среда, 25 мая 2016 г.

ГУНГ ГУФТУ КАР ШУНИД



‒ Ба навиштан ҳавсала нест. Нависам, чоп намекунанд. Чоп кунанд, ҳаққи қалам намедиҳанд. Ҳаққи қалам диҳанд, ба носпулӣ намерасад. Э ном дораду нон не, гӯр ин касби журналистии мо шавад-дия!
***
‒ Ба шӯри Хуршедабону шӯрбо! Обу адо шудааст дугонаҷонам. Худаша ба теғу табар зад, ки келин биёрад. Келин оварду обу орзуҳояш барбод рафт. Келинаш келин не, аждарча баромад. Ана ‒ мана нагуфта, модарарӯсашро ба даст гирифт. Ҳоло келинаш ялалову таралло карда мегардаду Хуршедабону келинчакҳо барин пеш ‒ пеши вай давида, хизматашро мекунад.
***

‒ Падарқусури Бобобекро дида, хуб ҷанг кардам. Э намурад вай, саҳарии рӯзи иди Қурбон ҳушёр. Одамеро, ки як умр масту аласт, дар раҳу рӯ ба хоку лой ҷулида, афтону хезон медидед, ҳушёр бинед, ҷудо ганда менамудааст. Чашмама пӯшида, даҳонама кушодам. Хуб аз гӯр гирифта, ба гӯр задам. Бечора, аз ҷангу маломати ман мушхонае намеёфт, ки гурехта халос шавад. Тавбаю зорӣ кард, ки дигар ин номаъқулиаш такрор намешавад ва худи ҳозир рафта, ишкамсерӣ арақ мехӯрад, хотирам ҷамъ шуд.
***
‒ Эй дугонаҷон, шумо ба ҷойҳои мо нарафтед. Ҷаннати рӯйи замин. Ҳама ҳавас мекунад. Тобистон об несту зимистон ‒ газ. Баҳор обу лойи кӯчаҳо сару либосатонро гулдору рангин гардонанд, чангу хоки тирамоҳаш ҳамчун ғозаву сафедаи рӯймолии занҳо деҳқонӣ мешавад. Аз гулу дору дарахт ному нишон не. Як меҳмон шавед, боз худатон бо чашмонатон мебинед. Харидоре ёфт намешавад, ки ҳавливу хонаамро фурӯхта, ба ягон ҷойи дигар кӯчида равам. Барои ҳамин то мурдан аз он ҷоҳу ҷалолам дил канда наметавонам.
***
‒ Телевизори сабилмонда коркушак. Ягон фоидааш несту вақта мегирад. «Баҳс» мегӯянд, «Мунозира» мегӯянд, «Мубоҳиса» мегӯянду ҳавзи пурқурбоққа барин аз пагоҳ то бегоҳ вақ ‒ вақу вақ ‒ вақ. Барандаҳо як олам одамҳои соддаи бекорхӯҷаро ёфта, гап мезананду гап мезананд. Кошки аз гапҳои фачу лачи онҳо ягон фоида бошад. Гӯшу майнаи одамро хӯрда, сӯҳони умри азиз мешаванд. Баъзан мани аҳмақ ҳам, онҳоро тамошо карда мешинам-е!
***
‒ Ҳӯ духтарам, ҳоло ҳам фис‒фис карда шиштӣ? Ҷунб-е! Гова кушта шуданд. Дадет гуфта буданд, ки аммета хабар кун. Ба хонаи аммаи тамбаи девори бебурушат рав. Як даҳан гӯ, хоҳад, биёяд, нахоҳад ‒ ихтиёраш. Пашшая камаш нағз. Холаатро ҳам гӯ, даррав расида биёяд. Саҳл ноз-поз кунад, худат пеш ‒ пеш карда, гирифта биё…
***
Фурӯшанда ба дӯсташ:
‒ Шавад обӣ, нашавад лалмӣ гуфта, як вагон шифер овардем. Рости гап, худаш шиферҳои туфта буд. Аввал хешу таборҳо омада, яккачин карда гирифтанд. Баъд ёру ошноҳо омада, нағз ‒ нағзашро бурданд. Дигарон ҳам дилхоҳашонро ёфта хариданд. Аз байни гандаҳояш ҳам одамони балои мо нағзашро ёфтанд. Тирамоҳ талабгоронаш зиёд шуду аз як вагон шифер гардаш намонд…
***
Арӯс ба модаршӯ:
‒ Бийимулло, пешин писаратон омада буданд. Шумо, ки дар хона набудед, сару калобаамро гум карда мондам. «Вақтам зиқ, ман саросема, тез бош» гуфтанд. Даррав чорта тухмро дар об ҷушондани шудам. Баъди ягон бист минут бо чумча зер карда бинам, сахт. Боз тоқат карда, хуб интизор шудам. Исқоти ба ҷойи мулоим шудан санг барин сахт шуд…. Писаратон нону чой хӯрданду ман мушту лагад… Тухмпазӣ чӣ хел мешавад, ёд диҳед
***
Қадаҳгӯйи майзада:
‒ Гиред, буродарҳо! Ҳоло, ки мо зинда, хок бар сари мурдаҳо! Баъде, ки мо мурдем, бало ба паси зиндаҳо, як ‒ ду ‒ се, бардоштем!
***
Маслиҳати модар:
‒ Шавҳарат маст шуда омада, туро задании шавад, духтарам, хап наист: то ҷон дар бадан дорӣ, гурез! Вале даруни хонаву рӯйи ҳавлӣ гурехта истода, болои роҳ чойнику пиёла, косаву табақҳои нағз ‒ нағзро гирифта, ба ҳар ҷо ‒ ҳар ҷо руст кун. Агар онҳо ба дасти шавҳарат афтаду бо онҳо занад, ҳайфаки зарфҳо мешавад. Сару рӯ ë дасту поят кабуду сиёҳ шавад, ки ҳеҷ гап не. Ду ‒ се рӯз нагузашта, асли қадим мешавӣ. Аммо зарфҳо нашикананд, ки ба пул омадаанд. Вақтҳои мастшавии дадаат ман ҳам, ҳамин хел мекардам. Ҳа, ба чиз расидан осон не, духтарам…
***
Гила:
‒ Эй Худоҷон-е, чаро маро ба ин дунё оварда, бо ҳамин хел ҳамсояҳои пасту разил рӯ ба рӯ кардӣ? Пасу пеш ба ҳаёт биёем, намешуд?! Акнун чорае соз, ки ë инҳо дар ин дунё бошанд ë ман? Ман ҳозир ҳатто розӣ ҳастам, ки агар инҳо ба он дунё раванд, ман дар ин дунёи пурғурбат монам.
***
Таклиф:
‒ Меҳмон аз падарат бузург гуфтаанд. Гиред, шарм надоред. Хонаи мо ‒ хонаи шумо. Гушна бошеду нахӯред, гуноҳаш ба гардани худатон. Ҳа, гиред, меҳмон, зер кунед, бачаҳо!
***
Дили одаткарда:
‒ Ҳӯ фаҳмидед? Ҳаромии Кадуча мурдааст. Нашунидед? Ҳозиракак пайкори ҳаромии қишлоқ хабар карда баромад. Дар чойхона бӯй гирифта нашишта, хезед, ҳаромиҳо, вай наҳса бурда гӯр карда биёем.
***
Шикояти марди беиштиҳо:
‒ Меъдаам дард мекунаду ба ман оши сахт мумкин не. Биринҷи лаънати аҷали таппа‒тайёри меъда будааст. Хайр, майлаш, шумо хафа нашавед, бароям як табақ бебиринҷ карда, ош кашида биёед. Сабзиаш ҳам даркор не. Худаш иштиҳо нест, равғани сабзи роҳи гулӯро мегирад…
***
Ҳасрати арақхӯр:
‒ Арақа мезанем, ба Худо шукр, ки аз виною мусаллас ҳам рӯй намегардонем. Носу сигарет ҳам аз мо яке ба ҳазор розиву боз як олам миннатдор. Аз болояш боз чиҳое намехӯрему наменӯшем, вой ба ҳоли ин организми мо - мардҳоро диҳад-дия!
***
Таърифи зани ҳамсоя:
‒ Э бахти вай баланд. Як зани нестдарҷаҳоне дорад, ки мондан гиред. Аз пешаш равад, гов барин шох мезанаду аз қафо ояд ‒ хар барин лагад!

Комментариев нет:

Отправить комментарий