воскресенье, 21 февраля 2021 г.

ФОИДАИ КАДУ

 Мардуми мо аҷибанд. Гап аз кадом мавзӯе оғоз наёбад, ҳама донишманди ҳамон соҳа мешаванд.

-Каду чизи нағз, - дар маъракае яке бичаки кадугиро ба даст гирифта, ба таърифи он даҳон кушод. - Шамоли мизонро хӯрад, исту бисташ дору мешавад.

-Дар даруни маҳсулоти полизӣ каду ягона маҳсулотест, ки хуни тодамро тоза мекунад, - ба таърифи бичакхӯр ҷомаи нав пӯшонд дигаре. – Одам ҳар сол як ишкамсерӣ каду хӯрад, рангу рӯяш ҳам тоза мешавад.

-Фоидааш ба дилу ҷигар ҳам калон, - суст наомад боз яке ва ба оташи сӯҳбат ҳезуми нав гузошт. - Ҳар сол одам чор-панҷ маротиба кадуи буғпаз хӯрад, дар қади умраш рӯйи дарду балоро намебинад.

-Аслан номи ин каду не, кадуҷон аст, - ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд марди ҳаззол ҳам. – Аз ҳама фоидаи он ба ишкамба калон аст.

-Чӣ хел? – ба ҳайрат афтода, баробар пурсиданд чанд нафар.

-Пур мекунад!

Комментариев нет:

Отправить комментарий