пятница, 24 августа 2012 г.

РАСМУ ОДАТИ НАМЕШУДАГӢ


Дар тарабхона тӯй ба охир расиду чизҳои зиёде, ки ба рўбинони арўс афтода буд, дар як мошини алоҳида ба хонаи домод оварданд. Аз рўи табиати зотӣ модари домод  чизу чораҳои рўбинонро бетоқатона аз назар мегузаронд. Дар паҳлӯи ӯ дугонааш – меҳмони хориҷа низ буд: ки имшаб меҳмон мешуд. Вай аз ин чизҳои зиёд ба ваҷд омада, аз дугонааш пурсид:
          --Ҳамаи инҳо тўҳфаанд?
          --Ҳа, - бо ғурури тўйдорона гуфт дугонааш, - расму оини мо ҳамин хел. Рўзи тўй келинро одамони тарафи арўсу домод, рўбинони мекунанд. Дар ин вақт ҳам пул медиҳанду ҳам тилловорӣ. Ҷевону шкаф, қолину палос, яхдону, чангкашак, видеову телевизор ва дигар чизҳо меафтад.
          --Эъ чӣ хел нағз! - чашмони меҳмон барқ заданд. -Одам якбора бой мешудааст-дия. Кош ман ҳам дар ҳамин ҷо зиндагонӣ мекардам. Диҳанду нагиранд нағз.
--Онҳо намегиранд, вале худи мо гардона медиҳем.
--Чӣ хел? Ҳамин чизҳои тўҳфакардаашонро боз гардонда медиҳед?
--Ҳамту гардонда намедиҳем. Фақат сонитар, вақте ки онҳо ҳам писар ё духтарашонро тўй мекунанд, вақти рўбинон бармегардонем.
--Э-ҳе, инаш нағз не-ку, - бо таассуф гуфт меҳмон. - Як кас яхдон оварда бошад, шумо ба ҷояш ўтӣ бахшед, мешавад?
--Не, яхдон оварда бошанд, яхдон мебарему телевизор оварда бошанд - телевизор. Саҳл нархаш арзон ва ё сифаташ пасттар бошад, айб мекунанд. Гапу калоча мешавад, байни хешу табор, ҳаққу ҳамсояҳо хунукӣ меафтад. Ин расму одати мо мисли қарз гирифта қарз додан барин гап.
--Ин хел бошад, расму русуматон дар гўр!

Комментариев нет:

Отправить комментарий