пятница, 27 марта 2015 г.

ЧОРМАҒЗИ ҶОНСАХТ



            Дарахти чормағз ҳосили зиёде кард. Байни онҳо як Чормағзеи ҷонсахте буд. Вай пӯсту пӯчоқ ва думчаи ғафсе дошт. Бо гузашти рӯзҳо ҳосили чормағз пухт. Соҳиби боғ он дарахти чормағзро ба ходаи дарозе афшонд, вале он чормағз ба замин нарехт.
            Ҳаво хунук гашта, шамолҳои тунду тез вазид. Вале зӯри шамол ҳам ба он Чормағзи ҷонсахт нарасид. Баргҳо тамоман рехта, дарахти чормағз урён гашт. Он Чормағзи ҷонсахт дар шохи дарахт яккаву танҳо монд.

            Дар ҳавои сарди тирамоҳ паррандаҳо аз гуруснагӣ худро ба чор тараф мезаданд. Ҳангоми парвоз чашми зоғи сиёҳе ба ҳамон Чормағзи ҷонсахти болои дарахт афтод. Вай аз роҳи парвозаш бозгашта, ба ҳамон навдаи дарахти чормағз омада нишаст. Нахӯрда, ба мағзи ширини серравғани чормағз оби даҳонаш шорид. Зоғ онро аз мағзи пӯсти чоркафонаш ҷудо карда, ба даҳонаш гирифт ва парида ба болои симчӯб омада нишаст. Чормағзи ҷонсахтро байни панҷаҳои пойи росташ дошта, бо минқораш зада шикастанӣ шуд. Чормағз тарсону ларзон ба илтиҷо даромад:
            − Зоғҷон, маро нахӯр! Мон, ман ба замин афтода, сабз шуда бароям. Як – ду сол нагузашта, калон мешавам. Баъд ҳосил мекунам. Он гоҳ ба ҷойи як чормағз даҳҳо чормағз мехӯрӣ.
            − Не! Тоқати интизорӣ надорам. Ман гурусна ҳастам, туро худи ҳозир мехӯрам, – гуфт зоғи сиёҳ.
            − Ба ҷони ҷавонам, раҳм кун, зоғҷон. Чашмгуруснагӣ хуб нест. Ҳеҷ гоҳ худбинҳо ба мақсад намерасанд, − ба гиря даромад Чормағзи ҷонсахт.
            Вале зоғи сиёҳ ба зориву тавалло ва гиряи Чормағзи ҷонсахти бечора эътиборе надода, сарашро боло кард ва бо шаст ба чормағз минқор зад. Нӯлаш саҳл хато хӯрд, ки зарбаи нӯлаш ба паҳлӯи Чормағзи ҷонсахт расид. Аз зарбаи сахт чормағз аз байни панҷаҳои пойи зоғ ғеҷида ба замин афтод. Пӯсти танааш, ки ғафс буд, нашикаст.
            Зоғи ало ҳарчанд кофт, Чормағзи ҷонсахтро ёфта натавонист. Ноумед шуда боз ба парвоз даромад ва аз пайи ҷустуҷӯйи тӯъмаи дигар рафт.
            Симчӯб, ки дар қади роҳ буд, аз он ҷо одамони зиёде мегузаштанд. Чормағз даруни кӯлмаки зери симчӯб афтода буд ва дар рӯйи об ба чор тараф шино мекард. Аз даруни об ними болояш, ки менамуд, касе эътибор намедод. Вале чашми тези писараке, ки бо ҷӯраҳояш аз мактаб меомад, ба он афтод. Вай Чормағзи ҷонсахтро аз даруни об гирифта, номаълум ба киссааш андохт, ки баъд мазза кард мехӯрад. Ҷӯраҳояш раҳораҳ ба ҳар тараф – ба хонаҳои худ рафтанд. Писарак танҳо монд. Ба хонаашон нарасида, чормағзро хӯрданӣ шуд. Ба таги пояш монда, ду–се сол лагад зад. Аммо Чормағзи ҷонсахт нашикаст ва ба зорӣ даромад:
            − Эй писараки нағз! Маро нахӯр. Ба замин корӣ, неш зада бароям, ана баъд, ҳар сол ҷувол – ҷувол чормағз мехӯрӣ.
            − Не! – якравӣ кард писарак. – Чормағз барои хӯрдан аст. Аз мактаб гурусна монда омадам.
            − Чашмгуруснагӣ накун, − гиряомез гуфт Чормағзи ҷонсахт. – Бо хӯрдани як худи ман сер намешавӣ. Каме тоқат кун, ҳозир ба хонаатон равӣ, хӯрокҳои тайёркардаи модаратро ҳузур карда мехӯриву ишкамат сер мешавад. Шахсони бахилу якрав ҳаргиз ба мақсад намерасанд.
            Вале писарак ба зориву таваллои Чормағзи ҷонсахт эътиборе надод. Ба чор тараф нигарист, ки санге ёбаду чормағзро шиканад. Мутаассифона чашмаш ба санге наафтод. Чӣ кор караднашро надониста, чормағзро ба девор зада шикастанӣ шуд. Бо ҳамин мақсад қулоч кашида, Чормағзи ҷонсахтро ба сӯйи девор ғурронд. Вақти паррондан Чормағзи ҷонсахт тоб хӯрда, самти ҳаракаташро дигар кард ва аз болои девор гузашта, ба даруни боғе рафта афтод.
            Дар боғ Мушаке хона дошт. Вай ҳангоми ҷустуҷӯйи хӯрокие Чормағзи ҷонсахтро дид. Хост нӯши ҷон кунад.
            − Мушак, Мушак, илтимос, маро нахӯр, − гуфт Чормағз. –Мон, даруни боғ ман сабзида калон шавам, ана баъд на танҳо худат, ҳатто хешу табор ва фарзандонат ҳам баҳраманд мешаванд.
            − Не, мехӯрам!
            − Гурусначашмон ба мақсад намерасанд.
− Мақсади ман  − хӯрдани ту! – гӯён Мушак хуб зӯр зад, ки чормағзро шикаста хӯрад, вале дандонҳояш нагузаштанд. «Хайр, − худ ба худ андешид Мушак. –Ҳозир ман сер. Захира карда монам, баъдтар мехӯрам». Мушак Чормағзи ҷонсахтро ба хонааш кашола кард.
Оби барфу борони фаслҳои тирамоҳу зимистон ба мушхона даромад. Чормағзи ҷонсахт тар шуд. Пӯсташ ёзид. Мағзаш варам кард ва пӯчоқашро кафонда, неш зада, аз замин баромад.
Боғбон ниҳоли наврустаи Чормағзро дида, каландро овард. Ниҳоли Чормағзи ҷонсахт тарсону ларзон ба тақдираш тан дод. Зоғи ало, Писарак ва Мушакро ба ёд оварда, зориву тавалло накард, ки фоида надорад. Аммо боғбон онро беозор бо хоку бехаки канда, ба ҷойи хубтаре бурда шинонд.
Аз ин кори боғбон ниҳоли Чормағзи ҷонсахт оҳи сабуке кашида, аҳд кард, ки агар калон шавад, ба ивази ин некии боғбон ҳар сол ҳатман ҳосили фаровоне мекунад.
Ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий