пятница, 24 августа 2012 г.

КОРАШ НАҒЗ БАРИН


--Эргашҷўраат дар куҷо? Кай боз наменамояд, - пурсид яке аз шиносаш.
--Э бахти вай хандидагӣ, вай ҳозир дар Америка, - ҷавоб дод ошнояш.
-Ўҳ-ҳў, қанд занад. Хурўси йигитҳо ҳамин хел мешавад-дия. Ё шаҳри бузург рав, ё кўҳи баланд, гуфтаанд. Кораш вадаванг бошад, ба таги доллар ғўтидагист?
--Намедонам, амак, худаш чӣ кор карда истоданашро нагуфт. Вале баъзе ҳолдонҳое, ки дар ҳамон ҷо будаанд, мегўянд, ки ба як пиракии шали ноҷунбон нигоҳубин мекунад. Кораш нағз барин, ки аввал зану бачаҳояшро ҷеғ зада гирифт, ба қарибӣ бошад, модараш ҳам рафтанд.
  
        --Эъ! Онҳо барои чӣ рафтанд?
          --Занаш корҳои рўбучину шустушӯи ҳамон хонадонро иҷро мекардааст.
          --Модараш чӣ?
          --Кампир ба нигоҳубини набераҳо машғул мешудааст.
          --Ҳоло ҳавлию ҷояш дар ин ҷо чўб-чўл ҳуввос зада мондагист?
          --Не, дар ҳавлӣ як худи падараш. Лекин он кас ҳам инфаркт шудаанду базўр даро-баро мекунанд. Ҷўраам пул фиристонда меистаду як зану шў ҳамчун хизматкор ба падараш нигоҳубин мекунанд.
          --Э ин хел бошад, вай ҷўраат ҷиннӣ-пиннӣ не?
          --Чаро ин хел мегўед, амак?
          --О ба ҳамон пуле, ки барои нигоҳубини падараш дар Америка кор карда меёбад, дар ҳамин ҷо худаш нигоҳубин карда, дуояшонро гирад, нағз набуд?!
         

Комментариев нет:

Отправить комментарий