среда, 21 ноября 2018 г.

Асои сеҳрнок


   ═══ Ҳаҷвия ═══

Аҷаб замонае! Барои давутози як тӯда оҳану симу пластмасспораҳо – мошинҳо роҳҳои калону ҳамвору мумфарш сохтаанду барои мо – махлуқони ақлдори олии табиат – одамон пайроҳаву пиёдагардҳои тангу тор. Дар баъзе ҷойҳо ҳамонҳо ҳам нестанд. Мошинҳои рангоранги гуногунтамға ончунон бисёр шудаанд, ки дар пеши онҳо қатори анбӯҳи мӯрчаҳо ҳеҷ гап не. Саҳл бехабар монед, ё мошин шуморо мезанад, ё шумо мошинро. Пагоҳӣ аз хона ба кӯча баромада, бегоҳ сиҳату саломат ба хонаатон даромада оед, ба даргоҳи Худованди мутаол ҳазорҳо маротиба шукр мегӯед.
Ғаму ташвиши одамизод кам аст магар?!  Бо сари хам чилбанди хаёлҳои зиндагӣ, ки роҳи пиёдагард набуд, лаб-лаби кӯча мерафтам. Аз паҳлӯям шув-шув мошинҳо ба ду тараф давутоз мекарданд. Як мошини хориҷатамғаи бадвоҳимае тир барин аз паҳлӯям гузашта рафт. Қаноти пешаш «сила» кард ва ё шамолаш расид, ки якпаҳлӯ ба замин афтодам. Ин аҳволро ронандаи мошин дида, зуд мошинро нигоҳ дошт ва тарсону ҳаросон ба сарам давида омад. Бағалкашон аз ҷоям хезонида, чангу хоки либосҳоямро афшонд.

- Ҳеҷ гап нашудааст, ҷӯра, ҳамааш нағз, аз роҳатон намонед, - гӯям ҳам, намонда ба мошинаш савор кард. Ба духтурхона бурд.
Духтурон харошу асари зарбаеро дар баданам наёфтанд. Фақат каму беш бо пойи рост лангиданамро ба назар гирифта, тавсия доданд, ки ба ҳар эҳтиёт асо гирифта гардам. Ронанда бароям асои олиҷанобе харид ва то таги дари хонаамон оварда, илтимос кард:
- Ҳар хизмате бошад, мо ба ҳамааш тайёр. Фақат шумо, амакҷон, ба ҳеҷ куҷо шикоят накунед.
- Хотирҷамъ бошед. Ман ин хел одат надорам. Ба шумо роҳи сафед!
Бо асо омаданамро дида, занак бо доду фарёдаш хонаро ба сарам чаппа кард. Яъне, арақи лаънатӣ касофат асту нахӯрам, ҳеҷ воқеа не. Набошад, як рӯз не, як рӯз, вай сабилмонда,  боиси аҷалам мегардад.
Гӯшамро ба карӣ зада, дар ҷойи муқаррариам нишастам ва ба хӯрдан тайёр шудам. Охир, нафси лаънатӣ ба ҷангу ғурбати занак коре надорад. Вай дар ҳама ҳолат ҳаққи худро талаб мекунад.
Барои бо ҳузур нишастан чизе халал расонд. Бинам, ду кисаи шимҳоям варам. Даст ба кисаи ростам бурдам – пул!  Дастаи пулро гирифта, ба пеши занак ҳаво додам.
- Мард арақ нахӯрад, вай чӣ хел мард! – пулро дида занаки ҷанҷолии ман якбора 180 дараҷа тағйир ёфт. – Кам-кам нӯшеду худатонро гум накунед, ҷанҷолу арбада набардоред, ошатон шавад, мардакҷон! Хезед, мурам ба шумо, ман ба тагатон кӯрпача андозам. Барои  бемалол каҷпаҳлӯ заданатон болинҳо монам. Шумо соҳиби сарам ҳастед. Ҳамаи фахру ғурурам аз пушти шумо. Шумо набошед, ман ғариб, хору зор мешавам.
Дар як лаҳза занак ба тагам ду қабат кӯрпача партофта, болишт овард. Дар пешам дастархон кушод. Нозу неъматҳои рустиву меҳмонхӯракашро ба рӯйи дастархон қатор кард.
Ман дар аввал ба назари занак ҳамчун мӯҳраи пиёдаи шоҳмот бошам, баъди дидани пул ӯ маро ба шоҳ мубаддал гардонд. Ҳатто барои бафурҷа хӯрок хӯрданам гирду атрофамро аз шӯхиҳои бачаҳо бо сарзаниш девор бардошт.
Пагоҳӣ аз хоб хезам, кисаи пурпули дигар маро болобардор кард. Дар киса пул дошта бошеду онро сарф накунед, ба асп доштану майдонтозӣ накардан баробар аст. Асоро ба даст гирифта, тӯқ-тӯқкунон ба сари кӯча баромадам. Ҳама бо иззату ҳурмат ба ман салом медоданд. Самимона аҳволпурсӣ мекарданд.
Гулӯямро тар карданӣ шудам. Тӯқ-тӯқ бо асо ба буфети ошхонаи сари кӯча даромадам. Мудири буфет ду даст пеши бар гирифта, бо эҳтиром салом дод. Баробари ба паси мизе нишастан як пиёлаи лабрезро оварда ба пешам гузошт. Як табақча бодиринги шӯри резакардаро ҳамчун хӯриш армуғон кард. Арақаш тоза буд. Аз лабрезии пиёла маълум буд, ки аз граммаш назадааст. Пештар рост истода мезадаму аз табақчаи чакка як лес гирифта - нагирифта мудири хонасӯхта роҳи дари баромадро нишон медод.
Рӯзи дамгирӣ аҳли оилаамро мисли аскарон саф оростам. Чӣ кор карданашонро бо нӯги асо як-як нишон додам. Аз тарси асо, ки бо он бераҳмона зада сарашонро пачақу маҷақ карданам мумкин аст, тамоми корҳои якмоҳаро дар як рӯз иҷро карданд. Ҳатто духтарчаам чобаи равғанандозиро чунон бо қуму рег шус­та тоза кардааст, ки занаки беақл «ин чобаи нав аз они мо не, аз они ҳамсоя будагист» гуфта, қариб чобаро ба хонаи ҳамсоя фиристад.
Ҷоғу ҷанҷоли занак, ки то ба мағзи устухонам рафта расида буд, пагоҳии рӯзи дигараш роҳи  идораи барқро пеш гирифтам. Падарқусурҳои беинсоф, қувваи барқ набошад, ки маро қариб як миллион сӯм қарздор кардаанд.
Дар истгоҳ каме интизор нашуда, автобус омад. Ба автобус савор шудан баробар гӯё аз рӯйи фармон бошад, як автобус одамони нишаста аз ҷой хестанд, ки ман шинам. Тасаввур кардам, ки асои дастам асои оддӣ не, асои сеҳрнок аст, ҳамчун рамзи миннатдорӣ оҳиста бӯсида мондам.
Асои дастам ҳамчун иҷозатномаи зӯре бошад, барои ба назди сардори шабакаи барқ даромадан касе монеъ нашуд. Коғазҳоро ба пешаш партофта, ба мақсад гузаштам. Ҳамин вақт, байни ду абрӯвонам хорид. Бо чӣ хаёле бо дастдораки асо байни абрӯвонамро хоридам. Сардор лаҳзае ба ин рафтори ман зеҳн монда, давида берун баромад. Котибааш бароям қаҳва овард. Баъд худи сардор даромада, узр пурсид:
- Мебахшед, амакҷон, шумо не, балки мо аз шумо 3000 киловатт-соат қарздор будаем. Ин кори Фатҳиддин ном нозирамон. Шумо ғам нахӯред, вай ҷиянам бошад ҳам, ки худи ҳамин рӯз лингашро аз осмон меорам.
Дилам ба ҳоли Фатҳиддини ҷавон сӯхт. Илтимос кардам, ки монад, вай бечора ҳам кор карда гардад. Шояд зану бачаҳои хурдсол дошта бошад. Ба ҳаққи онҳо зомин шудан нағз не. Ин хел хатову камбудиҳои ночиз кирои гапу калоча нест…
Аз мӯъҷизаи асо рӯҳбаланд шуда, рӯзи дигар ба корхонаи таъминоти гази ноҳия рафтам. Асо барои ба назди сардор даромадан роҳи васеъ кушод. Аввал асоро ба рӯйи миз гузошта, баъд ҳуҷҷату чекҳои пардохти газро ҳамчун хамири буридаи оши лахчак ба пешаш паҳн кардам. Вақти даромадан қарздору муттаҳам барин бошам, не, дар ин ҷо ҳам мисли фариштаи бегуноҳ аз дар баромадам.
Дар хоҷагии коммуналӣ асоро алвонҷ дода, ҷанҷол бардоштам. Вақте ки мо пешакӣ ҳаққи хизматашонро дода бошему онҳо қарздор бошанд, пулро гардонда диҳанд.
- Амакҷон, ором шавед, дар пешаки асоятон мурам, шумо сад дар сад ҳақед. Мо гунаҳкор, инро рӯйирост тан мегирем. Вале барои пулро баргардонда додан илоҷ надорем. Қонуну қоидаҳо ҳамин хел. Майлаш, шумо на танҳо имсол, балки соли оянда ҳам пули партовро надиҳед, мо розӣ. Фақат инро ба ҳеҷ кас нагӯед!
Ба роҳбар ҳамроҳ шуда, ҷонишину саринженер ва сарбухгалтер ба зориву тавалло дароянд, дилатон аз санги хоро бошад ҳам, ки мум барин нарм мешудааст. Ҳамчун Ҳотами Той аз баҳри пулрӯёнӣ гузаштам.
Ҳар рӯз, ки пеш аз мактаб пулгирии бачаҳо ба дилам зада буд, ба мактаб рафтам. Директор арзамро шунида, хас барин оташ гирифт, ки баъзе муаллимони худобехабар ин хел аҳмақӣ карда бошанд, ҳатман ҷазояшонро мегиранд. Ман дигар пул надиҳам. Моҳонаи муаллимамон бемалол мерасаду ҳамаи масъалаҳоро худаш ҳал мекунад.
Шӯҳрати асоям торафт баланд мегашт. Чанд кас барои ба нафақа баромадан, барои истироҳатгоҳ роҳхат гирифтан, дар беморхона хобидан ва иҷрои ин ё он коре маро ҳамроҳ бурда, хурсанд шуда баргаштанд. Якчанд муаммои маҳалла ҳам ба шарофати асои сеҳрнокам ҳал шуд.
Ҳоло дарди поям тамоман нест шудааст. Чанд рӯзи охир асоро ба ном гирифта мегардам. Партоям ё не, ҳамчун одаме, ки дар сари дуроҳае истодаасту бо кадоме аз яки онҳо рафтанашро намедонад, ҳайронам. Ҳар як касофат шарофате ҳам доштааст. Куҷо бошад он ҷавони хушиқбол, ки боз шамоли мошини табаррукаш расида гузарад. Ё…

Комментариев нет:

Отправить комментарий