пятница, 24 августа 2012 г.

ПИСАРИ ШЕФ


Дар роҳи калон мошине муқобили ҳаракати роҳ босуръат пеш меомад. Ба ранги сурхи светофор эътиборе надод, кампири раҳгузареро қариб мезад. Бо вуҷуди он суръаташро суст накарда, аз болои хатти яклухта роҳ ба сўи нозире, ки дар канори роҳ навбатдорӣ мекард, омад. Садои мусиқии радиояш аз ҳад баланд буд. Одамоне, ки ин кору рафтори ўро медиданд, сад фоиз боварӣ доштанд, ки тамом, ҳозир инспектор вайро дошта, онаи зорашро аз Учқўрғон нишон медиҳад, ин хел мошинрониаш аз биниаш баромада, камаш ду-се сол пиёда мегардад.
          Вале ҳамааш баръакс шуд. Ронандаи мошин аз пеши назари инспектор гузашта истода, дуру дароз сигнал дод.
          Нозир ба ҷои бо ишораи таёқчааш ўро нигоҳ доштан саҳл пештар баромада, ба тарзи низомии рост истод ва даст ба чакка бурда салом дод ва баъд аз гузашта рафтанаш таъзим ҳам кард.
          Чанд нафаре, ки дар гирду атроф ҳозир буданд, аз ин кору рафтори инспектор ҳайрон шуданд.
          --Чаро инспектор ин хел кард-а? - мепурсиданд аз якдигар.
          --Барои он, ки - ҷавоб дод яке аз ҳолдонҳо. - вай ҷувонмаргзеби мошиндавон писари шефашон аст. Ба қоидавайронкунию беадабиҳояш ин муттахам барору комёбиҳо хост.

Комментариев нет:

Отправить комментарий