воскресенье, 21 февраля 2021 г.

ҒУЛОМИ ЗАН

Дар айни авҷи базм занак нихта кард:

 -Ҳӯ ана ба он мардаки рӯ ба рӯ зеҳн монед. Чӣ қадар ба занаш меҳрубон аст. Гули рӯйи дастархонро  ба пеши занаш мегузорад.

Аз доноии он мард қоил шуда, зуд ба вай пайравӣ кардани  шудам:

-Азизам, ман аз вай дида, даҳчанд бештар туро дӯст медорам, - агар дар базм набошем, ҳатман як мушт ба пешонаам мезадам. – Мана аз ин гӯшти яхнӣ хӯр. Ҳозир фантаи хунукак ҳам рехта медиҳам. Дилат чизе хоҳад, як  ба ҳамон нигар, ман зуд дар пешат муҳайё мекунам.

Дар  шабнишинӣ ҳама бо хонумонашон буданд. Ин хел илтифоту мулозиматҳои маро як дӯстам дидааст магар, ки  дар паси курсиам пайдо шуд:

-Ҳӯ, ҷанобашон бутун ғуломи зан будаанд-дия, моро шарманда накунед! – гӯён дар буни гӯшам пичиррос зад.

-Не, дӯстам, - бо овози паст ба ӯ фаҳмондам. – Охир даҳони занҳо банд бошад, гӯши мардҳо тинҷ мешавад...

Ҳанӯз гапамро пурра  нагуфта, вай гашта мерафт, ки аз дасташ доштам.

-Ҳа?

-Фаҳмидам! Ман ҳам рафта, манаҳбандон кунам.     

Комментариев нет:

Отправить комментарий