пятница, 24 августа 2012 г.

ХУДО ДИҲАМ ГЎЯД...


Рўи дастархон пур аз нозу неъмат буд. Вале зеби асосии дастархон - шишаи арақ ба чашм наменамуд. Меҳмон ҳамаи онҳоро тамошо мекард, вале ба чизе даст намебурд. Соҳиби хона аз рўи таомул муроот кард:
 --Канӣ, марҳамат. Шарм надоред.
 -Раҳмат, амакҷон, мегирем, - гўён меҳмон ҳамон ба чизе даст дароз намекард. - Ҳавлию ҷоятон олиҷаноб будааст, илоҳо насиб кунад.
          --Ҳа, ғайр аз ин мо боз ҳавлибоғ дорем, - бо як ғурури ба худ хос калонгирона гуфт соҳиби хона. --Ба нияти писарҳо дар шаҳр як-ду сексия ҳам харида мондем... Гиред шумо, ин нозу неъматҳои рўи дастархон барои хўрдан.
          --Мегирем, мегирем, раҳмат, - ва меҳмон боз ба гирду атроф чашм давонд. -Хонаҳоро ҳам аз рўи лоиҳаи меъмории зўр сохта будаед-дия. Хонаҳо дарун ба дарун, рўи ҳавлӣ ҳавзу фаввора, гулҳои калон-калони зебо дар гулдонҳо, саҳни ҳавлӣ сангфарш. Мошин дар дарвозахона. Ҳа, шумо як бандаи Худоназаркарда будаед-дия.
          --Рост, ҳамааш атои Худованди меҳрубон аст. Ин мошин чӣ? Ҳамту дастиёри таги дар барин барои корҳои шалақ. Дар гараж боз «Мерс» дорем. Одамизод, ки як бор ба дунё меояд, дурусттар зиндагонӣ кунад... Э шумо ҳоло ҳам ҷим-ку. Гиред охир! То дами гарм тайёр мешавад, ки аз ин майда - чуйдаҳои рўи дастархон чинда хўрда истед. Ё шумо рўза ҳастед?
          --Рўза не. Мегирем, амакҷон, албатта, мегирем. Чангу тӯфонашро мебарорем... Даруни хонаҳоро ҳам бо завқи баланди эстетикӣ оро додаед-дия. Одам дида, ҳуш аз сараш мепарад. Қолину қандилҳои зебо, ҷевону шикафҳои олиҷаноб, мизу курсиҳои зўр, эъ қоил!
          --Ҳа, инҳо ҳама ихтирои янгаатон. Он кас  чизҳои зеборо дўст медоранд. Дизайнери зўр худашон... Ҳа, гиред, охир меҳмон. Ин хелаш ҳисоб не. Одамро дар хиҷолат намононед.
          --Худо хоҳад, мехўрем... Дар ҳар хона яхдону телевизору мизу курсиҳо ҳаст?
          --Албатта, бе онҳо намешавад. Ҳатто аз хона набаромада, қазои ҳоҷат кардан, дасту рў шустан ё оббозӣ кардан мумкин... О гирифта шинед шумо. Даҳон ҷунбида истад, сўҳбат метафсад.
          --Хуб, хуб, амакҷон... Худо диҳам гўяд, ту писари кӣ гуфта намепурсидааст. Илоҳо, ба муроду мақсадатон расед. Боз як чизро пурсам?
          --Хўш, хўш, марҳамат, гўшам ба шумо.
          --Дар ягон гўшаи ин қасри калону боҳашамати болохонаву таҳхонаву мошиндор ягон шиша арақ, бигузор ҳатто кушодаву ба дарунаш пашшаву тортанакафтода бошад, ёфтан мумкин не, ки бо ин нозу неъматҳо занем?
          --Не, мо наменўшем.
          --Набошад, дуо кунед, амак, ман хезам.  Аз улфатҳо намонам, ки рўзам зоеъ нагузарад.

Комментариев нет:

Отправить комментарий