пятница, 24 августа 2012 г.

ЮБИЛЕЙ


 --Хайр, мардакҷон, юбилей чӣ хел гузашт?! -- Мард нав  аз ҷашн баргашта, акнун дар хона  либос иваз мекард, ки зан ҳамчун прокурори хонагӣ ба пурсуҷў даромад. -Рўи дастархонашон зўр буд? Ба хўроки якумаш гўҷа кашиданд, ё мастова?
          --Не, маърўза.      
          --А? Маърўзааш боз чӣ хел хўроки навбаромад будааст?
          --Маърўзааш хўрок не, сафсаттаи хушку холӣ.
          --Вай ман мурам? Набошад ба юбилей ҷеғ зада, бо гапҳои хушку холӣ зиёфат карданд?! Хайр, дуюмаш чӣ буд?
          --Дуюмаш ҳам якумаш барин, лексия шуд. Чанд кас дар бораи юбиляр ва ҳаёту фаъолияти эҷодии ў нутқ карданд.
          --Ё худоё тавба! - бо ду даст ба сар зад ҳамсараш, - худи журналистҳо гапфурўши ашаддӣ-ку, наход дар ҳамин хел рўз ҳам ҷоғу манаҳашон тафсид?! Хайр, дадаҷонаш, сад задани сўзангару як задани оҳангар мегўянд. Ақаллан хўроки сеюмашон дакаданг шуд?
          --Балоя! Мизи шведӣ оро дода будаанд. Нўшбодгўӣ авҷ гирифт. Як тостҳое гуфтанд, ки одам навишта гирад, як ҷилд-ҷилд китоби ғафсе мешуд.
          --Боз ин столи шведияш чӣ хел?
          --Аз нозу неъматҳои рўи дастархони дарвешон ҳам бадтар. Дар ҳар-ҷо ҳар ҷо миз мемонанд. Ба болояш ҳар хел газаку обҳои рангоранг ва виною арақу коняк. Меҳмонҳо рост истодаву сўҳбаткунон кам-кам менўшанду як чиз-ним чизҳои рўи мизҳоро ба даҳон меандозад, яъне закуска мекунанд. Фаҳмо?! Акнун чорумашро напурс.
          --И-е, ҳоло чорумаш ҳам буд?
          --Чорумаш, ин ҷоғу манаҳи ту, эъ занаки падарлаънат! Манаҳатро баста, зудтар дастархон кушо, ки аз гуруснагӣ мурдам!

Комментариев нет:

Отправить комментарий