воскресенье, 21 февраля 2021 г.

БАР ПАДАРАКИ ИН НАФС ЛАЪНАТ

 Ба назди молҳо равам, ба умеди хӯрок додани ман ба сӯям меҳрубонона менгаранд.

Бардурӯғ “ту-ту” гӯям, мурғҳо ба наздам давида омада, маро ҳалкқасон печонида мегиранд.

Ба замин хам шавам, сагу гурбаҳо ба як санг роҳ мегурезанд.

Аз хона баромада, ба таъзия рафта истода бошаму ягон кас пурсад, ки ба куҷо меравам, ба “тӯй” гӯям, боварт мекунад.

Аз автобус фаромада истода, ба ронанда  дӯғ занам, ки “роҳкироро чанд бор мегиред?” – дамаш ба дарун афтода, зуд узр мепурсад.

Аз як ҳамсояам пул қарз гирифта будам. Имрӯзу пагоҳ гуфта ваъда медиҳам. Аз байн 8-10 сол гузашту ҳанӯз вай умедвор. Ман умуман нияти додан надораму ҳамонон интизорӣ мекашад.

Мувофиқи ваъда аз занак ҳам як олам чизу чораҳои рӯзгору ҳалқаву ангуштарӣ қарздор. Ба умеди онҳо хушомад мезанду як гапамро ду накарда иҷро мекунад.

Хулоса, ҳамчун султони айёрони замон ба дурӯғу сафсаттаҳо ҳамаро фиреб дода мегардаму танҳо ба ишкам ин нағмаҳои ман ба кор намеравад. Худоё, ҳазор роҳу воситаро ба кор барам, ки вайро фиреб дода намешавад!

Бар падараки ин нафс лаънат, акнун маҷбур ба ошхона меравам. Талабашро қонеъ накунам, ин гӯрсӯхта маро аз пой меафтонад.

Комментариев нет:

Отправить комментарий