среда, 21 ноября 2018 г.

АЗ БАЛО ҲАЗАР


(Ҳаҷвия)

Ман ба одамон ҳайронам. Онҳо калла надоранд. Рост, каллаи баъзеҳо аз фарбеҳӣ ба танашон часпидааст, ки ба назар ҳамчун давоми тану тӯшашон менамояд. Не, ман инро дар назар надорам. Ман гуфтанӣ ҳастам, ки онҳо майна, яъне мағзи сар надоранд. Ҳеҷ кас илтимос ё хоҳиш накарда бошад, ки ҷиниҳо барин худ ба худ ба мусобиқаи ҳасудхӯрӣ миён мебанданд.
Хайр, як ҳамсоя мошини «Волво» харидааст, харидааст – дия! Ба шумо чӣ? Албатта, каме ақлу фаросат мехарид, беҳтар буд. Не, онҳо ҳам мехоҳанд, ки соҳиби чунин мошин шаванд. Агар илоҷашро ёбанд, як парда аз он болотарашро харанд, тоқиашонро ба осмон мепартоянд. Худро хушбахту масрур мешуморанд. Эҳ, нодонҳое! Ман бошам, аз надоштани чунин мошин, ҳатто аз ҳама оддитаринаш ҳам хурсанд. Охир мошин нишонаи илму хирад ё ягон бартарии дигари одам нест, балки воситаи рафтуост. Аниқтараш, тобути равон. Ҳар лаҳза метавонад риштаи умри одамро канад. Ба ҳамон ҷое, ки бо «Волво» меравед, велосипеди шалақ ҳам мебарад. Фақат саҳл барвақттар неву каме дертар. Ман на танҳо аз мошин надоштанам, ҳатто аз соҳиби велосипед набуданам ҳам хурсанд. Аз мошингардӣ, пиёдагардӣ ҳазорҳо маротиба беҳтар. Ҳам дар ҳавои тоза мегардед, ҳам дар роҳ бо шиносу ошноҳо вомехӯред ва боз, аз ҳама муҳимаш, ба кисаву саломатиатон фоида дорад.

- Ба писари лабкаҷи устобобо падарарӯсу модарарӯсаш ҳавлие сохта додаанд, ки қаср барин! – дар байни мардум чунин миш – миш паҳн шуд.
Баъзеҳо он қасрро надидаву намонда, аз шунидани таърифу тавсифаш оби даҳонашон то нӯги пояшон шорид. Аз ҳавасу ҳасади чунин ҳавливу ҳарам тарбуз барин дарун – дарунашонро хӯрданд. Нодон – дия! Ман баръакси онҳо. Хайр, домоди ким - кӣ доштааст, ба мо чӣ? Аз рӯйи инсоф гӯем, вай соҳиби ҳавливу ҷойи қасрмонанд не, посбонаш аст. Вазифаи посбониро саг ҳам иҷро мекунад.
Дар ин хел ҳавливу ҷой, ки як кас бемалол даромада натавонад, кулбаи фатароту берангу бори ман миллионҳо маротиба беҳтар. Шабона хобам бароҳат мебарад. Дар ман тарсу ҳиссиёти он, ки дузде даромада, чизу чора, молу давлатамро ба ғорат барад, нест. Шабона аккоси саг ҳам маро безобита намекунад. Хавфи об зер кардану сар задани сӯхтор ҳам вуҷуд надорад. Ҳа, ман дар кулбаи меросии падарам бо аҳли оилаам даруни батни модарам барин мехобам.
Мансаб… Худоё, ҳама амалдор шудан мехоҳанд, пашша барин ба он мечаспанд. Худи мансаб чист? Ғуломӣ барин як гап. Фақат дар гарданаш ба ҷойи занҷир галстук. Бо вуҷуди он, ҳама ба ӯ эҳтиром зоҳир мекунанд, саломаш медиҳанд, дасташро фишурданро барои худ бахт меҳисобанд ва дар ин гуна вақтҳо дар ҳасрати мансабдорӣ месӯзанд. Баъзеҳо ҳатто то охири умр ба пояи мансабчае нарасида, гирифтори бемориҳои дилу инфаркту инсулт шуда, бо армон аз ин дунё мераванд. Нодони нодон онҳо! Вале ман не. Аз коргари оддӣ, аз вазифаам ягон вазифаи пасттаре набуданаш ман хушбахтам. Корамро аз таҳти дил ба ҷо меорам. Тарсе надорам, ки ягон одами касифу бадзод мансаби маро зада мегирад. Ман марди озод. Ҳамон моҳонае, ки ҳалол карда мегирам, ба як моҳ мерасад. Каму беш нарасад, қарз мегираму дар моҳи оянда лаҷоми ягон хароҷоти барзиёдро мекашам ва олам гулистон мешавад. Бинам, ки роҳбар саҳл аз худ рафт, ё як даҳон аз бинӣ боло гап зад, ман вай барин муттаҳам не, ки забонкӯтоҳ шавам. Ҳамон лаҳза ариза навишта, бо ҳақоратҳои нестдарҷаҳон монда меравам. Як дари баставу сад дари кушода. Бо донишу фаросат ва касбу ҳунаре, ки дорам, дар ду дунё нонгадо намешавам. Касби оддии ман аз ҳазорҳо мансабу сарвариву директориҳо болотар бошад, чаро ҳасадхӯрӣ кунам?! Ҳа, курсии онҳо ҳама амонату лиққонак. Имрӯз инашон шинанд, пагоҳ дигарашон. Фақат одатҳои ҳаринаи онҳо ҳар хел. Лӯттибози гузаро. Калоне ояд, чоплусӣ мекунанд, ба ҳоҷатхона равад, аз пасаш бо коғазу кулӯх метозанд. Зану духтарашро ҳақорате диҳад, миннатдор мешаванд... Вале дар назди зердастон худро Худо метарошанд. Гапашонро қонун мепиндоранд. Иҷрои корҳои аҳмақонаашонро талаб мекунанд. Аксаран, ниқори маломати аз боло ё занашон шунидаро аз коргарони бечора мегиранд. Бо вуҷуди калонгириву дӯғу пӯписа буз барин тарсончак. Ҳам аз болову ҳам аз поён дилашон хавотир. Дар ташкилоти болоӣ ягон одаме меёбанд, ки шамол аз куҷо вазиданашро пешакӣ гӯяд. Дар байни коргарон шпионе мемонанд, ки ягон кору ҳоле рӯй диҳад, хабаркашӣ кунад. Аз боло ба онҳо бо нафрат нигоҳ кунанд, аз поён бо ҳақорату бадбинӣ. Ягон каси сардордӯсте пайдо шавад, ба ӯ ҳайкал гузоштан лозим. Байни обу оташанд бечораҳо, ки баъзан дилатон месӯзад. 
Ман аз орзуи мансабдорӣ ҳазорҳо фарсах дурам. Бемансабии ман мансаби олии ман аст.
Э, ин мардуми мо беақлу фаросатанд. Ақлу фаросат медоштанд, ман барин бою бадавлат шудан намехостанд. Давлат, сарват, бойигарӣ ин роҳ ба сӯйи аҷал аст. Ҳа, бовар кунед, ман онро аз таҷрибаи дигарон нағз медонам. Ҳамааш аз як чизи оддӣ сар мешавад. Як сӯми барзиёд ёбед, пагоҳ ду сӯм шуданашро мехоҳед. Баъд ба бемории шифонопазири ҳирси бойигарӣ гирифтор мешавед. Барои он, ки давлататонро зиёд кунед, шабу рӯз худро ба дами теғу табар зада, пул меғундоред. Фиребу найранг ва дурӯғу бӯҳтонро ба кор мебаред. Дигаронро хар барин кор фармуда, ҳақ надоданро меомӯзед. Шиносу ҳамсояҳо аз ин кори шумо огоҳ шаванд, барои бегонаҳо дом мегузоред. Ҳар чӣ қадар ёбеду давлататон зиёд гардад, ба назаратон кам метобад. Мӯлу мӯли дигарон кам ва бисёр ками шумо мешавад. Чашматон тангу иштиҳоятон бетаг мегардад. Шумо хӯҷаини пулу молу мулку давлататон не, онҳо хӯҷаини шумо мешаванд. Шабу рӯз ором намегиред. Ғами бойигарии худро мехӯреду ғами ҷабрдидагонро не. Ниҳоят як рӯз ба садамаи автомобилӣ дучор шуда ё хонаатон оташ гирифта, ё ки дилатон хала зада, фалаҷ шуда монданатонро худатон нафаҳмида мемонед. Инро, албатта, онҳо то зиндаанд, намедонанд, вале ман... Пешакӣ оқибати кореро донед, ба он даст задан шарт аст?! Не, ман нодону аҳмақи гузаро нестам. Ман зиндагӣ кардан мехоҳам.
- Кайф – кайфи фалонӣ, - бо ҳасад мегӯянд баъзеҳо. – Дар хона гул барин зан дораду боз бо як духтараки парипайкар мегардад.
Уфф… Ин кор мӯд аст, ки одам пайравӣ кунад. Э, ҳавасу ҳасадатон дар гӯр! Як ошнои ман ҳам ҳамин хел кард. Занаш ӯро бо маъшуқааш дошт. Ҷанҷолу арбада накард. Фақат ҳар шаб ҳаққашро талабид. Се-чор борӣ. Шавҳари бечорааш дар як моҳ пашшаи зимистон барин ноҷунбон шуд. Ана акнун аз хати кашидаи занаш як қадам берун барояду рӯзашро бинад. Дар хона ҳозир обрӯйи кучукашон аз шавҳараш баландтар аст.
Э, хомкаллаҳо, шумо гумон мекунед, ки дар алоҳидагӣ зани дуввум гиред, ё маъшуқае ёбед, аз зиндагӣ лаззатбарӣ мекунед. Бало! Хобатонро ба оби ҷӯй гӯед?! Шумо чаправӣ кунед, ҳамсаратон ҷим мешинад? Дар ҳама ҷойи хонаву ҳавлиатон видеокамераву даҳҳо пояндаҳо монед, ки бефоида!
Мардҳои даҳонкалони серпул аз болои ҳамсаронашон тилло пошанду даруни зару зевар ғарқ созанд, ки меҳру эътибор набошад, ҳамааш дупула. Ман дар хобби шабам ҳам зани дуввум ё ёфтани маъшуқаи гулбаданеро ба гӯшаи хаёлам роҳ намедиҳам. Хайр, рӯйирост иқрор шавам, ки занам чандон зебо не. Тану тӯшаш ҳам ба ҳавас кардан намеарзад. Хурдакаку назарногиру саҳл дилнокаштар аст. Гап дар зоҳир не, дар ботин аст. Ба худам маъқул. Вай ҳам зану ҳам маъшуқаам аст. Боз ба ман чӣ даркор? Ҳаёти ман аз онҳо хубтар бошад, аҳмақ нестам, ки ба дузанаҳо ҳасад барам?!
Баъзеҳо аз назди ошхонаву тарабхонаҳо гузашта, аз бӯйи кабобу шароб масту бо ҳавас ба хӯрандаҳо менигаранд. Мошинҳои онҳо дар берун қатор. Подшоҳҳо ҳам ба ҷойҳое, ки пиёда мераванд, онҳо мошинсавор мераванд. Иштиҳои хӯрдану пӯшиданашон мисли аждаҳову тану тӯшашон филу баҳмутҳо барин. Вазифаи муқаддаси зиндагониашон гӯё хӯрдану нӯшидану пӯшидан аст. Кошки либосҳояшон ба худашон зебад?! Чӣ хеле, ки даруни ҷуволи чормағз ҳамеша як халта арзан ҷой мегирад, барои нӯшокиву хӯрокҳои иловагӣ ҳамеша дар меъдаву рӯдаҳояшон ҷой пайдо мешавад.
Ман аз ин хел ҷойҳо гузарам, ба сӯйи онҳо бо ҳавас не, бо нафрат менигарам. Ба ақли кӯтоҳи худашон онҳо кайфу маишат мекунанд. Онҳо маишат не, гӯри худро канда, ҳоҷатхонаро пур менамоянд. Ба ошхонаву тарабхонаҳо пул дода, барои ҷони ширини худ бойкасалиҳоро мехаранд. Кирму канаҳои гӯр аз мани пӯсту устухон безоранд. Вале онҳоро бо чашми чор интизор мешаванд. Як одамҳо не, онҳо ҳам хӯрданашон даркор.
Ҳа, ман мисли дигарон аҳмақ нестам. Бисёриҳо дар орзуи мошину мансабу бойигарӣ ва маъшуқаву хӯрдану маишат обу адо шаванд, ки ман аз онҳо безорам. Барои ман эҳсосоти рашку орзую ҳавас ва ҳасудхӯрӣ бегона аст. Шукри Худо, ки танам сиҳату маошам ба зиндагӣ мерасад ва ҳаётам осоишта аст. Чашм нарасад, бачаҳо бедарду ғам калон мешаванд. Ҳаётамон бо ҳамсарам ширу шакар барин. Шояд дигарон ба ман ҳасад баранд, вале ман инро намедонам.
Табиати одамизод-дия, баъзан истода-истода худам ба ҳаёту зиндагонии худам ҳасад мебарам. Вале инро ба ҳеҷ кас намегӯям. Аз бало ҳазар!


Комментариев нет:

Отправить комментарий