воскресенье, 21 февраля 2021 г.

ҲАҚОРАТҲОИ ДАСТАБИРИНҶӢ

 Зимистон гӯшҳоятон хуб хунук хӯрда бошанд, мехоҳед, ки нағзакак тафсанд? Мисли борон аз болои саратон шоридани дуои баду ҳақоратҳоро мехоҳед? Ҳамчун мусофиршудагон ба ҳақоратҳои болохонадори гушношуниди худамон дилатон гум мезанад? Орзуи зану хоҳару модаратонро ба ёдатон овардани дигаронро дар дил мепарваред? Гулчини ҳақоратҳои обнарасидаву нестдарҷаҳонро ҷамъоварӣ карда, рисолаи докторӣ навиштаниед?

Ин кори ниҳоят осон аст. Барои ин даҳ дақиқа мошинатонро дар роҳи калон нигоҳ доред. Дигар мошинҳо на пеш роҳ ёбанду  на аз қафо  гузашта тавонанд, тамом! Ман кафолат медиҳам,ки дар зарфи даҳ дақиқа бо зиёфати даҳсолаи ҳақорат таъмин мешавед. Ҳа, ҳақорати ҳамкасбон – ронандаҳо ҳама оҳораш норехтаву  дастабиринҷианд. Дашному дуоҳои бади даруни мошинҳои қатори интизор роҳгузар ҳамчун бонус ба гӯшҳоятон ҳузуру ҳаловат мебахшанд! Фақат ба навишта гирифтану дар диктофон сабт карда тавонистан фурсат ёбед, ҳатман унвондор мешавед. Профессорӣ муборак!

Комментариев нет:

Отправить комментарий