пятница, 27 марта 2015 г.

БОЙБОБО



            Буд набуд як бойи бадавлате буд. Ончунин давлатманде буд, ки ба ҳисоби пулу молҳояш худаш сарфаҳм намерафт. Бинобар ҳамин, ҳама ӯро «Бойбобо» мегуфтанд.    
            Бойбобо аз молу мулк ва давлату сарват ҳама чиз дошту фақат фарзанд – не. Чанд сол пеш занаш ҳам мурда буд. Пулу бойигарӣ ва ғулому хизматгорони зиёде, ки дошт, аз дасти ӯ бисёр корҳо меомад. Вале бо вуҷуди он пеши роҳи пиршавии худро гирифта наметавонист. Ҳазорон тангаи тиллоӣ сарф кунад, ки илоҷи ҷавонтар шудан надошт. Хулосаи гап, вай мурдан намехост.
Ҳар сол, ки мегузашт, як хиште аз умри Бойбобо кам мешуд. Вай бо чоҳи ғаму андӯҳ меғӯтид. Аз фикру андешаҳои бисёр шабҳо хобаш намебурд. Чӣ кор карданашро намедонист. Барои аз касе маслиҳат пурсидан бошад, шарм медошт.

            Дар сари роҳи калоне, ки вай борҳо аз он ҷо бо корвон мегузашт, як кулбаи фатароти деврҳояш шӯрзада буд. Дар он як мӯйсафеди дарвешнамое мезист. Синаш ба таги сад расида бошад, ки ҷавон метофт. Аз ду барии рӯяш нур меборид. Ҳамеша хушвақту хандон буд.
            Бойбобо баъди андешаҳои дуру дароз қарор дод, ки аз ҳамин мӯйсафед маслиҳат пурсад. Аввало, ӯ танҳост, ба наздаш рафтани Бойбоборо касе намебинад. Сониян, маслиҳат пулу чиз нест, ки нахоҳад. Шояд ба бисёриҳо ҳам маслиҳат диҳад. Боз ҳамчун як марди тақводор бояд сирро нигоҳ дорад. Баъд, на ӯ ба ягон ҷо меравад ва на ягон кас ба пеши ӯ меоянд, ки асрораш ошкор гардад… Бо ҳамин фикру андешаҳо Бойбобо як шаб ба назди он мӯйсафеди дарвеш рафт.
            Дарвеш ӯро бо чеҳраи кушод пешвоз гирифт. Ҳар чизе, ки дошт, ба пешаш гузошт. Дар чойҷӯши сиёҳе об ҷӯшонда, бо оби ҷӯш ва чанд бурда нони қоқ зиёфат кард. Аз ҳар бобат сӯҳбат кунанд, ки мӯйсафед аз мақсади омадани Бойбобо пурсон нашуд. Мӯйсафед одами доно буд. Медонист, ки худи Бойбобо мақсадашро мегӯяд.
            Қарибиҳои субҳдам Бойбобо ба мақсад гузашт:
            − Тақсир, ман ба назди шумо барои маслиҳатпурсӣ омадам. Ман мурдан намехоҳам. Илоҷи намурдан ҳаст?
            − Ҳаст,  − ҷавоб дод мӯйсафед.
            Дар чашмони Бойбобо аз шунидани ин ҷавоб нури умед дурахшид.
            − Хоки поятон шавам, бемалол бошад, ба ман гӯед.
            −Тамоми молу мулк, ҳавливу ҷой ва бойигариатонро ба мардуми бенаво ва бачаҳои ятиму бепарастор тақсим карда диҳед.
            Аз ин гапи мӯйсафед Бойбобо ҳайрон шуд. Чеҳраашро пардаи ғаму андӯҳ фаро гирифт. Маслиҳтаи мӯйсафед ба назараш аҳмақона намуд ва пурсид:
            −Худам чӣ мехӯраму чӣ мепӯшам? Дар куҷо зиндагонӣ мекунам?
            −Шумо ғами инҳоро нахӯред. Ба пеши ман кӯчида оед. Худо ягон чиз диҳад, мехӯрем, надиҳад, қаноат мекунем. Ҳамаи инҳо барои намурдани шумо аст.
            Бойбобо маъюсу пакар аз хонаи мӯйсафед баромада рафт. Чанд шабу чанд рӯз фикр кард. Илоҷи дигар, ки наёфт, маҷбур аз рӯйи гуфтаи дарвеш амал кард ва ба кулбаи мӯйсафед кӯчида омад.
            Мардуми бенавою камбағал, ки соҳиби хонаву ҷой ва пулу мол шуда буданд, ҳар рӯз ягон хел хӯроке пухта ба назди онҳо меоварданд. Эҳтиёҷоти онҳоро ба назар гирифта, ҳар хел либос ё палосу ҷиҳоз мекашонданд. Кулбаро таъмиру рангу бор мекарданд. Ҳамеша хислатҳои некашро ба забон меоварданд. Дар сари намозу дастархон дар ҳаққаш дуо мекарданд. Саховату накӯкориҳои Бойбоборо ҳамчун афсона ба фарзандонашон мегуфтанд, ки минбаъд ҳам хотираи ӯро пос доранд. Баъзеҳо писардор шаванд, ба ӯ номи Бойбоборо мегузоштанд, ки ӯ зинда аст. Ҳамаи инҳоро дида, Бойбобо гул–гул мешукуфт, дар рагҳояш хуни тоза ва дар тану ҷонаш қувваи наверо ҳис мекард.
            Бойбобо боз чандин соли дигар умр дида, ба хотири ҷамъ аз олам гузашт.
            Ӯ мурд. Вале дар забони мардум номи неки ӯ зинда буд.
            Баъзеҳо, ки каму беш соҳиби молу давлат шуданд, дигарон ба ӯ «Бойбобо» гуфта муроҷиат мекарданд. Ҳамин тавр, номи «Бойбобо» то ҳол дар байни халқ зинда аст.

Комментариев нет:

Отправить комментарий