среда, 25 мая 2016 г.

ЗАРБУЛМАСАЛҲОИ НАВБАРОМАД



Китоб бехатову зан беҷафо намешавад.
***
Ин замона як рӯз қарсакиву як рӯз тарсакӣ.
***
Рӯ - моҳ, дарун - коҳ.
***
Мард бо чашм ошиқ мешаваду зан - бо гӯш.
***
Заминро об вайрон кунад, одамро - мансаб.
***
Пиёдагардӣ ба саломатӣ фоида дораду ба пойафзал - зарар.
***
Курта - ямоқин, киса - қадоқин.
***
Акка ҳам бизнесимену такка ҳам.
***
Ғайбатчиву иғвогар - зану шӯйи якдигар.
***
Пашша ба шира часпад, одам - ба пул.
***
Агар ҳолбин бошед, фолбинӣ душвор нест.
***
Келин келинро бад кунад, модарарӯс ‒ ҳардуро.
***
Фоида одамро нодон созад, зарар ‒ доно.
***
Гапи роста ë аз бача пурс, ë аз одами маст.
***
Кӣ будани занатро ба ман гӯ, чӣ хел будани аҳволатро худам мефаҳмам.
***
Пул шамшер нест, вале дар кисаат бошад, гапат мебурад.
***
Мех сӯзаду дег ҷӯшад.
***
Об аз хурду арақ аз калон.
***
Аз дасти кайк халос хӯрдан мумкину аз дасти зан ‒ не.
***
Духтар аз деҳа барояд, ки гови нағз аз деҳа берун намебарояд.
***
Зан зан не, зан кӯҳи ғам.
***
Кори имрӯзаро ба фардо гузоред, вале хӯроки фардоинаатонро худи ҳамин рӯз хӯред.
***
Агар нон набошад, ба бечора палав ҳам мешавад.
***
Гардиши фалак дуздро посбону ҳаромхиштакро мулло мекунад.
***
Фил калон бошад, ки чашмаш танг аст.
***
Аробаи шалақ кӯчаро вайрон кунад, забони шалақ ‒ дилро.
***
Дурӯғгӯ бе дурӯғ пеш рафта наметавонад.
***
Нонхӯр нонхӯрро чашми дидан надорад.
***
Арақ дар шиша ҷим шинад, ки дар ишкам ‒ не.
***
Одамвор ҳаёт гузаронидан хоҳӣ, шайтонвор зиндагонӣ кун.
***
Мардҳо кор кунанд, занҳо пулдор мешаванд.
***
Забони зан ‒ аҷали мард.
***
Зан ‒ қаровули кисаи шавҳар.
***
Як кас ҷӯй кобад, сад кас ба мироб шудан тайёр.
***
Доно дар кори худ дармонад, ки пулдор ‒ не.
***
Зангирӣ ‒ бе маслиҳат, ҷудошавӣ ‒ бо маслиҳат.
***
Об ‒ ҳаёт. Пул бошад, ҳам обу ҳам ҳаёт аст.
***
Киса тиҳӣ гардад, фишори хун баланд мешавад.
***
Келинатон бо роҳи шумо наравад, шумо бо роҳи келинатон равед.

Комментариев нет:

Отправить комментарий