пятница, 24 августа 2012 г.

ШАВЛА


            -Э қандата зан занак, ошат зўр шудааст. Мехўраму тамоми ҷону танам ҳузуру ҳаловат мекунад. Ош не, малҳам пухтӣ, занакҷон!
            -Хўред, ош шавад, дар танатон гўшт шавад, - аз таъриф равғани зард барин об шуда, дар ҷавоб гуфт ҳамсараш.
       -Кай боз ин хел шавлаи бомаза нахўрда будам. Ҳамон ошпазҳои зўри ресторанҳо ҳам дар пеши ту номаъқул кунанд. Ана ошу мана ош! Гиред, бачаҳо, то табақ сўрох нашавад, ҳисоб не...
            Ҳуҷуми бачаҳо ҳам ба сўи табақ барқвортар гашт.
            -Бай - бай, ана ошу мана ош! Ба даруни шавла қандолат андохтагӣ барин ширин шудааст. Офарин, занак. Агар дар конкурси пазандаҳои дунё иштирок мекардӣ, бе гуфтугў ҷои якум насибат мегашт. Э дастонат дарда набинад - э!
Мард баъди ба даҳон бурдани ҳар як луқма ҳамсарашро болобардор мекард.
            Ҳамин вақт чароғи барқӣ фурўзон гашту хона рўз барин равшан шуд. Дар пеши он фурӯғи нури шамъ хираву дилгиркунанда ба назар менамуд.
            Дар рўшноии чароғи барқӣ чашми мард ба рўи табақ афтода, фиғонаш ба фалак печид ва яксаду ҳаштод дараҷа тағйир ёфт.
            -Ўҳ падарлаънати занак, ин чӣ хел ош-а?! О тагаш гирифта, шавлаат сўхтааст, ки ин қадар ангишт барин сип-сиёҳ! Боз ин қил, чўбча, барги дарахт аз куҷо ба даруни ош даромадааст?
            -Ман аз куҷо донам, дадаҷонаш, - якбора аз тағйир ёфтани ваҷоҳати шавҳараш ба тарсу ҳарос афтода, ба худсафедкунӣ гузашт ҳамсараш. - Дар торикӣ бо хасу хошок ҳама ҷоро дуду дудғола карда, кўр шуда базўр пухтам. Свет набошад, газ набошад, мани сарсахт дигар чӣ кор кунам?!
            Аз ин далелу бурҳонҳои зан мард чӣ гуфтанашро надониста, дам ба дарун зад. Аз фурсат истифода бурда, бачаҳо ба дарди дил сар карданд.
            -Э мурад ин свет! - аввалин шуда, ба гап даромад писари хурди оила. --Дина бегоҳ, дар торикӣ дарс тайёр карда натавонистам. Муаллима каллаварам гуфта, маро шарманда кард.  Боз баҳои ду монд.
            -Ҳа, - ба гап ҳамроҳ шуд апааш ҳам. -Илоҳо ба гўру лаҳад равад, ин светаш. Дина буруки акаамро утӣ кардани шудам. Як пояшро утӣ кардаму свет мурд. Як пояш беутӣ монд. Акаам онро пўшида раванд, ҷўраҳояшон масхара карда, хуб аз болояшон хандидаанд. Ба хона омада, як шаппатӣ ба пушти гўшам заданд, ки то ҳол дардаш намондааст.
            -Инҳо ҳеҷ гап не, - маддаи дилашро кафонд акааш ҳам. -Аз бисёр мурда даргирифтани свет дабдаллаи компутерам баромад. Акнун каллаам гарангу сарамро ба куҷо заданамро намедонам.
            -Рост, - гуфт ҳамсараш аз ин хел гапи бачаҳо далертар шуда, - ин свети гўрсўхта бо чашмакзаниҳояш одамро девона мекунад. Давоми сериалҳо чӣ шуданд, намедонам. Боз шумо алами одамро тоза мекунед-а?
            -Э мурад набошад ин свети падарлаънат! - уф кашид мард.
            -Гўед, нагўед, ҳозир мемурад!
            Аз байн панҷ дақиқа нагузашта, дар ҳақиқат, чароғи барқӣ хомўш гашт.

Комментариев нет:

Отправить комментарий