среда, 25 мая 2016 г.

МАСЛИҲАТҲОИ БЕПУЛ



Ҳамеша ва дар ҳама ҷо забондароз бошед: забони дароз барои лесидани таги косаву табақ олоти беҳамтост.
***
Хӯред, хӯред, агар муфт бошад, боз хӯред!
***
Забони хориҷӣ омӯзед: он ҳангоми ҳақорат додани модарарӯсатон аҳамияти калон дорад.
***
Агар хоҳед, ки як умр сарвари оила бошед ва гапатон ба ҳама гузарад, зан нагиред.
***
Рӯзе, ки дурӯғ нагӯед, фиреб надиҳед ва моли мардум нахӯред, он рӯзатонро дар ҳаёт ботил шуморед.
***

Аз назди се ‒ чор нафар занон беғайбату тӯҳмат гузаред, тасаввур кунед, ки аз болои пули Сирот гузаштаед.
***
Фиребу найрангатон ба кор наравад, донед, ки фурсати намозхониву рӯзадориатон фаро расидааст.
***
Ба душманонатон ҳамеша барору комёбиҳо хоҳед. Онҳо ба гапи шумо бовар карда, тохта пеш рафтан хоҳанд, ҳатман пешпо мехӯранд.
***
Меҳмон аз дар надаромада, кай рафтанашро пурсидан ҳам, аз рӯйи таомули миллии мост.
***
Агар хоҳед, ки шуморо дар рӯйи замин касе пайхас накунад, ба мардуми олам эътибор надиҳед.
***
Ба худ қиёфаи мутафаккирона гирифта, дар сӯҳбатҳо хомӯширо авло донед, ҳама шуморо донишманд мепиндоранд.
***
Аз ранҷу бемориҳои худ дилшикаставу малӯл нашавед: марг ба ҳамааш даво мебахшад.
***
Роҳбарон ҳаргиз нодуруст гап намезананд. Мабодо аз даҳонашон ягон амру фармони нодрусте ҳам барояд, шумо онро дуруст фаҳмед.
***
Агар хоҳед, ки ба касалии астма гирифтор нашавед, дарду алами дили худро ҳамчун хасрӯба ба сари ҳамсояҳо пош дода истед.
***
Ҳар чӣ қадар ба роҳбарон хам шуда, самимона салом диҳед, ҳамон қадар ба пояҳои баланди мансаб мерасед.
***
Кӯшиш кунед, ки ҳамеша ҳамаро фиреб диҳед: набошад худатон фиреб мехӯред.
***
Арақу зиёфатро танҳо хӯреду қарзу ғаму аламро бо дӯстон баҳам бинед.
***
Ба умеди ҳамсояҳо шуда, ҳеҷ гоҳ занозанӣ накунед, ки омада халос намекунанд.
***
Ба дурӯғгӯён осон нагиред: барои он ки ба гапи дурӯғашон дигарон бовар кунанд, боз калла об карда, сад дурӯғи дигар бофтанашон зарур аст.
***
Ганда шавед! Аз одами ганда ҳама метарсаду ҳурмату эҳтиром мекунад. Ҳурмату эҳтиром, ки карданд, болошиниву пешгоҳи маъракаҳо аз они шумост.
***
Дар байни ду табақ муштарак бошед ҳам, кӯшиш кунед, ки бо баднафсу ишкамғафс ҳамтабақ нашавед.
***
Аз ёд набароред: аз тӯтиҳо ҳамоне дертар мезияд, ки камтар гап занад.
***
Ҷойи кори пастноми равғанинро бо ҷойи кори хушки баландном иваз накунед, ки то рӯзи қиёмат пушаймон мешавед.
***
То бад кор карда тавонистанро ёд нагиред, пеш намеравед.
***
Агар ба ягон роҳбар баҳои ҳақиқӣ додан хоҳед, баъди аз вазифа сарғалтон рафтанаш аз мардум пурсед.
***
Аз тазъиқи ҳамкорон дилгир нашавед: он пешрафти корҳоятонро таъмин месозад.
***
Ҷойи шишту чойи дасту сухани даҳонатонро ба ҳеҷ кас надиҳед.
***
Агар қадру қимати худатонро худатон надонед, шумо шахси бебаҳоед.
***
Касе шуморо девона гӯяд, шумо ӯро ҷинӣ хонед, ҳарду баробар мешавед.
***
Ба меҳмонӣ мабодо дастовезе карда равед, кӯшиш кунед, ки аз он тараф дар
ишкам бисёртар карда оред.
***
Ғарқи обу орзуҳои зиёд нашавед, ки аз ҳамин рӯзатон ҳам мемонед.
***
Қусури айбу гуноҳҳои худро аз дигарон гиреду обрӯю нуфузи дигаронро ба худ нисбат диҳед.

Комментариев нет:

Отправить комментарий