среда, 25 мая 2016 г.

ДУОИ БАДҲО



Илоҳо, рӯзакат ба моҳона монад!
***
‒ Хайр кунед, дуои мо мустаҷоб мегарданд: илоҳо Худо ба шумо як маъшуқаи мӯрчамиёни садафдандони оромиҷони бебачаву беғурбат диҳад.
***
‒ Ҳамаи ёфтаю тофтаат ба рӯзҳои неки хушдорҳои занат сарф шавад!
***
‒ Парвардигоро, аз дуою илтиҷо мурдем‒ку: аз ғайбакат ба мо, бечораҳои ғариб ҳам, як шиша арақу ду дона помидор расонӣ, давлату мартабаат кам мешавад?
***
‒ Илоҳо, келиндор шавию пеш ‒ пешакаш давида, хизматакашро карда, олқундӣ гардӣ.
***
‒ Худоҷон‒е, илоҳо вақти гумбури рӯзаки тӯят свет мурад!
***
‒ Э бодигият сарата хӯрад: доштӣ, он тарафаш гӯгирдқуттӣ барин як мошини вайронаву шалақ доштӣ‒дия. Илоҳо, мошинакат пеш‒пешу худат аз пасаш як умр тела дода гардӣ!
***
‒ Э арақи харидаат сохта барояду дар ғамаш шаби дароз хобат набарад!
***
‒ Э шӯякат туро ба ҷойи пулдаста бо гулдаста занад!
***
‒ Аз Яздони пок илтиҷо дорам, ки арақа хӯрию ба похмелаш вино наёбӣ!
***
‒ Телевизорат кӯру телефонат гунг шаваду худат аз зиқӣ торс кафида мурӣ!
***
‒ Илоҳо, баъди тӯйи дакадангат кору борат нонқоқхӯрию қарздиҳӣ шавад!
***
‒ Э илоҳо, ба пули охиринат арақ хариву вақти аз магазин баромада истодан пешпо хӯрда, арақат аз дастат афтида шиканад.
***
‒ Ҷазояки туро илоҳо, янгамулло нағзакак дода монанд.
***
‒ Э Худоё, закуска ёбию арақашро наёфта, девона шавӣ.
***
‒ Илоҳо, ҳамон пули дар кисаат набуда ҳам, гум шавад.
***
‒ Илоҳо занат серҷоғ бошаду Худо гӯшакатро кар нагардонад.
***
‒ Илоҳо, аз тухмҳои ба таги мурғи курк хобондаат ҳама чӯҷаҳои хурӯс бароянду бо қут ‒ қуташон саратро гаранг карда, девона кунанд.
***
‒ Бо орзую ҳавас тӯю тамошо дода, ба писарат зан биёриву ба дасти келини баду бало афтида, хӯрокатро заҳру рӯзакатро сиёҳ гардонад.
***
‒ Пири бадавлат шавию бойигарии бисёрата саришта карда натавониста, сарсону саргардон шавӣ.
***
‒ Илоҳо бою бадавлат шав: ҳоло намурда хешу табори зиёдат барои мерос аз чор тараф хомталош кунанд.
***
‒ Э пули бисёра ба ту Худо раво набинаду ҳамон камаша ҳам дузду духтуру милиса аз дастат зада гиранд.
***
‒ Э илоҳо хонаат пури гандум бошад, ки худат ба нон зор шавӣ.
***
‒ Э бачаҳои нағз медидагиат ба гапат гӯш накарда, онаи зоратро аз Учқӯрғон нишон диҳанд!

Комментариев нет:

Отправить комментарий