среда, 21 ноября 2018 г.

Дуоҳои бад


Илоҳо, як одами сарватманду давлатманд шавед. Пулатон бисёри бисёр гардад. Ончунон бисёр шавад, ки дар хонаву ошхонаву таҳхонаву болохонаҳоятон нағунҷад. Шумурда натавониста, сари калобаатонро гум кунед. Чӣ кор кардани пули бисёрро надониста, дилатон хала занад ва саратон гиҷ шуда, девона шавед!
***
– Илоҳо, ба ҳамаи орзую ниятҳои некатон расед. Тӯйҳои дакаданг карда, ба писарҳоятон қатор-қатор келин биёред, таърифу тавсифи тӯю тантанаҳоятон солҳо аз даҳони мардум нағалтад. Фақат аз даруни келинҳоятон яктекакаш офат барояду онаи зоратонро аз Теппақӯрғон нишон диҳад. Баъд бодигиатон пуффак барин «фӯссӣ» барояд.
***

– Дуои ман даргир: илоҳо ба як духтараки парипайкари лӯхтак барин ошиқу хонадор шавед. Ба занчекатон ҳаваси ҳама омада, дар ёфтани чунин келин оби даҳонашон шашқатор шорад. Вале ҷазояки шуморо ҳамон занчаи дӯстдоштаатон диҳад, ки чашмакатон мош барин кушода шавад!
***
– Илоҳо, ин хонаву ҷойҳои қатор-қатори қасрмонандатон буд шаванд. Онҳо боиси фахру ғуруратон гарданд. Шумо дар як хона хобидан хоҳеду занатон - дар дигараш. Барои ҳалли ин масъала рӯзона ҷангу ҷанҷолатон канда нашаваду шаби дароз аз ғаму ғусса хобакатон барад!
***
– Э мансабу сарват гуфта, бисёр аз худ нарав. Ман дуо мекунам, ки боз ба мансабҳои баландтар расӣ. Овозаи аз мансаб афтоданат гӯши мардуми ҳафт иқлимро кор кунаду мани бечора ҳам шунавам.
***
– Э давлату сарватат ба замин! Кулоҳу портфели бадвоҳимаатро эҳтиёт кун. Фалак гирдгардон аст. Ягон рӯз «тӯппӣ» карда, аз мансаб афтӣ, онҳо даркор мешаванд: кулоҳи саратро дар сари чорроҳа ба пешат монда, гадоӣ мекунӣ.
***
– Илоҳо гушнаву ташна аз кор биёиву ҳамон бегоҳ занчекат оши палав карда бошад. Акнун дасту остин барзада, вақти бо иштиҳо дулунҷа палавхӯрият гӯсолаат канда карда, ба даруни замини рӯйи ҳавлият дарояд. Луқмаи даҳонатро фурӯ набурда, барои гӯсолабандӣ ба берун бароӣ ва иштиҳоят ҷо ба ҷо мурад!
***
– Илоҳо, вақти ҷӯшу хурӯши илҳоми нависонависат ранги ручкаат тамом шаваду ту девонавор онро шикаста, ба замин занӣ!


Комментариев нет:

Отправить комментарий