среда, 21 ноября 2018 г.

Ҷазои келинмулло


Ҳикояи ҳаҷвӣ


Аҷаб замонае! Пештар гоҳ-гоҳ наварӯсон аз ҷабру зулми модарарӯсу корҳои зиёди рӯзгор қаҳр карда, ба хонаи падару модаронашон раванд, ҳоло модарарӯсҳо аз дасти келинҳо гурезонанд. Ҳамсари пири ман ҳам, «дасту панҷаи ин келини мо нӯноқ бошаду ҳазор бор гӯед, ки як кори гуфтагиро табъи дил накунад, афту башараи ин хел келинро камтар бинам» гуфта, ба саёҳати рӯйи олам баромад: дар хонаҳои хоҳару додар, духтару писарҳо ва хешу таборонаш чандрӯзӣ меҳмон мешавад. Дар байнаш барои табобат дар беморхонаҳо мехобад. Хулоса, кай гашта меояд, Худову худаш медонад. Ман, ки умрамро дар кор, кӯча, чойхона ва тӯю маъракаҳо мегузаронам, ҳоло тоқат карда истодаам.
Ҳайвон ҳам гапи нағзро нафаҳмад, халачӯбу химчаву говронро ба кор мебаранд. Ба одамизод, махсусан наварӯси хонадон ин амал раво нест. Панду насиҳат ва маслиҳату фаҳмонданҳои беохири занак таъсир накарда бошад, ки ман ба навиштани вазифаҳои келинмулло ва дар ҳар ҷо – ҳар ҷо часпонда мондани онҳо аҳд кардам. Ба кӯр мисли асо, ҳар замон чашмаш афтаду хонад, шояд ақлаш дарояд.

«1. Ба келини одамон ҳаваси кас меояд. Рӯзи дароз хизмати падарарӯсу модарарӯсро ба ҷо меоранд. Баъд дав-давон ба кори давлат мераванд. Аз кор баромада, нафасгардон шуда, ба хона меоянд ва даҳдаста ба корҳои оила мечаспанд. Ҳама ҷо тозаву озода, таъми чою хӯрокҳояшон аз таомҳои ошхонаву тарабхонаҳои дакаданг монданӣ надорад. Гуфтору рафтор, шину хезашон ба қасидаҳо сазовор. Шумо ҳам аз ҳамонҳо ибрат гиред, келинмулло.
2. Гурба ҳам пагоҳӣ аз хоб хезад, аввал дас­ту рӯ мешӯяд. Шумо ҳам, ин хел корро кунед, зарар намебинед. Пагоҳӣ як-ду соат пеши оина шишта, аз нохуни по то фарқи сар ба андозу пардози худ машғул шавед ҳам, келинмулло, дар сад сол он ҷойи дастурӯйшӯйиро намегирад.
3. Пештар, замонҳои қадим, ки газу свет ва ин хел добу дастгоҳҳои одамтанбалкунак набуд, келинчакҳо то ду-се нафар бачадор шуданашон дар оташдон бо янтоқу таппӣ даруни дуду дудғола монда, дар қумғон барои падарарӯсҳояшон оби таҳорат гарм мекарданд. Хайр, ин корҳо, ки ба гӯшаи хаёлатон намеояд, ақаллан аввали шаб бо об пур кардани зарфҳо ҳам аз дастатон намеояд? Пагоҳӣ мехезед, ҳама чиз – сатилу чойнаку офтоба ва ғайра аз беобӣ тақаррос мезананд. Худоё, боз даргоҳамонро хушкӣ назанад.
4. Баъди садҳо бор гуфтан, саҳарии торикча не, соатҳои ёздаҳ – қарибиҳои пешин, дилу бедилон ба рӯйи ҳавливу таги дарвоза ҷорӯб мезанед. Ба ҳамин қадар кӯшишу ғайрататон ҳам ҳазорҳо ташаккур! Лекин, келинмулло, пеш аз рӯфтан, аз рӯйи таомул чорта шакароб мезананд. Кадом рӯз бо иллату миннат ва девонавор таги дарвозаро рӯфтед, ки мисли таркиши вулқон чангу ғубори абрмонанди замин ба ҳаво хеста, қариб боиси ба ҳам бархӯрдани ду-се мошини кӯча гардид. Худо накарда, фалокате рӯй медод, хуни ронандаҳои бегуноҳ ба гардани мо меафтод. Хешу таборашон ҷангу ҷанҷол бардошта, милисатозӣ мекарданд, бо ҳукми суд ба додани ёрдампулии фарзандонашон то ба балоғат расидан ба зиммаамон бор мешуд. Аз бало ҳазар гуфтаанд!
5. Мор соле як ё ду бор пӯст мепартояд. Пӯс­ти кӯҳна дигар ба вай даркор не. Лекин одамизод ин хел набояд бошад. Шумо ҳам, келинмулло, либосу пойафзолҳоро кашида, ба ҳар куҷо партофтанро бас кунед. Баъди тӯй, ки дар хонадони мо як бетартибиву дарҳаму барҳам ба вуҷуд омад, худатон чизҳоятонро наёфта, ҷинӣ нашавед. Сару калобаи келинро ёфтану ҷо ба ҷо кардан вазифаи модарарӯсҳо не. Ҳозир, ки модари шавҳаратон нест, ин корҳоро ба гардани ман бор карданӣ нашавед!
6. Одамҳои беақлу фаросат хонаи душманат насӯзад гуфта, дуои нек мекунанд. Сӯхтор фалокати бузург аст. Баъде, ки чизу чора ва ё хонаву ҷой сӯхт, дудаш бар бод рафта, худаш ба хокис­тар мубаддал мегардад. Ба ҷойи сӯхта нобуд шудан дуздон ба ғорат баранд, ки мантиқан хубтар аст. Яъне, аз барбоду хокистар шудан дуздон баҳравар гарданд, беҳтар аст. Барои пешгирии ин хел касофату фалокатҳо, шумо, келинмулло, баъди гирондани плитаи газӣ ё асбобҳои электрикӣ, ақаллан як-ду рӯз баъд бошад ҳам, куштанашонро ба ёд биёред. Телевизорро дар хона монда, дар рӯйи ҳавлӣ ё ошхонаву меҳмонхона тамошо карда намешавад!
7. Келинмулло, хонаҳо торик шудаанд. Барои равшан кардани онҳо рӯзона ҳам чароғҳои барқиро гиронда мондан шарт не. Ҳозир свет ғорати пул. Гоҳ-гоҳ шишаҳои дар ва тирезаҳоро пок карда, гарду чанги онҳоро тоза кунед, даруни хонаҳо бе қувваи барқ ҳам равшан мешавад.
8. Дар оилаатон шумо хонаҳоятонро чӣ хел тозаву озода нигоҳ медоштед, ман намедонам. Хасу хасрӯба, пасмондаҳои коғазу плёнка ва чизҳои дигари нодаркорро дар таги кӯрпачаву зери палосу гилем ё паси ҷевону диван ҷой кардан хонарӯбиву хонатозакунӣ не. Сабили партовҳо дар он ҷойҳо заҳу нам кашида, мағор баста, бӯй гирифта хобанд, дар хона бо даҳонбандаки ҳавотозакунак даробарову зиндагӣ кардан рост меояд. Аз пеши ҳавлии мо мардум биниашонро бо рӯймолча дошта гузаранд, одам шарм медорад.
9. Меҳмонон мисли сафирони мамлакатҳои бегона мебошанд. Барои қабулу гусели онҳо дипломатияи дараҷаи олиро ба кор бурдан зарур. Пеш-пеши сафирон ҳавлирӯбиву хонаро ба тартиб овардан ва лашу лушҳои барзиёдро аз чашми онҳо пинҳон кардан аз рӯйи одоб нест. Одам аввал дастархон меандозаду сонӣ нону чою майда-чӯйдаҳо ва баъд хӯрокро меорад. Минбаъд чаппаи ин гуна корҳо нашавад, ки одам аз шарм дар пеши меҳмонҳо ҳазор бор мурда, дубора зинда мешавад. Сонӣ, оши тагаш сӯхтаву мобайнаш атолаву рӯяш нимхомро ҳеҷ гоҳ палав гуфтан мумкин нест. Хайрият, ки ман пешакӣ онро дидаму ба назди сафирон дароварданро манъ кардам. Зинда бод ошхонаву ресторанҳои сари кӯча. Мантуяш тайёр будаасту обрӯйи ману шумо як қади арзан баланд шуд. Дар акси ҳол, сафирон дар ҳафт иқлими олам ношуду ноӯҳдабароии шуморо нағора мекарданд. Ба писарамон ҳайронам: шуморо дӯст дошта гирифт ё ягон сеҳру ҷоду кардед, ки аз хасу хошок тарит сохта, ба пешаш гузоред, ҷон-ҷон гуфта мехӯрад, гӯсола. Пасмондаҳои хӯрокро шумо ҳозир чӣ кор карда истодаед, ба ман торик. Пою қадами гурбаҳои ёбоӣ ҳам аз даргоҳи мо канда шудаанд. Ба саги бечораамон ҳоло ҳам дилам месӯзад. Ҳай ҷонвари қобилу бовафое буд. Дарвоқеъ, китобҳои «Санъати ошпазӣ»-ҳои бахшидаи ман куҷо шуданд? Вақти шустани зарфҳо сурудхониҳои иллату миннатомези дилгиркунанда камтар шавад. Ҳар саломе ҷавобе дорад. Мехӯред, шустан даркор. Дегу табақи ношустаи чиркину ошолуд, якҳафтаина шавад, ошхона ба бозори мӯру малах ва пашшаву ҳашаротҳои зиёд табдил меёбад. Ҳамаи онҳо неши касофату барангезандаи касалиҳо. Худатон медонед, ки баъди тӯй ҳоло имкони дорухариву табобатгирӣ надорем. Боз дар ин се-чор соли наздик аз қарзҳо халос хӯрда, барои қоматамонро рост гирифтан ҳанӯз чашмам намерасад. Гуфтагӣ барин, ҳар дафъа бо шикастани ду-се зарфи рӯзгор коратон сабук намешавад. Инчунин, овози зарфшӯйӣ пасттар шавад. Бо тақар-туқури дегу кафгир ва косаву табақҳо ба истироҳату телевизорбинии ҳамсояҳо халал расонидан аз рӯйи виҷдон нест. Худо накарда, дарвозаро тақ-тақ карда, ба шикоят оянд, рӯсиёҳи ду олам мешавем.
11. Агар донед, келинмулло, либосҳои одам чиркин мешавад. Ба обу арақ ғӯтида, ду-се моҳ бо як сару либос гардед, бӯйи бади онҳоро атру ғозаҳои франсавӣ ҳам рафъ сохта наметавонанд. Агар либосҳо сиёҳранг бошанд, чирку чарму доғҳояш ба чашм нанамоянд, ки дар либосҳои сафеду зард, сурху сабз ва ғайра бараъло «мана, ман!» гуфта меистанд. Дар ин хел маврид­ҳо онҳоро шустан даркор. Вале, илтимос, келинмулло, либосшӯйӣ мисли филм­ҳои бис­­ёрсериягии дилбазану бемантиқи давом­дор нашавад. Дар акси ҳол, хонаи собуну хокаи ҷомашӯйӣ ва кафки собуни моеъ месӯзад. Гарм кардани об ҳам худ ба худ намешавад. Аз афташ, модарҷони маҳмаддоноятон ёд додани либосҳоро ба рангу хелҳо ҷудо карда шустан, як обу ду об гирифтан, обгардон кардан, чайқондан, афшурдан ва афшонда паҳн карданро фаромӯш кардаанд. Агар худи он кас инҳоро надонанд, пас шумо дар ин ҷо зарра барин гуноҳе надоред. Боз, келинмулло, аз ёд набароред: либосҳои таҳпӯширо байроқҳои рангбаранги мамлакатҳои хориҷӣ барин ба тор овехта, ҳамчун реклама ба намоиш гузоштан дар расму оинҳои аҷдодони гузаш­таамон набуд.
12. Баъди шустану хушк шудани либосҳо онҳоро утиву таҳ кардан ва ё дар либосовезакҳо овехта мондан лозим аст. Либос ба одам мегуфтааст: ту маро таҳ дор, ман туро шаҳ медорам! Вале ба ҳар ҷойи либосҳо бо изи дарзмол азоб кашида, гулкорӣ карда баромаданатон мутлақо шарт нест!
13. Хараки беруни ҳавлӣ – таги дарвоза барои савоб аст. Ман онро на барои маҷлисгузарониву ғайбаткунии шумо – занҳо, балки барои пиразану мӯйсафедони асодор ё ягон шахси бемори бемадор сохта мондаам, ки болои он каме нишаста, нафас рост кунанд ва дуои неке карда, ба роҳашон раванд. Худоё, гап-гапу ҷоғ-ҷоғи шумо аз сессияҳои СММ ҳам бештар тӯл мекашанд. Илтимос, регламенти баромади ҳар кадоматон аз 5 дақиқа зиёд нашавад.
14. Хулоса, келинмулло, аз пагоҳӣ то бегоҳӣ меҷунбеду ягон коратон, ба ғайр аз пешгире, ки ба пеши баратон баста мегардед ва гӯё нишони коркуниатон аст, дигар чизе ба назар наменамояд. Корҳоятон зараррасонӣ барин. Хулоса карда гӯям, корҳои рӯзгорро накарда, ба ягон корхона, ташкилот ё муассиса ба кор медаромадед, беҳтар буд. Иҷрои ҳамаи корҳои хонаро худамон як бало мекардем…»
Адади ин хел талабу дархостҳоро бемалол ба 1001 расонданам мумкин буд. Вале аз оқибаташ тарсидам ва аз баҳри ба ҳар ҷо часпониданаш баромадам. Рафту хӯрокҳои пухтаашонро ҳар рӯз ба хӯрдан маҷбур кунанд ва ё ба дарунаш марги муш ё доруи зидди қунғузи колорадоӣ андозанд…
Не, беҳтараш, намечаспонам. Бало ба пасашон. То келин овардан  зор будем, як сол нашуда, аллакай безор. Аз кампири бедандонам намонам. Дегу табақамонро ҷудо мекунем. Келинмулло ҳам, ягон вақт ҷазояшонро аз келинпошшояшон мебинанд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий