среда, 25 мая 2016 г.

ПУЛ



Одамизод на танҳо аз норасоии витаминҳо, балки аз камии пул ҳам ба касалиҳо гирифтор мегардад.
***
Дуо не, пул гиред.
***
Пул: бо ту дилам кӯҳ барину бе ту дилам мӯ барин.
***
Гулӯи чархи гардунро бо пул равған кунед, буҷулатон ҳамеша олчӣ мехезад.
***
Пул қоғази бекора бошад, ки одамро ба маймунбозӣ медарорад.
***

Пул душмани ашаддии одамизод аст, вале то ҳол аз он дӯсти содиқтаре кашф накардаанд.
***
Пул боли парвози мансаб аст: он ҳар чӣ қадар бисёр бошад, одам ҳамон қадар баландтар парвоз мекунад.
***
Ҷӯраи аз ҳама бовафои одамизод кисааш аст.
***
Булбул гул гуфта нолад, одам пул гуфта менолад.
***
Пул бошад, ятим падару модар ёфта метавонад.
***
Нахонеду надонед, ки шумо пул дошта бошед, ҳама шуморо олими ҷаҳоншумул мегӯянд.
***
Одам пир шавад, ки дар дилаш ҳирси пулу пулғундорӣ ҷавон мемонад.
***
Айби асосии одам кампулии ӯст.
***
Кураи замин болои тир истад, зини мансабҳо болои пул.
***
Дилёб не, пулёб шавед. Пул бошад, тамоми дилҳо занҷирбанду зердасти шумо хоҳанд шуд.
***
Худо яккаву ягона не, балки барои баъзеҳо пул ҳам Худо будааст.
***
Пул чирки даст аст?! Ку ҳунарманду савдогаре, ки чирки дастро пул кунад!
***
Бахт дар пул не, дар бисёрии он аст.
***
Васияти банкир: аз пӯсти баданам ҳамёни пул созед.
***
Пул чизи нағз бошад, ки душмани шахси пулдор аст.
***
Пул набошад, ба даст овардани он бахт аст. Агар пулу давлати одам зиёд шавад, худи бахт даркор нест.
***
Забони пул аз дами шамшеру ҳукми қонун ҳам тезтар аст.
***
Агар Худои одамизод пул шавад, он гоҳ оқибаташро худи Худо ҳам
намедонад.

Комментариев нет:

Отправить комментарий