пятница, 24 августа 2012 г.

ҶОНВАРИ БИҲИШТӢ


          Раиси ферма барои хабаргири ба бошишгоҳ омад. Ду гўсфанд даруни боғчаи назди бошишгоҳ мечарид.
          --Ин гўсфандҳои кӣ? - ғазабаш ҷўшида дод зад раис. -Чаро дар даруни боғ сар дода мондаанд?
          --Надонам? - китф дарҳам кашид ҷавоне, ки аз одаму олам бехабар буд. -Мумкин гўсфандҳои сардор бошад.
          --Сардор шох надорад. Ин ҷо боғи очакалонаш не, ки гўсфандпоӣ кунад. Симчўб барин нигоҳ карда мешинӣ?! Ниҳолҳоро маиб накарда, зада аз боғ пеш кун! - ба ҷавон ғазабомез нигариста, фармон дод фермер.
  
        Ҷавон чўберо ба даст гирифта, аз паи фармон шуд.
          Ошпази бошишгоҳ ин аҳволро дида, оҳиста ба гўши раис гуфт:
          --Раис, сардор якта қўшқори калонашро аз они шумо гуфтанд. Дар пеш кадом як маърака доштед, барои ҳамон ният карда гирифтаанд.
--А? - чеҳраи фермер тағйир ёфт. -Ҳоло ҳамин хел? - ва ба сўи ҷавоне, ки гўсфандҳоро бо чўб зада, аз боғ мебаровард, рў овард. -Ҳў, бекалла! Ту худаш чӣ будани уболу савоба медонӣ?! Гўсфандҳои бечораро чаро зада, аз боғ пеш мекунӣ?! Мон, алафҳояшро хўрад, ба дарахту ниҳолҳо фоида. Ҳа, об дода истодан ҳам аз ёдат набарояд. Гўсфанд аз биҳишт баромадааст, ҷонвари биҳиштӣ!

         

Комментариев нет:

Отправить комментарий