среда, 25 мая 2016 г.

ҲАДИСҲОИ БОБОКАЙФӢ



Арақ бошад, корро сар накарда ҳам, бомуваффақият ба охир расондан мумкин.
***
Тамоми расму оинҳои миллӣ кӯҳна шаванд, ки арақу арақхӯрӣ ҷавону ҷовидон мемонанд.
***
Бедоршавӣ аз хоб бошаду ҳушёршавӣ аз арақ не.
***
‒ Чаро ман ҳар рӯз менӯшам? Аз рӯйи зарурат! Табиат барои муҳофизати худ ҳама чизро ба ҳадди эътидол нигоҳ медорад. Ман ба ҷойи наменӯшидагиҳо ҳам менӯшам, ки дар ин бобат мувозинат дар ҷамъият барқарор нигоҳ дошта шавад.
***

Нӯшокиҳои ҳархела не, балки бо одамони ҳархела нишаста, нӯшидан ба кас зарар дорад.
***
Зарари нӯшидан як ҳисса бошад, зарари нанӯшидан ҳазор ҳисса аст.
***
Кош олимон шаробе ихтироъ мекарданд, ки одам як бор нӯшида, як умр маст гардад.
***
Занон аз чашм об рехта, бухси дил бароранд, мардҳо оби зам ‒ замро ба гулӯ рехта, ғамбарорӣ мекунанд.
***
Чеҳраи шишаи арақ осоиши чашму нӯшидани он ҳузури ҷон аст.
***
Ҳамеша таърифи он нӯшокиро кунед, ки ҳам муфту ҳам дар пешатон бошад.
***
Майзадагӣ ҳам як навъ беморист, фақат онро бо шароб табобат кардан лозим.
***
Зинда бод арақ, ки душманонро дӯсту дӯстонро хешу табор мегардонад. Агар мардуми дунё якҷоя шинанду якҷоя нӯшанд, замона тинҷу олам гулистон мешавад!
***
Дар дил ишқи нӯшидан ба тахти подшоҳӣ нишинад, одамизод ба тамоми амру фармонҳои ӯ гӯшбақимор мегардад.
***
Дар бойигариву давлатмандӣ кӯтоҳдаст бошед ҳам, ҳангоми нӯшидан дароздастӣ кунед.
***
Агар духтурон барои саломатӣ нӯшиданро манъ кунанд, донед, ки худи онҳо душманони ашаддии саломатианд.
***
Ишқро, ки мо ба ҷаҳон наовардаем, ба арақ ошиқшавӣ ин гуноҳи мо нест.
***
Нӯшед, нӯшед ва боз нӯшед: он гоҳ лаънати дигарон ба гӯшатон ҳамчун раҳмат мерасад.
***
Арақу саҷдакунандагон бошанд, пири бобокайфиҳо шудан душвор нест.
***
‒ Биёед, барои саломатӣ нӯшем?
‒ Не, барои он менӯшем, ки боз нӯшем!
***
Маст шавед, дигар нанӯшед: кайфи арақ ҳайф нагардад.
***
Дар зимистон ҷомаи аз ҳама беҳтарини гармшавӣ ин падарраҳмати арақ аст.
***
Ҳамқадаҳонро азиз доред: ҳамқадаҳ зан нест, ки баъди талоқ додан навашро гиред.
***
Арақ хӯреду ғам нахӯред. Зарари арқ ба киса расад, зарари ғам - ба ҷигар.
***
Ба ошиқ хуб аст. Пул надодаву арақ нахӯрда, аз ишқи духтаре масту аласт мегардад.
***
Аз ҳисоби дигарон сер шудан бахт бошад, маст шудан саодати беинтиҳо аст.
***
Одамоне, ки наменӯшанд, ин гуноҳашонро танҳо бо роҳи ба дигарон арақ харида додан шуста метавонанд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий