пятница, 24 августа 2012 г.

ТЕЛЕФОНИ ЗЎР


Ҷавони олуфтанамое дар автобус рост меистод ва аз телефони дастиаш сурудҳои хориҷӣ мешунавид. Телефони ў қариб дар баробари гўши мўйсафеди зиёинамое, ки дар курсии автобус менишаст, баробар меомад ва ўро нороҳат месохт.
          Мўйсафед сабру таҳаммулро пеша кард. Вай гумон дошт, ки ҷавон ё телефонашро мекушад ва ё мефарояд. Вале гумонаш хато баромад. Ҷавон на мефаромаду на телефонашро мекушт. Асабҳои мӯйсафед ба дод омаданд. Вай аз рўи ҳурмату эҳтиром кинояомез  бо мулоимат пурсид:

         --Писарам, ман ин хел телефонҳоро фақат барои гапзанӣ гўям, ҳатто суруду мусиқӣ ҳам шунидан мумкин будааст-дия!
          --Ҳа, бобо, - бо ғурур ҷавоб дод ҷавон ва овози бинои салтанат - телефонашро баландтар кард.
          Аз ин кори ў дар пешонии мўйсафед чин афтод, абрўвонаш гиреҳ хўрданд ва пас аз лаҳзае  боз ба ҷавон рў овард:
          --Овозаш боз баландтар мешавад, ё ҳамааш ҳамин?
          --Не, ҳамааш ҳамин, бобо.
          «Хайрият-е...» - аз дил гузаронд мўйсафед ва боз як истгоҳ дандон ба дандон монда, тоқат кард. Вале ба болои ғавғои мардуми даруни автобус зам шудани овози сурудҳои нофорам, ки ҳатто ҷавон чӣ хондани ҳофизонро намефаҳмид, мўйсафедро азоб медод. 
          --Ин телефонат, писар, чанд вақт мехонад?
          --Чанд вақт хонданаш ба памяти флешкааш вобаста, бобо. Флешкаи ин дугигабайтӣ. Худи телефон ҳам зўр-дия. Бемалол кайф карда, чор-панҷ соат суруду мусиқӣ шунидан мумкин.
          «Э кайфаш дар гўр!» - аз дил гузаронд мўйсафед ва пас аз лаҳзае мор барин ба худ печида, боз пурсид:
          --Писарам, ғарқи сурудшунавӣ боз аз истгоҳи даркориат гузашта наравӣ?
          --Не бобо, ман дар последнии астановка мефароям.
          Мўйсафед боз хомўш монд. Барои ҳамроҳ пахтаи гӯшхалонӣ нагирифтанаш афсўс хўрд. Ятимакҳо барин ба умеди он, ки ҷавон телефонашро мекушад, боз савол дод:
          --Батареяи ин телефонат, писар, ба чӣ қадар вақт мерасад?
          --Бемалол то бегоҳ, бобо. Ман рўзи дароз консерт шунида мегардам, - аз ин хел мароқ зоҳир кардани мўйсафед ҷавон ин дафъа худаш пурсид. – Бобо, ин қадар пурсуҷў карда истодаед, аз афташ, ин телефон маъқул шуду шумо ҳам харидан мехоҳед?
          --Ҳа, бутун гўшу майнаамро хўрд-ку - дигар ба қаҳру ғазаби худ лаҷом зада натавониста, таркид мўйсафед, - ҳамин телефонатро харида, ба таги поям монда, пачақ-мачақашро баровардан мехоҳам!

Комментариев нет:

Отправить комментарий