пятница, 27 марта 2015 г.

ПОДОШИ АМАЛ



            Буд набуд, як ятимписараке буд. Падару модараш дар хурдсолии ӯ аз олам чашм пӯшида буданд. Вай яккаву танҳо дар як кулбаи аз падару модараш меросмонда зиндагонӣ мекард.
            Писарак бо азобу машаққат рӯз мегузаронд. 14–сола шуда бошад, ки бисёр корҳо аз дасташ меомад. Либосҳои танаш садҳо дарбеҳ дошта бошанд, ки дар қафаси синааш дили софу беғубор ва пур аз меҳру садоқат ҷӯш мезад. Масалан, вай дар кулбааш як бурда нони қоқашро ба оби косаи нимшикаста тар карда хӯрда истодааст. Ҳамин вақт саг ё гурбаи гуруснае пайдо шавад, дилаш ба ҳолаш месӯхт. Гуруснагии худаш аз ёдаш мебаромад ва ҳамон як бурда нони нимхӯрдаашро ба саг ё гурба медод.
            − Э ҷонвари бечора–е! Аз афташ, хуб гурусна мондагӣ барин–а? Ма, хӯр. Ба умед ба ин ҷо омадӣ, ноумед нарав.
Ин гуна кору рафтори ӯро одамон дида, байни худ таъриф мекарданд:
            − Худ ятим бошад, ки ба ҳама дилсӯзу ғамхор аст!
            Дар кӯча роҳу кӯча ҳам, ба ҳама ёрӣ мерасонд. Пирамард ё пиразанеро бинад, ки як банд алаф ё ҳезум бардошта меравад, ба ҳоли онҳо раҳмат меомад. Ба ҷону ҳолашон намонда, алафу ҳезумашонро то ба хонаашон бурда мемонд.
            − Дастиёри бемалоли мардум! – дар ин хел вақтҳо мегуфтанд одамон дар ҳаққи ӯ.
            Фаҳмад, ки гов ё гӯсфанди ягон ҳамдеҳааш гум шудааст, соҳибонаш нагӯянд, ки худаш ба кофтуков мебаромад. Дар кӯҳу дараҳо ҷустуҷӯ карда, ёбад, оварад ба соҳибонаш месупурд.
            − Бачаи раҳмдилу савобталаб! – мегуфтанд якдилона мардум.
            Ягон ҳамдеҳааш хонае сохта истода бошад, ба ёрӣ мешитофт. Баробари соҳиби хона аз пагоҳ то бегоҳ ба лою хок ғӯтида, кор мекард.
            − Ёрдамчии беминнати мардум! – дар ин хел вақтҳо мегуфтанд онҳо.
            Писарак умуман бекор намегашт. Ҳатман ба худ коре меёфт. Ҷӯйи худаш набошад, онро мекофт, ки оби ба замини мардум бемалол равад. Санги садди роҳеро бинад, гирифта, ба канор мегузошт. Зимистон барфи бисёре борад, саҳари барвақт хеста, роҳҳои рафтуои мардумро мерӯфт ё бел мекард, ки одамон ғеҷида наафтанд.
            Ин гуна корҳои ӯро дида, ҳама дуо мекарданд.
            − Илоҳо барака ёбад, ба орзую ниятҳои некаш расад!
            Дар саросари деҳа номи ӯ вирди забони марудм буд. Ҳама ӯро таърифу болбардор мекарданд.
            Таърифҳои мардум ба гӯши бойи қишлоқ ҳам расид. Ба бой сахт алам мекард, ки ӯ қаср барин ҳавливу ҷой, анборҳои пури дону ғалла, рамаҳои бузу гӯсфанд ва подаҳои гову гӯсола дораду ӯро монда, мардуми нодон, як ятимаки нонгадоро таъриф мекунанд. Бой аз ин таърифҳо дарун–дарун сӯхта, обу адо мешуд. Аз алам як шаб кулбаи писаракро оташ зад. «Ана акнун мебинем, ки ҳоли ятимак чӣ мешавад?» – хурсандона аз дил гузаронд бойи қишлоқ.
Писарак аз дуду оташ нафасгардон шуда, аз хоб бедор шуд. Ҳарчанд зӯр зад, оташро хомӯш карда натавонист. Аҳли деҳа ба ёриаш омаданд, вале аллакай дер шуда буд. Кулбаи писарак ба як тӯда хокистар табдил ёфт.
            Мардуми деҳа баробари писарак андӯҳгин шуданд. Ҳар кадоме писаракро дилбардорӣ карда мегуфтанд: «Ғам нахӯр, ҳоло ҳамааш нағз мешавад. Аз ҳама асосиаш, худат зинда мондӣ, ин давлати калон аст. Хонаву ҷой ҳеҷ гап не».
            Зану мард, пиру ҷавон ба ёрии ятимписар шитофтанд. Ҳар кас дар хона чизи барзиёде дошт, ба писарак бахшид.  Лой хобонда, девор бардоштанд. Хонаву ҷойи дигарон дар ду – се моҳ буд шавад, дар як ҳафта ба ҷойи кулбаи пешина ҳавлии кори калони ятимписар қад афрохт. Мардҳо беруну рӯйи ҳавлиро обод кунанд, занҳо даруни хонаҳоро бо палосу ҷиҳоз оро доданд. Дар деҳа як ҳавливу ҷойи зебо пайдо шуд. Одамоне, ки духтарони қадрас доштанд, духтарашонро бо ӯ додани шуданд. Вале писарак ҳоло ҷавон будани худро ба забон оварда рад кард…

Комментариев нет:

Отправить комментарий