среда, 25 мая 2016 г.

ФОЛ



Пеши роҳатонро гурба бурида гузарад, фалокате дар пеш аст: саге, ки гурбаро сур карда истода бошад, онро дошта натавонад, ба шумо дармеафтад.
***
Саратон хораду ба хоридану шустан қатъ нагардад, ин нишонаи калшавии шумост.
***
Зоҳири ҳар зану духтаре, ки бозоргир бошад, аломати бад аст: ботинаш ончунон харобу валангор, ки зор‒зор гиристан кам аст.
***
Сардор саҳар бо ваҷоҳати вайрону лабу лунҷи овезон ба кор ояд, хурсанд шавед: ӯро дар боло ë хуб ҷанг кардаанд ë дар хона бо занаш даст ба гиребон шудааст.
***

Рехтани себи дарахтони ҳавлиатон нишонаи бад аст: касофати кирм ба себ расида, оқибати бади он ба кисаатон таъсир мекунад.
***
Болои саратон парранда саргин кунад, фоли нек ‒ он рамзи бойигарӣ аст. То ҳама набинанд, ба он даст нарасонед.
***
Гулӯ хорад, барои мард фоли неку барои зан бад аст: он рӯз мард агар арақ хӯрад, зан ‒ ба таги ҷоғаш мехӯрад.
***
Ба замин рехтани намак фоли бад аст: боз намак харидан даркор.
***
Ҷоғу манаҳи зан зиёд шавад, дилакаш либоси нав мехоҳад.
***
Бой шудан бад аст: бойигари ҳамчун лойиқа ба шумо часпида, охиру охирон шуморо ба коми худ мекашад.
***
Зуд‒зуд дард кардани дандони ҳамсаратон нишонаи харобшавии кисаатон аст: барои тилло кардан пули зиёде лозим.
***
Аз хона бароеду ба куҷо рафтанатонро надонед, фоли нек аст: шумо хеле дур меравед.
***
Тӯю маъракаҳои калоншавандагон аломати нек аст. Не, хотирҷамъ бошед, шуморо ба зиёфат хабар намекунанд. Вале дар ин рӯзҳо чароғи хонаатон хомӯш намешавад, фишори газ баландтар мегардад ва оби ошомиданиву ҷӯй мунтазам меояд.
***
Бемор шудани сардор ҳам фоли нек асту ҳам фоли бад. Нек барои он, ки ҳаққи мардум зада баромадааст. Бад ‒ барои он, ки вай, муттаҳам, бо ҳамин баҳона боз аз коргарон пул мерӯёнад. 
***
Якбора нағз шудани хизматрасонии коммуналӣ хосият надорад. Зеро дар ҳамин гуна рӯзҳо ходимони ин соҳа барои пулчинӣ ба хонаатон меоянд.
***
Кӯчаҳоро рӯфтаву тоза ва таъмир намоянд, донед, ки рӯзҳои наздик ягон калоне аз ин ҷойҳо мегузарад.
***
Кафи дасти порахӯр хорад, нағз ‒ ба кисааш пул медарояд. Банди дасташ хорад, бад: ба дастонаш завлона мезананд.
***
Аз болои роҳ тугма ёбед, занатон духтар мезояд. Сӯзан ёбед, ‒ писар. Агар пул ёбед, худатон арақ мехӯред.
***
Об дар хоб ‒ рамзи рӯшноист. Об ба таги сардоратон ояд, аз рӯшноӣ ҳам беҳтар, болои саратон офтоб мебарояд.
***
Болои дастархон чойи хунук резад, меҳмони хунук (хешу табори мард) меояду чойи гарм резад, меҳмони гарм (хешу табори зан).
***
Кӯдак зуд забон барорад, калон шуда, маҳмаддоно мегардад.
***
Ғур‒ғури зан бисёр шавад, мард каллаи саҳар ë ба кор мегурезад ë ба чойхона.
***
Духтар зуд ‒ зуд ойинабинӣ кунад, донед, ки шӯталаб шудааст.
***
Сабӯсаки сар ‒ бойигарӣ. Ҳангоми хориш кардан зери нохун шабушк ояд, бахти бузург ‒ бизнесмени зӯр мешавед.
***
Дар ошхона кадом навъи маҳсулот фаровон бошад, донед, ки дар бозорҳо нархи онҳо арзон шудааст.
***
Ба даруни хасу хокрӯбаи таги дари ягон нафар ғӯтед, донед, ки дар ин хонадон келине ҳаст.

Комментариев нет:

Отправить комментарий