среда, 21 ноября 2018 г.

Табассум


Хуку маймун
Яке дӯсташро ба меҳмонӣ таклиф карда гуфт:
- Ба хонаи мо ҳам як марҳамат кунед. Барои шумо барин меҳмони азиз, дар хона тамоми шароит муҳайёст. Дар бобати хӯрокиву нӯшокӣ муаммо нест. Шукр, ки ба ғайр аз хуку маймун дар хона ҳама чиз ҳаст.
Дӯсташ зарофатомез гуфт:
- Ҳеҷ гап не. Мо равему хуб хӯрему нӯшем, хуку маймун ҳам пайдо мешаванд.
Майна
- Ана ҳамин ҷойи сарам баъзан дард мекунад, - фарқи сарашро нишон дода гуфт яке ба дӯсташ. – Аз афт, майнаи сарам бошад даркор-а?
- Хурсанд шавед. Дард кунад, нағз-дия, - ҷавоб дод дӯсташ.
- Барои чӣ хурсанд шавам?
- Майна доштаед.

Зане, ки шавҳари худро нашиносад…
- Баъзан чунон бисёр нӯшида, афтону хезон ба хона меоям, ки ҳатто занам намешиносад, - шикоят кард майзадае ба шарикаш.
- И-е?! Ин хел зане, ки шавҳари худро намешиносад, - маслиҳат дод шарикаш, - даррав зада пеш кардан даркор.
Ҳеҷ чиз намерасад
- Канӣ, зер кунед, бачаҳо! – баъди ба берун баромадани меҳмон ба рӯйи дастархон ишора карда гуфт модар.
Бачаҳо, ки то ҳол ба сӯйи табақчаҳои торту конфет милт-милт нигариста, ҷуръати даст дароз кардан надоштанд, ҳайрон шуданд. Духтарчаи калонӣ оҳиста аз модараш пурсид:
- Оча, шумо пештар «нагиред», «нахӯред», «меҳмон айб мекунад» мегуфтед. Чаро ҳозир якбора «зер кунед!» мегӯед?
- Ҳа, духтарам, - бо сари хам ҷавоб дод модар. – Рафту ин меҳмон ҳамаашро хӯрда монад, ба шумо ҳеҷ чиз намерасад.
Аз бекорӣ
- Уф-ф, мурданивор монда шудам.
- Чӣ кор кардӣ?
- Ҳеҷ кор не.
- Одам ҳеҷ кор накарда бошад, чӣ хел монда мешавад?
- Аз бекорӣ-дия.
Аз ҳисоби дигарон
Яке дар маъракаи каси дигар ҳимматбаландӣ мекард. Ба ҳама «гиред», «хӯред» мегуфту ба хизматгорҳо болои ҳам супоришҳои нав ба нав медод.
- Дар хонаатон ҳам шумо ҳамин хел? – ҳотамитойии ӯро дида пурсид яке.
Ў ҷавоб надода, яке аз шиносҳояш гуфт:
- Ҳотамитойии ин кас аз ҳисоби дигарон аст. Агар дар хонаи худашон ин хел кунанд, занашон зада мекушад.
Ғуҷ-ғуҷ хато
- Ин газетаро хонда баромадам. Ғуҷ-ғуҷ аз хатоиҳо пур. Боз сармуҳаррирашро бо ҳарфҳои калон-калон навишта мондаанд.
- Сармуҳаррир не, муҳаррир будагист.
- Не, сармуҳаррир!
- Э муҳаррираш сар медошт, ба хатоиҳо роҳ намедод.

Комментариев нет:

Отправить комментарий