четверг, 18 июля 2019 г.

Зиёфат зӯр шуд

Ҳаҷвия

- Дӯстони азиз, ҳаводорони адабиёт, - овози шоира Гулнозбегим аз тариқи микрофон баланд шуду дар толори калоне, ки то ҳол орухонаро мемонд, хомӯшӣ ҳукмфармо гардид. Барои каме дер сар кардани тадбири тақдимоти китоб аз ҳамаи шумоён узр мепурсем. Дер ояд, ош ҳам ширин мешавад. Имрӯз мову шумо дар як рӯзи таърихӣ, бисёр рӯзи хушу хотирмони тақдимоти китоби «Чароғи зиндагӣ»-и шоир Сабоҳ Содиқӣ дар ин ҷо ҷамъ омадем. Сабаби рӯзи таърихӣ гуфтанам, шоири мӯйсафеди дилҷавони мо Сабоҳ Содиқӣ ба майдони фарохи адабиёти мо дохил мешаванд. Дар ин хел синну сол шеър навиштану онро ба шакли китоб чоп кардан қаҳрамонӣ аст, - ва ба сӯйи муаллиф рӯ овард. - Китоби нав муборак устод! Имрӯз гапҳои мегуфтагӣ бисёр. Аз чеҳраҳои шукуфони аҳли зал мебинем, ки бисёр мухлисони шеъру адабиёт, хешу таборҳо бо гулу гулдастаҳо омадаанд. Онҳо гапҳои дар дил бӯхча карда мондаашонро, албатта баромада мегӯянд. Чӣ хеле, ки минбари сухан озод аст, минбари мо ҳам озод. Ман гапро дароз накарда, сухани аввалинро ба муҳаррири китоб, олими адабиётшиносамон, мӯҳтарам Эшон Ғанӣ медиҳам. Марҳамат, муаллим.
Мӯйсафеди айнакдоре якто-якто қадам партофта, ба минбар баромад.

- Дӯстони гиромиқадр, медонед, ҳозир китобнависию китобчопкунӣ ва бо ин роҳ соҳиби обрӯву эътибор гаштан мӯд шудааст. Одамоне ҳастанд, ки ариза навишта натавонанд ҳам, мардикор ёфтаву шеър нависонда, қатор-қатор китобҳояшонро чоп карда истодаанд. Вале китобҳои онҳо ба ду пули пучак намеарзад. Фачу бемаза. Агар ба даруни обаш худи муаллиф афтад, бемалол ғарқ шуда мурданаш мумкин аст. Ба ҷангалзорҳое, ки аз он коғаз истеҳсол мекунанд, дили одам лав-лав месӯзад. Вале, дӯстони гиромиқадр, росташро гӯям, ман аз муҳаррир шудани худ ба ин китоб бисёр хурсандам, - олими адабиётшинос китобро ҳамчун байрақ болои сар бардошта, ба аҳли зал нишон дод. Муаллиф ба туфайли болои ҳар шеър аз таҳти дил кор кардан китоби олиҷанобе таълиф кардааст. Чӣ хеле, ки аз гулҳои рангоранги хушбӯй гулдаста тайёр мекунанд, ин китоб гулдастаи шеърҳо аст. Одам варақ зада, як олам маънӣ меёбад. Барои ин, ба Сабоҳ Содиқӣ садҳо таҳсину офарин гӯем, ба назари ман, кам аст. Дӯстони гиромиқадр, албатта шолӣ бекурмаку китоб бекамбудӣ намешавад. Дуруст аст, ки дар баъзе шеърҳои маҷмӯа вазну қофияҳо меланганд, таносуби сухан вайрон, дар мазмун каму беш харобиҳо ба назар мерасанд. Вале ҳамаи ин камбудиҳои ночизро расми зебои муаллиф, муқоваи олиҷаноби китоб рӯйпӯш мекунанд. Азизон, ман дар соҳаи адабиёт қариб 40 сол боз кор мекунам. Шогирдони зиёде дорам, ки баъзеҳояшон ба дараҷаи академикӣ расидаанд ва маро бо ҳурмату эҳтиром устоди худ медонанд. Ман ба ягон нафари онҳо мефармоям, ки оиди ин китоб тақризи хубе нависад. Ба муаллиф бошад, комёбӣ, пешравӣ ва барори кори эҷодӣ таманно мекунам.
Гулнозбегим сухани навбатиро ба шоир Наққош дода, таъкид кард, ки акнун ҳар кас хоҳад, минбар дар ихтиёри ӯст.
- Шеърнависӣ, рафиқон, кори осон нест. Сухане бар сухане зам кардан, рафиқон, ин баробари қатрае аз хуни ҷигар кам кардан аст, - ба изҳори фазл сар кард Наққош. Раҳмат ба Сабоҳ Содиқӣ, ки аз ин мушкилиҳои эҷод натарсида, ба ҳамин гуна кор миён бастаанд. Худи ман, рафиқон, қаламу каланд паҳлӯи ҳам истода бошанд, бе ҳеҷ дудилагӣ каландро интихоб мекунам. Каландзанӣ аз қаламзанӣ ҳазорҳо маротиба осонтар аст. Душвории ин корро, рафиқон, бо як мисол фаҳмонам: он вақтҳо ман як ҷавони бодича будам. Нав мактаби олиро тамом карда, аҷалам расидагӣ барин ба газетаи районӣ ба кор даромадам. Муҳаррири мо як шахси шӯҳратгадо буд. Худро шоир метарошид. Баъзан шеърҳояш дар газета чоп мешуданд. Ҳамин одам як рӯз ҳангоми маҷлис гуфт, ки дар шумораи ояндаи рӯзнома шеъри ман чоп шавад. Аз шунидани ин гап, рафиқон, ҳама мотам гирифта, ҳатто як нафар мисли ҳақорат зери лаб пичир-пичир карда, ким-чиҳо гуфт. Кор ҷӯшид. Яке аз номи муҳаррир шеър навишт, дигаре таҳрир намуд, сеюми вазну қофияашро дида, дар компутер чоп кард. Котиби масъул шеърро барои тасдиқ ба назди шеф даровард. Шеър ба шеф маъқул нашуд. Корҳои дигар як тараф монданду ҳама тамоми қувваю донишро ба ислоҳу такмили шеъри шеф сафарбар сохтанд. Котиб байни ходимону муҳаррир мокувор рафтуомад мекард. Муҳаррир сахтгирӣ менамуд. Чанд варианте нанависанд, ки шеъри худаш ба худаш маъқул намешуд ва ҳар дафъа камбудиҳои нав ба навро меёфт: ин ҷо ё он ҷояшро соз кунед, фалон калимаҳоро иваз намоед, боз як байти дигар илова кунед, зӯртар мешавад. Бо ин аҳвол боз мардум аз болоям наханданд… Хулоса, рафиқон, то бегоҳ бо роҳи ҳашар ва ёрии телефонии шоирони дигар шеъре сохтанд. Он фардояш чоп шуд. Кормандони идора як-як ба назди калон даромада, бо шеъри зӯраш табрик карданд. Шеф аз маҳорати нестдарҷаҳони худ фахр карда, ба дигарон мегуфт:
- Ҳа, навиштан ана ин хел мешавад. Навиштанро аз ман ёд гиред!
Мо, рафиқон, ана ҳамин хел муҳаррирҳоро дида, шоири зӯр шудем. Қатор-қатор китобҳоямон баромад. Хушбахтона, шеърҳои Сабоҳ Содиқӣ бо роҳи ҳашар навишта нашудаанд. Ҳамааш аз қаъри чоҳи дилашон, рафиқон, фаввора зада баромадагӣ барин. Мо ба ин кас, рафиқон, мисли қуллаҳои баланди кӯҳи Эверест парвозҳои баланди эҷодӣ мехоҳем.
Дар минбар ҷойи шоир Наққошро шахси дигаре гирифт.
- Ман ҳасад не, ба шоири мӯҳтарамамон Сабоҳ Содиқӣ ҳавас мекунам, - гуфт ӯ. Ин кас бо китоби «Шамъи умр»-ашон дар таърих мемонанд. Кош Худованди карим ба мо ҳам чунин истеъдод медоду шеърҳо навишта, китобҳоямонро мебаровардем. Вале садҳо афсӯс, ки ин хел кор аз дастамон намеояд. Шайтон ноумеду одам баумед. Мо нашудем, илоҳо дигарон шаванд. Наберачаам Шоҳҷалол дафтару коғазро аз дасташ намемонад. Падарқусур, худ ба худ шеър менависад. Як рӯз гӯш андозам, ҳатто гапҳои оддияш ҳам қофиядор. Ин хусусияти ӯро дида, дилам кӯҳ барин бардошта шуд. Илоҳо ба туфайли онҳо чунин обрӯю эътибор насиби мо ҳам шавад. Устоди мӯҳтарам, - ба сӯйи Сабоҳ Содиқӣ рӯ овард ӯ, - агар шумо ҳамон наберачаамро ба шогирдӣ мегирифтед, мо ҳамеша ба хизматаш тайёрем.
Шоир даст пеши бар гирифта, бо камоли мамнуният ин таклифро қабул кард.
Дар тақдимоти китоб ба ҳар касе, ки сухан дода мешуд, ӯ аз чопи китоб оғоз карда. ё зуд ба таърифи худ мегузашт ё саргузашташро нақл мекард ё латифае мегуфт.
- Ман 23 сол боз бо Сабоҳака сосед мебошам. Мо ҳамсояҳои соятараш не, ҳамсояҳои гӯшту нохунем, - ба сухан баромад як ҳамсояи шоир, ки гӯё дар Россия бисёр солҳо кор карда бошад, ки дар баромадаш калимаҳои русиро бисёр кор мефармуд. - Китоб навиштани ҳамсояро шунида қоил шудам. «Лампаи шаб»-ашон китоби зӯр. Ин аз муқовааш ҳам маълум. Касби ман адабиётчӣ не, водопроводчӣ. Барои исследовании ҳар шеърашон қувватам намерасад. Ҳамсояамон тилло. Дар паҳлӯяшон шинед, аз сӯҳбатҳои ширинашон кайф мекунед. Одами беозор пашша он тараф истад, дар кӯча листи дарахтҳо рехта бошад, ба зер карда гузаштан дилашон намешавад. Мо аз ин кас як қадди осмон миннатдор. За что гуфта пурсед, ман нотарсона ҷавоб медиҳам: ба ягон духтари маҳаллаамон свате ояду аз Сабоҳакаам пурсуҷӯ кунад, ин кас ҳамеша отзиви нағз медиҳанд. Духтардорҳои маҳалла Худо мегӯянд, ки покупателҳо илоҳо бо ин кас рӯ ба рӯ оянд. Ҳамаи оилаҳои наве, ки бо хайрхоҳии ин кас бунёд шудааст, счастливий зиндагонӣ мекунанд. Ба бахти ҳамгузариҳо ҳамеша будте злорови Сабоҳака. Дар ҳаққи моён ҳам ягон чиз сочиният кунед. Короче, китоб муборак шавад ва боз қаторак шавад!
Боз чанд нафар гапҳои умумиву обшустаеро, ки ба китоб заррае тааллуқ надошт, ба забон оварданд. Аҳли зал ба гапи онҳо умуман эътибор намедоданд. Аксарият бо сӯҳбатҳои худ, тамошои расмҳои телефон, СМС-нависӣ ва ғайра машғул буданд.
Дар охир ба муаллиф сухан дода шуд. Сабоҳ Содиқӣ ба ҳама арзу миннатдорӣ баён карда, таклиф намуд, ки давоми сӯҳбатро дар сари дастархон идома диҳанд.
Пас аз ду соат мардуме, ки ба тақдимоти китоб омада буданд, аз ресторан баромада ба якдигар мегуфтанд:
- Зиёфаташ зӯр шуд!

Комментариев нет:

Отправить комментарий