среда, 21 ноября 2018 г.

Илоҷи охирин


Барқия
Ба сардабири рӯзномаи «Паёми Аҷам» Вафо Зарифӣ
Муаллими азиз, илтимос, мӯҳлати сафарамро боз як ҳафта дароз кунед. Мавзӯи нодире ёфтаму мақолаи олиҷанобе навиштан мехоҳам. Барои хубтар омӯхтани мавзӯъ ҳоло дар завод кор карда истодаам. Умед дорам, ки илтимоси маро рад намекунед.
Мухбири калони рӯзнома О.Сафдаров.


Барқия
Ба сардабири рӯзнома В.Зарифӣ
Мӯҳлати сафарамро боз даҳ рӯз дароз кунед. Мавзӯъ маро ба коми худаш кашидаасту илоҷи раҳоӣ нест. Ҳамин, ки ба кор баромадам, якчанд мақоларо ба рӯйи мизатон мегузорам.
Мухбир О.Сафдаров.

Барқия
Ба В.Зарифӣ
Пас аз ягон моҳ ба идора меравам. Партофта рафтани қаҳрамонони ояндаи очеркҳо бароям душвор аст. Баъди чопи очеркҳо шумораи хонандагони рӯзнома даҳҳо маротиба зиёд мешаванд.
О.Сафдаров.

Барқия
Ба сардабири рӯзномаи «Паёми Аҷам» мӯҳтарам Вафо Зарифӣ
Муҳаррири азиз, мухбиратон О.Сафдаров аз ҷонамон безор кард. Ҳаётомӯзӣ гуфта, ҳафтаҳо аз даруни завод намебарояд. Пас аз омадани ӯ бисёр коргаронамон майзада гаштанд. Интизом суст шуда, нақшаҳои завод иҷро намегарданд. Агар омада худатон ӯро набаред, дар ин моҳу солҳои наздик худаш рафтан намехоҳад. Илтимос, омада ӯро зудтар баред.
Тамоми хароҷот аз ҳисоби завод пардохта мешаванд.
Бо эҳтиром, директори заводи шаробкашии «Рахшон» Б.Ҳотамов.



Комментариев нет:

Отправить комментарий