среда, 21 ноября 2018 г.

Ман занамро рӯйи дастонам бардошта мегардам


(Ҳикояи ҳаҷвӣ)

Ман ба баъзе мардҳо ҳайронам. Афту сумоташон одамбашара бошад, ки дар асл девонатабиатанд. Ба но­омадҳои корашон занашон гунаҳкор барин, бо ҳар гуна сабабу баҳонаҳои беҳуда қасдашонро аз онҳо мегиранд. Ҳамсари бечораашонро дар паҳлӯи сафедори кӯча бинанд, ки рашк бурда, ғурбат мебардоранд. Баъзан аз ҳад гузаронида, мушту лагадашонро ҳам ба кор мебаранд. Ин ҷангу ҷанҷолҳои онҳо ба қаҳру ситеза, суду судбозӣ ва ҳатто хонавайронӣ оварда мерасонад. Э, хомкаллаҳои ношуду ноӯҳдабаро-е! Худо мардро нимта офаридааст. Бо ҳамсараш яктои бутун мешавад. Одам нисфи худаша худаш чӣ хел мезанад?! Бе занҳо, ки рӯзи мардҳо нагузарад, ҳазору як роҳи ҳаёти оилавии беҷангу ҷанҷол вуҷуд дорад.

Ана барои мисол. Як дӯсте дорам. Вай интеллигент. Овози зану фарзандонаш аз дарвозаи ҳавлиашон берун намебарояд. Албатта, дар дунё гӯри бе тақар–туқур нест. Дар хонаи онҳо низ низоъҳои оилавӣ барпо мешаванд. Вале бедастпаррониву гулӯдарронӣ. Дӯстам ҳам одами аноӣ не. Аз тарафи занаш камбудие содир шавад, ё аз гуфтаи шавҳараш саркашӣ кунад, зуд ҷазоякашро медиҳад. Вале вай ин корро ба таври худ мекунад: гуноҳ, камбудӣ, норасоиҳои занашро нарезондаву начакконида, як–як ба рӯйи коғаз мефарорад, ҳақорат, гапҳои тезу тунд ва сарзанишомезро турнақатор мекунад, як гапҳое менависад, ки мор шунавад, пӯст мепартояд. Баъде, ки ҳамаи заҳру зақуми дилашро ба рӯйи коғази сап – сафед рехта тамом кард, коғазҳои сиёҳкардааш гӯё ҳамсари гунаҳкораш бошад, пачақу маҷақ менамояд, баъд пора – пора сохта, дар оташдон месӯзад. Гӯё бо дуду ғубори он кинаву кудураташ пароканда мешавад, аз сари нав ба занаш дил додаву ошиқи шайдояш мегардад.
- Ҳамин ҷаҳли шавҳарам ояд, ман сахт метарсам, - аз ин рафтори ӯ ба таҳлука афтода, ба ҳаққу ҳамсояҳо шикоят мекунад ҳамсараш. - Ба ҷойи ин корашон дошта кӯфта, чашму рӯямро сурху кабуд кунанд, беҳтар  аст. Охир изи дасту пойи шавҳар ҳам, ба сару рӯйи занҳо ҳусну малоҳати нав мебахшад. Агар ҳамаи мардҳо занашонро кӯбанд, рафта – рафта ин хел нақшу нигорҳо ба мӯд медарояд. Лекин аз сӯхтани хонаи одам дида, дар дунё бадбахтии калонтаре нест...
Оташи ғазаби «Закончӣ» ҳам ганда. Вай юрист набошад ҳам, тамоми қоидаву қонунҳои давлатро об карда хӯрдагӣ. Ба ҳама маслиҳати ҳуқуқии бепул медиҳанд. Барои ҳамин ӯро Закончӣ мегӯянд. Ҳамсараш фаришта барин. Мабодо аз тарафи ҳамсараш нӯги сӯзан барин норасоие сар занад, ҳатман ҷазояшро мегирад. Охир ба ҳар гуна камбудиву гуноҳ аз рӯйи қонун ҷазо муқаррар. Вай асосан ба занаш ҷазои забонӣ медиҳад. Ҳа, изи шаттаву шаллоқ аз бадан равад, ки захми сухан не. Фақат вай барои ин хел ҷазодиҳӣ азоби бисёре кашида, ҳангоми хизмат дар Бангола забони балуҷиро ёд гирифтааст. Закончӣ бо ҳамон забон ончунон занҷонашро аз гӯр гирифта ба гӯр мезанад, ки мондан гиред. Баъде, ки мисли паравоз ҷӯши қаҳру ғазаби худро бароварда, ба чор тараф пароканда кард, нафаси осуда мекашад. Ҳатто зани миёнсоли бенураш ба чашмаш ҳамчун паризоде метобад.
Баъди рафъи қаҳру ғазаб ҳамсараш оҳиста аз ӯ мепурсад:
- Мардакҷон, болои қаҳру ғазаб ин қадар чиҳо гуфта маро ҷанг кардед?
- Туро задан он тараф истад, ҳатто ҷанг кардан гуноҳ, - ҳамчун ҷавони ошиқи 18-сола бо чашмони харидорона ба занаш нигоҳ карда мегӯяд вай. – Фақат модарҷонатро ба ёдат оварда мондам. 
Ин кори ӯ, яъне бо забони бегона ҷазодиҳии ҳамсараш нағз – дия. Ҳатто ҳаққу ҳамсояҳо намефаҳманд. Илова бар ин, ба тарбияи ахлоқии фарзандонаш ҳам таъсири манфӣ намерасонад.
Ҷаҳли устои маҳаллаамон аз асбобу анҷомҳои устогиаш ҳам тезтар. Ҷангу ҷанҷоли оилавии онҳо аз худи рӯзи тӯй сар шудааст. Усто ғубори дилашро баровардани шавад, пешакӣ мегӯяд:
- Ҳӯ занаки ҷиннӣ, хеста гурез, ки ҳозир дошта мезанам!
Занаш ҳам аз тарси шаттаву шаллоқ хеста мегурезад. Зану шавҳар сагу гурба мешаванд. Вай аз пушти занаш бо қаҳру ғазаби беандоза пеш мекунад. Занаш ҳам балои аждар. Гирд – гирди ҳавлии калон давида истода, ҷорӯби таги поро гирифта, ба каноре мегузорад. Давраи дуюми чархзании рӯйи ҳавлӣ сатили холиро ба таги ҷумраки об мемонад. Ҳамин тавр, чӯбу чахсҳоро ғундошта, ба даруни танӯру оташдон ҷой мекунад, либосҳои хушкшударо аз тор чинда, ба рӯйи кат партофта, аз дасти шавҳараш гурехтанро давом медиҳад. Шавҳараш аз паси занаш суркунон ҳар замон даҳшатомез дод мезанад:
- Ҳӯ, занаки калтамӯйи беақл, аҷалат омадааст, ки тезтар намедавӣ. Ман ташнаи хунат. Дорам, беҳазл ҷо ба ҷо мекушам!..
- Э, шумо чӣ хел мардак?! – гурехта истода, иллатомез мегӯяд ҳамсараш. – Саҳл сусттар сур кунед. Ҳамин замон рӯз бегоҳ мешавад, ман ҳам як кор – ним кори хонаро кунам!
Усто аз давутоз нафасгардон мешавад. Дигар, ки тохта наметавонад, оҳиста ба ягон ҷой мешинад. Занаш ба пешаш меояд. Акнун усто мадори даст бардоштан надорад. Зан силаи раҳм – дия, боз дилаш ба ҳоли шавҳараш сӯхта, бо сачоқ ё рӯзнома ӯро шамол медиҳад. Оби хунук меорад, ки шавҳари бечорааш ӯро доштаву кӯфта натавонист, ақаллан ба дилаш оби хунук занад.
Як ошнои дигарамон қаҳр карда, ба хонаи модарарӯсаш меравад. Модарарӯсаш ӯро дӯст медорад.
– Вай ҷувонмаргро занед, ки мурад. Ҳа, шумо натарсед, мурад, худам ба шумо зани дигар гирифта медиҳам, - мегӯяд модарарӯсаш ва оварда онҳоро оштӣ медиҳад. Дар ин хел вақтҳо кампир духтарашро ҷанг кунад, вай тарафи занашро мегирад.
Як каси дигар қасди ҳамсарашро аз кор мегирад. Вай каланди калони дупудиашро гирифта, ба сари замин мебарояд ва тамоми гапҳои дилашро ҳамроҳи ҳақоратҳои болохонадор ба забон оварда, ба замин каланд мезанад. Бо як тир ду нишон: ҳам ҳосил фаровон мегардаду ҳам оташи ғазабаш пасанда гашта, бачаҳояш зиндаятим намемонанд.
Дар бобати ҷазодиҳии занҳо ихтироъкорон бисёранд. Як ҷӯраи дурам бо чашмони хунгирифтаву ғазаболудаш занашро хӯрам гуфта, бераҳмона ба дару девори хона ё танаи дарахти рӯйи ҳавлӣ мушт мезанаду мушт мезанад. Вақте, ки монда шуд, шукргӯён ба ҷояш мешинад. Занҳои мо чашмаи меҳру садоқат-дия. Баъди пасанда шудани қаҳру ғазаби ӯ занаш доруқуттиро бароварда, ҳамчун гуноҳкори ашаддӣ пеши шавҳараш чорзону мезанад. Ба ҷойҳои харошхӯрдаву хуншоршудаи дастони шавҳараш ёд молида, докапеч мекунад.
- Э, мани беақл мурам-дия, мардакҷон. Шуморо хуб азоб додам-а?! – гӯён аз айбу гуноҳи содиркардаи худ ҳазорҳо пушаймон шуда, қасам мехӯрад, ки дигар ин хел номаъқулиашро намекунад. Вале пас аз як ҳафта – даҳ рӯз боз ин аҳвол такрор мешавад.
- Ҷаҳли ҳамсари ман аз ҳама ганда. Ғазабашон ояд, ҷиннии таппа – тайёр мешаванд, - бо ифтихори ба худ хос мегӯяд ҳамсари Ғуломалӣ. - Аз хонаи модарам дер монда оям, ё се – чор соат бо занҳо ҷоғамон тафсад, шир барин якбора ҷӯшида мераванд. Гуноҳам дар гарданам. Зуд тайёрӣ мебинам. Зарфҳои нағзу қиматро дар ҳар куҷо руст карда, чойнику пиёлаҳои лабшикаста, косаву табақҳои кӯҳнаро ба чашм намоёнтар карда мемонам. Он кас бо коса ё чойники ба дасташон афтода, рост маро нишон гирифта, ба сӯйи дар ё девор меғурронанд. Зарфҳо чингаву пора шуда, рӯйи хона кӯрпа мешаванд. Баъде, ки ҷаҳлашон фаромад, даст афшонда ба кӯча баромада мераванд. Рӯзе, ки кайфашон баланду димоғашон чоқ гардид, зери лаган ё сатил латтакӯҳна монда, ба болояш зарфҳои шикастаашонро рӯйкаш мекунам ва ба худашон нишон медиҳам.
- Хайр, занакҷон, ба дилат нагир. Гоҳ – гоҳ дар зиндагӣ ин хел корҳо ҳам мешавад, - мегӯянд навозишкунон. – Чизу чораи дунё ёфт мешавад, вале ту не. Кӯҳна садқаи наваш шавад, навашро мехарем.
Бо ҳамин баҳона зани донояш ҷевони ошхонаашро бо зарфҳои олиҷаноб пур мекунад. Ба тӯю зодрӯзҳои авлодаш фақат зарфҳои беҳтарини хрусталиву чинӣ мебарад. Э бало вай, дил меёбаду қанд мехӯрад.
Аз ҳама ҷаҳли поччои маҳаллаамон даҳшатнок аст. Вай аз деҳаи дигар ба маҳаллаи мо хонадомод шуда омадааст. Барои аҳли маҳалла ӯ поччо аст. Вай муттаҳам, дар ҳақиқат занашро мезанад. Фақат бо химчаву қамчин ё дасту лагад не, балки бо болишт. Як – ду бор ба пушту паҳлӯи занаш мезанаду баъд ба худи болишт мечаспад. Бо мушту лагади бешумор ончунон бухси дилашро мебарорад, ки пахтаҳои санг барин сахти даруни болишт пари қу барин фаххаку мулоим мешаванд. Дар ин гуна болиштҳо саратонро, ки мондед, хобатон ҷурғот барин мебарад.
Занчеки поччо корчаллони бало. Зуд – зуд ба асаби шавҳараш расида, ғазаби ӯро оварданро дӯст медорад. Зеро ҳамсояҳо пахтаҳои кӯҳнаву чандсолаи кӯрпаву кӯрпачаҳояшонро оварда ба ӯ медиҳанд. Вай аз онҳо болишт месозад. Қаҳри шавҳараш ояд, вай ҳамон болиштро нишон медиҳад ва дар зарфи 10 – 15 дақиқа пахтаҳояш нав мешаванд. Бо ин гуна тадбиркорӣ бизнесаш рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад.
Э, ношуду ноӯҳдабароҳои хонашеру майдонғариб! Ширинии дунё дар зану дандон аст. Дар Самарқанди мо ана ин хел роҳҳои ҷазодиҳӣ, пешгирии ҷангу ҷанҷолҳо ва ҷудошавию хонавайроншавиҳо ҳам ҳастанд.
Шумо мепурсед, ки худи ман ба занам чӣ хел ҷазо медиҳам? Ҳеҷ хел. Чунки то ҳол ягон роҳи нави ҷазодиҳиро меҷустам. Дар 40-солагӣ хайрият ёфтам. Акнун бемалол зан гирифтанам мумкин аст. Ягон духтараки парипайкари чашму абрӯсиёҳи мӯрчамиёнеро мегирам. Гирифтам, даруни пахта андохта, рӯйи дастонам бардошта мегардам. Агар аз хати кашидаам саҳл берун барояду қаҳрамро орад, ошхона ба ошхонаву ресторан ба ресторан гирифта мегардам. Фигурааш вайрон шавад. Ба фикрам, барои занҳо аз ин ҷазои сахттаре нест!     

Комментариев нет:

Отправить комментарий