пятница, 24 августа 2012 г.

АЗ ПУЛЧАСПОНӢ ЧӢ ФОИДА?


--Э монед-е! Ман шуморо як ҷўраи ҷонии нағзам гўям, дупула одам набудед?!
          --Чаро ин хел мегўед, ҷўраҷон? Арзан барин камбудие содир карда бошам, аз як қошуқ хунам гузаред. Мани сарсахт боз чӣ гуноҳе кардаам, ки ба таги борони таънаву маломати шумо мондам?
          --Тўй дар ёдатон?
          --Албатта, хабар кардед, ҳазору як кору ташвиш дошта бошам, ки барои ҳурмату эҳтироми шумо аз баҳри ҳамааш баромада, ба тўй рафтам. Аз аввал то охир шиштам. Бемалол, хўрдаву нўшида, дам гирифтам.
          --Омадед, раҳмат, сарам ба осмон расид. Вале ману келинатонро ба саҳна, ба рақс кашиданд. Ҳама хешу табор, ёру ошноҳо баромада пул часпониданду фақат шумо не. Ман хори сари девор барин қадру қимат надоштаам, ки ақаллан баромада сад сўм начаспондед? Сад сўм худаш ҳозир пул не, одамон барои ба гадой додан ор мекунанд...
          --Э ҷўраҷон, сад сўм чӣ, даҳҳо ҳазор сўм мечаспондам. Пулу мол садқаи сару ҷонатон шавад. Вале аз пулчаспонии ман ба шумо чӣ фоида?
          --Эъ, шумо аҷаб одами қизиқ-а? О мардум медид, обрўям боз зиёдтар мешуд. Одамон мегуфтанд, ки ана фалонӣ ҷўраҳои зўр доштааст, дар тўй вақти усул карданаш пулборон карданд...
          --Истед ҷўраҷон, беванолишӣ накунед. Беванолишӣ ин кори занҳо. Агар ба шумо фоида медошт, аз дилу ҷон хеста ба шумо даста-даста пулу доллар мечаспондам. Вале ҳамон пулҳоро шумо мегирифтед?! Не! Чунки усулчии шумшуки берўй, ки афту башарааш аз зимистони қаҳратун ҳам хунуктар буд, аз шумо як қадам дур намерафт. Касе ба таги тоқиатон пул мечаспонд ва ё ба дастатон пул медод, қирғӣ барин чанг зада мегирифт. Ҳамту буд?
          --Ҳа.
          --Ман аз шумо, ҷўраам, пул чӣ, ҷонамро ҳам дареғ намедорам. Вале ман ба шумо пул часпонаму вай падарлаънат гирад, чӣ фоида? Шумо худатон ба ягон одами бегона пул медиҳед?
          --Не.
          --Ман ҳам аҳмақ не, ки ба усулчии берўи бадбашараи бегона пул диҳам!
         

Комментариев нет:

Отправить комментарий