пятница, 27 марта 2015 г.

ТАХТИ МОДАР



Ҷавонписаре бо модари пираш дар як кулбаи тангу торе мезист. Барои ба воя расидани ӯ кампир чӣ қадарҳо азоб кашидааст, нағз медонист. Бинобар ҳамин, ба хизмати модараш аз таҳти дил миён баста, ҳар як талабу хоҳиши ӯро бо дилу ҷон иҷро мекард. Худро ба теғу табар мезад, ки ба домани модараш гарде нашинад, ҳар чизеро, ки дилаш хоҳад, хӯраду пӯшад. Ӯ гоҳо ба модараш мегуфт:
− Ман барои шумо, модарҷон тахте сохта, ба болои он шинонда мемононам, ки дар охири умр бо роҳату фароғат зиндагӣ кунед, аз ягон чиз камбудие надошта бошед.
− Тахт барои ман чӣ даркор, бачем?! – мегуфт модари пираш. – Тахт зеби подшоҳон аст.

− Подшоҳҳоро ҳам модарон ба дунё меоранд. Ба подшоҳон не, ба модарон тахт сохтан даркор.
− Дуруст, − розӣ мешуд кампир, – ҳамин қадар ҳам мегӯйӣ, ин гапи калон, писарам. Акнун ба ман тахти нишаст не, тахти равон лозим аст, ки то гӯристон барад.
            − Ин хел нагӯед, модарҷон, − ранҷида мегуфт писар. – Ҳоло шумо ба сад медароед, дар тахт нишаста, хуб давру даврон меронед.
            − Хайр, бачем, илоҳо гуфтаи ту шавад, − ниҳоят розӣ мешуд кампир ва дар ҳаққи писараш дуои дуру дарозе мекард.
            Бо мақсади сохтани тахт чанд сол ҷавонписар хизматгори таки дари як бойе шуд. Шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, бузу гӯсфандҳояшро чарронд. Дар зимистонҳои хунук азобҳои гӯшношунид кашид. Аммо соли чорум, вақти ҳисобу китоб, бойи беинсоф ба ҷавонписар тӯҳмат кард, ки ду гӯсфандро гум кардааст. Хулоса, ба писар як тин надода, аз даргоҳаш ронд.
            Азми ҷавонписар барои сохтани тахти модар қатъӣ буд. Барои пулкоркунӣ ба шаҳри бегона ба мардикорӣ рафт. Пас аз ду сол бо маблағи зиёде бармегашт, ки ба дасти авбошон афтод. Онҳо писарро задаву кӯфта, тамоми пулҳояшро рӯфта гирифтанд.
            Бо сари хаму рӯҳи афсурда ба хона омад. Пас аз чанде боз ба мардикорӣ рафтан мехост, ки модари пираш намонд.
            − Дигар азоб кашида тахт–пахт нагӯ, писарам. Ман пири барҷомонда шудам. Акнун ҳамеша ҳамроҳам бош, асои дами пириам шав. Ту дар паҳлӯям бошӣ, ман худро дар болои тахти подшоҳӣ ҳис мекунам.
            Ҷавон гапи модарашро ду карда натавонист ва ба тақдираш тан дод. Кампир як одати аҷибе дошт. Баъзе пагоҳӣ аз хоб хеста, ба писараш мегуфт:
            − Хешҳоямонро хоб дидам. Як рафта, аз ҳолу аҳволашон хабар гирифта оем.
            Ҷавону модараш ягон хешу таборе надоштанд. Ҳамаи онҳо аз олам гузашта буданд. Аз ин гапҳо мақсади кампир зиёрати хокҷойи онҳо буд.
            Кампир акнун дуруст роҳ гашта наметавонист. Ду–се қадам намонда, мадораш хушк мешуд, пойҳояш дигар пеш намерафтанд. Барои ҳамин, ҷавон модарашро ба пушташ мебардошт. Дили модар ба писараш сӯхта, ҳар замон хоҳиш мекард:
            − Мабодо монда нашудӣ, ҷони модар. Биё, дар ягон ҷо ман шинам, ту каме дам гир.
            − Не, модарҷон, ман монад нашудаам. Агар хоҳед, то Маккаву Мадина бардошта бурда, бардошта меорам. Агар худи шумо, дар ҳақиқат, монда шуда бошед, ба ягон ҷойи нағзе расем, албатта, дам мегирем.
            Ҷавон як ҷойи хушманзараи лаби дарёчаро интихоб кард. Модарашро аз пушташ фароварда, ду сангро паҳлӯи ҳам гузошт ва бо болои он чӯбе монд. Баъд ҷомаашро аз танаш кашида, ба болои он паҳн кард, ки модараш болои он бароҳат нишинад.
            Дар қабристон модар дар ҳаққи гузаштагон дуо мекард. Ба сари гӯри ҳар кадоме аз хешовандон нишаста, сукут меварзид. Зери лаб бо овози паст бо онҳо гуфтугӯ мекард. Ҷавон дар ин вақт ба рӯбучину ободии қабристон машғул мешуд.
Ҷавон ҳангоми ин хел равуоҳо чӯбу тахтапораҳоро ҳамроҳ мегирифт. Вақте ки ба он ҷо мерасиданд, ҷавон онҳоро болои санг қатор чинда, нишастгоҳи модарашро мукаммалтар месохт. Он торафт тахту ҳамвор ва шинаму зебо мегашт.
            Ҳамин тавр, ҳар боре, ки ҷавон модарашро ба пушташ бардошта, ба сӯйи қабристон мебурд ва ё меовард, дар ҳамон ҷо дам мегирифт. Ҳар дафъа ҳамроҳ ягон чизи дигаре оварда, нишастгоҳи модарашро хушрӯву бароҳаттар мекард.
            Вале умри модари бечорааш кӯтоҳ будааст. Вай аз олам гузашту барои модари мушфиқаш сохта натавонистани тахт дар дили ҷавон армон шуд. Ҷавон баъди маъракаҳои дафни модараш аз шарм ба куҷое баромада рафт.
            Он ҷойе, ки модари ҷавон нишаста дам мегирифт ва изи пое, ки ҷавон борҳо модарашро бардошта бурда меовард, пайроҳае пайдо шуда буд. Курсичаи сохтааш ҳам аз дур ба чашм метофт. Акнун касе, ки аз он ҷойҳо гузарад, дар он курсича – тахти модар нишаста, дам мегирифт. Барои калону боҳашам ва зебо гаштани тахти модар ҳар кас ҳиссае мегузошт. Гирду атрофаш сабзу хуррамтар мегашт. Бо гузашти солҳо он мавзеъ Тахти модар ном гирифт.

Комментариев нет:

Отправить комментарий