пятница, 24 августа 2012 г.

АЗ МАН ХОТИРҶАМЪ БОШЕД


Дар тарабхона занони зиёде, ки гўё бозорро кўчонда оварда бошанд, ба якдигар навбат надода, гап мезаданд ва мехўрданду менўшиданд. Занги телефони дастии яке баланд шуд. Вай, ки дар тан либосҳои гаронбаҳо  дошт ва ғарқи тилловорӣ буд, норозиёна аз ҷой хеста, бо ҷуссаи ҷуволмонандаш чанд касро аз ҷой хезондаву курсиҳоро афтонда, ба як гўшаи камғавғотари тарабхона рафт ва тугмачаи телефонашро пахш карда, тўтӣ шуд:
--Ассалому алейкум, лаббай мардакҷон! Худатон соғу саломат хастед? Кору боратон нағз? Ман ҳам нағз, шабу рўз шумоя фикр мекунам... Ҳа, асло напурсед?! Э аз ёд кардана мурдам-ку! - ҳамин вақт зане аз паси миз хеста, ба сўи ў қадаҳи пуршаробро нишон дода, ишора кард, ки тезтар биёяд. Зан бо ишораи сар «ҳозир» гўён бо абрўпарронӣ фаҳмонд, ки бо шавҳараш гап мезанад. -Не, не, мурам, ба шумо, ҷонакам, саҳарӣ хеста, ба гўҳу рихи молҳо ҷўлида, ба гову гўсолаҳо нигоҳубин кардам. Поруяша баровардам. Пору кўҳ барин баланд шудагӣ, бемалол ду-се  мошин мешавад. Лекин баракаи коҳу хас парида истодааст. Шулухаву кунҷола ба ду-се рўзи дигар мерасад, ё не, худо медонад. Ҳозир ҷомашўӣ карда истодаам. Э ин бачаҳои мо ба либосдаронию либосчиркинкунӣ усто. Як ба сари тағора шинам, хушдорҳояш барин либосҳои чиркин аз ин рўву аз он сў ёфт шудан мегиранд. Худо баракеша додагӣ. Газ нест, свет ҷинчароғ барин аз фонус ҳам бадтар. Ҳамон ҳам гоҳ ҳасту гоҳ нест. Ҳафтае се-чор бор бо хасу хошок ва таппӣ даруни дуду дудғола монда, об гарм карда, ҷомашўӣ накунам, намешавад. А? Ҳа, мардакҷон. Ин бачаҳо ба кӣ рафтагӣ, худам намедонам. Шуморо дур дида, маро ҳар рўз хуни ҷигар мекунанд. Накуну намона намедонанд. Шатармаҷинниҳои таппа-тайёр барин. Рўзе нест, ки майдачаамон ягон касофата барпо накунаду ба мактабаш ҷеғ назананд. Ҳаққу ҳамсояҳо ҳам аз дасти вай, ҷинқарча, дод гуфта, ба сарам меоянд. Ман чӣ кор карданамро намедонам. Лекин, мардакҷон, шумо ғам нахўред. Медонам, ки ба шумо ҳам осон не. Чӣ илоҷ? Дунё ҳамин хел будааст. Азоб кашам, шуморо ёд кунам, ки тоқат кардан даркор... А? Овози занҳо? Ман дар тўй ё ресторан? Э дадаҷонаш, ҳушатон дар ҷояш, ё маст шумо? Тўйравию маъракагардия ман бўғча карда ғундошта мондагӣ. Ин овози телевизор. Кадом як маъракаи тўйро нишон медиҳад... Хайр, шумо ҳам маро ёд кардед? Э бешарм-е! Мана лахча барин суп-сурх накунед. Аз ман хотирҷамъ бошед, раҳмати очам аз сиву дусолагӣ бева монда, дигар хаёл ҳам накардагӣ. Ман ҳам очам барин, чашм кушода дидагем фақат шумо. Лекин аз шумо дилам пур не. Худатон ҳозир бенўхтаву лаҷом-ку! Боз ягонта оимчая наёбед, ки бо корди ош мекушам, - аз паси миз боз як дугонааш хеста, ба ў ишора кард, ки тезтар биёяд, мантуро оварданд, хунук нашавад. Сихкабоб ҳам тайёр. Вай телефонро ба қирраи чашм нишон дода, бо даст ишора кард, ки ҳозир гапаш тамом шавад, меравад. Ҳаққи ўро пуртар карда, резанд, рафтан баробар паққос мезанад. - Не, мардакҷон, ҳушам парешон не, ҳушам ба шумо... Шумо аз рўзғору бачаҳо парво накунед. Худам як бало карда, рўфтаву чинда мондагӣ барин ҳамекаша сариштаву саранҷом мекунам. Аз ҳама муҳимаш, шумо нағзакак кор карда, пула фиристондан гиред, шуд. Ман дар ин ҷо як тинашро беҷо накарда, туф кардаву тугун карда меғундорам. Охир худатон мана нағз медонед-ку: ман баъзе занҳои бетамиз барин пули бо нўги сўзан ёфтаи шумоя бо панҷшоха ба бод намедиҳам. Ҳа, мардакҷон, шумо аз ин тарафаш хотирҷамъ бошед. Ман ҳам, бачаҳо ҳам шумоя хуб ёд кардем. Шумо ҳам боз як-ду сол истода, нағзакак пул кор кунед, ҳамааш окей мешавад... Уф - ф, ҳушам дар гўр, ба дег шир андохта будам, боз ҷўшида нарезад. Хайр асалҷон, шабона боз телефон кунед, баҳазўр гапзанон мекунем. Хайр, мурам ба шумо, умма! - зан дар охир аз лабони шавҳараш бўсаи телефонӣ гирифта, тугмачаашро пахш кард.
--Уф, ҷоғи мардак ҳам тафсид. Омада-омада ҳамин вақт телефон мекунад-а?! - гўён боз ба ҷояш омада нишаст.
Гаштаки занҳое, ки шавҳарҳояшон дар хориҷа кор мекарданд, акнун ба авҷи аълояш мерасид.
         
         

Комментариев нет:

Отправить комментарий