пятница, 27 марта 2015 г.

ҶОНПАЙВАНД



            Ҳар сол тирамоҳ соҳиби як хонадон токҳои воишашро мебурид. Навдаҳои беҳосили токро қайчӣ карда, шохҳои хубу серҳосилашро мемонд.
            Ин тирамоҳ ҳам ӯ токҳои воиши рӯйи ҳавлиашро бурид. Ҳатто як шохе, ки нарангушт барин ғафсӣ дошт ва ҳар сол ҳосили хубе мекард, саҳван ба ҷойи навдаи муфтхӯри беҳосил бурид. Аз ҷойи буридааш дошта кашид. Вале шоху навдаҳои дигар, ки ба якдигар часпида буданд, ба кашиад гирифтан имкон надоданд. Онҳо чун додару хоҳарони ҷонӣ аз якдигар ҷудо шудан намехостанд.
            − Хайр, − гуфт худ ба худ соҳиби ток. – Сонӣ гирифта мепартоям.
Вале баъд гирифта ба замин партофтани он навдаи буридааш аз ёдаш баромад.
            Мағз–мағзи ҷони он навдаи бурида, ки дард мекард, ба оҳу нола даромад. Ҷойи буридааш ғарқоби хун шуда, чак–чак ба замин мечаккид. Фақат хуни ток сурх не, сафед буд.

            Ҳампаҳлӯйи ӯ, ки навдаи беҳосиле буд, аз ин аҳволи ӯ сахт ғамгин шуд. Зеро ба ҷойи вай соҳиби хона ин навдаро бурида буд. Болотари ин навда боз ду навдаяки ба ҳам ғафс месабзид. Навдаи бурида аз байни онҳо, ки мегузашт, аз ду тараф ӯро сахт ба оғӯш гирифта, дилбардорӣ карданд:
            − Медонем, ба ту ҷабр шуд. Тамоми ҷону танат дард мекунад. Фақат ту тоқат кун. Ҳоло ҳамааш нағз мешавад.
            − Маро аз танаи асосиам буриданд. Аз ҷойи буридаам хун рафта истода бошад, боз чӣ хел ҳамааш нағз мешавад?
            − Нағз мешавад! Дунё ба умед аст. Боварӣ ба оянда ба кас ҳаёт мебахшад.
            Ҷуфтнавдаҳо инро гуфта, навдаи буридаро ба оғӯш гирифтанд. Сару рӯяшро навозиш карданд. Ба вай ҳарорату қувва бахшиданд. Бо суханони ширини навозишомез торафт ба мағзи гӯшту пӯсти худ кашиданд.
            Тирамоҳ гузашта, фасли зимистон фаро расид. Хаво хунук шуд. Баъд аз боронҳои тӯлонӣ барф борид. Ҳама ҷо ях баст. Мисли тамоми долу дарахтон току он навда ҳам карахт ва беҳиссу ҳаракат гардид…
            Дар фасли баҳор барфҳои рӯйи замин об шуданд. Ҳаво рӯз аз рӯз гарм мешуд. Дар рӯйи замин боз сабзаҳо дамиданд. Току дарахтон ҳам дар баданашон як гармии форамеро ҳис карда, аз хоби зимистона бедор шуданд.
            Ба қатори дигар шохҳои ток давоми он навдаи буридашуда ҳам муғҷа кард. Навдаҳои нав баровард. Онҳо дароз шуда, барг ва ғӯра карданд. Бо гузашти рӯзҳо ғӯраҳои турш ба ғуҷумҳои ширини ангур мубаддал гаштанд.
            Охирҳои тобистон, ки ангур ширин шуд, вақти кандан чашми соҳиби ҳавлӣ ба ҳамон навдаи буридааш афтод. Бодиққат бинад, он навда байни шоханавдаҳои болоӣ чунон часпидааст, ки пайванд не, гӯё ҷонпайванд бошад. Ҳосили беҷирму хушрӯйи навдаи саҳваи буридаашро дида, соҳибаш аз кори кардааш ҳазорҳо пушаймон шуд.
  

Комментариев нет:

Отправить комментарий