пятница, 24 августа 2012 г.

БА ДАМГИРӢ МО РАВЕМ


          Пиризан пеш аз он, ки барои дамгириву табобат равад, як-як бо аҳли оила супориш дод.
          --Дар набудани ман аз бачаҳо бохабар шавед. Назди обу алав нараванд. Дар вақт-вақташ хўрокашонро хўранд. Аз болои дарстайёркунии Манзила назорат кунед. Духтари калон бошад, ки вай хари халахўр барин. То нагўед, вазифаҳои хонагиашро иҷро намекунад. Азизҷон, шатармаҷинии таппа - тайёр. Пагоҳӣ аз хона барояд, саги сакалтуи ахлотҷо барин бегоҳ пайдо шуда меояд. Ман зуд - зуд лаҷомашро кашида меистодаму вай аз хати кашидаам берун намебаромад. Шумо ҳам бохабар шавед, набошад вай аз худ меравад.

         Хотираатон ғалбер барин пурсўрох бошад, ин гуфтаҳои маро  як-як нависта гиред. Гулҳо ҷону дили ман. Бенигоҳубин монаду ягонтоаш хушк шавад, баъд аз худатон гила кунед. Келин, пагоҳию бегоҳӣ ҷўшидани гов, ин вазифаи асосии шумо. Дар вақту соаташ наҷўшед, шираш хушк мешавад.
          Гўсолаашро дар офтоб набандед, ки офтоб занад, ганда. Вай ҳоло кўдак барин. Нигоҳубини мурғҳо ҳам аз ёдатон набарояд. Бегоҳ дари катакро нағзакак маҳкам кунед. Набошад луқмаи сагу пишак мешавад.  Алопар, саги вафодор. Ҳама гапро мефаҳмаду ҷонвари бечора фақат забон надорад. Вай қулфи дару посбони беминнати шабонаи ҳавливу ҷой. Ба кучук се маҳал хўрок додан боз нася нашавад?! Мошонро бо лагататон зада, аз хона пеш накунед. Вай аҷали мушҳо. Вай набошад, мушҳо ҳама ҷоро ғалбер мекунанд.
Дар набудани ман боз ба чирку чарм ғўтида нагардед. Ҳар ҳафта, келинмулло, рўзҳои чоршанбеву шанбе ҷомашўӣ кардан аз ёдатон набарояд…
          Модар ҳанўз нисфи корҳои ҳаррўзаи аҳли оиларо номбар накарда, писари калонӣ бетоқатона гуфт:
          --Ў-ҳў оча, ин хел бошад, беҳтараш ба дамгириву табобат мо равему шумо дар хона монед.
         

Комментариев нет:

Отправить комментарий