среда, 21 ноября 2018 г.

Гуноҳамро бахш


Ҳикояи ҳаҷвӣ


Бандаи бечора ҳамеша гунаҳкор. Аз оҷизӣ, нодонӣ ва аҳмақиҳои худ гуноҳ содир мекунад. Мани берӯзӣ бошам, ба гуноҳи азим ғӯтидам. Худоҷон, ту бахшояндаву меҳрубонӣ, худат гуноҳамро бубахш!
Худат медонӣ, Худоҷон, мо бандаҳои нодону гумроҳат аз паси молу давлат медавему аҷал аз паси мо. Ҳамин хел рӯзи сахт ба сари ман ҳам афтод: модарарӯси азизу меҳрубонам бандагиро ба ҷо оварданд. Хайр, чӣ илоҷ? Дар пеши аҷал одамизод оҷизу нотавон аст.
Ҳамсарам, аввали шаб ба мурдахона рафт. Ман тоқиву ҷома пӯшида, миён бастам ва саҳарии барвақт дар ҳавлии модарарӯсам ҳозир шудам. Ҳама мегирист. Ман бошам, дар киса рӯймолча доштаму оби чашм не. Ҳарчанд зӯр мезадам, ҳаракат мекардам, гиря карда наметавонис­там. Худамро ҷанг мекардам, дашном медодам, вале фоидае намебахшид. Охир, миён бандеду овоз набароред, ин шармандагӣ!

Саҳар ҳаво, ки хунуку таги по яхча буд, саги дайдуи бесоҳиб барин дар таги дарвозаву даруни ҳавлӣ тор метанидам. Аз санг овоз мебаромаду аз ман не.
Яке имо кард. Ба наздаш рафтам. Вай ҷавони ҳамсоя – додарарӯси боҷаи калониам будааст.
- Худатонро ба даст гиред, муллопоччо, - бо мулоимат гуфт ӯ.  – Нашудагӣ кор шуд акнун. Ҳарчанд модар­арӯсатонро нағз бинед ҳам, дигар он кас зинда шуда намеоянд. Рафтем ба хона. Ҳоло таги по холӣ, ғами шикамро хӯрем.
Саҳар, ки ман чизе нахӯрда будам, ҳоло аз гуруснагиву сардии ҳаво тамоми баданам барги бед барин меларзид. Лаҳзае аз ин таклифи ҳамсоя дудила шудам: оё равам, мурдаро мону тӯйхӯрӣ барин намешавад?! Ба таги андешаҳоям нарасида, ӯ аз оринҷам дош­та, ба сӯйи хонааш кашид.
«Хайр, - гуфтам худ ба худ, - кори ин ҷавон дуруст аст. Мурда мурд. Ҳозир ғами мурдаро не, ғами зиндаҳоро хӯрдан даркор. Барои он ки зиндаҳо зиндагонӣ кунанд, бояд ишкамашонро каму беш чарронанд».
Ба меҳмонхонаи ҳамсоя даромадам. Оҳ, Худоҷон, барои сабук кардани гуноҳам не, барои ҳақиқати ҳол ман бояд ин манзараро муфассалтар нақл намоям. Меҳмонхона – калону зебо. Мебелу дивану телевизораш олиҷаноб. Ангиштсанги даруни печ гумбурросзанон месӯзад. Хона ҳаммом барин тафсон. Аз фаровонии нозу неъматҳо миз қариб шиканам мегӯяд. Дар рӯяш қанду қурс, меваҳо. Пиставу бодом. Паниру ҳасибро хушрӯ бурида, дар шакли гулҳои гуногун рӯйи табақчаҳо мондаанд. Ҳамааш хушрӯ ва чунон зебо, ки барои хӯрдан не, балки танҳо барои тамошо карда шиштан гӯё рӯйи дастархонро оро додаанд.
Ҳамсоя боҷаамро ҳам гирифта омад. Се нафар гирди дастархон нишастем.
Зани соҳибхона дар рӯйи лаълӣ се коса шӯрбо ва дар як тақсимча кабудиҳои резакардашуда овард. Дар рӯйи косаҳо равғани думбаи реза биҷирросзанон чашмро мебурд. Дар се табақчаи алоҳида як порагӣ сабзиву шалғам ва гӯшти гӯсфанде, ки камаш ба 4-5 коса мерасад, оварда монд. Гӯшт устухондору беустухон, нима лаҳму нима равған, ҳил-ҳил пухтагӣ. Кӯзачаҳои шаффофу зебои мурчу қаланфуру намакро пештарамон гузошт. Рангу бӯяш одамро девона ме­сохт, эй, Худоҷон.
Дар болои дастархон нонҳои калон-калони осиёӣ бошад ҳам, боз ду фатири суп-сурх пухтаи ҳавраш баромадаистодаро овард.
Дар рӯйи дастархон бар замми салатҳои тару тозаи помидору бодиринг ва кабудиҳо боз дар се тақсимча салати шӯр даровард: даруни онҳо ғафсии ангушт барин бодирингу помидорчаҳои чормағзмонанд ва пиёзи анзур буданд. «Инҳо барои чӣ?» - гӯён ҳайрон будам, ки соҳибхона аз ҷойи шишташ яке аз ғаладонҳои поини шкафро кушод. Дарунаш пур-пури арақҳои ҳархела буданд. Бо як даст якбора ду шишаро гирифта, ба рӯйи дастархон гузошт.
- Лозим не. Ин чӣ хел мешавад?! Дар рӯзи мурда…
- Ҳамааш нағз мешавад, - ман гапамро ба охир нарасонида, гуфт соҳиби хона ва ба се пиёла лабрез карда, арақ рехт ва ба пеши ҳар кадоми мо гузошт. – Канӣ, гирифтем!
Ин хел нозу неъмат, хӯришу хӯрокҳоро дида,  Худоҷон, аз гуноҳам гузар, дилам ба арақ қуммас занад ҳам, худдорӣ кардам.
- Гиред боҷа! – гуфт шавҳари хоҳарарӯси калониам. – Ман боҷаи калонӣ. Гуноҳаш дар гардани ман! «Берун хунук. То бегоҳ боз ягон чиз мехӯрем ё не, касе намедонад. Ҳузури ҳозирро дидан даркор!
Онҳо пиёлаҳои арақро бардоштанд. Ман, ки ҳанӯз дудила будам, тамасхуромез ба сӯям нигаристанд.
Ба нозу неъматҳои рӯйи дастархон як назар партофта, «ҳарчӣ бодо бод!» гӯён ман ҳам арақи пиёларо ба таги бинӣ задам. Он равған барин фораму ҳузуровар ба дарун рафт.
Ҳуҷум ба шӯрбою фатир ва гӯшту равған сар шуд. Се кас ду шиша арақро холӣ кардем. Аз болояш ду-се пиёла чойи гарму талхро ҳам нӯши ҷон сохтем. Ишкамҳо сер, сарҳо гарангу кайфҳо таранг шуд.
Худоё, гуноҳамро мағфират гардон. Арақ маро ба маймунбозӣ андохт. Сеҳру асрораш дар ҳамон ҷо исбот шуд. Доду афғони «модарҷонам!» - гӯйиҳои ман ба фалак печид.
«Шумо ба қатори писарам, домодҷон, - мегуфтанд раҳматӣ модарарӯсам. – Маслиҳату насиҳатҳои маро ба гӯш гиред, дар ду дунё ҳам кам намешавед. Ҳама чиз дар ин дунё кӯҳнаву қад­рашро гум кунад ҳам, тиллою тилловорӣ не. Барои ҳамин, ба занатон ҳалқаву ангуштарӣ, дастпонаву занҷири гардан харида диҳед. Кадом вақте даркор шавад, боз ба пул зада, коратонро буд мекунед!»
Ин насиҳатҳои модарарӯсамро ба ёд оварда, аз сари нав навҳа мекашидам:
- Э, маслиҳатгари бемалоламон будед-ку, модарҷонам! Акнун зори маслиҳатҳоятон карда, ба куҷо рафтед, модарҷонам!
Ин додгӯйии ман ба маҷлисҳои калон ё консертҳои серодами зал, ки яке банохост саҳл қарсак зада фиристад, дониставу надониста дигарон кафкӯбӣ менамуданд, шабоҳат дошт. Поида истодагӣ барин, баъди овоз андохтани ман ҳама баробар ба навҳагӯйӣ даромаданд. Гӯё ба ман ҳамраъю ҳамовоз гашта, аз паси пардаи ними тарафи дигари ҳавлӣ доду фиғони занону духтарон баланд мешуд. Фақат мисли мо дар охири суруди мотамангези худ яке «модарҷон» гӯяд, дигаре «холаҷон»-у «аммаҷон» мегуфт. Аз афт, баъзеҳо ҳатто ҳамчун артистони театр роли фарзанду хеши наздикро моҳирона иҷро карда, ҳатто бардорузан менамуданд. Об аз чашмонам шашқатор ҷорӣ мешуд. Рӯймолча тар мегашт. Ман номаълум оби чашмонамро бо бари ҷома пок мекардам.
Ёди модарарӯсам саропо маро ба оғӯшаш мегирифт. Бо талаби занам моҳе як-ду маротиба ба хабаргирии модарарӯсам меомадем. Занам ҳаргиз бо дасти холӣ рафтан намемонд. Бар замми ягон хел матои қиматбаҳои куртавор ё рӯймолу жемпере, ки худаш мегирифт, бо хоҳиши амромези ӯ, ман боз ҳатман ду кило гӯшт, чор кило биринҷ, ҳашт адад нон ва боз майда-чӯйдаҳои дигар мехаридам. Ҳар гоҳ, ки бо чунин дастовезҳо меомадем, модарарӯсам гул-гул мешукуфт, садқаву қурбони мо шуда, хурсандона пешвоз мегирифт. Аз нӯги онҳо худамонро зиёфат медод. Онҳоро ба ёд оварда, аз қаъри ҷигар овоз мебаровардам.
- Бе шумо ҳавливу хонаҳоятон чӯл шуд-ку, модарҷонам! Акнун мо ба хабаргирӣ оем, кӣ моро меҳмондорӣ мекунад-а? Оҳ, модарҷонам!
Ҳангоми овозбарорӣ худ ба худ ман хаму рост шуда, дастҳоямро ба зону мезадам ва наъраи шерона мекашидам. Дили дигарон ҳам ба модарарӯсам сӯхта, оҳу афғон мебардоштанд ва доду вояшон то ба ним соати дигар тӯл мекашид.
Илоҳо, ҷояшон аз ҷаннат шавад, модарарӯси раҳматиам гоҳ-гоҳ ба хонаи мо рафта, ба духтарашон одоби оиладориро ёд медоданд. Дар ин муддат ҳатто калони хонадон мешуданд. Лаҷоми ҳамаро ба даст мегирифтанд. Роҳбариву фармонфармоӣ, аз афташ, ба раҳматӣ модарарӯсам маъқул буд, ки аз байн як моҳ гузарад ҳам, гашта ба хонаашон рафтанро фаромӯш мекарданд. Инҳоро ба ёд оварда, аламам аз нав тоза мешуд.
- Хабаргирони бемалоламон будед-ку модарҷонам! Акнун мо бе шумо чӣ кор мекунем-а, модарҷонам! – гӯён ман аз нав нола бардошта – набардошта, 40-50 каси дигар ба ман ҳамовоз мешуданд. Ба мардҳо тақлид карда, қиву чуви занҳо ҳам аз паси парда гӯши ҳамаро ба қомат меовард.
Баъди ҷаноза, вақте ки тобутро бардошта, ба сӯйи қабрис­тон мерафтем, ҳар хел гуфтору рафтор, феълу хӯй, кордориҳои модарарӯсам пеши назарам меомаданду ман онҳоро бо сӯзу гудоз ба забон меовардам. Гӯё ман сарбайтхони рӯзи ҷаноза будаму як кӯча одамони равони паси тобут гӯё нақароти онро мехонданд. Шахси гирянакардаву оби чашм нарехта намонд.
Мурдаро ба хок супурда омадем. Фавҷ-фавҷ одамон ба фотеҳахонӣ меомаданд. Рӯз ба торикӣ майл мекард. Таъсири арақ паст шуд ё ҳушам ба худам омад, ки маро лашкари тарсу ваҳм пахш кард. Э Худоҷон, агар занам фаҳмад, ки ман дар рӯзи мурдаи модарҷони меҳрубонаш арақ хӯрдаам, худамро зинда намемонад. Бо иллату миннатҳои зиёд ба пӯстам коҳ ҷой карда, гӯри мани бечораро ҳам аз паҳлӯйи қабри модараш меканад.
Бо сари хам пакару ғамзада то бегоҳ дар мурдахона мондам. Қисми зиёди мардҳо ба ман эҳтирому таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд, як қисм нафратомез ба сӯям менигаристанд. Вале нигоҳи кулли занону пиразанҳо харидоронаву навозишомез буд. Баъзеашон ба сӯйи ман нигариста, ба якдигар ким-чиҳо мегуфтанд. Рӯзро бо хаёлоти мағшуши яъсвор бегоҳ карда, ба хона рафтам.
Бо мақсади вайрон накардани тамғаи дирӯза саҳарии рӯзи дигар аз хона ним шиша арақро дам кашида, бо ду-се рӯймолчаи иловагӣ ба мурдахона омадам. Боз сифатҳои хушдоманам пеши назар омада, то вақти ба сари хок рафтан овоз андохтам.
Э Худоҷон, гуноҳам дар гарданам. «Баъде, ки одам гуноҳе кард, бояд гуноҳи кабира кунад!» - гӯён саҳарии рӯзи сеюм ҳам саҳл мӯлтар задам. Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ-дия, то бегоҳ таъсираш расаду ҷоғу манаҳи занам камтар ба гӯшам дарояд.
Аз рӯйи таомул то қариби пешин меҳмононро қабулу гусел кардем.  Маъракаи бегоҳи се табъи дил гузашт.
Ҷонамро ба каф гирифта, бегоҳ ҳамроҳи занак ба хона омадем. Дар ин рӯзҳо арақ маро дигар карда бошад, доду ғирев ва «модарҷон!»-гӯйиҳои ман ҳамсарамро тағйир дода буд. Вай ончунон ба ман ғамхориву меҳрубонӣ зоҳир мекард, ки гӯё аз мурдахона не, балки аз тӯйхона бо дастовезу тӯҳфаҳои дилхоҳамон баргашта бошем. Ман гуноҳ кардам, арақ хӯрдам, лоиқи ҷазо будам, аммо занак ширинзабониву меҳрубониҳояшро дар ҳаққи ман бедареғ раво медид.
Баъди тақсими мерос ҳамсарам чун гул шукуфон омад. Ҳурмату эҳтиромаш нисбати ман боз ҳам афзуд. Худоё, ин меҳрубониҳои ҳамсарам то кай давом мекарда бошад-а?
Ё боз ягон нафар хешони занам… Худоё, тавба кардам, бад кардам, аз гуноҳам гузар. Мани аҳмақро бубахш…


Комментариев нет:

Отправить комментарий