среда, 25 мая 2016 г.

САВОЛҲОИ МИЁНШИКАН



Ҳама насиҳат мекунанд, ки шароб сарчашмаи тамоми бадбахтиҳосту аз он худдорӣ мебояд кард. Вале чаро баъзеҳо рӯзе нанӯшанд, ҳамон рӯз дар хонаашон бадбахтӣ рӯй медиҳад?
***
Барои чӣ ҷилави даҳони баъзеҳо дар дасти пул аст?
***
Мегӯянд, ки одам шоҳ бошад, ақлаш вазир аст. Агар вазир одамро ба дуздӣ талқин созад, шоҳ чӣ бояд кунад?
***
Ба чашми зебои духтарон чашм расад, чашми кадоме осеб мебинад?
***
Ҳама ба хонасӯхтагон мадад мерасонанду чаро ба дилсӯхтагон не?
***

Дар паҳлӯи шахси фарбеҳи хумкаллаи ғӯлагардани тағораишками қадпасти васеъбар одами хода барин харобу дарози қоқ рост истад, кадоме аз онҳо боиси ҳадафи масхараи мардум қарор мегиранд?
***
Оё дузд саҳар хайру саховат карда, дуо гирад, шабона кораш барор мегирад?
***
Чаро ҳама нишону унвонҳояшонро бо ифтихор ба забон меоранду аблаҳиву аҳмақии худро пинҳон медоранд?
***
Як калла хубу ду калла беҳтар мегӯянд. Вале он ду калла мисли каду хом бошад, чӣ бояд кард?
***
Дар табиат мувофиқи фаслҳои сол обу ҳаво тағйир ёбанд, дар табиати роҳбарон чаро ҳар дақиқа тағйирёбии обу ҳаво рӯй медиҳанд?
***
Баъзеҳо боғ мепарваранд, ки мева хӯранд. Мақсади чорводорону зироаткорон фаровонии маҳсулоти кишоварзист. Аммо онҳое, ки ишкам мепарваранд, чӣ мақсад доранд?
***
Бо ишқи аввал бори чоруму панҷум ҳам хонадор шудан мумкин аст?
***
Бо нишондоди дигарон пеш рафта, ба мақсади худ расидан мумкин аст?
***
Дар байни 99 доно як шахси нодон афтад, ӯ одами доно мешавад ë 99 марди доно ‒ нодон?
***
Бисёр ва аз ҳад зиёд гап задан нишонаи хирадманист ë гувоҳи маҳмадоноӣ?
***
Қафонокӣ ҳам ба истиқболи ояндаи дурахшон пеш рафтан мумкин аст?
***
Пораро мансабдорон барои нарасидани маошашон мегиранд ë барои надоштани имону виҷдон?
***
Кадомаш муҳим: одам бояд дилашро эҳтиёт кунад ë ҳамёнашро?
***
Ҳамсаратонро бо дастҳои пул занеду маъюб гардад, ӯ ҳамчун шахси ҷабрдида шуморо ба суд медиҳад?
***
Ба охири роҳи мумфарш ва тахту ҳамворе, ки рост ба қаъри ҷарӣ мебарад, «Роҳи сафед!» навишта мондан равост?
***
Агар меҳри шумо ба арақ бештар бошад ва занатон нӯшидан намонад, ин рашки ӯ ба арақ аст ë шуморо дӯст медораду аз роҳи бад нигоҳ доштан мехоҳад?
***
Одамкушии аз ҳад зиёди духтуронро дида, оё Азроил бо аризаи худ ба истеъфо меравад ë худкушӣ мекунад?
***
Одам саҳар аз хоби ширин хеста риш гирад, саросема дасту рӯй шӯяд, давдавон чой хӯрад, афтону хезон ба ҷойи кор расида ояду худи кори аниқе набошад, умуман ба корхона омаданаш шарт аст?!
***
Ба раққосаи тӯйгард мардум барои он пул медиҳанд, ки ба сӯҳбату ошхӯриашон халал нарасонаду зуд дафъ шавад ë барои боз ҳам баланд бардоштани санъати раққосиаш?
***
Агар назарияи ишқу ошиқӣ ихтироъ гардад, дар дунё хушбахтон зиёд мешаванд ë бадбахтон?
***
Ташнагии ғалберро чӣ хел бояд шикаст?
***
Дандонҳо ғизоро ҳамчун пора қабул карда, охиру оқибат худашон кунду хӯрда шаванд, ба чӣ хулоса омадан мумкин: дандонҳоро пора мехӯранд ë пора сари дандонҳоро?
***
Барои шахсе, ки гоҳ ба ин сӯйи кӯча, гоҳ ба он сӯйи кӯчаи калон калавида пеш меравад, роҳ танг аст ë худи ӯ маст?
***
Агар саги дайду омада ‒ омада ба чархи мошини шеф бимезад, нишонаи ҳурмату эҳтироми саг ба шеф аст ë мошинеро, ки бо пули ҳаром омадааст, боз ҳаромтар карданист?
***
Пул надошта бошеду худро хоксор гиред, мартабаатон баланд мегардад?
***
Дурӯғу иғроқ дар шеър ҳунар аст, вале дар байни зану шавҳар чӣ?
***
Оё ба кӯр айнаку ба кал шона бахшидан равост?
***
Агар директори мактаб аз ҳисоби масолеҳи бинокории мактаб иморати калоне созад, он ҳавлии директор ҳисоб меёбад ё филиали мактаб?
***
Сабаб чист, ки занону духтарон дар хона бо пойҷома мегарданду вақте ки ба кӯча баромаданӣ шаванд, худро орову торо дода, бепойҷома мебароянд?
***
Барои футболбоз пой муҳим аст ë калла?
***
Сохтмони кӯдакистонро ба дӯши чанд нафар бойбачаҳо бор кунанд ва онҳо бо дили нохоҳаму ҳақорату дашном онро буд кунанд, баъди ба истифода супурдани он шодиву хурсандии бачаҳову мураббияҳо зиёд мешавад ë азобу ташвишашон?
***
Бадӣ накардан оё бо некӣ кардан баробар аст?
***
Агар ба порахӯр заҳр бахшед, вай онро ҳамчун пора қабул мекунад?
***
Духтур, агар ба беморе «аз шӯриву тундӣ ҳазар кун», «сигор накаш», «арақ нахӯр, хӯрӣ ‒ мемурӣ» гӯяд, бемор гуфтаҳои ӯро иҷро кунад ë ба назди духтури дигар равад?
***
Рӯзона бо аблаҳу нодонҳо кор кунеду шабона дар ҳалқаи хирадмандон бошед, аблаҳи гузаро мешавед ë оқилу доно?
***
Одам ба виҷдон диктаторӣ кунад беҳтар аст ë виҷдонаш диктатори одам бошад?
***
Дар дами дари донишгоҳу донишкадаҳо гадойҳо зиёд шудаанд. Ин нишонаи он аст, ки студентҳо бой шудаанд ва ë муаллимон баъди ба нафақа баромадан ҳам анъанаи пулчинии худро ҳамчун гадо давом медиҳанд?
***
Агар мусобиқаи худтаърифкунӣ оғоз ёбад, оё ягон каси қафомонда дар рӯйи дунё пайдо мешавад?
***
Агар ишқу муҳаббат бахти яклаҳзаина бошад, чаро азоби он доимист?
***
Дигаронро ганда кунед, гуноҳи онҳо кам мешавад ë шӯҳрати ғайбатчигии шумо баланд мегардад?
***
Агар ба даҳони дилбаратон пашша нишаста, аз лабонаш бибӯсад, шумо аз рашк ҳамчун мор ба худ мепечед ë бо шаппотии обдор рақибатонро дар болои ҷиноят зада мекушед?
***
Чаро об аз боло ба поин ҷорӣ мешаваду пул аз поин ба боло меравад?
***
Одами палиду разилро қувваи барқ занад, барои чӣ ӯ неву чароғи электрикӣ мемурад?
***
Ба бача ҳар рӯз «ту гав, ту хар» гуфта сарзанишу маломат кардан гиред, рафта ‒ рафта вай одам мешавад?
***
Зан барои табобати захми меъдаву рӯдаи худ бо спирт аз ҳар хел гулу гиёҳ дорувор тайёр кунаду онро шавҳараш нӯши ҷон созад, оё зан шифо меёбад?
***
Бегоҳӣ як мошин ҳезум харида оеду барои даровардан вақтатон нарасад ва ҳамсояҳо шабона як қисмашро дузданд, барои ин корашон ҳамсояҳоро ҳақорат додан даркор ë барои сабук кардани коратон раҳмат гуфтан шарт аст?
***
Паричеҳраеро аз ҷон бештар дӯст дореду вай ишқу муҳаббати беолоиши шуморо пеши по зада, рад намояд, душмани қаттол ҳисоб меёбад ё дӯсти беҳтарин?
***
Бузургтарин макрӯҳоти рӯйи олам агар пул бошад, барои чӣ мо онро ин қадар дӯст медорем?
***
Мегӯянд, ки зан шавҳарро рӯйи каф бардошта гардад, пир намешавад. Дар ин сурат агар шавҳар ҷавон монад, оё ҳамсараш иҷозат медиҳад, ки ӯ боз зани ҷавонтаре бигирад?
***
Бо ёриву дастгирии хешу табор одам ба мансаби баланде расида фаҳмад, ки ин кор аз дасташ намеояд, чӣ бояд кунад?
***
Кӣ сад сӯми ҳалолро ба миллион сӯми ҳаром иваз мекунад?
***
Мол ҳаром мурад, пойҳояш баста кушед, он ҳалол мешавад?

Комментариев нет:

Отправить комментарий