӯш карда гӯшу майнаи одамро хӯрдан чӣ лозим?! Якбора говатро гиру бар гӯеду монед.
            Ва ӯ говашро кушода, ба сӯйи хонааш кашола кард ва дигар ба посбонӣ наомад.
            Аз байн як ҳафта нагузашта, ду гови калони раис гум шуд.

ШАҒАЛ
            Дархости мӯйсафедро шунида, ронанда маслиҳатомез гуфт:
            -- Амак, барои ман фарқе надорад. Ман гирифтани пулро медонам. Худатон як фикр кунед: барои як замбарғалтак барин чиз як КамАЗ шағал хариданатон шарт аст?! Ана бинед, шағали барзиёди чандин ҳамсояҳо кӯчаро банд карда хобидаанд. Пурсед, не намегӯянд. Гиреду коратонро буд кунед.
            --Дуруст, вале ман аз оқибаташ метарсам.
            -- Чӣ хел оқибат?
            -- Ҳаққу ҳамсоягарӣ. Ягон рӯз гапамон гурезад, чӣ мешавад?
            -- Ин ба шағал чӣ дахл дорад?
            -- Дахлаш калон, ҷиян. Гапамон гурезад ва ё барои ду пула чиз ҷанҷол хезад, ҳамон шағалашонро миннат карда, ба рӯям мезананд. Ман нокасу ноодам будан намехоҳам. Барои ҳамин, илтимос, ҷиян, як мошин шағала биёр!

УСТО ВА ШОГИРД
            -- Усто, мебахшед, як гапро аз шумо пурсам. Мегӯянд, ки тамоми шогирдон аз устоҳои худ пеш мегузаранд. Ҳамин гап рост аст?
            -- Рост ҳам гап? Ҳақиқати кулл.
            -- Дар ҳаёти шумо ҳам ҳамин хел шогирдон вохӯрданд?
            -- Э-ҳе, ҷудо бисёр. Масалан, аз рӯйи рисолати касби дуредгариам ман дурӯғгӯйӣ намекунам. Сигор намекашам. Арақ намехӯрам. Ба амонати касе хиёнат намекунам ва ҳоказо. Вале ин шогирдони падарқусури ман, усто нашуда, аз ман фарсахҳо пеш гузаштаанд. Яке дар дурӯғу фиреб чунон усто, ки маро ба лаби дарё ташна бурда, ташна меорад. Дигаре аллакай сигоркаши талабандаи ашаддӣ шудааст. Эшонча дар арақхӯрӣ ҳамто надорад. Эъ, инҳо магар нишонаи аз усто пеш гузаштани шогирдҳо не?
            -- Ҳа… Дар ҳунари дуредгарӣ чӣ?
            -- Эъ ин тарафашро асло напурсед?! Аз ман балоро наомӯхта бошанд, ки аллакай ҳамчун усто се-чорнафарӣ шогирд гирифтаанд.

ҲЕЗУМ
            Яке аз таги дари ҳамсоя гузашта истода, мошини пури ҳезумро дид. Ҳамсоя дар тараддуди фаровардани он буд.
            -- Э монда набошед, ҳамсоя. Азобатон зӯр-е! То ин қадар ҳезумро мефароред, арра мекунед, майда мекунед, даста мекунед, мебандед, ба дарун мекашонед ва ҷой ба ҷой мекунед, онаи зоратонро мебинед-ку?! Ба шумо раҳмам меояд.
            -- Хайр, ака, зиндагӣ-дия, – бо сари хам ҷавоб дод ҳамсоя. – Дигар илоҷе надорам. Ягон роҳи осонаш бошад, маслиҳататонро дареғ надоред. Як умр миннатдор мешудам.
            -- Роҳи осонаш ҳаст. Мошинро бо ҳезумаш бурда, ба таги дарвозаи мо чаппа кунед, ҷонатон аз ҳамааш халос мешавад.
           
ИЛОҶИ БЕҲТАРИН
            Зан аз тӯй баргашта, ба шавҳараш гилаомез гуфт:
            --Ман ҳам худамро зан гуфта гашта будаам-дия. Занҳои одамон як либосҳои қиматбаҳо пӯшида, ба тӯй омадаанд, ки ҳуш аз саратон мепарад. Дар тан куртаҳои олиҷаноб, дар гӯш ҳалқа, дар даст ангуштариҳо қатору дастпона. Боз занҷирҳои тиллоӣ дар гарданҳояшон. Шумо ҳам аз ҳамон хел чизҳо  харида диҳед, ки ман ҳам аз паси шумо дар тӯю маъракаҳо як каттагӣ кунам.
            -- Хайр, ягон илоҷашро меёбам.
            -- Э мурам ба шумо мардакҷон, акнун харида медиҳед?
            -- Не, дигар ту ба тӯю маъракаҳо умуман намеравӣ!

ТАРОЗУ
            Ҷавоне ба савдогари бозор шогирд истод. Вай сабзавотро бо як нарх харида, аксаран бо ҳамон нарх мефурӯхт. Ҷавон аз ин рафтори устодаш ҳайрон шуда, рӯзе пурсид:
            -- Устод, шумо маҳсулоти харидаатонро қариб ба ҳамон нарх мефурӯшед. Аз ин ба шумо чӣ фоида-а?
            -- Э нодон, – ба надомат ҷавоб дод устод, - ман бо ин роҳ қариб як ба як фоида мекунам.
            -- Чӣ хел?
            -- Охир намебинӣ, ки ман вақти харидан бо як тарозу баркашида мегираму вақти фурӯхтан - бо тарозуи дигар.

НАБЕРАИ ДОНО
            Пиразан набераи сесолаашро бардошта, аз сари дастархон хест ва узромез ба меҳмонон гуфт:
            -- Э Худоё, аз дасти ин бачаҳо рӯз нест. Шумо баҳузур хӯрдаву нӯшида шинед. Ман ҳозир набераамро хобонда бароям, баъд бафурҷа сӯҳбат мекунем.
            -- Бемалол, холаҷон, дароварда хобонед, мо ҳоло аз дидору сӯҳбати шумо сер нашудем.
            Кампир бо наберааш ба хонаи дарун даромад. Аз байн ним соат нагузашта, наберачааш нӯг - нӯги по аз хона баромад ва ба меҳмонон гуфт:
            -- Ҷим! Бибиамро базӯр хобондам!

ТАҒО БА ҶОЙИ ҲАФТ ПАДАР
            Ба хонаи як марди духтардор хостгорон омаданд. Аз рӯйи таомул ба онҳо якбора ҷавоби аниқе надоданд. Чунки напурсидаву намонда дар ин масъалаи муҳим якбора ба як қарори қатъие омадан аз доираи ақлу хирад берун аст. Барои пурсуҷу чанд нафар масъул шуданд.
            Пас аз се рӯз шӯрои олавӣ ба амал омад. Дар натиҷаи разведкаи шахсони масъул маълум шуд:
            Падару модари ҷавон аз авлодони одамони дуруст будаанд.
            Ҳавливу ҷояшон ба таъриф меарзидааст.
            Ду-се мошин доштаанд.
            Худи ҷавон кирои домод гуфтан будааст. Духтарҳо барин қобил. Ҷангу ҷанҷол, ҳақоратро намедонистааст. Арақ наменӯшидааст. Сигор намекашидааст. Ҷӯрабозу нашъахӯрӣ намекардааст. Дуздӣ ё фиребу найрангро намедонистааст…
Дар ҳамин ҷойи шӯрои машваратӣ тағои духтар оташ гирифта, аз ҷой хест ва гуфт:
            -- Ҷавоне, ки нанӯшад, накашад, ҷӯрабоз набошад, ақаллан дуздию ғарӣ накунад, вай чӣ хел зану бачаашро мепояд? Даркор не, ба мо ин хел домод! Ман ба хору зор шудани ҷиянам роҳ намедиҳам.
            Фикри ӯ ҳамаро гаранг карда монд.
            Рӯзи дигар ба хостгорон ҷавоби рад доданд.

САРТАРОШ
            Кор кирои гуфтан ҳам набуд. Ба ӯ фақат як имзои раҳбар лозим буд. Вале раҳбари таъмаҷӯ пеш аз имзо мондан бояд хориши дасташро мебаровард. Барои ҳамин, имрӯзу пагоҳ гуфта, ӯро сарсон кард.
            Ниҳоят ба ҷони мард расид ва ба қабули сардор даромада, бо оҳанги дӯғомез таркид:
            -- Э шумо худатон кистед, ки аз осмон меоед? Шумо баринҳоро ман бисёр дидаам. Ба назди ман як раҳбарони калон – калони идораҳои бонуфуз омада сар хам мекунанд, ки шумо ба гарди пойи онҳо баробар шуда наметавонед. Даркор не ҳамон имзоятон, ҳуҷҷатҳоямро гашта диҳед…
            Аз ин хел оҳангу суханони корафтода ранги роҳбар парид, мулоим шуд ва зуд имзо монд.
            Баъди рафтани ӯ аз як ходими ҳамадонаш пурсид:
            -- Ин одамро шумо мешиносед?
            -- Ҳа.
            -- Ӯ чӣ кор мекунад?
            --Сартарош.

Комментариев нет:

Отправить комментарий