четверг, 18 июля 2019 г.

Зинда бод, бахилӣ!


Ҳаҷвия

Аввали баҳор Мулло Ҷавҳар дар сари кӯчаи пушти ҳавлиаш ду бех ниҳоли зардолу шинонд. «Эъ, ҳама маблағи ёфтау тофтаашро ба сарсабзу зебоии хонаву ҳавлиаш сарф кунад, чаро ин дар кӯча ниҳол мешинонад? Дар ин ҷо ягон гап ҳаст?» Ва аз ӯ паст омадан нахоста, ҳамсояи девордармиёнаш аз ӯ як парда боло омад. Дар пушти хонаи ӯ бар замми зардолу ниҳолҳои себ ҳам пайдо шуданд. «Шумо меваҳои тару тоза хӯреду мо лаб лесида шинем? Не, хобатонро ба об гӯед! На танҳо фарзанду набераҳо, балки роҳгузару мусофирон ҳам даҳон ширин кунанд» гӯён боз як ҳамсояи онҳо илова бар зардолуву себ ниҳолҳои олуву гелосу ток шинонд. Ин кор аз аввали маҳалла сар шуда бошад, дар зарфи як-ду моҳ тамоми маҳалларо фаро гирифт.
Роҳҳои деҳа ба хиёбони ниҳолзор табдил ёфт.

Алибек як саҳар ба даст бел гирифта, ба тахту ҳамворсозии ҷойҳои чуқуру ноҳамвори кӯчаи назди дарвозааш сар кард. Аз ин кори ӯ ҳайрати Ҳошимҷони ҳамсояаш афзуд. Раги бахилиаш кашида, номаълум пурсид:
- Ҳа, ҳамсояҷон, ғайрататон зӯр!
- Аз бекорӣ кадукорӣ. Кӯчаҳоро каме тахту ҳамвор кунам, мошин оҳан бошад, ки савобаш мерасад.
«Не! аз дил гузаронд Ҳошимҷон. Ягон гапе ҳаст, ки чунин рафтор мекунад. Дар саҳро мӯру малах набошад, номаъқул карда, дар он ҷойҳо майнаву қарзоғҳо шинухез менамоянд. Ҳа, то фоидааш набошад, ин Алибеки гӯрсӯхта оби шикамашро намеҷунбонад?!»
Вай, ки ба кор мерафт, бегоҳӣ аз кор баргашта, кӯчаи назди дарвозаашро на танҳо тахт, балки рӯфтаву тоза кард ва об зад.
Аз онҳо ранг гирифта, дигарон ҳам ҳашари кӯчарӯбиву кӯчатахткунӣ гузаронданд. Кӯчаҳои деҳа мисли кӯчаҳои шаҳр тахту ҳамвор ва тозаву озода гашт.
Дарвозаи аввалини оҳанини зеборо Зиёбой шинонида, деворҳои тарафи кӯчаро рангмолӣ намуд. Аз байн як моҳ нагузашта, ҳама ба бемории фасон кардани дару деворҳои худ гирифтор шуданд.
Як шаб аз қурбоққа барин ғур-ғури беохир ҳамсараш хоби Ҳақназар набурд: духтарашон қадрас шудаасту то ҳол харидоре надорад. Чаро таги дари дигар духтардорон хостгорборону то ҳол остонаи дари ӯро касе зер карда, ба дарун намедарояд? Аз ин гуна андешаҳо деги бахилиаш ҷӯшиду сабаб ҷуст. Ба ёда саҳни пеши дарвозааш омад. Байни сероҳа ҷойи калоне бошад, ки бекори чакалакмазор. Ин манзара ба имиджи ӯ ва ҳамсояҳо таъсири манфӣ мерасонд.
Хаёлан нақшаи генералие кашида, лоиҳа тартиб дод ва дар он ҷо ҳавз кофт. Гирдашро бетон кард. Барои он ки ҳавз ятимаки танҳо натобад, дар чор гӯшааш чор ниҳоли сада шинонд, ки соябон шаванд.
Ин кори ӯро дида, дар бадани ҳамсояи дигар кирми бухлу ҳасуд ба ҷунбиш омад. Кирм шабу рӯз ӯро ором намегузошт. Ноилоҷ сар хам карда, ба назди Ҳақназар омад.
- Ҳамсоя, ҳавз кофта, кори хубе кардед. Агар зид набошед, ман дар атрофаш гул шинонам, ҳавз зеботар мегардад.
Худи Ҳақназар ҳам, чунин ният дошта бошад, ки дасткӯтоҳӣ мекард, розӣ шуд.
Ҳамсоя гулҳои садбарги рангоранг шинонда, ба парвариши онҳо машғул шуд. Як ҳамсояи дигарашон ба даруни ҳавз тухми моҳӣ партофт. Боз яке ғозҳои ҳаррангаи зебое овард. Ҳавз ба ҳавзи шоҳона мубаддал гашт.
Ҳавзи шоҳона реклама шуд ё тақозои тақдир чунин будааст, ки бахти духтари Ҳақназар хандид. Инро ба шарофати ҳавз дониста, шаби тӯй домоду арӯси навро гирди ҳавз «ёр-ёр» гӯён се маротиба давр занондаед. Ин амал ҳамчун рамзи бахту мустаҳкамии оила анъана гардид. Ҳоло дар гирди ҳавз анъанаи чархзании навхонадорони деҳаҳои гирду атроф ҳам ботантана мегузарад.
Ҳамин тавр, дар маҳалла яке ба коре даст занад, дигарон аз бахиливу нотавонбинӣ ба он кор кана барин мечаспанд. Дар зарфи 4-5 сол маҳалла зебову ба ҳавас кардан арзанда гашт. Нархи ҳавлиҳо садчандон баланд шуд.
Маҳалла дар озмуни маҳаллаҳои беҳтарини мамлакат ҷойи якумро гирифт. Ба ҳамин муносибат мухбири телевизион бо раиси маҳалла сӯҳбат орост ва сабаби комёбиҳоро пурсид. Раиси маҳалла шармандаву сурх шуда, рости гапро гуфт:
- Бахилӣ.
- Зинда бод бахилӣ? худро дошта натавониста, сӯҳбатро хулоса кард мухбир ҳам.

1 комментарий:

  1. Borgata Hotel Casino & Spa - JTHub
    Located 오산 출장안마 in Atlantic City 포항 출장마사지 (New Jersey), Borgata Hotel Casino 춘천 출장안마 & Spa has more than 1,000 rooms 논산 출장샵 and suites, including nearly 200 경주 출장마사지 luxurious hotel rooms,

    ОтветитьУдалить