воскресенье, 21 февраля 2021 г.

ҲУСНИ БОЗОРГИР

 Ҳаҷвия

-Туф-туф, чашм нарасад, духтарҷон, ҳусну ҷамолат бозоргир. Ман ин гапҳоро барои хушомадзанӣ намегӯям, ки пагоҳ-фардо соҳиби ягон мансаби калоне шавӣ, ба ман ёриат мерасад? Не! Ин дар ҳақиқат, ҳамин хел аст. Бӯйи ояндаи дурахшонатро ман ҳамчун брокерҳои беҳамтои соҳаи мансабёбӣ аллакай ҳис карда истодаам. Дар ин бобат ман оламу боз камтари дигар таҷриба дорам. Ба худат бовар накунӣ, ки ба ман дусад фоиз бовар кун. Ҳа, ба шарофати ман чӣ қадар одамон соҳиби мансабу ҷой шуданд, ҳадду ҳисоб надорад.

Усталзеб ту. Бо ин хел ҳусну ҷамоли худодод, бемуҳобот оламро тасхир карданат мумкин. Фақат барои аз моҳлиқоиву парипайкариат истифода бурдани ту,  ман барин як одами даллолу маслиҳатчӣ даркор. Яъне, ҳамаашро ҷамъбасту хулоса карда гӯем, ин кор танҳо аз дасти ман меояд. Барои ин бо сару либосу каме андозу пардоз аввал имиҷатро баланд бардоштан лозим. Ягон дӯзандаи гулдасте  бояд барои ту куртаву пойҷомаҳои аз даҳони мор кашида гирифтаги барин  дӯзад. Чаро норозиёна ғурунгос мезанӣ? Вақти гап зада истодани ман ту дамата набарор! Ҳозир тамоми ҷавонону мардон ошиқи сару либосҳои миллии худамонанд. Чӣ? Пойҷома даркор не мегӯйӣ?! Ҳӯ ҷинӣ, ҳамаи ҷавонон аввал ба пойи занон менигаранд. Чашмашон ба пойҷомаи зебои ту афтад, Маҷнуни асри бисту як нашаванд, ки девонаи таппа-тайёр мегарданд.

Ба пардозхонаи занон рафта, мӯй ва миҷҷаву абрӯвонатро ба тартиб меорӣ. Пеш аз кӯчабароӣ як-якуним пуд сафедаву ғозаро барои андова карда баромадани лабу рӯят дареғ намедорӣ. Мӯйи ҷилодори дарози тахтапуштат шаршараи кӯҳиро ба хотир орад. Як атрҳоеро ба таги китфу пеши барат мезанӣ, ки бӯяш ҳамаро масту махмур кунаду туро дар кӯча дидагиҳо роҳашонро гум кунанд. Як нигоҳи сеҳрангезат дар дили ҳама ғулғула афканад.

Як хаёлан тасаввур кун: дар гӯшҳоят ҳалқаҳои чанбараи велосипед барину дар дастат сумкача. Занҷираи гардану ангуштариҳо ва дастпонаи ғафсат аз мис бошад, ки ҳеҷ гап не. Мардуми мо зоҳирпараст - ҳама гумон мекунанд, ки онҳо аз тиллои маҳаки 99 ҳастанд.

Ҳар замон аз сумкачаат оиначаро бароварда, бо нозу карашма сурхиву сафедии лабу рӯятро ба тартиб медарорӣ. Қадаммониатро ҳам тағйир медиҳӣ. Аз худи ҳамин рӯз сар карда, мисли товус хиромиданро омӯз. Аз шарм гоҳо лола барин сурх шудан  плюси ту.

 

Муомила ҳам ба яксаду ҳаштод дараҷа дигар шавад. Ҳангоми сӯҳбат аввал фикр карда, сонӣ гап зан. Бӯйнокгапӣ бас. Фарта-фарта гапҳои ба сарат омадаро гуфта, маро шармандаи ду олам накун. Аввал андешаву баъд гуфтор гуфтаанд. Суханонатро чинда-чинда, ба ҳадаф рост карда, гӯй. Агар бо ҳамин аҳвол ба назари ягон калон афтӣ, тамом, зуд ба мансабе таъин мекунад. Ҳа, духтар, ман ба ту кафолатӣ медиҳам, ки айнан ҳамин хел мешавад. Соҳибмансаб, ки шудӣ, он тарафаш осон. Баъд, ба ҳар як гапу кори зердастонат хӯрдагири кардан гир. Ганда кардан яке аз вазифаҳои асоситарини роҳбарони ҳозира мебошад. Талаб, талаб ва боз талаб! Сахт талаб кардан ин нишонаи сахтгириву масъулиятшиносии ту ба ҳисоб меравад. Коғаз ё ягон баромадеро барои тасдиқ ба пешат оранд, бо қалами сурх ба чор тарафаш эродҳоятро навис, ба таги баъзе ҷумлаҳо хат каш, дар ҳошияҳояш аломати савол гузор, ба ҷойҳои намешудагиаш салиб мон. Фаҳмиди, ҳӯ сурати таги махраҷ! Худат ҳаргиз ба навистан ҳаракат накун, ки нодониву бесаводиат ҳамчун равғани зери коса ба рӯйи шӯрбо мебарояд, фаҳмидӣ, ҳӯ кундафаҳм!

Калонҳо ба наздашон ҷеғ зананд, дафтарчаву қалам дар даст гӯш ба фармонашон деҳ. Ҳар чизе гӯянд, дар дафтарчаат қайд кун. Аз даҳонат “лаббай”, “хӯш”,  “бо ҷону дил”, “албатта, иҷро мекунам” ва ғайра канда нашавад. Бо ҳар баҳона ба қабули сардори калон даромадан, худат сад маҳмаддоно бошӣ, ки пурсида, маслиҳатҳои бебаҳои онҳоро гирифтан трамплини минбаъдаи парвозҳои  ту мешавад. Ҳозир давр-даври ба мансабҳои роҳбарӣ пешниҳод кардани занону духтарон аст. Аз ин хел имконияти муфт истифода бар! Бахти чашмкӯр ба рӯйи киҳо нахандидааст?! Гуфта намешавад, бо маслиҳатҳои ман рафта-рафта вазир шавӣ. Охир ҳозир президантзанҳо ҳам дар олам бисёр мешаванд!

Ана ҳамаи гапҳои ман ҳамин, духтарҷон. Бахт мададгорат бошаду маро аз ёдат набарор. Мабодо соҳиби мансабе шавӣ, фақат Худо ба зердастонат сабру бардошт диҳад!

Комментариев нет:

Отправить комментарий