пятница, 24 августа 2012 г.

КЎҲНА САДҚАИ НАВАШ ШАВАД


            --Мардакҷон?
            --Ҷон.
            --Мурам ба шумо, се-чор сол боз хонаву айвонҳо рўи таъмирро надидаанд. Рангу бори пештарааш парида, чирку доғи деворҳо махав барин ба назар мерасанд. Ягон кас бинад, ба худо, ки дилаш беҷо мешавад. Ҳамин сол боз рангу бор кунем?
            --Хайр, азизам. Занҳо рўяшонро бо сурхиву ғоза андова кунанд, келинчакҳо барин хушрў мешаванд, мо ҳам дару деворҳоро ҳамин хел мекунем.
            --Аз забони ширинатон гардам, мардакҷон, табъи дилам мешуд... Ҳамин қандилҳо ҳам кўҳна шудаанд. Боз ин хел қандилҳои сешоха ҳозир модда не. Дар магазин қандилҳои нави ҳаштлампочкагии шилшиладорашро дида, ҳавасам омад. Мурам ба шумо, мардакҷон, наваш нағз-дия.
            --Ин қандилҳо ҳам бад не. Қандил ҳаст, ҳаст. Кор кунад, хонаро равшан намояд, наваш чӣ даркор, занакҷон?
            --О ба хариданамон 15-16 сол шуд. Шумо фаҳмед, мардакҷон, ҳозир ин хел қандилҳо аз даҳон мондагӣ. Ба ҷояш навашро харем, кўҳнаашро ба ягон кас бахшем, савоб...
            --Ҳм-м... Майлаш.
            --Ин гилемҳоро бинед. Гилеми ошхона худи кучуки баъди зимистон туллак кардагӣ барин. Як ҷояш пат дораду даҳ ҷояш - не. Умуман гирем, мардакҷон, ҳозир ин хел гилемҳоро ҳеҷ кас назару писанд намекунад. Ҳама гилемҳои заказнойи Хева харида истодаанд. Чӣ хел қаду бараш лозим бошад, ҳамон хел бофта медодаанд. Мо аз дигарон зиёд, ки кам не. Хайр гўед, мурам ба шумо, мардакҷон, кўҳна садқаи наваш шавад.
            --О занак, гилем экспонати музей не, ки одам тамошо карда шинад. Гилем барои ба фарши хона партофта, ба болояш шиштан аст. Модда ё модда не, замонавӣ ё нозамонавӣ, чӣ аҳамият дорад?! Гилем аз даҳон намемонад, бошад, шуд-дия! Чиркин шуда бошад, мешўем, боз аз завод баромадагӣ барин наппа-нав мешавад.
            --Э мурам, мардакҷон, шумо ҳамин хел мегўед-дия! Одамҳо дигар хел фикр мекунанд. Тўй тўй-ку, занҳо ҳозир ба мурдахона раванд, ки чорчашма шуда, ба ин тарафу он тарафи хонаву ҷойи одамон нигоҳ мекунанд. Ба хонаи мо ҳам ягон кас даромада ояд, маро не, аввал шуморо айб мекунад. Ба харидани ин гилемҳо қариб бист сол шуд охир. Одамҳо дар ду-се сол гилему паласҳояшонро нав мекунанду шумо бошед...
            --Уф-ф, мебинем, занак.
            --Сонӣ, мурам ба шумо, мардакҷон, ҳамин шкафу ҷевонамон ҳам аз тоқи Юнус мондагӣ барин ба чашми одам ганда менамояд. Рангаш ҳам ба ман маъқул не. Сад бор пок кунам, ки мисли мебелҳои нав ялаққос намезананд. Дарҳояш нағз кушодаву пўшида намешаванд. Шалақу шулуқ. Ҷевону шкаф не, як ғарам ҳезумкўҳна. Навашро харида инҳоро нест кардан даркор! Чизҳои вайронаву шалақу шулуқ хосият надоранд.
            --Ҳў занаки бекалла, пештар умуман ҷевону шкафу трюмо набуд. Зеби хона як-ду сандуқ буд, авлод ба авлод хизмат мекард. Ин ҷевонамон ҳоло бад не. Ман ба он одат кардам. Қадри чизҳои кўҳна баланд...
            --Э шумо ҳамин хел мегўед-дия, мардакҷон. Дигарашро харем, наваш нағз-дия.    
            --...     
            --Боз ба шумо чӣ шуд, мардакҷон? Забон хоида мондед, гап занед охир!
            --Чӣ гўям?  Аз он рўзе, ки туро ба занӣ гирифтам, сӣ сол пур шудааст...
            --А?! Э мани ўвадаманаҳ ҳар чӣ гуфтан мегирам-дия, мардакҷон, шумо эътибор надиҳед. Гўр ба сари чизу чораи ин дунё шавад, барои ману шумо муҳимаш ҳаётамон нағз гузарад. Ба ман чизу чора не, шумо бошед, бас, мардакҷон…

Комментариев нет:

Отправить комментарий