пятница, 24 августа 2012 г.

КАСБИ ХУБ


          Бо вуҷуди пур будани автобус ронанда дар ҳар қадам истода, одам мегирифт. Дар сари роҳ баъзе одамон даст бардоштан не, ҳатто гўш хоранд, ки мошинро нигоҳ медошт. Касеро дар қади роҳ бинад, ба умеди савор шуданашон мошинро суст мекард. Автобус, ки сангпуштвор пеш мерафт, одамон асабонӣ мешуданд. Чанд нафар аз ин гуна баднафсии ронанда ба танг омада, эрод гирифтанд.
          --О мо ҳам дигар чӣ кор кунем? - пинакашро вайрон накарда, ҷавоб медод ронанда. -Бензин қимат, нархи балонҳо дар осмони ҳафтум, аккумлятор ба як сол хизмат накарда, аз кор мебарояд. Боз план калону пассажирҳо кам. Планро буд накунем, бегоҳ ба гараж роҳ намедиҳанд. Шумо ҳам фаҳмед, охир мо зану бача дорем, дар хона чириққос зада, роҳи маро поида шиштаанд. Онҳоро хўрондану пўшондан даркор...

         Ин гуна шикоятҳои дуру дарози ўро шунида, мўйсафеде тасалломез гуфт:
          --Раҳмат ба шумо, укаҷон. Ба гапи касе эътибор надода, аз медонистагии худатон намонед. Касбатон нағз, аз рўи насиба рисқу рўзиатонро чинда хўрдан гиред.
          Аз ин тарафгирии мўйсафед марди ҳампаҳлўяш ба шўр омада гуфт:
          --Э, бобо, шумо чаро тарафгирӣ мекунед? Ин беинсоф ҳар рўз моро азоб дода гардад, нағз аст? Ин чӣ гап охир...
          --Ҷим! - ангушт ба лаб гузошта, оҳиста гуфт мўйсафед. --Барои шофёр буданаш ҳазорҳо бор шукр кардан даркор. Агар вай гўрков мешуд, аввал ҳамаи моро як-як зада кушта, баъд гўр мекофт...

Комментариев нет:

Отправить комментарий